Имсол барои устодону донишҷӯёни муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар» соли пур аз шодиву фараҳ ва хурсандист. Зеро онҳо соли нави таҳсилро дар бинои хуштарҳу замонавие оғоз намуданд, ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз чор ошёна, 43 синфхона, 6 толори лексионӣ, ҷои либосивазкунӣ барои варзиш ва маъмурият иборат мебошад. Дар он синфхонаҳои васеъу барҳаво ва муҷаҳҳаз бо ҳама аёниятҳо, лабараторияҳои муосири таълимӣ, ташхисгоҳҳо, толори ҷаласавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ғайра ҷойгир карда шудаанд. Ба истифода додани бинои наву замонавӣ ҳам шароити таҳсили донишҷӯёнро ба сатҳи баланд бардошт ва ҳам имкониятҳои бештареро барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълим фароҳам овард. Бояд зикр кард, ки дар баробари ба истифода додани бинои наву замонавӣ, соли равон бинои таълимии коллеҷ аз таъмири пурра ва замонавӣ гузаронида шуда, дар хизмати устодону шогирдон қарор дода шуд.

Таъминоти кадрӣ ва донишҷӯён

Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар» 31-уми августи соли 2018 дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ карда, дар муҳлати кӯтоҳ ба яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимӣ табдил ёфт. Дар Коллеҷи тиббӣ ҳамагӣ 165 нафар коргарон фаъолият менамоянд, ки аз он 143 нафарашон омӯзгорон мебошанд. Аз ин шумора 68 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар» шакли таълим рӯзона буда, теъдоди донишҷӯён дар аввали соли хониши 2020-2021 ҳамагӣ 1500 нафарро ташкил медиҳад. Пурсиши мо нишон дод, ки донишҷӯёни миллатҳои гуногун ва минтақаҳои гуногун дар таълимгоҳ таҳсил менамоянд. Ҳамаи гуруҳҳо тариқи шартномавӣ, бо низоми кредитии таҳсилот таҳсил менамоянд.

Шуъбаҳо ва ихтисосҳо

Дар Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар панҷ шуъба амал мекунад, ки аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр менамояд:

Бо таҳсилоти миёнаи умумӣ:

  1. Шуъбаи кори момодоягӣ бо тахассуси момодоя (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ).
  2. Шуъбаи кори табобатӣ бо тахассуси ҳамшираи (бародари) тибби оилавӣ (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ).
  3. Шуъбаи кори ҳамширагӣ бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).
  4. Шуъбаи кори фарматсевтӣ бо тахассуси ёрдамчии фарматсевт (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).
  5. Шуъбаи кори ҳамширагӣ дар косметология бо тахассуси ҳамшира-косметолог (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).

Бо таҳсилоти миёнаи асосӣ:

  1. Шуъбаи кори ҳамширагӣ бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ).
  2. Шуъбаи кори фарматсевтӣ бо тахассуси ёрдамчии фарматсевт (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ).

Факултетҳо

Дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар» 2 факулта — факултаи кори табобатӣ ва факултаи кори ҳамширагӣ амал мекунад.

Дар факултаи табобатӣ 3 шуъба муттаҳид карда шудааст, ки инҳо шуъбаи табобатӣ, момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ дар косметология мебошанд. Дар факултети мазкур мутахассисон бо ихтисоси ҳамшира (бародари) тиббӣ-оилавӣ, ҳамшира-момодоя ва ҳамшира-косметолог омода карда мешаванд.

Факултаи кори ҳамширагӣ 2 шуъба аз таҳсилоти миёнаи умумӣ (кори ҳамширагӣ ва фарматсевтӣ) ва 2 шуъба (ҳамширагӣ ва фарматсевтӣ) аз таҳсилоти миёнаи асосиро муттаҳид кардааст.

Синфхонаҳо

Дар Коллеҷи тиббӣ 65 синфхона бо таҷҳизот ва асбобу аёниятҳои таълимӣ таҷҳизонида шуда, тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, саҳни коллеҷ бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳои кафедраҳо таҷҳизоти компютерӣ ва тахтаи электронӣ гузошта шуда, бештари машғулиятҳо бо истифодаи онҳо гузаронида мешаванд. Машғулиятҳо ба тариқи дарс-лексия гузаронида мешаванд.

Дар коллеҷ 3 синфхонаи компютерӣ бо 48 адад компютер, 8 тахтаи электронӣ дар кабинетҳои технологияи информатсионӣ, биология, асосҳои кори ҳамширагӣ мавҷуд мебошад. Дар ҳамаи синфхонаҳо таъмири пурра гузаронида шуда, бо мизу курсиҳои нав таъмин карда шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, азхудкунии маҳорату малакаи касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамагӣ дар коллеҷ чор кафедра фаъолият менамояд:

— Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва таҳсилоти умумӣ.

— Кафедраи тиббӣ-биологӣ.

— Кафедраи кори ҳамширагӣ.

— Кафедраи забонҳо.

Дар назди тамоми кафедраҳо маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шудааст. Дар кафедраҳо маҳфилҳои фаннӣ бештар аз фанҳои табиатшиносиву дақиқ ташкил карда шуда, моҳе ду маротиба гузаронида мешаванд.

Ҷиҳати баланд бардоштани малакаҳои омӯзгорӣ, омӯзгорони коллеҷ мунтазам бо омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав робитаи зич доранд. Омӯзгорони кафедраҳо дар омода намудани дастуру модулҳои таълимӣ доир ба барномаҳои таълимӣ фаъол буда, аз ҳамаи фанҳо модулҳои таълимӣ омода карда шудааст.

Барномаҳои нави таълимӣ

Стандартҳои давлатии тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалӣ аз рӯи 5 ихтисос дар муассиса дастрас карда шудааст.

Дар моҳи октябри соли 2018 нақшаи нави таълимӣ таҳия карда шуда (мутобиқ ба низоми таҳсилоти кредитӣ), ба Маркази таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, ин нақшаҳо дар моҳи сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ба Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар дастрас карда шудааст. Инчунин, барномаҳои таълимии нав доир ба низоми таҳсилоти кредитӣ низ дастрас карда шудаанд. Айни ҳол таҳсил дар бахши 1-уми ҳамаи шуъбаҳо дар низоми нав ҷараён дорад.

Дар аввали соли хониши гузашта барномаҳои нави таълимии фанҳо аз рӯи низоми кредитии таҳсилот ба кафедраҳо дастрас гардида, аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳо силлабусҳо доир ба фанҳои таълимӣ омода карда шудаанд.

Китобхонаи коллеҷ

Дар китобхонаи коллеҷ 4235 китоб мавҷуд буда, аз онҳо 1700 китоби соҳавӣ, 1500 китоби фаннӣ ва 1035 китоби бадеӣ мебошад. Инчунин, китобхонаи электронӣ бо шаш адад компютер фаъолият менамояд, ки дорои 12 ҳазор китоби бадеӣ ва фаннӣ мебошад. Дар китобхонаи электронӣ дастурҳои методӣ ва модул-конспектҳои таълимӣ ҷой карда шудаанд, ки аз онҳо донишҷӯён васеъ истифода мебаранд. Китобҳои Пешвои миллат 30 ададро ташкил медиҳад.

Бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри самаранок истифода намудани вақтҳои холигии донишҷӯён махсусан дар вақти таътил, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати хониши китобҳои бадеӣ дар китобхонаи вилоятӣ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади ғанӣ гардонидани китобхона аз ҷониби маъмурияти коллеҷ моҳи декабри соли 2019 ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрас намудани китобҳои дарсӣ мактуб ирсол гардида, зиёда аз 500 китоб дастрас карда шудааст.

Банақшагирӣ ва ташкили ҷараёни таълим

Ҷараёни таълим тибқи нақшаҳои таълимӣ, ки бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 тасдиқ гардидаанд, ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаҳои таълимӣ ҷадвали раванди таълим тартиб дода шуда, аз ҷониби директор тасдиқ карда шуда, дар асоси он ҷадвали машғулиятҳо таҳия карда шуда, бо иттифоқи касабаи коллеҷ мувофиқа карда шудааст. Раванди таълим ва иҷроиши он мунтазам аз ҷониби маъмурияти коллеҷ назорат карда мешавад.

Масъалаҳои санҷиши фанҳои таълимӣ ва азхудкунии дониши донишҷӯён дар Шӯрои омӯзгорон дида баромада мешавад.

Омӯзиши забонҳо

Дар Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар кафедраи забонҳо амал мекунад. Айни ҳол 6 нафар омӯзгорон аз фанни забони тоҷикӣ, англисӣ ва 6 омӯзгор аз фанни забони русӣ ба донишҷӯён дарс мегузаранд. Ҳамаи омӯзгорон бо синфхонаҳое, ки бо маводҳои таълимию тарбиявӣ бо забони англисӣ ва русӣ ҷиҳозонида шудааст, таъмин мебошанд. Аз ҷониби омӯзгорон тибқи низоми кредитии таҳсилот барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо ва модулҳо омода карда шуда, ин модулҳои таълимӣ дар китобхонаи электронӣ ҷой дода шудааст ва аз ин маводҳо донишҷӯён дар машғулиятҳо васеъ истифода мебаранд. Инчунин, аз ҷониби омӯзгорон овезаҳо бо луғатҳо аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ барои ихтисосҳои амалкунанда омода карда шудааст. Дар коллеҷ маҳфилҳои омӯзиши забони русӣ ва забони англисӣ ташкил карда шуда, он зери назорати маъмурият қарор дорад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани курсҳои омӯзишӣ аз фанни забони русӣ, англисӣ ва фанҳои дақиқ ироа доштанд, дар кафедраи забонҳо дарсҳои иловагӣ ва машғулиятҳо ҷиҳати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ на танҳо барои донишҷӯён, балки барои омӯзгорон низ ташкил карда шудааст.

Барномаи давлатии компютерикунонӣ

Боздиди мо аз коллеҷи мазкур нишон дод, ки маъмурияти муассиса бо мақсади татбиқи барномаи давлатии компютерикунонӣ танҳо дар соли равон 40 адад компютер, 6 тахтаи электронӣ ва дигар таҷҳизоти таълимиро ворид намуда, дар хизмати устодону шогирдон қарор додааст. 3 синфхонаи компютерӣ бо 48 адад компютер барои гузаштани дарсҳои асосҳои информатика фаъолият менамояд, ки шогирдону устодон дар рафти дарс аз онҳо фаъолона истифода мебаранд.

Умуман, дар соли ҷорӣ ба муассиса китобҳои таълимӣ-тахассусӣ — 425 адад, миз — 645 адад , курсӣ — 1428 адад, тахтаи электронӣ — 6 адад, ноутбук — 1 адад, УПС — 2 адад, принтер — 4 адад, ҷевонҳои китобмонӣ — 15 адад, тахтаи синф — 65 адад, гармкунакҳои барқии шиддатнокиаш паст — 30 адад , 4 кондитсионерҳо (55 метри мукааб) ворид карда шудаанд.

Такмили ихтисос

Такмили ихтисос ва омодагии касбии кадрҳо дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Коллеҷи тиббӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар коллеҷ 4 нафар омӯзгорон аз фанни технологияи информатсионӣ ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Аз ҷониби ин омӯзгорон маҳфили омӯзиши фанни технологияи информатсионӣ фаъолият менамояд.

Дар соли ҷорӣ бо омӯзгорон доир ба истифода намудани тахтаи электронӣ, истифодаи шабакаи интернет ва дарёфти маводи таълимӣ аз он дар нақша мебошад. Айни ҳол дар ҳамаи кафедраҳо 3 синфхона бо таҷҳизоти технологияи информатсионӣ, аз қабили тахтаи электронӣ, проекторҳо ва компютерҳо ташкил карда шудааст. Дарс-лексия дар синфхонаҳо бо усули нави таълим, бо истифода аз технологияи муосир гузаронида мешавад.

Фазои ягонаи иттилоотии таҳсилот

Дар Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар Маркази иттилоотӣ ташкил карда шуда, бо шабакаи интернет пайваст мебошад. Дар коллеҷ беш аз 13 синфхонаи лексионӣ ташкил карда шуда, дар 5-тои онҳо тахтаи электронӣ бо проектрҳо, ки ба шабакаи интернет пайвастанд, фаъолият менамояд. Аз воситаҳои техникӣ омӯзгорон, устодон ва донишҷӯён истифода намуда, тавассути технологияи информатсионӣ бо усулҳои муосири таълим машғулиятҳоро мегузаронанд.

Дар ҳамаи синфхонаҳо ва роҳравҳои бинои таълимӣ 48 адад камераҳои назоратии сифаташон баланд насб карда шудааст, ки раванди таълим дар коллеҷ назорат карда мешавад.

Ворид шудан ба фазои байналмилалии таҳсилот

Дар соли таҳсили 2018-2019 Коллеҷи тиббӣ ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаштааст. Дар коллеҷ ҳамаи шуъбаҳо аз рӯи низоми таҳсилоти кредитӣ амал мекунанд. Барои фаъолият намудан сардори шуъбаи бақайдгирӣ ва эдвайзерҳо аз ҳисоби омӯзгорони ҷавону лаёқатманд ба кор ҷалб карда шудаанд. Ҳамаи шуъбаҳо бо барномаҳои таълимӣ доир ба низоми кредитӣ таъмин карда шудаанд. Ҷадвали раванди таълим тибқи нақшаи таълимии соли таҳсили 2018-2019, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст.

Шӯрои методӣ

Дар Коллеҷи тиббӣ Шӯрои методӣ амал менамояд, ки шаш нафар аъзо дорад. Дар Шӯрои методӣ бештар масъалаҳои омода намудани маводҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон, сифатнок омода намудан ва ба барномаҳо мутобиқ намудани онҳо, дастрасии ин дастурҳо ба донишҷӯён, усулҳои баланд бардоштани сифати таълим, омодагии омӯзгорон ба машғулиятҳо, истифода намуда тавонистан аз шабакаҳои интернет, омода намудани маводҳои нави таълимӣ, маълумотҳои навин доир ба соҳаи тиб ва дигар соҳаҳо дида баромада мешаванд ва баъдан барои истифода иҷозат дода мешавад.

Таҷрибаомӯзӣ

Тибқи нақшаҳои таълимӣ-таҷрибаомӯзӣ дар соли таҳсили 2020-2021 бо сардухтурони муассисаҳои тиббию пешгирикунандаи вилояти Хатлон шартномаи тарафайн баста шудааст ва донишҷӯён дарсҳои таҷрибаомӯзиро бевосита дар муассисаҳои тиббии шаҳри Хатлон мегузаронанд.

Кумак ба донишҷӯёни бепарастор

Яке аз иқдомҳои наҷибе, ки маъмурияти коллеҷ ба уҳда гирифтааст, ин дастгирии донишҷӯёни бепарастор мебошад. Дар таълимгоҳ 21 нафар донишҷӯёни бепарастор ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамасола ба онҳо кумаки моддӣ расонида мешавад ва 5 ятими кулл тариқи ройгон таҳсил менамоянд. Ин иқдоми наҷиб қобили дастгирист.

Дастовардҳои варзишӣ

Новобаста аз он, ки аз фаъолияти коллеҷ муҳлати зиёд нагузаштааст, аллакай бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 26-уми апрели соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Коллеҷи тиббии давлати шаҳри Бохтар бо ҷалби беш аз 50 нафар духтарбачагон, донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар, Коллеҷи тиббӣ-давлатӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар сабқати бозии воллейбол доир карда шудааст, ки дар он донишҷӯёни донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар сазовори ҷойи дуюм гардидаанд.

Ба муносибати таҷлили 75-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и шаҳри Бохтар мусобиқаи кушод оид ба баскетбол байни бонувон миёни коллеҷҳои тиббӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар рӯзҳои 6-8-уми май роҳандозӣ карда шуда, дар ин мусобиқа ду даста аз Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар низ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойи дуюм дар мусобиқа гардидаанд.

Бахшида ба солгарди Ваҳдати миллӣ аз 5 то 10-уми июни соли 2019 миёни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии шаҳри бохтар сабқати футбол миёни духтарон ташкил ва гузаронида шудааст, ки дар он донишҷӯдухтарони Муссисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар” фаъолона ширкат намуда, миёни 7 даста ҷойи дуюмро ишғол намудаанд.

Бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш дар мактаби варзишии шаҳр мусобиқаи волейбол байни муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар гузаронида шуда, дар он донишҷӯдухтарони Муссисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар” фаъолона ширкат намуда, миёни 12 даста ҷойи якумро ишғол намудаанд.

Ба ҷои хулоса

Боздиди мо аз Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар» нишон дод, ки дар таълимгоҳи мазкур таълиму тарбия дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Директори коллеҷ Мӯсоев Муҳиддин Зайнуллоевич дар рафти суҳбат иброз дошт, ки “маъмурияти коллеҷ дар якҷоягӣ бо устодон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама кӯшиш ва заҳмати худро ба он равона карда истодааст, ки мутахассисони рақобатпазири ватандӯсти соҳаи тибро тарбия намуда, дар хизмати халқу ватан қарор диҳад”.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,

МТЖТ

1 бинависед

  1. Салом ака шумо нагз коротон хуб як мавод ман дода будам рузи 30 сентября чоп шуда буд сайдтонда намемонед ака?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here