Ҳаво қариб ҳар рӯз аз 40 дараҷа ҳам гармтар аст. Бино ба мушоҳидаҳо, бархе калонсолон бе ягон ниқоб ҳам бо азоб нафас мекашанд. Барои онҳо пӯшидани ниқоб як кори сарборӣ аст. Ҷавонон бошанд, ниқобро даме дар поёни манаҳ, яке дар пешонӣ ва каме дар гӯш гузошта, нафаси озод мекашанд. Ин то куҷо дуруст аст? Вобаста ба ин масъала назари мудири бахши амрози дарунии беморхонаи рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Алишер Исмоилов, ки таҷрибаи 30-сола дорад ва дар хати сурх тайи 16 рӯз кор кардааст, пурсон шудем.

 — Ҳозир кӯчаҳо пури ниқоб. Зери по мепартоянд, ки ин кор тамоман мумкин нест. Ниқобҳои истифодашуда бояд дар қуттиҳои маҳкам партофта шаванд. Ҷавонҳои 16-35-сола масунияташон муқовиматпазир аст. Онҳо кам-кам атсазанӣ, хориши гулӯ, тимоқӣ, таб дошта башанд ҳам, худро нороҳат ҳис намекунанд. Ин синну сол доранда ва паҳнкунандаи вирус ҳисоб меёбанд. Ин қишр барои дигаронро сироят накардан ниқоб пӯшиданашон зарур аст. Фарҳанги истифодабарии ниқобро донистан шарт аст. Ниқоб бояд даҳон, биниро пурра пӯшонад ва ба рӯй ҷафс бошад,- бо оҳанги ҷиддӣ ба ҷавонҳо ҳушдор дод духтур Алишер Исмоилов.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки пӯшидани ниқоб ба саломатӣ ҳеҷ зарар надорад. Ниқобпӯшоне, ки душвор шудани нафаскаширо баҳона мекунанд, ба нороҳатии руҳӣ дучор ҳастанд. Шояд нафасгирии ин тоифа танг шавад, ҳолати руҳиашон вайрон гардад, чунки бемории ҳамрав доштани онҳо аз эҳтимол дур нест. Аз ҷумла, диққи нафас, астмаи дилзод, фишорбаландӣ, бемориҳои ишемиявии дил, бемориҳои музмини роҳи нафас ва ғайраҳо. Барои ин хел одамон муҳити камодам қулай аст, то бе ниқоб баҳузур гаштугузор карда тавонанд.

— Беҳтарин ниқоб он аст, ки дастикам аз 6-7 қабат дока иборат бошад. Дар қабати он пахта гузоранд, боз ҳам хуб. Дохилаш аз матои пахтагини намкаш ва берунаш аз матои сунъие, ки қатраҳоро намегузаронад, сохта шавад, фоидааш басо калон. Ҳозир аксар корхонаву ташкилот ниқоб медӯзанд. Онҳо матоҳои сунъӣ, брезентӣ ва ҳатто аз респираторҳо ниқоб дӯхта истодаанд, ки онҳо вазифаҳои муҳофизатиро адо карда наметавонанд. Беҳтаринаш ниқоби тиббии докагини чандқабата аст,- тавсия дод мудири бахши амрози дарунии беморхонаи рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Файзуллохон ОБИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here