Ҳафтаи гузашта бо мақсади шиносоӣ бо сифати таълиму тарбия, сатҳи омода намудани мутахассисони ояндаи тиб, вазъи моддию техникӣ, шароити таҳсил ва зисти донишҷӯён аз Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” боздид ба амал овардем. Аз суҳбат бо директори коллеҷ Азиззода Зубайдулло Абдулло маълум шуд, ки дар муассиса ҳама шароитҳои лозима фароҳам оварда шуда, маъмурият барои тарбия ва омодасозии мутахассисони рақобатпазиру муосири тиббӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Заминаи кадрии коллеҷ

Омӯзиши мо нишон дод, ки МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи  Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дорои заминаи бойи кадрӣ буда, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир 519 — нафар омӯзгорон  ба кор ҷалб карда шудаанд, ки 169-нафари онҳоро омӯзгорони асосӣ ва 350 — нафарро омӯзгорони соатбай ташкил медиҳанд. Дар Коллеҷ 5 номзади илм, аз ҷумла 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои биологӣ, 1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, 1 нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент ба шогирдон дарс мегӯянд. 12 нафар кормандони Коллеҷ бо медали “Аълочии тандурустӣ”, 32 нафар бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шудаанд.

Роҳбарияти Коллеҷ ҳамасола бо Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамкорӣ менамояд. Ҳамкориҳои мазкур сабаб шуд, ки дар солҳои охир шумораи дараҷанокии омӯзгорон бештар гардад.

Ихтисосҳо

Қабули довталабон барои соли таҳсили 2020-2021 дар факултаҳои «Кори момодоягӣ», «Кори табобатӣ», «Кори ҳамширагӣ» (рӯзона ва шабона),  «Кори фарматсевтӣ» (рӯзона ва шабона), «Кори дандонсозӣ», «Кори лабораторӣ», тибқи натиҷаи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестӣ сурат гирифт. Нақшаи қабул барои соли таҳсили 2020-2021 аз ҷониби Маркази тестӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин ба пуррагӣ иҷро гардид:

Ихтисоси  табобатӣ, Ихтисоси  ҳамширагӣ,Ихтисоси момодоягӣ,Ихтисоси  фарматсевтӣ, Ихтисоси дандонсозӣ, Ихтисоси  тиббӣ-ташхисӣ, Ихтисоси  тиббӣ-профилактикӣ.

Дар айни замон дар Муассиса 3628 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 2933 нафарро духтарон, 695 нафарро писарон ташкил медиҳанд. Як нафар аз ҳисоби ҷойҳои барои фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари садамаи  Нерӯгоҳи барқӣ-атомии  Чернобил зарар дидаанд, дар асоси протоколи ҷамъбасти суҳбат, ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст, ба факултаи «Кори ҳамширагӣ» тариқи ройгон қабул карда шуд.

Тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» 5-нафар ятимони кулл ва 2-нафар маъюби гуруҳи 2-юм низ ба сафи донишҷӯён қабул карда шуданд.

Пояи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ-лабораторӣ

МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дорои заминаи бойи моддӣ-техникӣ буда, аз 2-бинои таълимӣ, 1-бинои хобгоҳ барои донишҷӯён, 1- ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ, 1-маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсия, 1-маркази таълимӣ-табобатии стоматологӣ бо устохонаи дандонсозӣ, 1-маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, 93-кабинетҳои таълимӣ, 3-синфхонаи компютерӣ, 1-майдончаи варзишӣ, 1-толори варзишӣ ва 1-толори маҷлисӣ барои 170 нафар иборат мебошад.

Айни замон сохтмони бинои хобгоҳ барои донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар донишҷӯён идома дошта, зиёда аз 60% — и корҳои сохтмонӣ дар он ба анҷом расонида шудаанд.

Дар давоми соли таҳсили 2019-2020 баҳри беҳтар намудани раванди таълим 10 адад компютер, 11 адад принтерҳо, 6 адад проектор бо тахтаҳои электронӣ, 1 адад курсии дандонпизишкӣ, 350 адад мизу курсӣ барои синфхонаҳои таълимӣ харидорӣ карда шуда, шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 133-адад, принтерҳо 12-адад, тахтаҳои электронӣ 12, проектори мултимедӣ 75 ададро ташкил медиҳад.

Марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ

Боздиди мо нишон дод, ки МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” дорои марказҳои зиёди таълимӣ-истеҳсолӣ мебошад, ки дар раванди омӯзиш ба донишҷӯён барои дар амал татбиқ намудани донишҳои андӯхта саҳми арзанда доранд. Аз ҷумла, ташхисгоҳи таълимӣ-лабараторӣ -ро мисол овардан мумкин аст, ки дар бинои асосии таълимгоҳ ҷойгир буда, аз 2-ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад. Ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ бо яхдон, як адад микроскоп, таҷҳизоти ташхисӣ, компютер, тахтаи электронӣ ва проектор таъмин буда, ба донишҷӯён усулҳои гуногуни тадқиқоти клиникӣ озмоишгоҳӣ дар он таълим дода мешавад.

Маркази таълимӣ-табобатии стоматология  аз 3-ҳуҷра: 1 кабинети стоматологӣ, устохонаи дандонсозӣ ва 1 синфхонаи таълими қабликлиникӣ иборат мебошад. Дар маркази мазкур таълими амалии донишҷӯёни ихтисоси кори дандонсозӣ ба роҳ гузошта шудааст.

Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ соли 2016 бо дастгирии намояндагии Институти  тропикӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ” ташкил карда шуда, аз 3 ҳуҷра иборат мебошад, ки бо муляжҳои замонавӣ барои омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар маркази мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, кори табобатӣ ва кори момодоягӣ ба омӯзиши малакаҳои ҳамширагӣ ва таҷрибаомӯзии қабликлиникӣ сафарбар карда мешаванд.

Маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсевтӣ дорои 2 ҳуҷраи таълимӣ буда, дарсҳо тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд. Маркази мазкур бо яхдон, таҷҳизоти дорусозӣ, як адад компютер, тахтаи электронӣ ва проектор таъмин мебошад.

Ҷараёни таълим

Дар соли хониши 2019-2020 маъмурият ва омӯзгорон 220-соат дар дарсҳои ҳамдигар иштирок  намуданд. Аз оғози сол 18 дарси кушоду намунавӣ,  4-конференсияи илмӣ — назариявӣ, 13-озмуни касбии тахассусӣ, озмуни «Аниси кунҷи танҳои китоб аст» ва мизҳои мудаввар доир ба мавзӯъҳои мубрами соҳа гузаронида шуданд. Дар соли таҳсили 2020-2021 низ ин раванд идома хоҳад ёфт.

Дар соли таҳсили 2019-2020 1352 нафар таълимгоҳро хатм намуда, 80 нафари хатмкунандагон соҳиби дипломи аъло гардиданд.

Корҳои тарбиявӣ

Корҳои тарбиявӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди тероризм”  ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, ки вобаста ба тарбияи ҷавонон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, ба роҳ гузошта шудааст.

Аз оғози сол дар ин самт чандин чорабиниҳо ва конфронсҳои илмӣ- назариявӣ, аз ҷумла чорабиниҳои тантанавӣ-тарбиявӣ, бахшида ба 27-умин  солгарди  таъсисёбии Артиши  миллӣ, бахшида  ба  «Рӯзи  Модар», конференсияиҳои  илми-назариявӣ «Об  манбаи  ҳаёт», “Пешгирии ВНМО”, озмун бахшида ба  «Солҳои 2019-2021-солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», конференсияи таълимӣ-назариявӣ, бахшида  ба рӯзи 24 -уми март — рӯзи умумиҷаҳонии «Мубориза алайҳи бемории сил», Конференсияи илмӣ-назариявӣ «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди зиндагии шоиста» дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён гузаронида шуд.

Чорабиниҳои варзишӣ

Коллеҷи тиббӣ дорои майдони варзишӣ ва толори варзишии замонавӣ мебошад, ки имкон медиҳад дар он машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои гуногун гузаронида шаванд. Дар коллеҷ аз ҳисоби донишҷӯён дастаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футбол, волейбол (писарона, духтарона), баскетбол (писарона, духтарона), гӯштин ва дигар намудҳои варзиш омода карда шудаанд, ки пайваста дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Аз ҷумла донишҷӯён санаи 14.03 соли 2020 дар мусобиқаи минтақавӣ оид ба волейбол байни бонувон ҷойи 1, санаи 01.07 соли 2020 то 09.09 соли 2020 дар лигаи олии футбол байни бонувон дар шаҳрӣ Душанбе ҷойи 6-умро сазовор гаштанд.

Аз оғози сол якчанд мусобиқаҳо байни факултетҳо ташкил ва баргузор карда шуданд.

Фаъолияти нуқтаи тиббӣ

Аз тарафи нуқтаи тиббии коллеҷ, ки дар он ду нафар ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият менамоянд, пайваста ҳолати санитарии бино ва ҳуҷраҳои таълимӣ, ҳамчунин, вазъи солимии омӯзгорон ва донишҷӯён зери назорат гирифта шудааст. Дар муассиса оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз  ҷумла СOVID — 19 чорабиниҳои профилактикӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Аз ҷумла, 2 маротиба моҳҳои август ва октябри соли равон саҳни коллеҷ, роҳравҳо ва ҳуҷраҳои таълимӣ аз тарафи стансияи бесироятгардонии ш.Кӯлоб бо маҳлули гипохлориди калсий безарар гардонида шудан. Ҳамчунин, коллеҷ бо 6 адад ҳароратсанҷҳои фосилавӣ ва маҳлулҳои спиртдор барои бесироятгардонии дастон таъмин карда шудааст, ки ҳами даромадгоҳҳо бо онҳо таъмин буда, ҳангоми воридшавии донишҷӯён ҳарорати баданашон санҷида шуда, дастони онҳо бесироят гардонида мешаванд.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён

Дар Коллеҷ тамоми намуди таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи Низомнома “Оид ба таълими амалӣ дар Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02 соли 2020, №92 тасдиқ карда шудааст ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оиди вобаста намудани заминаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳуриии Тоҷикистон”, №151, аз 09.12 соли 2012 ба роҳ монда шудааст.

Раванди таҷрибаомӯзӣ аз тарафи ҷонишини директор оид ба таълими амалӣ назорат карда мешавад. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо, ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо гузаронида мешаванд.

Таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён дар 30 муассисаҳои тиббию профилактикӣ ва фарматсевтии шаҳрию минтақавӣ, ки дар онҳо 46 адад кабинетҳо барои машғулиятгузории донишҷӯёни коллеҷ ҷудо карда шудааст, аз ҷумла дар Маркази ёрии таъҷилии ш.Кӯлоб, Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил, Таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб, Маркази саломатии № 1-и ш. Кӯлоб, Маркази саломатии № 2-и ш. Кӯлоб, Беморхонаи вилоятии кӯдаконаи ш. Кӯлоб, Беморхонаи сироятии ш. Кӯлоб, Маркази таълимии клиникии тиббӣ оилавии ш. Кӯлоб, Маркази назорати санитарию эпидемиологии ш. Кӯлоб, Маркази вилоятии бемориҳои чашм дар ш. Кӯлоб, Маркази вилоятии ташхисию табобатии ш. Кӯлоб, Маркази вилоятии саратоншиносии ш. Кӯлоб, Маркази стоматологии ш. Кӯлоб, Маркази вилоятии бемориҳои пусти ш. Кӯлоб, Маркази репродуктивии ш. Кӯлоб, Маркази вилоятии бемориҳои ғадудҳои дарунаи ш. Кӯлоб, Маркази саломатии кӯдаконаи ш. Кӯлоб, Таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб, Дорухонаи №135-ш. Кӯлоб, Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг, Беморхонаи марказии ноҳияи Ш. Шоҳин, Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод, Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ гузаронида мешаванд.

Китобхона

Китобхона дар баробари таъмини донишҷӯён ба китобҳои дарсӣ — соҳавӣ, инчунин, бо ташвиқу тарғиби ҳуҷҷату адабиётҳое, ки ба масъалаи қонуни  Забони давлатӣ, зерқонунҳои соҳавӣ, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд, диққати калон медиҳад.

Аз моҳи январ ба китобхона 1316 адад китобҳои дарсиву бадеӣ ворид карда шуда, хазинаи умумии китобхона 18 105 адад адабиёт, аз ҷумла адабиёти тахассусӣ — 6 021 адад, бадеӣ 11 876 адад ва таърихӣ-сиёсӣ  208 ададро дар бар мегирад. Дар китобхона 27 адад асарҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳфузанд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон онҳоро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Соли ҷорӣ китобхона аз таҳхона ба ошёнаи якум кӯчонида шуда, ҳуҷраҳои он аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд. Ҷевонҳои китобгузорӣ аз нав сохта шуда, мизу курсиҳо нав карда шуданд. Ҳамчунин дар назди китобхона китобхонаи электронӣ ташкил карда шуд, ки он бо 10 адад компютер ва 1 адад принтер таъмин карда шуд. Ба китобхона хати интернет кашида шуд. Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 10 000 нусха адабиёти таълимиро дар шакли электронӣ дар бар мегирад, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз он васеъ истифода мебаранд.

Фаъолияти методӣ

Дар соли нави таҳсил фаъолияти корҳои методӣ тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби директори таълимгоҳ тасдиқ карда шуда, ба амал бароварда шуд.

Мазмуни асосии фаъолияти кории методиро коркарди роҳу усулҳои навини таълим, дар амал ҷорӣ намудани нишондодҳои ислоҳоти раванди таълим, омӯзиш ва таҷрибаи пешқадами устодони соҳибтаҷриба, таҳия, тарҷума ва таҳлилу аз нав дида баромадани барномаҳои таълимӣ, ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методӣ, дар якҷоягӣ бо кафедраҳои таълимгоҳ таҳия, тарҷума ва мураттабсозии адабиёту дастурҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, тавсияҳову ишораҳои таълимӣ-методӣ, ташкил ва гузаронидани семинару конференсияҳои гуногуни илмӣ-амалӣ, илмӣ-назариявӣ, таълимӣ-методӣ, мизҳои мудаввар, конфренсияҳои донишҷӯён, маҳфилҳои фаннӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ ва амсоли инҳо ташкил медоданд, ки ҳар кадоми он андозае ҳаллу фасли худро ёфтанд. Дар як соли охир аз ҷониби методисти коллеҷ 17 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва тамоми барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо) пешниҳод гардида ва барои тасдиқ пешниҳод карда шуданд.

 Шароити манзилию маишии донишҷӯён

Хобгоҳи донишҷӯён аз 4-ошёна ва аз 131 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат мебошад. Айни замон дар хобгоҳ 525 нафар донишҷӯдухтарон истиқомат мекунанд. Пеш аз оғози соли таҳсил хобгоҳ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, гирду атрофи он бо дарахтони сояафкан ва гулу гулбуттаҳо оро дода шуданд.

Дар хобгоҳ пайваста озмунҳои гуногун, аз ҷумла, ҳуҷраи беҳтарин, ошёнаи беҳтарин ташкил ва баргузор карда мешаванд, ки донишҷӯён дар он фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Коллеҷ барои беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ,  аз он ҷумла коллеҷ бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Пажуҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳи ВТ ва ҲИА ҶТ, Пажуҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологӣ ва ғайра ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин, бо як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ аз қабили Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), намояндагии институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария, ЮНФПА (Хазинаи нуфузи аҳолии СММ), Коллеҷҳои тиббии шаҳри Санкт-Петербург, ш.Бишкек, ш. Нур-Султон, ш.Волгоград, ш. Тошканд барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, табодули таҷриба, истифодабарии услубҳои муосир ва байналфаъоли таълим ва омодасозии мутахассисони ба талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон ҳамкории самаранок дорад.

Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ

Дар доираи ҳамкорӣ бо UNFPA — Хазинаи нуфузии аҳолии ТУТ омӯзгорони ихтисоси кори момодоягӣ ва тибби оилавӣ дар семинарҳое, ки аз тарафи мураббиёни ташкилоти мазкур доир ба мавзӯъҳои “Модари солим”, “Скрининги визуалии гарданаи бачадон”, “Масъалаҳои танзими оила, контрасепсия”, “Нигоҳубини антенаталӣ”, “ВНМО-АҒНМИ”, “Солимии наврасон”, “Зӯроварӣ ба зан дар оила”, “Пешгирӣ ва ташхиси бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда”, “Исқоти ҳамл” иштирок намуданд. Ҳамчунин бо дастгирии ташкилоти мазкур ба коллеҷ якчанд адад муляжҳо барои омӯзиши кори момодоягӣ дастрас карда шудааст. Дар Коллеҷ бо дастгирии ташкилоти мазкур маркази омӯзиши фосилавии масъалаҳои банақшагирии оила ташкил карда шуд, ки он бо 12 адад ноутбукҳо, ки бо хати интернет пайваст карда шуданд, насб карда шудааст.

Дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии Швейтсариягӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Коллеҷ маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ ташкил карда шуд, ки он аз се утоқи барҳаво иборат буда, бо тамоми муляжҳои замонавии электронӣ барои омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ таъмин карда шудааст. Дар маркази мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои тибби оилавӣ, кори момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ мегузаранд.  Ҳамчунин аз тарафи ташкилоти мазкур якчанд семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон бо иштироки мураббиёни хориҷӣ доир ба истифодабарии услубҳои муосири таълим ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии ташкилоти мазкур аз 08.05 соли 2019, №127 омӯзгорони коллеҷ дар ҳайати гурӯҳи корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург сафари корӣ доштанд. Мақсади сафари таълимӣ аз омӯзиши таҷрибаи Коллеҷҳои тиббии ш.Санкт-Петербург оид ба омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ва шиносоӣ бо сохтору коргузории муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС)-и шаҳр иборат буд.

Қайд намудан зарур аст, ки сафари таълимии мазкур барои мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муфид буда, таҷрибаи ҳамкасбони ш.Санкт-Петербург метавонад барои омодасозӣ ва ё аз нав дидабароии нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимии мутахассисони миёнаи тиббӣ, чи дар сатҳи омодасозии қаблидипломӣ ва чи баъдидипломӣ кӯмак намояд.

Фаъолияти нашрӣ

Коллеҷ дорои рӯзномаи “Дармонбахш” буда, моҳе 1маротиба бо теъдоди 3000 нусха нашр карда мешавад. Дар рӯзнома мақолаҳо дар хусуси чорабиниҳои асосии сиёсӣ, тараққиёт ва дастовардҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон, дастовардҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ, мақолаҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ оиди масъалаҳои гуногун, аз ҷумла пешгирӣ ва табобати бемориҳо ба чоп мерасанд.

Рӯзномаи мазкур баҳри тавсеаи ҷаҳонбинии донишҷӯён, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони ояндаи тиб, сатҳи корҳои илмиву методии Коллеҷ  мусоидат менамояд.

Дурнамо

Дар соли 2020 бо дастгирии Ҳукумати ҶТ, ВМ ва И ҶТ, ВТ ва ҲИА ҶТ, ВРИ ва С ҶТ Коллеҷи тиббӣ тасмим гирифта аст, ки минбаъд чунин корҳоро ба сомон расонад: Бо омӯзгорони тахассусӣ таъмин намудани Коллеҷ, аз таъмири капиталӣ баровардани биноҳо ва синфхонаҳои таълимӣ, ба анҷом расонидани сохтмони хобгоҳ барои 700 нафар донишҷӯён; аз чоп баровардани китобҳои таълимӣ ба забони давлатӣ; бо компютеру дигар таҷҳизотҳои эллектронии чопӣ, тахтаҳои электронӣ таъмин намудани ҳамаи кафедраҳо ва толорҳои лексионӣ; пурзур намудани заминаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои тандурустии шаҳри Кӯлоб; Бо аёниятҳои муосир, реактивҳо,  дигар асбобу анҷом ва таҷҳизотҳои таълимиву тиббӣ таъмин намудани кафедраҳо ва лабораторияҳои таълимӣ; Вусъат додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ; Кушодани лабораторияҳои клиникию биокимиёӣ бо таҷҳизотҳои муосир; Тасдиқи лоиҳаи сохтмонии бинои нави таълимӣ ва дармонгоҳи наздиколлеҷӣ; Ташкили такмили ихтисоси омӯзгорон дар хориҷи кишвар, бо мақсади бозомӯзӣ ва табодули таҷриба ва маблағгузории он аз ҷониби ВРИ ва С, ВТ ва ҲИА ҶТ ё ВМ ва И ҶТ.

Ба ҷои хулоса

Омӯзиши мо нишон дод, ки таълим дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ба сифати баланд ба роҳ монда шуда, барои омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Директори коллеҷ  Азиззода Зубайдулло Абдулло дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки маъмурияти муассиса дар якҷоягӣ бо устодони соҳибтаҷриба баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омодасозии мутахассисони ватандӯсту рақобатпазир ҳама дониш ва таҷрибаи худро истифода бурда, ба он мекӯшанд, ки хатмкунандагони коллеҷ дар оянда ба халқу ватани худ хизмати софдилона кунанд.

Дар ин ҷода мо барояшон барор мехоҳем.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here