Ҷомеаи меҳнатии муассисаҳои ҳифзи сиҳатии оммаи вилояти Суғд дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 26-уми декабри соли 2019 дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, амалӣ намуда, дар пешбурди соҳа, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, баланд бародоштани сатҳу сифати муолиҷа, дар амал татбиқ намудани усулҳои наву муосири ташхис ва муоина, ташхис ва табобати беморон, пешгирии касалиҳои мухталиф тадбирҳои муайянро амалӣ намуда, баҳри таъмини иҷрои супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои мушаххасро ба иҷро расонидаанд. Ҳамчунин, кормандони соҳаи тандурустии вилоят корҳои созандагию ободониро вусъат бахшида, дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат варзида, баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои давлатии соҳавӣ бо ҷидду ҷаҳди дучанд фаъолият бурда истодаанд.
Тавре сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода дар суҳбат бо мо иброз дошт, айни замон дар вилояти Суғд 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардонида, инчунин 255 муассисаҳои хусусӣ фаъолият мебаранд.
Зимни суҳбат номбурда оид ба фаъолияти Раёсати тандурустии вилоят дар давоми 6 моҳи соли 2020 чунин маълумот дод, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардонем:
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» аз 2-юми декабри соли 2008, №600, қарори Раиси вилоят аз 24-уми апрели соли 2009, №111 ва фармоиши Раёсати тандурустии вилоят аз 20-уми феврали соли 2009, №40 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони вилояти Суғд дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ба тасвиб расида, фаъолият дар ин самт идома дорад.
Айни замон ҳамагӣ 74 муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси қарори мазкур фаъолият мебаранд ва мувофиқи Шаҳодатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ба 7 шуъбаҳои табобатӣ, ҳамагӣ ба 127 шуъбаҳои табобатӣ барои фаъолият ба таври пардохт ва ҳампардохт иҷозат дода шуда, дар ин самт фаъолият карда истодаанд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми майи соли 2020, №252 «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» воридоти барнома дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Ашт, Спитамен, Куҳистони Мастчоҳ идома дошта, аз 15-уми июли соли 2020 дар ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод ва Шаҳристон Барномаи мазкур амалӣ карда мешавад.
Оид ба иҷрои қарорҳои Раиси вилоят
Бо қарори Раиси вилоят аз 06.01.2020, №06 оид ба ҷудо намудани маблағ «Дар бораи таъмини иштирокчиён ва маюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ» дар 6 моҳ 30000 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Ҳамзамон, Қарори Раиси вилоят аз 06.01.2020, №07 оид ба ҷудо намудани маблағ «Дар бораи таъмин намудани кӯдакони то 3-сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо» дар 6 моҳ 30000 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Бо Қарори Раиси вилоят аз 06.01.2020, №08 оид ба ҷудо намудани маблағ «Дар бораи таъмин намудани муассисаҳои табобатии вилоят бо хуни бехатари донорӣ» дар 6 моҳ 66000 сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст.
Бо Қарори Раиси вилоят аз 06.01.2020, №09 оид ба ҷудо намудани маблағ «Дар бораи расонидани кумаки антенаталӣ ба занҳои ҳомила» дар 6 моҳ 19999 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Маблағҳои иловагӣ
Дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз 10-уми апрели соли 2020, №156 оид ба ҷудо намудани маблағ барои дастрас намудани лавозимот барои қабули беморони алоқаманд бо сирояти нави коронавируси нави COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои соҳаи тандурустии буҷети вилоятӣ барои омода намудани Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд” ба Раёсати тандурустии вилоят 2,1 миллион сомонӣ, Қарори Раиси вилоят аз 30-юми апрели соли 2020, №165 дар бораи ҷудо намудани маблағ барои дастрас намудани маводи муҳофизатӣ аз ҳисоби маблағи бақияи озоди буҷети вилоятӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2020-ум 1935900 (як миллиону нуҳсаду сию панҷ ҳазору нуҳсад) сомонӣ ҷудо гардидааст.
Аз ҳисоби маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ 3,6 миллион сомонӣ барои харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ, ба монанди дастгоҳи нафаси сунъӣ, кардиоманитор, оксигенератори барқӣ ҷудо гардида, инчунин, ба маблағи 344 ҳазор сомонӣ доруворӣ ва термометри фосилавӣ харидорӣ карда шуда, ба муассисаҳои тандурустии вилоят дастрас карда шудааст.
Таъминот бо таҷҳизот
Давоми 6 моҳи соли 2020 аз ҳамаи сарчашмаҳо 99 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 3,3 млн сомонӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тандурустии вилоят дастрас карда шудааст. Аз ҷумла, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 192 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 1,5 млн сомонӣ, аз ҳисоби кумакҳои башардӯстона ба маблағи 1,3 млн сомонӣ, аз ҳисоби суратҳисоби махсус 285,6 ҳазор сомонӣ.
Маълумот оид ба вазъи кадрӣ
Бояд гуфт, ки айни замон ба аҳолии вилояти Суғд 5276 табибон ва 17945 кормандони миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд. Дар вилоят нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 19,5 ва бо кормандони миёна 66,4-ро ташкил медиҳад.
Дар вилоят 75 нафар олимон, аз ҷумла 5 доктори илмҳои тиб ва 70 номзадҳои илмҳои тиб фаъолият бурда истодаанд.
Шумораи табибони соҳиби дараҷаҳои гуногуни ихтисос 2978 нафар (56,4%) ва кормандони миёнаи тиббӣ 7252 нафар (40,4%)-ро ташкил медиҳад.
Дар соли таҳсили 2019-2020-ум 243 нафар хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва донишгоҳҳои олии тиббии хориҷи кишвар ба омӯзиши интернатура ва ординатураи клиникӣ фаро гирифта шудаанд.
Баъди хатми омӯзиши интернатура ва ординатураи клиникӣ 29 нафар мутахассисони ҷавон, аз ҷумла 6 нафар хатмкардагони тариқи буҷавӣ бо ҷои корӣ таъмин карда шудаанд ва қабули онҳо тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта истодааст.
Ҳамзамон, дар ин давра 108 нафар табибон ва 193 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба давраҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд.
Сохтмон ва таъмири иншооти тандурустӣ
Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо давоми солҳои 2019-2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 64 адад беморхона, 118 адад бунгоҳи саломатӣ, 86 адад маркази саломатӣ, 18 адад таваллудхона, 101 адад нуқтаҳои хатна ва 72 адад дорухона мебошанд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раёсати тандурустии вилояти Суғд, мақомоти маҳаллӣ давоми соли 2020 бояд 123 адад иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 15 адад беморхона, 39 адад бунгоҳи саломатӣ, 20 адад маркази саломатӣ, 5 адад таваллудхона, 13 адад нуқтаҳои хатна ва 31 адад дорухона бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими онҳо ба итмом расонида шавад. Бояд гуфт, ки аллакай давоми шаш моҳи соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 45 адад иншооти тандурустӣ, аз ҷумла 9 адад беморхона, 9 адад бунгоҳи саломатӣ, 9 адад маркази саломатӣ, 1 адад таваллудхона, 7 адад нуқтаҳои хатнаи кӯдакон ва 10 адад дорухона ба итмом расонида шудааст.
Бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳри Хуҷанд дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24-уми марти соли 2020 маркази ташхису табобатии хусусии “Дармонгоҳи Хуҷанд” бо 20 кати табобатӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, охири моҳи июн ва аввали моҳи июли соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Б. Ғафуров Беморхонаи сироятии ҷамоати деҳоти Хистеварз ва Маркази ташхисию табобатии Маҷмааи «Ваҳдат» ва дар ноҳияи Деваштич Беморхонаи ноҳиявии №5-и деҳаи Далёни Поён ба истифода дода шуданд.
Ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармим дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят идома дорад.
Пешгирии фавти модару кӯдак
Дар 6 моҳи аввали соли 2020 баҳри пешгирии фавти модару кӯдак дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштич, Б. Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт, Ҷ. Расулов, Спитамен, Бӯстон, Гулистон, таваллудхонаҳои вилоятии Суғд ва шаҳрии шаҳри Хуҷанд мониторингҳои беруна аз тарафи намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилоят оид ба эҳёгарии навзодон гузаронида шудаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ оид ба назорати антинаталӣ, саривақт дарёфт намудани занони ҳомиладори аворизнок ва пешгирии фавти модару кӯдак дар байни занони ҳомиладор аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят марҳилаи аввали чорабинии марказонидашудаи иттилоотию ташхисии “Корвони саломатӣ” таҳти шиори “Солимии модар ва кӯдак дар деҳот” моҳи марти соли равон дар марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда, 16761 нафар ҳомилазанон аз муоинаи тиббӣ, 5074 нафар ҳомиладорон аз муоинаи мутахассисони соҳавӣ гузашта, 4439 нафарашон барои ташхиси пурраи тиббӣ ба беморхонаҳои марказӣ фиристода шудаанд. Ба чорабинии мазкур мутахассисон аз ҳисоби сарпарастони МСРВ, Марказҳои саломатӣ ва таваллудхонаҳои шаҳрию вилоятӣ сафарбар карда шудаанд.
Айни замон баҳри иҷрои нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани катҳои таваллудӣ дар беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ҳар як деҳа аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят ва роҳбарони муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо корбарӣ давом дорад.
То имрӯз дар миқёси шаҳру ноҳияҳои Б. Ғафуров, Гулистон, Панҷакент, Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ дар ҷамъ 74 катҳои таваллудӣ дар заминаи марказҳои саломатии деҳоти дурдаст ташкил карда шудааст. Минбаъд низ дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон ташкили катҳо ба нақша гирифта шудааст.
Оид ба амалиёти хатна
Баҳри иҷрои боби 3, моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2017, №1461 «Дар бораи ворид намудани тайиғиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 5-и фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми майи соли 2018, №431 «Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирию омории соҳавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани хатнаи кӯдакон» дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Айни ҳол дар муассисаҳои соҳаи Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар назди таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳо 215 ҳуҷраҳои хатна таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуда, аз рӯи талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷра барои бозии кӯдакон ороиш дода шудааст.
Назорати фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ
Баҳри назорати фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ давоми 6 моҳи соли 2020 Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар 56 муассисаҳои фармасевтӣ, 30 МТП-и давлатӣ ва хусусӣ санҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ ва назоратӣ гузаронидааст. Ҳамагӣ аз тарафи шуъбаҳо дар ин давра 88 протоколҳо тартиб дода шуда, ба маблағи 162 ҳазору 984 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст. Ҳамзамон, ба 35 муассисаҳои фармасевтӣ ва табобатӣ-профилактикӣ новобаста аз шакли моликият баҳри ислоҳи камбудиҳо амрнома ирсол карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 353 ҳуҷҷатҳои аккредитатсионӣ дида баромада шуда, барои гузаштан аз комиссияи аккредитатсионӣ ба бахши омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои воридоту содирот ва аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтӣ супорида шудаанд.
Иқдомҳои иттилоотӣ
Дар нимсолаи соли 2020 дар барномаҳои телевизонии «Муждаи шифо», ток-шоуи «Мой семейный доктор» ва «Назаре ба оина», барномаҳои мустақими «Суҳбати рӯз», «Шоми дидор» ва барномаи сиёсию таҳлилии «Амният ва ҷомеа»-и телевизиони вилояти Суғд доир ба мавзуҳои «Пешгирии фарбеҳӣ», «Фоидаи лиму», «Ғизои мактабиён чӣ гуна бошад?», «Пешгирии бемории саратон», «Пешгирии сироятшавии сокинон ба бемории коронавирус», «Нашъамандӣ», «Одоби муоширати кормандони тиб», «Илтиҳоби шуш», «Пешгирии коронавирус», «Пешгирии дарунравӣ», «Пешгирии нашъамандӣ» ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинон гардидаанд.
Инчунин, оид ба пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ дар радиои вилоятии Суғд FМ 101,1 ва радиоҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо баромадҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа пахш карда шудаанд.
Баҳри пешгирии сироятшавии сокинони вилоят ба бемории коронавирус аз тарафи муассисаҳои табобатии вилоят пайваста дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, яъне кӯчаву хиёбонҳо, бозору мағозаҳои хӯрокворӣ, дохили нақлиёти мусофиркашонӣ, истгоҳҳо, боғу гулгаштҳои Камоли Хуҷандӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Наврӯзгоҳ, тарабхонаву ошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ташкилоту корхонаҳо постерҳои пешгирикунанда насб карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ҷиҳати ба таҳлука наафтодан, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, ҳангоми суҳбат бо дигар шахсон риоя намудани фосилаи на кам аз 1,5 метр, ҳатман пӯшидани ниқоб, мунтазам шустани дастон бо собун, аз ду-се нафар зиёд ҷамъ нашудан, ба худмуолиҷа машғул нашудан, саривақт муроҷиат намудан ба табибони оилавӣ ва амсоли инҳо бо аҳолӣ суҳбат гузаронида шуда, ба онҳо маводҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои бисёркарата тақсим карда шуда, инчунин, гардиши хона ба хона ташкил гардида, дар ин самт корҳо бомаром идома доранд.
Вазъи эпидемиологӣ дар вилоят
Давоми шаш моҳи соли 2020 дар миқёси вилоят бемориҳои сироятии ниҳоят хавфноки тезпаҳншаванда ба монанди вабо, тоун, гулӯзиндонак, домана ва таби хунин ба қайд гирифта нашудааст.
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нави COVID-19, ки оғози мавҷи дуюми сироятёбии он дар як қатор давлатҳои дунё ба қайд гирифта шуда истодааст, тибқи қарори ситоди вилоятӣ бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд баҳри пешгирии мавҷи дуюми сироятёбӣ ба он гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодааст.
Ситод ва гуруҳи мобилии зудамал дар назди Раёсати тандурустӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъол буда, ҳамзамон, навбатдории шабонарӯзӣ бо телефони боварӣ амал менамояд.
Ҳамзамон, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят “Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои COVID-19” бо 6 телефони боварӣ ташкил гардида, он бо аҳолӣ фаъолияти густурда бурда истодааст.
Дар самти тамоси саривақтии аҳолӣ бо табибони оилавӣ ва мутахассисони соҳибкасб 24 нуқта бо интернет пайваст буда, дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар шаш марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд ташкил ва фаъол карда шудааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар корхонаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору хиёбонҳо, хона-интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон дар шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба риояи фосилаи байниҳамдигарӣ, реҷаи ниқоб пӯшидан ва риояи гигиенаи шахсӣ гузаронида шуда истодааст.
Натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки маводҳои безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо ва дастпӯшакҳои яккарата, дорувориҳои зиддивирусӣ ва дезинтоксикатсионӣ дар Раёсати тандурустии вилоят ба миқдори кофӣ захира карда шудаанд.
Кор бо мактубҳо ва муроҷиати шаҳрвандон
Давоми 6 моҳи соли 2020 ба Раёсати тандурустии вилоят 1260 адад ҳуҷҷатҳо ва 307 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардидааст. Тамоми арзҳои шаҳрвандон дар муҳлатҳои муайяншуда баррасӣ гардида, ба шахсони муҳтоҷ муолиҷаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ, таъминот бо доруворӣ, гузаронидани ташхисҳои мураккаб ташкил карда шудааст. Ба мақомоти дахлдор ва ба муроҷиаткунандагон аз натиҷаи баррасии муроҷиат ҷавоби хаттӣ ирсол гардидааст.
— Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва ташкилоту муассисаҳои соҳа дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамаҷонибаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати рушди соҳа пайваста тадбирҳои мушахас андешида, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамарӯза сокинони вилоятро бо хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ фаро гирад,- мегӯяд сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода.
МТЖТ