Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо  назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Ҳоло Тоҷикистон нисбат ба баъзе давлатҳо дар ворид намудани технологияи инноватсионӣ хеле пеш рафтааст. Ҳамакнун дар кишварамон қариб ҳама намуди ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Имрӯз дар муассисаҳои тиббӣ як қатор усулҳои нави табобат мавриди истифода қарор гирифтаанд. Маҳз ворид намудани технологияи нав буд, ки миқдори шаҳрвандони кишвар, ки барои табобат ба мамлакатҳои хориҷӣ мерафтанд, солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст.

Тавъам ба ин ислоҳоту дастовардҳо тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими куллӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Ваҳдат баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сазовор ҷашн гирифтани санаи таърихии 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Татбиқи нақшаҳои тахассусӣ

Зимни суҳбат роҳбари шабакаҳои КАТС -и шаҳри ваҳдат Холов Шокирҷон Шарифович иброз намуд, ки кормандони муассисаҳои  шабакаи  КАТС дар  12 моҳи соли 2020 фаъолияти худро мутобиқи қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору  амру фармоишҳои Раиси шаҳри Ваҳдат ба роҳ монда, корҳои пешгирию табобатӣ ва як қатор корҳои ободонию таъмириро роҳандозӣ намудаанд. Чунончӣ, нақшаи такмили ихтисоси кормандон дар асоси нақшаи тақвимии давраҳои таҳсили баъдидипломӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардида, фармоишҳо, дастурамалҳои соҳаи тандурустӣ аз нав дида баромада, ба ҳолатҳои воқеъбуда мувофиқ гардонида шуданд. Ҳамчунин, оиди баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиббии шаҳр ҷамъиятҳои соҳавӣ аз рӯи нақша машғулиятҳо гузаронида шуданд. Дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳифзи саломатии  аҳолӣ»,   қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020», «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Дар бораи Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», оиди иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2008, таҳти №600 «Дар барои тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони  Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ», фармоиши якҷояи Вазорати  молияи  ҶТ аз 5 ноябри соли 2014, №№ 938 ва 135 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо, Низомнома доир ба тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустӣ» аз рӯи нақша чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Гар дасти фитодае бигирӣ,…

Вобаста ба иҷроиши банди 18-и нақшаи чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои    КАТС дар шаҳри Ваҳдат “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои  солҳои   2017-2020” фаъолият намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми аҳолӣ, аз ҷумла шахсони маъюб ва аъзои оилаҳои онҳо кормандони шабакаи  муассисаҳои КАТС тамоми чораҳоро меандешанд. Баҳри амалисозии  ин барнома  бо назардошти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2016 №455 ва қарори раиси шаҳр аз 21.12.2016 сол №2070 нақшаю чорабиниҳо тартиб дода шуда, Шӯрои ҳамоҳангсози ҷиҳати татбиқи барнома ташкил карда шуд.

Айни ҳол дар шаҳр 4579 нафар шаҳрванд ҳамчун маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки 1028  нафарро синни то 18 сола ташкил медиҳад. Аз ин миқдор гуруҳи якум 495 нафар, гурӯҳи дуюм 2029 нафар, гуруҳи сеюм 1027 нафар, маъюбшавӣ дар шаҳр 1,3%-ро ташкил медиҳад. Маъюбон бо пуррагӣ аз муоинаи даврии тиббӣ гузаронида шудаанд. Ҳамаи маъюбони синни то 18 сола барои таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаро гирифта,  шароитҳо барои таҳсил муҳайё карда шудааст.

Дар ҳама шӯъбаҳои бистаринамоӣ ҳуҷраҳои алоҳида барои табобати гурӯҳҳои имтиёздошта ҷудо карда бо таҷҳизоти лозима ҷиҳозонида шудааст. Муоина, ташхис ва табобати ин гурӯҳ шахсон ройгон ба роҳ монда шудааст.

Иммунизатсияи бехатар

Иҷроиши банди 15 ва 32-и нақшаи чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС фарогирии доимии иммунизатсия саривақт ба роҳ монда шуда, иҷроиши қатъӣ ва таҳлили саривақтии ҳар як ҳодисаҳои сироятҳои бо ваксина идорашаванда зери  назорати қатъӣ қарор дорад. Дар  шаҳри Ваҳдат иммуннопрофилактика мувофиқи барномаи васеи иммунизатсиякунӣ (РПИ), мувофиқи «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014, № 643 «Дар бораи такмилдиҳии системаи пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда»  гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар муассисаҳои тиббии шаҳри Ваҳдат занҷири хунукинигоҳдорӣ дар вақти бурдани ваксинаҳо назорат карда мешавад ва ҳама марказҳои саломатии деҳот ба таври кофӣ бо яхдонҳо таъмин мебошанд. Ҳамчунин, ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳр бо мавод ва дастурамалҳо оиди иммунопрофилактика таъмин буда, лавҳаҳои деворӣ оиди «Иммунизатсияи бехатар» ва «Иммунизатсия дар амал» бо гузаронидани мониторинги дарбаргирии иммунизатсия ташкил карда шудаанд. Назорати  эпидемикӣ аз рӯи ҳолатҳои бемориҳои шадиди фалаҷ, сурхча ва гулӯзиндонак,  инчунин муайян намудан, бақайдгирӣ, ҳисобот ва таҳлили эпидемиологии   воқеаҳои баъди иммунизатсия ба вуҷудомада (ПВР/ПВО), аз  тарафи Маркази  иммунопрофилактикии шаҳрӣ бурда мешавад. Бо мақсади иҷрои “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии бемориҳои сурхча ва гулафшон байни  аҳолии шаҳр, дар  асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2019, № 157 “Дар бораи созмон  додани ситоди ҷумҳуриявӣ” Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии бемориҳои сурхча ва гулафшон таъсис ёфта, аъзои ситод ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вазифадор шудаанд, ки баҳри пурзӯр намудани назорати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои сурхча ва гулафшон дар шаҳр чораҳои зарурӣ андешанд. Инчунин, сартабибони марказҳои саломатӣ, мудирони бунгоҳҳои саломатӣ ва мудирони шӯъбаҳои тибби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ вазифадор гардидаанд, ки дар минтақаҳо бригадаҳои хонагард оиди саривақт дарёфт ва бистарӣ намудани бемориҳои сурхча ва гулафшон ташкил намуда,  корҳои фаҳмондаҳиро дар байни аҳолии шаҳрак ва деҳот пурзӯр намоянд.

Корвонҳои саломатӣ

Вобаста ба иҷроиши банди 11-и нақшаи чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС ва баланд бардоштани маърифат ва маълумотнокии аҳолӣ, аз ҷумла ҳар як аъзои оила оид ба аломатҳои хатари ҳомиладорӣ, нигоҳубини ғамхорона нисбат ба зани ҳомиладор ва кӯдаки навзод, саривақт ошкоркунии занони ҳомиладор бо аворизи ҳомиладорӣ ва фарогирии онҳо бо табобат, пешгирии фавти модар ва кӯдак дар ҷумҳурӣ ва дар асоси Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2018, №116 “Оид ба гузаронидани чорабинии марказонидашудаи иттилоотию ташхисии “Корвони саломатӣ таҳти шиори “Солимии модар ва кӯдак дар деҳот” дар муассисаҳои тиббии шаҳри Ваҳдат чорабинии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар асоси фармоиши мазкур, фармоиши Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС-и шаҳр содир ва нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуд. Дар муассисаҳои тиббии шаҳр шиору овезаҳо зери шиори “Аломатҳои хатари ҳомиладорӣ”, “Ғизои ҳомиладорон – пирамидаи ғизо”,  “Беҳтарин ғизо барои кӯдакони навзод – шири модар, беҳтарин суруд барои навзод – аллаи модар”, “Ғизои иловагӣ барои кӯдакони аз 6 моҳа то 2 сола” барои марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ ташкил карда шуд. Дар рафти Корвони саломатӣ варақаҳои иттилоотӣ  ва буклетҳо ба аҳолӣ тақсим  карда  шуд.

Чорабиниҳои танзимиву тарбиявӣ

Тибқи маълумоти комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар  муассисаҳои  шабакаи  Кӯмаки  аввалияи  тибиию  санитарии  шаҳр  ҳангоми  гузаронидани  ҷашну  маросимҳо  қонунвайронкуниҳо  ба  қайд  гирифта  нашудааст.

Вобаста ба иҷроиши банди 42 ва 43-и нақшаи чорабиниҳои шабакаи муассисаҳои КАТС, дар давоми 12 моҳи соли 2020 дар Маркази саломатии шаҳрӣ 4 маротиба оиди баррасӣ ва иҷроиш қарор додани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаҳо гузаронида шуданд, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони прокуратура, суд ва шӯъбаи корҳои дохилӣ иштирок намуданд. Бо иштироки намояндагони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оиди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дар  бораи  “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои солҳои 2013-2020”, пешгирии экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба равияҳои эктремистию террористӣ ва иштирок дар задӯхурдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, дар бораи пешгирии паҳншавии бемории сироятиии ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) ва дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо кормандони марказҳои  саломатӣ вохӯриҳо баргузор гардид.

Кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ баҳри пешбурди соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ворид намудани усулҳои наву муосири муоина ва муолиҷаи беморон, вусъат додан ба корҳои созандагию ободонӣ ва баҳри дар амал татбиқ намудани «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ», таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолият намудаанд.

Талошу такопӯи табибони оилавӣ

Тавре аз нишондодҳо бармеояд, соли ҷорӣ нисбати соли гузашта фаъолияти мутахассисони тибби оилавӣ дар самти бақайдгирии саривақтии беморон, таҳлилу ташхисгузаронӣ, муолиҷаю солимгардонӣ, пешгирии беморон, гаштҳои хонагӣ ва хизматрасонӣ ба нафарони имтиёздошта хубтар ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби кормандони шабака мунтазам бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида шуда, масъалаҳои тозагии муҳити зист, ташаккули тарзи ҳаёти солим, профилактика ва пешгирии бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ, назорату ғизодиҳии кӯдакон ва таъмини иммунизатсиякунии бефосилаи онҳо, танзими оила ва монанди инҳо баррасӣ мегарданд.

Рӯзи чоршанбеи ҳар ҳафта тибқи реҷаи тартибдодашуда дар марказҳои саломатии деҳот аз тарафи мутахассисони шабакаи КАТС аҳолии минтақаро вазъи саломатии аҳолии минтақаро ройгон муоина намуда, маслиҳатҳои муфид медиҳанд.  Тибқи реҷаи тартибдодашуда дар назди ҷамъомадагон масъулини соҳа баромад намуда, дар мавзӯъҳои мухталифи соҳа аз қабили: «Пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави Covid-19» дар байни аҳолӣ, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Коллеҷи тиббӣ, Коллеҷи омор, бозорҳо ва мағозаҳо корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда истодаанд. Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони тибби шабакаи КАТС гаштҳои хонагӣ ҷиҳати саривақт дарёфт намудани бемориҳои сирояти Covid-19 гузаронида мешавад. «Пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил»; «Оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ»; «Пешгирии бемориҳои фишорбаландӣ»; «Пешгирии бемории камхунӣ»; «Пешгирии бемории диабети қанд»; «Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ»; «Пешгирии бемории сил»; «Ғизои зани ҳомиладор»; «Моҳияти саривақтии эмгузарониҳои тақвимӣ»; «Пешгирии бемориҳои дарунравӣ дар байни кӯдакон» ва ғайра баромад намуданд. Дар ин давра фаъолияти тамоми муассисаҳои сохтори КАТС-и ш.Ваҳдат ба таври комил ба роҳ монда шуда, машварат, муоина, ташхис, баргузории сабти барқии дил, ташхиси ултрасадоӣ, таҳлилҳои лабораторӣ ва ташхиси рентгенӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шуд. Қобили тазаккур аст, ки ба санаи 1 январи соли 2021 дар маҷмуъ бо гумони мубталоӣ ба коронавирус 1852 нафар ба қайд гирифта шуда буданд, ки 1846 нафари онҳо солимгардонида шуданд ва 6 нафари дигар зери назорати диспансерӣ қарор доранд.

Идомаи корҳои ободониву созандагӣ

Бо мақсади муайян намудани стратегияи рушди соҳаи тандурустӣ ва такмили   муассисаҳои тиббӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, №169 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», қабул гардид. Дар доираи Нақшаи стратегии мазкур ҳалли вазифаҳои нисбатан аҳамиятноки тандурустӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии  тиббӣ ва тандурустӣ дар давоми солҳои 2010-2018 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳр, соҳибкорон ва аҳолӣ як қатор муассисаҳои тандурустӣ сохта ва  бо дастгоҳҳои  муосир таҷҳизонида   шудаанд.

Дар идомаи татбиқи ин иқдому амалҳои созанда ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС -и ш. Ваҳдат сохтмон ва таъмири муассисаҳои тиббӣ оғоз ёфта, айни ҳол давом дорад. Дар давоми 12 моҳи соли 2020 ҷиҳати ободонии гирду атрофи Маркази саломатии шаҳрӣ, Маркази солимии репродуктивӣ, марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ ҳамарӯза корҳои ободонӣ рафта истодааст.

 Корҳои ободоние, ки дар 12  моҳи 2020 сол дар муассисаҳои КАТС шаҳри Ваҳдат ба анҷом расонида шудааст.

  1. Бо дастгирии аҳолии маҳалла ва соҳибкорон, Бунгоҳҳои саломатӣ дар ҷ/д Б. Бурунов деҳаи Зартеппа ва деҳаи Солеҳон, ҷ/д К. Исмоил деҳаи Қалъаи малик, ҷ/д Чорсу деҳаи Чепи солеҳ, ҷ/д Гулистон, деҳаи Ҷангалобод-2 ва деҳаи Корвон ва ҷ/д А. Абдулвосиев, деҳаи Андигон аз нав сохта ба истифода дода шуд ва бо мебел ва лавозимоти тиббӣ аз тарафи шабакаи КАТС таъмин гардид.
  2. Маркази саломатии Фириштӣ дар ҷ/д Симиганҷ ва Маркази саломатии Гулрез дар ҷ/д А. Абдулвосиев пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.
  3. Сохтмони БСД дар деҳаи Сорвои ҷ/д Ромит оғоз гардидааст.
  4. Дар МСШ дару тирезаҳои се ҳуҷраи табибони стоматолог, ду ҳуҷраи табибони гӯшу гулуӯву бинӣ, ду ҳуҷраи доругузаронӣ, 10 ҳуҷраи табибони оилавӣ, иваз ва ҳуҷраҳо ба таври замонавӣ таъмир гардиданд.
  5. Дар ошёнаи якум ва дуюмт МСШ се ташнобхона барои мардон ва занон ба таври замонавӣ таъмир карда шуда, бо васл намудани термекс мавриди истифода қарор гирифт.
  6. Дар ошёнаи якум, дуюм ва сеюми МСШ таъмири капиталӣ гузаронида шуда. бо курсиҳо барои беморон бо 150 ҷойи нишаст таъмин карда шуд.
  7. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 48360,00 сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси шабака ба маблағи 56530,00 сомонӣ ду адад дастгоҳи ултрасадои (ТУС) харидорӣ гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои махсуси шабака ду адад дастгоҳи сабти барқии дил (ЭКГ) ва ду адад дастгоҳи стоматологӣ харидорӣ шуда, мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
  8. Дар назди Маркази саломатӣ 400 адад гулҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкан шинонида шуд.
  9. Дар саҳни МСШ 450 м2 бо тахтасангчаҳо пӯшонида шуд ва қубурҳои обгузари куҳна ба нав иваз карда шуд.
  10. Бо мақсади бо оби доимӣ таъмин намудани ҳуҷраҳои МСШ чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд.

Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат

Дар фароварди суҳбат роҳбари шабакаҳои КАТС -и шаҳри Ваҳдат Шокирҷон Холов иброз намуд, ки сарфи назар аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати васеъ намудани доираи тадбирҳо баҳри беҳбудии сатҳи солимӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ, ки омили инъикоскунандаи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷисмонии ҷомеа мебошад, то ҳанӯз баъзе мушкилот дар соҳаи тандурустии ноҳия ба чашм мерасанд, ки ҷиҳати рафъи онҳо саъю талоши бештар мебояд. Баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафҳои созандаву бунёдкорона минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, тансиҳатию некуаҳволӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ бояд кард. Бо назардошти ҳамин маҳаки масъала роҳбарият ва кормандони КАТС дар ҳамдастӣ бо мутахассисони марбутаи соҳа ва ҳукумати маҳал ҷиҳати ҳалли саривақтии ин камбудиҳо чораҳои мушаххас меандешанд.

“Зеро Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо – табибони шаҳри Ваҳдат низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд”, — бо итминон изҳор дошт Шокирҷон Холов.

М. Мақсадуллоҳ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here