Пояҳои меъёриву ҳуқуқӣ

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент бо қарори Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент соли 1992 таъсис ёфтааст. Таълимгоҳ дорои Оинномаи муассисаи таълимӣ, ки он дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дорои шаҳодатнома дар бораи аз нав ба қайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии муассисаи таълимии Коллеҷи тиббии ш.Панҷакент, иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ мебошад. Муассиса бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2014с. таҳти № 148 аз Омӯзишгоҳи тиббии ш.Панҷакент ба муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ш.Панҷакент” табдил дода шудааст.

Идоракунии умумии таълимгоҳ аз тарафи Шӯрои омӯзгорӣ (органи олии худидоракунӣ) ба роҳ монда шудааст ва роҳбарии онро директори таълимгох ба уҳда дорад. Нақшаи кори Шӯрои омӯзгорон дар ҷаласаи аввали он муҳокима ва тасдиқ шудааст. Ҳар ҳафта дар рӯзи сешанбе дар назди директор машварати истеҳсолӣ гузаронида, масъалаҳои рӯзмарра ҳаллу фасл карда мешаванд. Фаъолияти омӯзгорону кормандони коллеҷи тиббӣ ба амалӣ гардонидани талаботҳои асосии “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равон карда шудааст. Дар таълимгоҳ тарзи таълими лексионӣ-семинарӣ ва лексионӣ-амалӣ ҷорӣ карда шудааст. Имтиҳонҳои аз курс ба курс гузаронӣ ва хатм ба тарзи шифоҳӣ гузаронида мешаванд.

 

Заминаҳои моддӣ-техникӣ

Таълимгох дар бинои Раёсати омори шаҳр ҷойгир буда, дар асоси шартнома байни коллеҷи тиббӣ ва Раёсати омори ш.Панҷакент то 31 августи соли 2019 барои истифодаи ройгон дода шудааст.

Бинои таълимии Коллеҷи тиббӣ, ки дар заминаи боғчаи бачагонаи «Агротехснаб» ташкил шудааст, ҳоло бо Қарори суди иқтисодии вилояти Суғд аз мувозанаи коллеҷи тиббӣ гирифта, ба мувозанаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент баргардонида шудааст. Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент имрӯз бинои таълимии худро надорад. Бинои таълимие, ки дар саҳни таваллудхонаи шаҳр ҷойгир аст, низ дар мувозанаи БМШ қарор дорад ва коллеҷи тиббӣ онро дар асоси шартномаи тарафайн бо БМШ истифода мебарад.

Маъмурияти таълимгоҳ инчунин бо ҶДММ «Шафқат — Авитсена» шартнома баста, масоҳати таълимиро аз ин ҳисоб зиёд намуд.

Дар маҷмуъ дар таълимгоҳ 30 синфхона, 20 кабинетҳои фаннӣ, лаборатория, толори маҷлисӣ, китобхона, майдончаи варзишӣ мавҷуд аст. Ду кабинети компютерӣ ба истифода дода шудааст,ки дар он 38 адад компютер ҷойгир карда шудааст. Ҳамаи онҳо дар ҳолати корӣ мебошанд. Дар маҷмуъ дар таълимгоҳ 58 адад компютер, 9 адад принтер, 5 адад сканер ва 8 адад ксекрокс, 3 адад проектор, 3 адад тахтаи электронӣ мавҷуд аст. Дарсгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ бо овезаҳо, гӯшаҳо, муляжҳо, корҳои эҷодии донишҷӯён ва омӯзгорон таҷҳизонида шудаанд.

Дар ноҳияи Айнӣ гуруҳҳои мақсаднок фаъолият доранд. Дар заминаи Беморхонаи марказии минтақавии ноҳияи Айнӣ 3 синфхона аз таъмири капиталӣ бароварда бо мизу курсӣ, овезаҳо, гӯшаҳо, муляжҳо, корҳои эҷодии донишҷӯён таҷҳизонида шуд. Барои донишҷӯёне, ки аз деҳоти дурдаст дар гуруҳи мақсадноки ноҳияи Айнӣ таҳсил мекунанд, дар Беморхонаи марказии минтақавӣ ду ҳуҷра барои хобгоҳ ҷудо карда шуд, ки дар яктояш духтарон ва дар дигараш писарон истиқомат мекунанд.

 

Шароити манзилию маишии донишҷӯён

Таълимгоҳ хобгоҳ надорад. Дар асоси шартнома бо коллеҷи омӯзгории шаҳр донишҷӯёне, ки ба хобгоҳ ниёз доранд, дар хобгоҳи  ин муассисаи таълимӣ ҷой дода шудаанд. Мунтазам аз тарафи маъмурият вазъи зисту зиндагонии донишҷӯён хабар гирифта мешавад. Қисми зиёди донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ дар хонаҳои хешовандон ва хонаҳои иҷора истиқомат мекунанд. Вазъи зисту зиндагонии донишҷӯён аз тарафи мураббӣ ва роҳбарони гуруҳ ҳамарӯза зери назорат қарор дорад.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки пас аз ба Маркази миллии тестӣ ворид намудани муассисаи таълимӣ, ба таълимгоҳ аз дигар нохияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ноҳияҳои Ишкошим, Рашт, Ҷиргатол, Данғара, Истаравшан, Деваштич, Куҳистони Масчоҳ ва ғайраҳо низ донишҷӯён қабул шуданд. Лекин таълимгоҳ онҳоро бо хобгоҳ таъмин карда наметавонад.

 

Китобхонаи таълимгоҳ

Дар шаш моҳи соли 2018 китобхона баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва тарғиби китобхонӣ дар байни хонандагони худ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Дар китобхона бахшида ба санаҳои таърихӣ, аз қабили Пайомадҳои Паём, Рӯзи артиши Миллӣ, Рӯзи Модарон, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, чорабиниҳои гуногун ташкил карда мешаванд. Дар баробари ин, ба муносибати “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои рушди устувор”, таҷлили 140 -солагии устод Айнӣ, 1160 — солагии устод Рӯдакӣ, 90 — солагии устод Бозор Собир, ҳафтаи китоби ҷавонону наврасони Тоҷикистон ва ғайраҳо чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронда шуданд.

Фонди китобхонаи коллеҷи тиббӣ, ки дорои қироатхона бо 50 ҷои нишаст аст, 11043 адад китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла: 2627 адад китобҳои тахассусӣ, 125 адад дастурҳои таълимӣ, методӣ, 1085 адад китобҳои дарсӣ аз фанҳои гуманитарӣ ва умумӣ, 3490 адад китобҳои бадеӣ, 128 номгӯй адабиёти сиёсӣ. Инчунин дар китобхонаи электронӣ зиёда аз 3588 адад китоб мавҷуд аст.

Маъмурияти таълимгоҳ бо мақсади таъмини донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ бо Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии ш.Душанбе ҳамкорӣ намуда, ҳамасола миқдори китобҳои дарсиро зиёд менамояд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Коллеҷи тиббӣ аз норасоии китобҳои дарсӣ танқисӣ мекашад. Зиёд намудани адабиёти тахассусӣ аз фанҳои момоӣ ва бемориҳои занона, асосҳои фармакология, ёрии таъҷилӣ дар ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ (терапия), равоншиносии умумӣ ва тиббӣ ба нақша гирифта шудааст. Зарур аст, ки дар соли хониши нав ба масъалаи бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани донишҷуёни курси 1, ки бо маълумоти синфи 9 ба таълимгоҳ қабул шудаанд, диққати ҷиддӣ дода шавад. Чунки дар давоми як соли хониш онҳо асосан барномаи мактаби миёнаро аз худ мекунанд.

 

Таъминоти кадрӣ

Дар Коллеҷи тиббӣ 74 нафар омӯзгорони асосӣ фаъолият доранд. Қисми зиёди онҳо дорои маълумоти олии тиббӣ ва омӯзгорӣ мебошанд. Се нафар омӯзгорон дорои унвони илмӣ мебошанд: Юнусова М — номзади илми тиб, Қодирова Х.М. – номзади илмҳои педагогӣ, Собиров М.- номзади илми кимиё, Собирова М.М. унвонҷӯй. Қисми зиёди омӯзгоронро дуҷоякорон – пизишкони БМШ ташкил медиҳанд. Шумораи омӯзгорони дуҷоякор 117 нафарро ташкил медиҳанд. Аз он ҷумла, дар гуруҳҳои мақсадноки ноҳияи Айнӣ 36 нафар омӯзгорони дуҷоякор таълим медиҳанд.

Таълимгоҳ аз норасоии омӯзгорон аз фаннҳои тахассусӣ танқисӣ мекашад. Бо мақсади бартараф намудани ин камбудӣ маъмурияти таълимгоҳ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дархост пешниҳод менамояд. Новобаста ба ин имрӯз ҳам дар таълимгоҳ норасоии омӯзгорон аз фанҳои тахассусӣ: бемориҳои сироятӣ, терапия, педиатрия, бемориҳои руҳу асаб, момоӣ, фармакология, равоншиносии тиббӣ ва умумӣ  эҳсос мегардад.

 

Банақшагирӣ ва ташкили ҷараёни таълим

Дар таълимгоҳ машғулиятҳо дар ду баст гузаронида мешаванд. Ҷараёни таълим дар асоси нақшаи таълимӣ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст ва бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Барномаҳои таълимӣ аз коллеҷи заминавии ш. Душанбе дастрас мешаванд, ки дар асоси он омӯзгорони таълимгоҳ нақшаҳои тақвимии худро тартиб медиҳанд. Аз 1-уми сентябри соли 2018 донишҷӯёни соли аввали таҳсил бо низоми кредитии таҳсилот фаро грифта шуданд.

Донишҷӯён бо машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ фаро гирифта шудаанд. Машғулиятҳои назариявӣ дар биноҳои таълимгоҳ ва машгулиятҳои амалӣ дар Беморхонаи марказии шаҳр, дармонгоҳи шаҳрӣ, Беморхонаи кӯдаконаи шаҳр, Беморхонаи бемориҳои сироятӣ, Таваллудхонаи шаҳр,  Диспансери бемориҳои сил гузаронида мешаванд.

 

Фаъолияти донишҷӯён

Дар коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент аз рӯи ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ» ва “Кори момодоягӣ” мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ тайёр карда мешавад. Феълан дар муассиса 925 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки 698 нафари онҳо духтарон мебошанд. Аз он ҷумла дар гуруҳҳои мақсадноки ноҳияи Айнӣ 71 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки 62 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ дар тамоми чорабиниҳои дохили таълимгоҳ ва шаҳрию вилоятӣ фаъолона ширкат варзида, дар бисёр озмунҳо сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Барои дарёфт намудани донишҷӯёни болаёқат, ки минбаъд дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок  мекунанд, дар коллеҷ олимпиадаи дохили таълимгоҳӣ дар 3 давр гузаронида шуд. Дар он 45 нафар донишҷӯёни курсҳои III ва IV иштирок карда, аз фанҳои кимиё, биология, риёзӣ ва фанҳои тахассусӣ аз санҷиш гузаштанд. Дар даври ниҳоӣ донишҷӯён Атоева Дилшода ва Файзиева Бибиоиша ғолиб омаданд. Инчунин 4 нафар донишҷӯён барои иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд, роҳхат гирифтанд. Донишҷӯи курси 1 Қосимов Сардов аз фанни “Биология” сазовори ҷои аввал гардид.

Дар соли 2018 263 нафар донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ аз рӯи ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” таълимгоҳро хатм карданд. Нуҳ нафар хатмкардагон соҳиби дипломи “аъло” гаштанд. Ба муассисаи таълимӣ дар соли 2018 253 нафар довталабон қабул шуданд.

 

Корҳои тарбиявӣ

Дар коллеч баҳри тарбияи донишҷӯён пайваста талош ба харҷ дода мешавад. Чунончӣ, оид ба татбиқи ҚонуниҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Мубориза бо коррупсия» як қатор нақша – чорабиниҳо омода намуда, аз тарафи директори коллеҷ тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин, дар аввали моҳи феврали соли 2018 бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ гӯшаи деворӣ бо номи « Хизмат ба Ватан шараф аст» бароварда шуд. Вобаста ба ҳамин сана рӯзи 10 феврали соли 2018 озмуни кашидани «Расми беҳтарин» гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯи гуруҳи 108 Юсупов А. ғолиб омад. Дар озмуни «Ҳикояи беҳтарин» бошад, донишҷӯи гуруҳи 0112 Раҷабова Мағфират бо ҳикояи  «Хизмат ба Ватан шараф аст» комёб гардид. Ғолибият дар озмуни «Шарафи ҷавонмардӣ» бошад, насиби донишҷӯи гуруҳи 308 Убайдов Фаррух гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ директори коллеҷи тиббӣ Собирова М.М., омӯзгори фанни дифои ҳарбӣ Нодиров Ҷаҳонгир ва донишҷӯён Назирова Сарвиноз, Рашидов Ашраф, Раҷабова Мағфират баромад намуданд.

Дар озмунҳои идона бахшида ба Рӯзи модарон — «Ҳамшираи кадбону» донишҷӯи гуруҳи 302 Атоева Дилшода, «Канӣ духтарон!» -донишҷӯи гуруҳи 102 Азизмуродзода Садбарг соҳиби ҷои якум, Восиҳзода Нилуфар донишҷӯи гуруҳи 104 соҳиби ҷои дуюм ва Қурбонова Ёсуман донишҷӯи гуруҳи 103 соҳиби ҷои сеюм гардида, дар озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Модар – сарчашмаи ҳаёт» донишҷӯи гуруҳи 0113 Саломова Нодира ғолиб омад.

Дар коллеҷ баргузории вохӯриҳо бо собиқадорони тандурустиву маориф ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин вохӯриҳо бо ибтикори директори муассиса Собирова М.М. гузаронида шуд, ки дар он собиқадорони меҳнат Саъдулоева Ҳалима, Баҳронова Ӯғулой, Саторова М, Қодирова Хулқия ва дигарон ширкат варзиданд. Директори коллеҷ ба ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай низ бо риояи анъанаҳои миллӣ, баргузории викторинаву озмунҳо, конфаронсҳои илмӣ-адабӣ шавқовару хотирмон гузашт. Дар озмуни «Арӯси наврӯзӣ» байни духтарон донишҷӯи гуруҳи 206 Ҳақбердизода Ширинмоҳ ва дар озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Васфи Наврӯз дар ашъори шоирон» ва «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд» донишҷӯи гуруҳи 0113 Саломова Нодира ғолиб омаданд.

Дар авали моҳи май ҳафтаи поси хотир «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» баргузор гардида, аз тарафи омӯзгори фанни таърих Темирова С.С. гӯшаи деворӣ бо номи «Шуҷоати абадзинда»  бароварда шуд.

Бахшида ба ин санаи таърихӣ бо ветеранҳои меҳнат Бобоев Бораҷаб, Саъдуллоева Ҳ., Баҳронова Ӯ., Сатторова М., Ҳабибова С., ки дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ хизматҳои намоён намудаанд, вохӯрӣ гузаронда шуд.

Бахшида ба 21- солагии «РӯзиВаҳдати миллӣ» дар коллеҷи тиббӣ конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Ваҳдат мароми мост» бо омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ гузаронида шуд.

 

Сифати машғулиятҳои тарбиявӣ

Яке аз чабҳаҳои асосии кори тарбия назорат аз болои сифати машғулиятҳои тарбиявӣ ва мувофиқи ҷадвали дарсӣ гузаронидани соатҳои тарбиявӣ мебошад. Соатҳои кушоди тарбиявии аз тарафи роҳбарони гуруҳҳо дар мавзуъҳои«Соли 2018 — соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Ҳунарҳои мардумӣ – василаи ҷалби сайёҳон», «Ҳунар беҳ аз симу зар», «Артиш – пояи устувори амнияти миллат», «Зан агар оташ намешуд», «Наврӯзи Аҷам», «Тамокукашӣ ва зарари он», «Китоб — дӯсти инсон”, “Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон”, “Мо зи шеъри Рӯдакӣ рӯидаем”, “Иҷлосияи тақдирсози миллат”, “Нақши асарҳои Пешвои миллат дар баланд бардоштани сатҳи дониш”, “Парчам рамзи давлатдорист”, “Терроризм-падидаи номатлуби ҷомеа”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Точикистон-роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу фардо”ва ғ. дар сатҳи баланд гузаронида шуданд, ки дар онҳо маъмурият ва роҳбарони гуруҳҳо иштирок намуданд.

Роҳбароияти коллеҷ вохӯрӣ бо падару модарони донишҷӯёнро аз самтҳои фаъолияти доимии хеш қарор дода, пайваста маҷлисҳои умумии падару модаронро ташкил менамояд. Дар маҷлисҳои падару модарон оид ба пешрафту давомоти донишҷӯён, коидаҳои тартиботи дохилии коллеҷ, пешгирӣ намудани қонуншиканӣ ва шомил нагардидани ҷавонон ба падидаҳои номатлубе чун терроризму экстремизм, роҳҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҚонуниҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  суҳбатҳои муфид доир мегарданд.

Дар баробари ин, дар машварати ҳафтаинаи маъмурияти коллеҷ гузоришхои роҳбарони гуруҳҳо оид ба вазъи давомоти гуруҳ, ахлоқи онҳо, кор бо донишҷӯёни сустхон, худомӯзӣ ва худидоракунии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Бо ташаббуси директори коллеҷ Собирова М. М. Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣташкил карда шудааст, ки он ҳафтае як маротиба рӯзи чоршанбе бо ширкати омӯзгорон ва донишҷӯён гузаронида мешавад. Дар он мавзуъҳои гуногуни сиёсии кишвар ва берун аз он шунида мешаванд. Оид ба донишандӯзии сиёсии донишҷӯён ҳамроҳи бахши назорати сифати таълим пурсишҳои сиёсӣ гузаронида мешаванд.

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Точикистон дар Коллеҷи тиббӣ конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Истиқлолият –дастоварди беназир» гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни бахши якум ва дуюм фаъолона ширкат варзиданд. Инчунин бахшида ба Рӯзи забон озмуни «Шеърхонӣ» гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯи гуруҳи 0115 Эшонқулова Д. ғолиб омад. Донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи тиббӣ дар чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ низ фаъолона ширкат меварзанд.

16 – ноябри соли 2018 кулли омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ аз шабакаи телевизионии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши тугмачаи рамзӣ чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» – ро ба таври мустақим тамошо карданд. Дар санаи 17 ноябр бошад, кулли омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса дар ҳамоиши шаҳрӣ таҳти шиори «Роғун – нури Раҳмонӣ» фаъолона ширкат намуданд.

 

Ташаббусҳои наҷибона

Бомақсади бо таълим фаро гирифтани духтарони деҳоти дурдаст бо ташаббуси бевоситаи директори Коллеҷи тиббӣ Собирова М.М соли 2015 ихтисоси «Кори момодоягӣ» ташкил карда шуд. Дар соли 2019 аввалин мутахассисон аз рӯи ин ихтисос таълимгоҳро хатм мекунанд.

Дар соли 2020 ба таълимгоҳ донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои «Техники дандон» ва «Фармасевт» қабул мекунад.

Ҳамчунин, дар соли хониши ҷорӣ курсҳои такмили ихтисос барои ҳамшираҳои тиббӣ аз рӯи ихтисоси «Кори ҳамширагӣ» ва «Кори момоӣ»  кушода шуд. Ташаббускориҳои роҳбарияти Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент зери роҳбарии директори он Собирова М. М. Идома доранд.

 

«МТЖТ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here