Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Беморхонаи марказӣ ва Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ашт баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2019 пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.
Перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар ноҳияи Ашт гузориши навбатии хабарнигори “МТЖТ” манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад. Гузориши мазкур дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт Имомов Абдурауф Рӯзибоевич ва роҳбари шабакаи муассисаҳои Кӯмаки авввалияи тиббиву санитарии ҳамин ноҳия Имомназаров Шуҳрат Аҳмадҷонович, инчунин, аз рафти суҳбат бо онҳо омода гардидааст.
Зимни суҳбат сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт Абдурауф Имомов иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар ноҳияи дурдасти Ашт корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи госпиталии ноҳия низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат — боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар ин давра сохта мавриди истифода қарор додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ ва ёрирасон, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахасисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва дигар тадбирҳо шоистаи шукргузорӣ мебошад. Кормандони соҳаи госпиталии ноҳияи Ашт суханони роҳбари давлат: “Табибон вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст”-ро сармашқи корӣ интихоб намуда, онро сарбаландона иҷро менамоянд.
Ба қавли сартабиби ноҳия, аҳолии ноҳияи Ашт 166604 нафар буда, аз онҳо кӯдакони синни то 18 — сола 64958 нафар, занҳои қобили таваллуд 41885 нафар, кӯдакони то 1 — сола 4231 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ноҳияи Ашт 61 муассисаҳои тиббӣ мавҷуданд, ки дар маҷмуъ бо 490 кати табобатӣ таъминанд, аз ҷумла, Беморхонаи марказии ноҳия дорои 310 кати табобатӣ ва 5 адад беморхонаҳои ноҳиявӣ дорои 180 кати табобатӣ мебошанд. Дар баробари ин, дар ноҳия 1 адад Маркази саломатии ноҳиявӣ,18 адад марказҳои саломатии деҳот, 35 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 1 адад Маркази иммунопрофилактика, 1 адад Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, 1 адад Маркази солимии репродуктивӣ, 1 адад Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ (7 нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ), 1 адад Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, 1 адад Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, 1 адад Маркази бемориҳои руҳӣ ва ёрии наркологӣ, 1 адад Маркази пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам, 1 адад Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва 1 адад муассисаи хусусӣ барои аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар ҳамин ҳол, шумораи кормандони соҳаи тандурустии ноҳия 1644 нафарро ташкил медиҳад, минҷумла мутахассисони дорои маълумоти олидошта 203 нафар ва мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ дошта 979 нафар мебошанд.
Аз 203 нафар табиб 127 нафарашон дорои тахассуси дараҷанокӣ мебошанд, ки 57 % -ро ташкил медиҳад. Аз ин миён 91 нафар табиб дараҷаи тахассусии олӣ дошта, 32 нафар дорои дараҷаи якум, 5 нафар дорои дараҷаи дуюм ҳастанд. 75 нафар бинобар собиқаи кории то 5-сола ва ба охир расидани муҳлати аттестатияи охирин дараҷанокӣ надоранд. Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт 6 нафар Аълочии соҳаи тандурустӣ фаъолият мебаранд. Аз 979 нафар кормандони миёнаи тиббӣ 541 нафар дорои тахассуси дараҷанокӣ мебошанд, ки 247 нафарашон дорои дараҷаи тахассусии олӣ, 147 нафар дорои дараҷаи якум, 160 нафар дорои дараҷаи дуюм ва 427 нафари дигар бинобар собиқаи кории то 5 — сола доштан дараҷанокӣ надоранд.
Дар ҳамин ҳол, ноҳия ҳамагӣ ба 23 нафар табиб эҳтиёҷ дорад, ки ин нишондод мутаносибан ба ниёзмандии табибони оилавӣ 12 нафар, рентгенолог 1 нафар, табиб-нарколог 1 нафар, анастезиолог 2 нафар, амрози занона 1 нафар, дандонпизишк 1 нафар, табиб — оморчӣ 2 нафар, силшинос 1 нафар, неонатолог 1 нафар, табиби бемориҳои дарунӣ 1 нафар рост меояд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки фавтнокии умумӣ дар миқёси ноҳия 509 нафар буда, аз онҳо фавти кӯдакони синни то 1- сола 33 нафар, аз 1 то 5 — сола 10 нафар ва боқимонда фавти синнусолии калонсолонро ташкил медиҳад. Хушбахтона, дар 9 моҳи соли 2019 ҳодисаи фавти модарон ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, тайи 9 моҳи соли 2019 9 нафар таваллуд дар хона ба қайд гирифта шудааст.
Зимнан Абдурауф Рӯзибоевич иттилоъ пешниҳод намуд, ки тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони ноҳия дар асоси дастуру талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №90 аз 25 феврали соли 2017 ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ суратҳисоби махсуси муассисаҳои сохтори госпиталии ноҳия ба 1200064 сомонӣ нақшабандӣ шуда, иҷроиш 967659 сомонӣ мебошад, ки ин 81% ташкил медиҳад. Дар нуҳмоҳаи соли 2019 дар сохтори госпиталии ноҳияи Ашт ҳамагӣ 8659 нафар бемор бистарӣ гардидаанд ва маблағи 934 799,83 сомонӣ ва аз шуъбаҳои ёрирасон 31 493 сомонӣ пардохт карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ маблағҳои буҷетии муассисаҳои сохтори госпиталии ноҳия ба 4868846 сомонӣ нақшабандӣ шуда, иҷроиш 4773581 сомонӣ мебошад, ки ин 98% -ро ташкил медиҳад.
Тавре Абдурауф Имомов афзуд, дар 9 моҳи соли 2019 маблағҳои махсуси сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ба 1036366 сомонӣ нақшабандӣ шуда, иҷроиш 1234312 сомонӣ мебошад, ки он 119,1%-ро ташкил медиҳад. Ба сохтори КАТС дар 9-моҳи соли 2019 ҳамагӣ 50645 нафар бемор муроҷиат намудаанд ба маблағи 1234312 сомонӣ; ройгон хизматрасонӣ шудааст ба 18759 нафар ба маблағи 335091 сомонӣ.
Инчунин, ба теъдоди 13224 дона тести оҷилӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси маркази саломатии ноҳиявӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд. То санаи 1-уми сентябри соли равон захираи тести оҷилӣ 2124 донаро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди ноҳия 1143 нафар писарон таваллуд шуда, тайи 9 моҳи соли 2019 ҳамагӣ ба 738 нафар кӯдакон хатна гузаронида шудааст, ки ҳамаи онҳо пеш аз гузаронидани хатна аз таҳлилҳои зарурӣ ва муоинаи табибони тибби оилавӣ гузаштаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи омор дар 9 моҳи соли 2019 99 нафар беморони гирифтори ВНМО (дар ҳамин давраи соли гузашта — 29 нафар) ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамагӣ ин қабил беморон дар ноҳия 99 нафарро ташкил мекунанд (соли 2018 86 нафар). Беморони гирифтори сил ҳамагӣ 217 нафар буда, дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 37 нафар беморони нав ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин росто беморони гирифтори зардпарвини намуди А 56 нафар (соли 2018 78 нафар), зардпарвини намуди В 65 нафар (соли 2018 149 нафар), гепатити вируси намуди С 34 нафар (соли 2018 33 нафар) буда, бемориҳои вараҷа ва сӯхтанӣ ба қайд гирифта нашудаанд.
Зикри ҳамин нукта низ бамаврид мебошад, ки дар муассисаҳои сохтори госпиталӣ ва КАТС-и ноҳияи Ашт ситоди зимистонгузаронӣ ташкил карда шудааст. Дар охирин ситод масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони 2019-2020 оиди истифодабарии маводҳои сӯзишворӣ дар муассисаҳо дида баромада шуд. Дар сохтори госпиталӣ боқимондаи ангишт 57,72 тонна, талабот ба ангишт 220 тонна, талабот ба ҳезум 75 м3, бақия 17,48 м3, дар сохтори Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия талабот ба ангиштсанг 120 тонна, талабот ба ҳезум 130 м3 мебошад. Айни замон, воридоти ангишт дар сохтори госпиталии ноҳияи Ашт ба 136,15 тонна (захира ба 193,87 тонна) буда, мутаносибан 88%-и нақшаро ташкил медиҳад. Воридоти ҳезум 64,22 м3 (захира 81,7 м3) -ро ташкил дода, мутаносибан 109%-и нақшаро ташкил медиҳад. Ба итминони А.Имомов, дар Беморхонаи марказии ноҳия гармидиҳии мутамарказонида васл шудааст. Ҳамаи муассисаҳои сохтори КАТС мувофиқи талаботи дар боло зикргашта бо пуррагӣ бо ангишт таъмин карда шудаанд.
Ба ҳамин минвол, аз ҷониби маъмурияти сохтори госпиталии ноҳияи Ашт дар давоми 9 моҳи соли 2019 барои аз таъмир баровардан ва ободгардонии муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, барои таъмири беморхонаҳои ноҳиявии сохтори госпиталии ноҳия аз тарафи соҳибкорони саховатманд ва кормандони муассисаҳои зертобеъ ба маблағи 134 348 сомонӣ (беморхонаи ноҳиявии №1, Ашт — 71 000 сомонӣ, беморхонаи ноҳиявии №2, Ориён — 6 000 сомонӣ, беморхонаи ноҳиявии №3, Ошоба — 16 000 сомонӣ, беморхонаи ноҳиявии №4, Ифтихор — 8 000 сомонӣ, беморхонаи ноҳиявии №5, Понғоз — 33 348 сомонӣ) хароҷот карда шудааст. Дар ин ҷода дар шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи соҳибкорони саховатманд ва кормандони муассиса ба маблағи 75 465 сомонӣ маблағ барои таъмири косметикӣ харҷ гардидааст. Инчунин, аз соли 2013 то ин ҷониб аз тарафи соҳибкор, истиқоматкунандаи ҷамоати Понғоз, деҳаи Хиштхона Мирзоев Рафтор дар саҳни ҳавлии Беморхонаи марказӣ барои истироҳати беморон ва хешовандони онҳо 2 адад айвонча барои нишаст (беседка) ба маблағи 8 000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳия маҷлисгоҳ бо 100 ҷои нишаст аз тарафи соҳибкор Истамқулов Искандар ба маблағи 60 000 сомонӣ таъмир карда шуд.
Дар давоми соли ҷорӣ ба сохтори госпиталии ноҳия 1 адад таҷҳизоти таъмизкунандаи ВК -75 ба маблағи 24 830 сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Истиқлол- 7000» аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса харидорӣ карда шудааст. Барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ 2 адад кондисионер ба маблағи 6 500 сомонӣ (шуъбаи бемориҳои дарунӣ), 6 адад оинаи нилгун ба маблағи 8 000 сомонӣ (шуъбаи бемориҳои дарунӣ) харидорӣ карда шудааст. Аз тарафи ташкилоти байналмиллалии «UNISEF» ба маблағи умумии 222 170 сомонӣ ба таври ройгон баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонии таваллуд ба шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳия 47 адад таҷҳизоти тиббӣ дастрас карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли роҳбари шабакаҳои КАТС-и ноҳияи Ашт Шуҳрат Имомназаров, дар сохтори КАТС тайи 8 моҳи соли 2019 ба маблағи умумии 123 000 сомонӣ таъмир гузаронида шудааст. Дар давоми соли ҷорӣ ба сохтори КАТС-и ноҳияи Ашт 1 адад таҷҳизоти таъмизкунандаи ВК -75 ба маблағи 26 080 сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Истиқлол», 1 адад таҷҳизоти физиотерапевтӣ ба маблағи 11 200 сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Медимпекс», 2 адад таҷҳизоти хушккунанда ба маблағи 2 800 сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Меҳроби Хуҷанд», 1 адад стерилизатор бо ҳаҷми 50 литр ба маблағи 5 300 сомонӣ харидорӣ карда шудааст. Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба сохтори КАТС 3 адад таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии 31 631 сомонӣ дастрас карда шудааст.
Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Ш.А.Имомназаров, феълан дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳия 126 нафар табибони маълумоти олидор ва 628 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд. Аз 126 нафар табибони маълумоти олидор 73 нафарашон дараҷаи тахассуси олӣ, якум ва дуюм буда, дараҷанокии тахассусии онҳо 65,8 дар садро ташкил медиҳад. Аз 628 нафар кормандони миёнаи тибб 348 нафарашон дорои дараҷаи ихтисоснокии олӣ, якум ва дуюм буда, дараҷаи тахассуснокияшон 55,4%-ро ташкил медиҳад. Таъминот бо табибон ба 10000 нафар аҳолӣ ба 7,6 баробар аст. Таъминот бо кормандони миёнаи тибб ба 10000 нафар аҳолӣ ба 37,1% баробар аст. Воҳидҳои корӣ ба табибон ва кормандони миёнаи тибб барои соли 2019 пешбинишуда бо пуррагӣ банд мебошад. Аз 22 нафар кадрҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои КАТС 11 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар назди марказҳои саломатии ноҳиявӣ дар ин давра озмоишгоҳи биохимиявӣ ва серологӣ, утоқи муоинаи эндоскопӣ, утоқи ултрасадо фаъолият намуданд. Дар қатори муассисаҳои сохтори КАТС Беморхонаи хусусии физиотерапевтӣ дар назди заводи намак фаъолият мебарад.
Тавре Шуҳрат Аҳмадҷонович афзуд, дар 9 моҳи соли 2019 дар марказҳои саломатӣ аз тарафи табибон ба 366536 нафар ниёзмандон кӯмаки тиббӣ расонида шуд. Аз он ҷумла, ташриф ба хона дар 9 моҳи соли 2019 дар марказҳои саломатӣ 81676 нафар ва ташриф ба назди духтурони стоматологҳо 24418 нафар мебошад.
Дар ин давра дар назди марказҳои саломатӣ 1 шуъба ва 8 нуқтаи ёрии таъҷилӣ фаъолияти худро самаранок давом доданд. Дар ин шуъбаҳо дар умум ба 14023 нафар ниёзмандон ёрии таъҷилии тиббӣ ва ба 12600 нафар ёрии амбулаторӣ расонида шуд.
Айни ҳол 10 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, 6 нафар иштирокчиёни садамаи Чернобил ва 118 нафар ҷанговарони интернасионалист зери назорати диспансерӣ қарор доранд. Ҳарчанд дар асоси қарори раиси ноҳия аз 03 январи соли 2019, №5 «Дар бораи таъмини иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ» 1500 сомонӣ пешбинӣ шуда бошад ҳам, дар 9 моҳи соли 2019 барои табобати амбулатории ин қабил шахсон 2030 сомонӣ харҷ гардидааст.
Агарчӣ, соли равон вазъи эпидемиологӣ нисбати бемориҳои сироятӣ беҳтар гашта бошад ҳам, мутаассифона, 3 нафар аз бемории сил фавтиданд. Дар ҳамин ҳол, нисбати соли гузашта шумораи кушодани варақаҳои корношоямӣ дар муассисаҳои КАТС – и ноҳия 135 адад зиёд гардидааст. Муоинаи никоҳшавандагон бошад, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016 «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии никоҳшавандогон» ба роҳ монда шудааст. Дар асоси қарори мазкур тайи 9 моҳи соли 2019 982 нафар никоҳшавандагон аз тарафи духтурони оилавӣ ва 53 нафар аз тарафи духтурони маҳдуд муоина карда шуданд. Натиҷатан 40 нафар бемори ҳомили гепатити «В», 2 нафар ҳомили гепатити «С», 1 нафар мубталои ВНМО, 1 нафар мубталои камхунӣ, бемории асаб, 20 нафар камхунии вобаста ба ҳомиладорӣ ва 17 нафар бемориҳои дигар, дар маҷмуъ 84 нафар бемор ошкор ва ба табобат фаро гирифта шуданд.
Дар баробари ин, тавре роҳбари КАТС -и ноҳияи Ашт Шуҳрат Имомназаров зикр намуд, аз ҳисоби буҷет барои муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳия барои нуҳ моҳи соли 2019 6763980 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида буд, ки аз он дар давраи ҳисоботӣ 6763781 сомонӣ мақсаднок харҷ карда шуда, иҷрои нақшаи буҷет 99,9% -ро ташкил дод.
Тавре мавсуф афзуд, маблағҳои пешбинишуда барои харидории доруворӣ ва сӯзишворӣ баҳри истифодаи нақлиёти санитарии ноҳия кофӣ набуда, имконияти харидории доруворӣ ва сӯзишвориро ба нақлиёти санитарии муассисаҳои КАТС-и деҳот намедиҳад.
Ба қавли роҳбари КАТС — и ноҳияи Ашт, бо мақсади таъмини иҷроиши қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №90, аз 25.02.2017 дар бораи “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” корҳои зерин ба сомон расонида шуданд: Барои 9 моҳи соли 2019 аз хизматрасонии пулакӣ дар озмоишгоҳҳо, утоқҳои сабти барқии дил, утоқҳои дандонпизишкӣ ва муоинаи тиббӣ 1080387 сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд. Дар ин давра бошад, ба хазинаи Маркази саломатӣ 1234834 сомонӣ даромад карда шуд, ки 114%-ро ташкил медиҳад. Ҳамаи маблағҳои воридгашта мақсаднок — барои музди маош ва харидории дорувориҳо ва таҷҳизот истифода бурда шуданд. Дар ин давра барои марказҳои саломатӣ аз ҳисоби маблағҳои воридшуда таҷҳизоти нургузаронӣ ба маблағи 31800 сомонӣ, барои таъмири Маркази саломатии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии деҳот 54940 сомонӣ маблағ харҷ шуд.
Қобили тазаккур аст, ки дар маркази саломатии ноҳиявӣ 2 комиссия, аз ҷумла Комиссияи назорати тиббӣ (ВКК) амал мекунад, ки ҳолатҳои аз тарафи мутахассисон дуруст додани варақаи корношоямиро назорат ва муҳлатҳои онро дароз мекунад.
Комиссияи муваққатии машваратии тиббӣ бошад, дар ҳайати 7 нафар роҳхатҳои ба хадамоти давлатии ташхисии тиббию иҷтимоӣ (ВТЭК) аз тарафи мутахассисон пешниҳодшударо оиди додани гуруҳи маъюбӣ назорат ва тасдиқ мекунад.
Имрӯз дар қайди РАСИН-и ноҳия дар 2632 нафар бо сабаби маъюбӣ, аз он ҷумла 2113 нафар калонсолон бо бемориҳои умумӣ ва 519 нафар кӯдакон меистанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи комиссияи машваратии табибӣ 688 нафар ба ХДТТИ барои муайян намудани гуруҳи маъюбӣ, минҷумла 536 нафар такрорӣ ва 152 нафар бори аввал пешниҳод карда шудаанд. Бо сабаби солим гардонида шудан гуруҳи маъюбии 7 нафар бекор карда шудааст. Ҳамчунин ба 7 нафар аробачаи маъюбӣ дода шуд.
Бо қарори раиси вилояти Суғд, №412 аз 29.12.2010 ва қарори раиси ноҳияи Ашт, №74 аз 19.02.2011 «Дар бораи татбиқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” Маркази миллии тарзи ҳаёти солим ташкил карда шудааст, ки тибқи фармоиши роҳбари шабакаи КАТС, №48 аз 01.06.2016 директории маркази мазкурро Бузурукова Сурайё бар уҳда дорад. Марказ бо утоқҳои корӣ ва компютер таъмин мебошад. Баҳри иҷрои ҳадафҳои барномаи мазкур соли ҷорӣ дар мактабҳо аз хонандагони синфҳои 9-11 перомуни мавзуъҳои пешгирии бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи он, «Ҳаёт ман туро дӯст медорам», пешгирии бемориҳои ҳорӣ, батулизм ва диабети қанд диктантҳо гирифта шуданд. Инчунин, якчанд маротиба дар рӯзномаи маҳаллӣ ва радиои маҳаллӣ оиди пешгирии бемории сил, ботулизм, ҳорӣ, сафедшавии мӯй, варзиш ва фоидаи он, эҳтиёт намудани чашм, “Фарди солим — миллати солим”, вараҷа, диабети қанд, эмкунии аврупоӣ баромадҳо карда шуд. Дар баробари ин, тавассути “ТВ Ашт” якчанд маротиба оиди пешгирии бемории шадиди роҳи нафас, ботулизм, Рӯзи саломатии умумиҷаҳонӣ бо шиори “Ба диабет пирӯз шавед», ҳамчунин, тавассути барномаи телевизионии вилоятии «Фарди солим» табибони маркази саломатии ноҳияи Ашт тавсияҳои муфид доданд.
Ба ин нигоҳ накарда, бо қарори раиси ноҳияи Ашт дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар ҳайати 18 нафар таъсис дода шуда, мувофиқи нақшаи тартибдодашуда ҳамарӯза оиди ташаккули тарзи ҳаёти солим корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида мешаванд.
Аз маълумоти пешниҳоднамудаи сартабиби ноҳия Имомов Абдурауф Рӯзибоевич ва роҳбари КАТС Имомназаров Шуҳрат Аҳмадҷонович бармеояд, ки то имрӯз дар сохторҳои тандурустии ноҳияи Ашт дар маҷмуъ 55 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миён 35 муроҷиати шаҳрвандон ба сохтори госпиталӣ ва 20 муроҷиати шаҳрвандон ба сохтори КАТС-и ноҳия тааллуқ дорад. Ба ҳамаи муроҷиати шаҳрвандон сари вақт посух дода шуда, ҳалли мусбии худро ёфтаанд.
Қайд кардан муҳим аст, ки дар муассисаҳои сохтори госпиталӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ашт дар давоми соли равон ягон ҳолати амалиёти характери коррупсионидошта ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмуъ, маъмурияти Беморхонаи марказӣ, шабакаи муассисаҳои КАТС, дар умум, кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт ҷиҳати амалисозиии нақшаҳои созандагӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҷомеаи солим, иҷрои бемайлони қонуну қарорҳои ҶТ дар бораи тандурустӣ, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳо ва супоришу талаботҳои пешгузоштаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд, як қатор корҳоро ба сомон расонид ва он имрӯзҳо низ идома дорад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт фаъолити худро тибқи нақшаи пешакӣ муайянкардашуда ба роҳ монда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои баланд, пешгирӣ намудани ҳамагуна бемориҳо, корҳои ташвиқотию тарғиботиро вусъат бахшида истодаанд.
Мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт барои муҳофизат ва ҳифзи саломатии аҳолӣ минбаъд низ ҳамаи дониш ва маҳорати худро сафарбар мекунанд, зеро ҷомеи солим фардои давлати солим мебошад.
МТЖТ