Рӯзи 2-юми октябр дар доираи муаррифии муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ мо аз Муасисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» боздид ба амал овардем. Директори коллеҷ Рабиев Муҳаммадзоир Бобоевич дар сухбат бо мо иброз доштанд, ки «Имсол барои донишҷӯён ва устодони Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» соли пур аз файзу баракат аст. Зеро маҳз дар ҳамин сол бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии чорошёна, ки бо тамоми таҷҳизотҳои муосири таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, лабараторияҳо ва маҷлисгоҳҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода дода шуд. Бинои мазкур, ки бо маблағгузории муассиси коллеҷ соҳибкор Холова Малика бунёд гардид, тамоми шароитҳоро барои таълими босифат ва омода намудани мутахассисиони рақобатпазир фароҳам овардааст.

Таъминоти кадрӣ

Аз суҳбат бо маъмурияти муассиса маълум шуд, ки Барои таълими босифат ва омода намудани кадрҳои рақобатпазир 43 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб карда шудаанд, ки 15-нафарашон занҳо  мебошанд. Миёни устодон 2-нафар унвонҷӯ, 1 нафар дотсент, 3-нафар аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 нафар аълочии маориф фаъолият мекунанд.

Инчунин, 208 нафар омӯзгорони ҳамкор ва соатбай ба кор ҷалб карда шудаанд, ки 2 нафарашон номзади илм мебошанд. Аз суҳбат бо устодон маълум шуд, ки онҳо ҳама кӯшишу ғйрати худро ба он равона карда истодаанд, ки мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватандӯст ва рақобатпазиро тарбия намуда, пешкаши ҷомеа намоянд.

Дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» 1454 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз он шумора 1099 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар се соли охир муассисаро 498 нафар, аз ҷумла 456 духтарон хатм намуданд, ки 30 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардидаанд.

Ихтисосҳо

Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ силсилаи В.Т.Ҳ.И.А ВМИ  №0000026  Шаҳодатнома №1810007311 аз 29-январи соли 2015 ба қайд гирифта шуда, аз рӯи 5-ихтисос донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифтааст:

Кори табобатӣ 2-790101 (тахассуси ҳамшираи тиббӣ оилавӣ), Кори момодоягӣ 2-790102 (тахассуси момодоя), Кори ҳамширагӣ 2-790106 (тахассуси ҳамшираи тиббӣ), Кори фарматсевтӣ 2-790108 (тахассуси ёрдамчии фарматсевт), Кори табобати дандон 2-790107 (тахассуси ёрдамчии табиби дандон).

Шӯрои идоракунӣ

Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» аз директор, муовини директор оид ба корҳои таълим, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, муовини директор оид ба корҳои таҷрибаомӯзӣ, муовини директор оид ба корҳои хоҷагидорӣ, шуъбаи таълим, маркази тестӣ, бахши идоракунии таҳсилот, Шӯрои занон ва кор бо оила, шуъбаи кор бо ҷавонон, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, бахши робита бо беморхонаҳо, шуъбаи ҳисобдорӣ, ошхона, факултаи кори табобатӣ, факултаи кори ҳамширагӣ, факултаҳои фарматсевтӣ, момодоягӣ, табобати дандон, Кафедраи фанҳои «Гуманитарӣ», Кафедраи фанҳои «Тиббӣ-биологӣ», Кафедраи фанҳои «Тиббӣ-клиникӣ», лабараторияи микробиологӣ, лабараторияи ташхисӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ иборат аст.

Комиссияи назоратӣ

Ду сол аст, ки дар коллеҷ Комиссияи назорати сифати таълим фаъолият дорад, ки ба сифати таълим назорат мебарад.

Нақшаҳои нави ҷараёни таълим ва барномаҳои таълимӣ, ки барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи тиббӣ ҳамасола аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимомии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, дар муассиса татбиқ карда шудааст. Комиссияи назоратӣ рафти таълимро ҳаматарафа назорат мекунад ва аз натиҷаи фаъолияти худ мунтазам ба директори коллеҷ гузориш медиҳад.

Базаи моддию техникӣ

Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» то соли равон аз 32 синфхонаҳо, 4-утоқи ёрирасон ва 1-лабараторияи микрбиологӣ иборат буд ва дар он дар як баст 465-ҷои нишаст фаъолият дошт. Бинои нави муосири замонавӣ, ки соли равон ба истифода дода шуд ва мо аз он дидан кардем, дорои 20 синфхона барои 500 нафар донишҷӯй дар як баст буда,16 кабинети фаннӣ, 2 лабаротория — лабараторияи ташхисӣ-микробиологӣ ва ташхиси умумӣ,  8-утоқи ёрирасон, китобхона ва толори маҷлисгоҳро дар бар мегирад. Мо аз кабинетҳои фаннии бинои нави таълимӣ, аз ҷумла кабинети химия, физика, лабараториияҳои наву муҷаҳҳазгардонидашуда дидан кардем, ки бо шароити хеле хуби муосир ҷиҳозонида шуда буданд. Кабинети дандонсозӣ, ки дар он дарсҳои амалӣ гузаронида мешаванд, бо асбобҳои наву муосир пурра таъминанд. Кабинети момодоягӣ бо модулҳо таъмин карда шудаанд, ки дар рафти дарсҳои амалӣ донишҷӯён бевосита аз онҳо истифода мебаранд. Дар синфхонаҳои кафедраҳо таҷҳизоти компютерӣ ва тахтаи электронӣ гузошта шуда, бисёрии машғулиятҳо бо истифода аз онҳо гузаронида мешаванд.

Дар соли хониши нав ба  Коллеҷи тиббӣ  47 -адад компютер, 6 тахтаи электронӣ, 5 проектор, 7 Принтер ва даҳҳо таҷҳизоти дигар ворид карда шудааст.

Мо, аз ҷумла, аз кабинетҳои нави таълимии бинои нав — кабинети кори ҳамширагӣ, кабинети морфологӣ, -анатомияи одам, кабинети технологияи информатсионӣ, кабинети гиёҳҳои шифобахш, кабинети химия ва кабинети табобати дандон дидан кардем. Дар соли нави таҳсил барои кабинети химия колбаҳо, спиртовкаҳо, овезаҳо дар бораи қатори шиддатнокии металҳо, дар бораи реаксияи химиявӣ, хосиятҳои кислотаҳои нитрат ворид карда шудаанд, ки устодон дар рафти дарсҳо аз он бевосита истифода мебаранд. Инчунин, кабинети кори ҳамширагӣ бо дастгоҳҳои нафсгирии сунъӣ тонометрҳо, мулуҳо барои гузаронидани сӯзандору, мулу барои узвҳои ҷинсии занона ва тарзи ҷойгиркуниии кӯдак дар батни модар ва овезаҳои гуногун муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Такмили ихтисос

Дар Коллеҷи тиббии ғайридавлатии Кӯлоб на танҳо ба сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, балки ба баланд бардоштани касбияти омӯзгорон низ диққати махсус дода мешавад. Бо ин мақсад нақшаи дурнамо оид ба гузаштани такмили ихтисоси омӯзгорон тартиб дода шуда дар соли таҳсили 2019-2020 7 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаштаанд.

Кафедраҳо

Тибқи супориш ва талаботи қабулшудаи роҳбарияти Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб айни ҳол 3 кафедра — Кафедраи фанҳои «Гуманитарӣ», Кафедраи фанҳои «Тиббӣ-биологӣ», Кафедраи фанҳои «Тиббӣ-клиникӣ» дар муассиса амал мекунад. Аз фанҳои таълимии кафедраҳо дар нимсолаи якум бо барномаҳои таълимӣ ва модул ва силлабусҳои фаннӣ, маҷмуаи методӣ-таълимӣ мураттаб сохта шудаст.

Дар кафедраҳо дар давраи таҷрибаомӯзии таълимӣ бо мақсади муайян намудан ва баҳодиҳӣ ба маҳорату малакаи донишҷӯён шакли ҳисобот муайян карда шудааст.

Китобхона

Китобхона дар бинои нави таълимгоҳ ҷойгир буда, 8200 адад китобҳои гуногунро дар бар мегирад. Инчунин, маводҳои электронии китобҳои дарсӣ, комплексҳои методӣ-таълимӣ, видиороликҳо, презентатсияҳо дар синфхонаи компютерӣ аз тарафи омӯзгорони кафедраҳо гузаронида шудааст, ки донишҷӯён аз он васеъ истифода мебаранд. Мушоҳидаи мо нишон дод, ки дар китобхона се компютер ба интернет пайваст карда шудааст, ки донишҷӯён аз китобҳои элетронӣ истифода мебаранд.

Дар соли нави таҳсил ба китобхона 800 дона китобхои гуногун, аз ҷумла 20 адад китобҳои Пешвои миллат ворид карда шудаанд.

Китобхона дар баробари таъмини донишҷуён ба китобҳои дарсӣ -соҳавӣ, инчунин, бо ташвиқу тарғиби хуҷҷату адабиёт, ки ба масъалаи Қонуни Забони давлатӣ, зерқонунҳои соҳавӣ, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд, диққати калон медиҳад.

Забономӯзӣ

Татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июли соли 2014 №427 «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020». Дуруст ба роҳ мондани омӯзиши фанни забони русӣ ва англисӣ ва Татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб» як қатор чорабиниҳо ба сомон расонида шуданд. Дар Муассисаи таълимӣ аз моҳи сентябри 2018 маҳфили фаннӣ амал мекунад. Ҳар як моҳ як маротиба дар коллеҷ «Рузи забони русӣ» гзуронида мешавад, ки дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ бо забони русӣ донишҷӯён шеърҳо қироат мекунанд. Дар кабинети фаннӣ гӯшаҳои китобҳои асарҳои шоирон ва нависандагони рус ташкил карда шуда аст.

Варзиш

Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»  дорои майдончаи варзишӣ буда, дар муассиса ба соҳаи варзиш низ таваҷҷуҳи махус зоҳир карда мешавад ва ин омил сабаб шуда, ки донишҷӯён дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ширкат карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст оваранд.

Аз ҷумла, ҳар сол бахшида ба рӯзи дави миллӣ мусобиқаҳо баргузор мегардад, ки донишҷӯён дар он ширкат мефарзанд. Омӯзиши мо нишон дод, ки хонадагони таълимгоҳ дар мусобиқаи футбол ва валейбол, ки байни Муассисаҳои таълимӣ аз 14 то 18-уми май дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, дар байни 8 даста ҷои дуюмро ишғол кардаанд.

Инчунин, дар дохили муассиса бахшида ба 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои варзишии волейбол, дастхобонӣ, футбол ва вазнбардорӣ байни шуъбаҳои муассиса гузаронида шуда ва ғолибон бо раҳматномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудаанд.

Консепсияи миллӣ

Консепсияи миллии тарбия дар нақшаи кории тарбиявии роҳбарони гуруҳҳо ҷой дода шуда, ба ҳама қисматҳои он эътибори хосса дода мешавад. Дар шӯрои омӯзгорон корҳои тарбиявии роҳбарони гуруҳҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, бо роҳбарони ҷавони гуруҳҳо таълимӣ маслиҳатҳои муфид дода мешавад. Шуъбаи тарбиявии Коллеҷи тиббӣ пайваста бо омӯзгорон ва донишҷӯён дар робита буда, дар мавзуҳои доғи рӯз пайваста суҳбату чорабиниҳо мегузаронанд.

Шуъбаи тарбия дар ҳамкорӣ бо маъмурияти коллеҷ кушиш менамояд, ки таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монда, баҳри тарбияи ҷавонон саҳми босазои худро гузоранд.

Корҳои эҷодии омӯзгорон

Омӯзиши мо нишон дод, ки омӯзгорони Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» ба таҳияи маводҳои дарсӣ ва мақолаҳо машғул буда, 4-омӯзгор ҳамчун унвонҷӯ фаъолият мекунанд. Омӯзгори фанни забони англисӣ Одинаева Сайлонбӣ «Маҷмӯи луғати англисӣ-русӣ-тоҷикӣ-ро барои ҳамаи ихтисосҳо» тартиб додаст, ки донишҷӯён дар рафти таҳсил аз он фаъолона истифода мебаранд.

Омӯзгори фани «Асосҳои фармакалогия»-магистрант, омӯзгори фанни «Таърихи халқи тоҷик» Мирзоева Зулайхо,омӯзгори фанни «Географияи Тоҷикистон» Гадоев Шералӣ ва чандин нафари дигарро номбар кардан мумкин аст, ки мақолаҳои зиёдро таҳия ва чоп намудаанд.

Дар коллеҷ Гушаи-методӣ тартиб додашудааст, ки дар он чи гуна гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ нишон дода шудааст.

 Таҷрибаомӯзӣ

Дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён диққати махсус дода мешавад. Бинобар он ки таҷрибомӯзӣ бо сифати баланд баргузор карда шавад, маъмурияти коллеҷ бо Беморхонаи вилоятӣ, Маркази ҷумҳуриявии илмии хун, Маркази стоматологии шаҳри Кӯлоб, Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб, Маркази бемории дили шаҳри Кӯлоб, Маркази бемориҳои чашми шаҳри Кӯлоб, Маркази саломатии рақами 1 ва 2 -и шаҳри Кӯлоб, Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи пӯсти шаҳри Кӯлоб, Клиникаи оилавии шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи вилоятии кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб, Маркази бемориҳои ғадудонаи шаҳри Кӯлоб,  Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, ҶСК «Доруи тоҷик» дар шаҳри Кӯлоб шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст ва донишҷӯён дар зери назорати устодони соҳибтаҷриба давраи таҷрибаомӯзиро мегузаронанд.

Ба ҷои хулоса

Омӯзиши мо нишон дод, ки дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»  ҳамаи шароит барои таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои болаёқати тиббӣ фароҳам оварда шудааст. Аз суҳбат бо директори таълимгоҳ Рабиев Муҳаммадзоир Бобоевич ва устодони дигар маълум шуд, ки таълим дар ин муассиса бо шароити муосир ба роҳ монда шуда, кадрҳои омодашаванда пурра ба талабот ҷавобгӯянд ва бо дилхоҳ кадрҳои омоданамудаи муассисаҳои дигар рақобат карда метавонанд.

Роҳбарият ва коллективи омӯзгорони Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ш.Кӯлоб тамоми қувваи худро баҳри музафариятҳои даврони Истиқлолият, ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва пешравии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ба харҷ дода, дар раванди таълим аз усулҳое истифода мебаранд, ки фаъолнокии донишҷуёнро бедор мекунад.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here