Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббӣ муассисаи калонтарини табобатии махсусгардонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки фаъолияти он ба ташхис, муолиҷа ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ва нақшавӣ ба беморони ҷумҳурӣ равона гардидааст. Муассиса соли 1964 сохта ба истифода дода шудааст. Он дорои 8 бинои сеошёна, як бинои дуошёна, 4 бинои якошёна ва қисми хоҷагидорӣ мебошад. Марказ дорои 61 шуъбаҳои гуногун мебошад, ки аз онҳо 35 адад шуъбаҳои табобатӣ ва 26 адад шуъбаҳои ёрирасонанд.
Дар давраи ҳисоботӣ шахсони ҷисмонӣ дар марказ ҳамагӣ 2522 нафарро дар бар мегиранд, ки аз онҳо 1395 нафарашонро (62%) занҳо ташкил медиҳанд. Дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Шифобахш” айни ҳол 2522 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 653 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ, 1162 нафар кормандони миёнаи тиб, 564 нафар кормандони хурди тиб ва 213 нафар дигар кормандони қисми маъмурию хоҷагӣ ва муҳосибот мебошанд.
Айни ҳол дар Маркази миллии тиббӣ ҳамагӣ 121 нафар кормандони синну соли нафақа дар асоси шартномаи меҳнатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки аз онҳо 39 нафар дорои маълумоти олӣ, 33 нафар маълумоти миёна, 49 нафар — қисми хоҷагӣ ва фаррошон мебошанд.
Аз рӯи ҷадвали бастҳои корӣ дар марказ 2075,25 адади корӣ ҷудо карда шудааст ва аз ин 2034,25 адади корӣ банд мебошад, ки 98%-ро ташкил медиҳад. Бастҳои холӣ аз ҳисоби табибони беҳискунӣ ва наҷоти кӯдакона, бактериолог, кормандони миёнаи тибби навбатдор, кормандони хурди навбатдор ва қисми хоҷагӣ мебошанд.
Имрӯз дар марказ 2 нафар доктори илмҳои тиб, 30 нафар номзади илмҳои тиб, 2 нафар дорандаи ордени “Шараф”, 2 нафар дорандаи медали “Хизмати шоиста”, 1 нафар дорандаи медали “Шафқат” ва 111 нафар дорандаи нишони сарисинагии “Аълочии тандурустӣ” фаъолият менамоянд.
Дар 9 моҳи соли 2020 ҳамагӣ 347 нафар корманд ба кор қабул карда шудаанд, аз ҷумла мутахассисони дорои маълумоти олӣ 56 нафар, коркунони миёнаи тиб 202 нафар, фаррошон 67 нафар ва дигар вазифаҳо 22 нафар. Ҳамагӣ 165 нафар аз кор озод шудаанд, аз ҷумла, духтур 29 нафар, ҳамшираҳои тиб 121 нафар, фаррошон 26 нафар ва дигар вазифаҳо 16 нафар.
Сабаби аз кор рафтани кормандони марказ бинобар дигар кардани манзили зист, бо сабаби ба шавҳар баромадани духтарон, бинобар хатми донишгоҳи тиббӣ (донишҷӯёни дуҷоякор) ва дигар омилҳои оилавӣ мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ 620 нафар кормандон ба рухсатии меҳнатии навбатӣ ва 108 нафар ба рухсатии бемузд рафтаанд. Дар рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак 185 нафар қарор доранд, ки аз онҳо 13 нафар табиб, 149 нафар ҳамшираи тиб ва 23 нафар дигаронанд.
Соли равон бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкунандагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 174 нафар мутахассисони ҷавон интернатураи клиникиро дар шуъбаҳои марказ таҳти роҳбарии мудирони шуъбаҳо гузаштаанд.
Дар вақти таҳлил маълум гардид, ки аз 653 нафар табиб мутахассисони ҷавон 248 нафарро (38%) ташкил медиҳанд. Мутахассисони ҷавон онҳое ба ҳисоб мераванд, ки собиқаи кориашон дар ин касб ё вазифа 7 сол бошад. Дар вақти таҳлили дараҷанокии кормандон, мо мутахассисони ҷавонро ба инобат нагирифтем.
Дар панҷ соли охир аз рӯи нақша 399 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ бояд такмили ихтисос мегузаштанд. Айни ҳол 361 нафар табиб, ки 91,2%-ро ташкил медиҳад (дар нуҳ моҳи соли 2019 — 92%), такмили ихтисос гузаштаанд.
Ҳамагӣ дар панҷ соли охир 354 нафар соҳиби дараҷанокӣ шудаанд, ки 89,3%-ро ташкил медиҳад (дар нуҳ моҳи соли 2019 — 83,4%):
Дараҷаи дуюм — 90 нафар (25,4%).
Дараҷаи якум — 63 нафар (17,7%).
Дараҷаи олӣ — 201 нафар (56,7%).
Аз кормандони миёнаи тиб аз 1162 нафар 293 нафарро (25,2%) мутахассиси ҷавон ва 278 нафарро (23,9%) донишҷӯён ташкил медиҳанд. Аз рӯи нақша бояд 570 нафар корманди миёнаи тиб дар панҷ соли охир такмили ихтисос гузашта бошанд. 461 нафар дар панҷ соли охир такмили ихтисос гузашаанд, ки 80%-ро ташкил медиҳад (дар нуҳ моҳи соли 2019 — 83%).
Ҳамагӣ дар панҷ соли охир 378 нафар ҳамшираҳои тиб соҳиби дараҷанокӣ шудаанд, ки 82%-ро ташкил медиҳад (дар нуҳ моҳи соли 2019 — 80%):
Дараҷаи дуюм — 113 нафар (29,8%).
Дараҷаи якум — 75 нафар (16,2%).
Дараҷаи олӣ — 190 нафар (41,2 %).
Нисбатан паст шудани фоизи гузаштани такмили ихтисоси мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббии марказ ба он вобаста мебошад, ки дар давраи пандемияи коронавирус дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани давраҳои омӯзишӣ боздошта шуда буданд. Дар нақшаи гузаштани такмили ихтисоси шуъбаи кадрҳо ин ба назар гирифта шуда, то охири сол мутахассисон ҳатман донишу малакаи худро такмил медиҳанд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи дониши мутахассисони дорои маълумоти олӣ, дар марказ бо пешниҳоди роҳбарият дар давраи ҳисоботӣ 17 семинар бо иштироки табибон, мудирони шуъбаҳо ва кормандони кафедраҳо марбут ба масъалаҳои актуалии имрӯза гузаронида шудааст. Семинарҳо бо муҳокимаи васеи иштирокчиён гузаронида шудаанд, ки дар раванди семинарҳо мутахассисон, хусусан ҷавонон донишу малакаи худро сайқал додаанд.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ ба беморон, дар марказ бо фармоиши директор комиссияҳои доимамалкунанда ҷиҳати назорати иҷроиши фармоишҳои мақомоти болоӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, истифодабарии протоколҳои клиникии соҳавӣ дар ташхису табобати беморон, маводҳои дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии полипрагмазия, дуруст ба роҳ мондани пур намудани таърихҳои беморӣ фаъолият намуда истодааст. Натиҷаҳои санҷишҳо дар маҷлисҳои назоратии назди директори марказ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Дар 9 моҳи соли 2020-ум 406 мактубҳои воридотӣ (дар дафтар), 76 мактубҳои воридотӣ ва 26 мактубҳои ирсолшаванда бо воситаи почтаи электронӣ (naimovsuhrob@mail.ru, mmt.shifobakhsh@mail.ru), 1233 мактубҳои содиротӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар семоҳаи сеюми соли 2020 мувофиқи сметаи тасдиқгардида бо тағйиру иловаҳо барои ҳамаи моддаҳои хароҷотӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба маблағи 19 млн 615 ҳазору 563 сомонӣ пешбинӣ гардида, хароҷоти ҳақиқии он ба маблағи 19 млн 190 ҳазору 928 сомониро ташкил додааст, ё ин ки нисбати нақша 98%-ро ташкил медиҳад. Маблағи истифоданашуда 424 ҳазору 635 сомонӣ буда, ин қисман аз ҳисоби моддаҳои Музди меҳнат, Пардохтҳо/ маблағҷудокуниҳо бо эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, захираҳои моддию молӣ, хароҷоти ҷорӣ ба ғайр аз таъмир, пардохти хизмати коммуналӣ, дигар молу хизматрасониҳо иборат мебошад.
Воридот аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии тибби пулакӣ ба шаҳрвандон дар семоҳаи сеюми соли 2020-ум 7 млн 499 ҳазору 830 сомонӣ буда, иҷроиши он нисбати нақшаи пешбинишуда 82%-ро ташкил додааст. Дар семоҳаи сеюми моли 2020 хароҷоти ҳақиқии маблағҳои махсус 6 млн 776 ҳазору 390 сомонӣ буда, нисбати нақшаи пешбинишуда 75%-ро ташкил медиҳад.
Дар давраи сипаришуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби воридоти маблағҳои хизматрасонии тибби пулакӣ ба маблағи 157 ҳазору 354 сомонӣ пардохт карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 26% мебошад.
Тибқи созишномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳаҷми воридоти маблағҳои махсуси хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон ба маблағи 485 ҳазору 351 сомонӣ пардохт шудааст, ки ин нисбати нақшаи пешбинишуда 61%-ро ташкил медиҳад.
Миқдори тадқиқотҳои озмоишгоҳи марказӣ, озмоишгоҳи бактериологӣ, шуъбаҳои рентгенографӣ нисбати соли гузашта зиёд шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаҳои қабули марказ 39776 нафар беморон барои муоина ва табобат муроҷиат намудаанд. Аз ин миқдор 22898 беморон бистарӣ шуда, 22302 нафар беморон баъди табобат ба хона ҷавоб дода шудаанд.
Фонди катҳои марказ 1070 катро ташкил менамояд. Аз онҳо дар хизматрасонии калонсолон 539 кат, аз он ҷумла катҳои ҷарроҳӣ 324 адад ва катҳои муолиҷавӣ 215 адад аст. Дар хизматрсонии кӯдакон 531 кат, аз онҳо 295 кати ҷарроҳӣ ва 236 кати соматикӣ мебошад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар марказ ба ғайр аз катҳои эҳёгарӣ (53 кат) 1017 кат фаъолият намудааст. Нақшаи кат/рӯз 247170 рӯзро ташкил медиҳад. Иҷроиши нақшаи кат/рӯз бошад, 197885 рӯзро ташкил додааст. Фоизи иҷроиши нақшаи кат/рӯзҳо дар миқёси марказ дар 9 моҳи соли 2020-ум 80,1% мебошад. Бандшавии катҳо бошад, дар 9 моҳи соли 2020-ум 194,6 рӯз аст. Муҳлати бистаришавии беморон дар як кат/рӯз ба ҳисоби миёнаи давраи ҳисоботӣ 8,7 рӯз буд. Гардиши кат дар ин давра ба 25,4 расидааст.
Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар бахши хоҷагӣ корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд:
- Қубурҳои магистралии бинои №13 ба масофаи 24 м иваз карда шудаанд.
- Дар биноҳои №2, 4, 5 ва дар қубурҳои магистралии гармидиҳандаи марказ 8 дона раздвижкаи нав шинонда шудааст.
- Ҳуҷраҳои гармитақсимкунии биноҳо таъмир карда шуда, раздвижкаҳо ва асбобҳои обмаҳкамкунанда равған карда шудаанд.
- Дар атрофи марказ назди бинои №5 то маъмурият қубурҳои об гузаронида шуда (дар масофаи 200 м), барои ин корҳо 300 метр 25 мм ва 60 дона обпошаки даврзананда шинонда шуда, инчунин 200 м асфалтпӯш шудааст.
- Дар бинои №11 қубурҳои канализатсия вайрон шудаву кор намекарданд, ки ба миқдори 60 м қубурҳои канализатсия 50 мм ва 100 мм иваз карда шудаанд.
- Чоҳи корези назди бинои №11, ки бо сабаби фарсуда шудан мушкилиҳо эҷод мекард, ба чуқурии 5 м канда, 2 м қубури 300 мм шинонда шуда, чоҳ барқарор карда шуд.
- Боми бинои толори ҷарроҳии бинои №5 таъмир карда шуда, зиёда аз 40 м тунука насб карда шудааст.
- Зинапояи маъмурият ба миқдори 400 м таъмир карда шуда, бо рангҳои молиданӣ ранг карда шудааст.
- Боми биноҳо аз баргҳои хазон тоза карда шудааст.
- Ҳудуди марказ зиёда аз 2000 м кабудизор карда шудааст.
- Дар ҳудуди марказ 235 дона каштан, 125 дона дарахти арча шинонда шудааст.
Ба гуфтаи директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шифобахш» муҳтарам Шамсзода Хизматулло Амирхон, “Маркази миллии тиббии “Шифобахш” яке аз сармуассисаҳои калонтарини соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар буда, асоси фаъолияти онро табобат, пешгирии бемориҳои гуногун ва барқарорсозии организми беморон баъди беморӣ ташкил намуда, дар маҷмуъ метавон гуфт, ки боз он чун муассисаи базавии таълимӣ барои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хизмат менамояд. Гузашгта аз ин, сафи олимону пизишкон, ки дар муассисаи мо фаъолият доранд, сол аз сол рӯ ба афзоиш буда, ҳоло беморонро 2 доктори илмҳои тиббӣ ва 30 нафар номзадҳои илми тиб табобат намуда, беш аз 61 нафар кормандони муассиса омодаи ҳимояи номзадии хеш мебошанд. Аз 653 нафар табибони дорои маълумоти касбии олӣ 248 нафар ё 38%-ро ҷавонон ташкил менамоянд. Яъне мо сиёсати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти дастгирии ҷавонон амалӣ намуда, ба натиҷаҳои хуби корӣ низ ноил гардидем. Дараҷанокии касбии кормандонро ҳам хуб ба роҳ мондаем ва дар ин самт натиҷаҳо дар умум 91,2 % буда, аз он 201 нафарашон ё 41,2 % табибони дараҷаи олӣ мебошанд. Боқиро табибони дараҷаашон 1 ва 2 ташкил менамояд. Аз кормандони миёнаи тиб бошад, 293 нафар ё 25,2%-ро ҷавонон ташкил намуда, сафи бонувон, ки кормандони моянд, 1395 нафар ё 62%-ро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин натиҷаи басо хуб ба ҳисоб меравад”.
— Асоси кори соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои муаззами миллат, ки дар сиёсати иҷтимоии барномаи 7-солаи Президенти кишвар ин соҳаро афзалиятнок ҳисобида буданд, ташкил менамояд. Имрӯз барои табиби тоҷик тамоми шароити лозима муҳайё мебошад, ки моро танҳову танҳо хизмат ба халқу Ватан мемонаду бас. Боқӣ, тамоми таҷҳизоту доруворӣ дар хизмати табибон қарор доранд, ки кулли табибон сипосгузор аз Пешвои муаззами худ мебошанд. Дар баробари Пешвои муаззами миллат, ман миннатдории худро ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода барои дастгирии доимиашон мерасонам. Зеро, муҳтарам вазир, ки худ олими барҷастаи соҳаи тибанд, ҳамеша дар паҳлуи мо қарор доранду кумак мерасонанд,- афзуд ӯ.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ