Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии истиқлоли миллӣ ба рушди соҳаи илму маориф ва неруҳои ақлонии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд, ки ин барои боз ҳам баланд бардоштани савияи илму маърифат ва касбомӯзии ҷавонон нерӯи қувватдиҳанда мебошад. Аз ин боис, таълим яке аз самтҳои афзалиятноки илмӣ ба шумор рафта маъмурияти Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода низ пайрави ин ташаббусҳо буда, нисбати раванди таълим аҳамияти ҷиддӣ дода истодааст.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2007 таҳти №460 ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббӣ таъсис дода шудааст ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2014 таҳти №148 ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шудааст.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи «Кори ҳамширагӣ» баъди таҳсилоти миёнаи асосӣ, «Кори ҳамширагӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори тиббӣ-профилактикӣ», «Кори момодоягӣ», «Кори фарматсевтӣ» ва «Кори дандонсозӣ» фаъолият менамояд. Айни замон дар коллеҷ ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ» баъди таҳсилоти миёнаи асосӣ, «Кори ҳамширагӣ» баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори тиббӣ-профилактикӣ», «Кори момодоягӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори дандонсозӣ» амал мекунанд. Коллеҷ дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳуқуқи додани дипломи маълумоти миёнаи тиббиро дорад.
Коллеҷи тиббӣ дар ошёнаи 5-уми бинои Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода, ки барои таълимгоҳ мувофиқ гардонида шудааст, ҷойгир мебошад. Бинои таълимгоҳ дорои 1 ошёнаи таълимӣ бо масоҳати таълимии 1448,90 м.м. мебошад. Дар коллеҷ аудиторияҳо, ҳуҷраҳои таълимии барои таълим махсусгардонидашуда аз фанҳои амалии зерин мавҷуд аст:
— Кабинети фанни физика — 2-то;
— Кабинети фанни информатика — 2-то;
— Кабинети фанни кимиё — 4-то;
— Кабинети фанни физиотерапия — 1-то;
— Кабинети забони лотинӣ — 1-то;
— Кабинети педиатрия — 1-то;
— Кабинети таърих — 3-то;
— Кабинети забони тоҷикӣ — 2-то;
— Кабинети забони русӣ — 3-то;
— Кабинети забони англисӣ — 3-то;
— Кабинети адабиёти тоҷик — 1-то;
— Кабинети кори ҳамширагӣ — 4-то;
— Кабинети назарияи иқтисодӣ — 1-то;
— Кабинети мудофиаи шаҳрвандӣ — 1-то;
— Кабинети фанни алгебра — 1-то;
— Толорҳои лексионӣ — 5-то;
— Қироатхона — 1-то;
— Кафедраҳои таълимӣ — 6-то.
Дар асоси шартнома ва қоидаҳои амалкунанда Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода ду ошёнаи собиқ сардхонаи БМШ Турсунзода ва як қисмати ошёнаи дуюми озмоишгоҳи Беморхонаи марказиро ба тавозуни худ даровард ва дар заминаи бинои сардхона қисми иловагии Коллеҷи тиббӣ ҳамчун Маркази таҷрибаомӯзӣ ташкил карда шуд. Масоҳати бинои мазкур 538 м.м. буда, дар ин бино 1 маҷлисгоҳи дорои 60 ҷои нишаст, 10 синфхона, 2 кабинети корӣ, 2 ҳоҷатхона, 2 амборхона ҷой доранд. Дар синфхонаҳо мизу курсиҳои махсуси замонавӣ, ҷевонҳои махсус барои муляжу воситаҳои техникӣ, доскаҳои электронӣ, воситаҳои айёнӣ ва таҷҳизоти тиббӣ мавҷуданд. Маҷлисгоҳ ва ҳамаи синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Аз ҷумла, кабинети анатомия, кабинети педиатрия, кабинети ҷарроҳия, кабинети биология ва микробиология, кабинети кори ҳамширагӣ, кабинети бемориҳои асабу руҳ, кабинети бемориҳои занона, кабинети терапия, бунгоҳ.
Дар коллеҷ китобхона ва қироатхона бо 30 ҷои нишаст мавҷуд буда, бо компютер ва шабакаи интернетӣ пайваст мебошад. Инчунин, дар китобхона 9737 адад китоб буда, аз шумораи умумӣ 4852 адад китобҳои таълимии тахассусӣ, 1500 адад китобҳои электронӣ, 120 адад китобҳои методӣ, 2102 адад адабиёти бадеӣ, 80 адад китобҳои муҳтарам Пешвои миллат ва 183 ададро китобҳои таълимии баъди синфи 9 ташкил медиҳанд. Дар китобхона ду нафар мутахассис — кадрҳои соҳавӣ бо собиқаи корӣ ва донишҳои технологию забондонӣ фаъолият мекунанд. Китобхона бо китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода ва китобхонаи миллии Тоҷикистон робита ва ҳамкории зич дорад. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 1165 адад китобҳои тозанашр — 1065 адад китобҳои таълимӣ ва 100 адад китобҳои бадеӣ ба китобхона ворид карда шудааст. Обуна ба матбуоти даврӣ тибқи нақшаи пешниҳодгардида ба роҳ монда шуда, нақшаи солона пурра иҷро гардидааст. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнвораҳо, конференсияи илмӣ-адабӣ, мизи мудаввар, гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо, намоиши китобҳои нав ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ тибқи нақшаи корӣ баргузор карда шудаанд. Ҳуҷҷатдорӣ ва корбарӣ дар китобхона тибқи талабот ба роҳ монда шуда, рафти аъзошавии донишҷӯён ва омӯзгорон мунтазам аз тарафи маъмурият назорат карда мешавад.
Ҳамчунин, коллеҷ дорои хобгоҳ аст, ки масоҳати умумии он 934 м.м. мебошад. Хобгоҳ аз 8 хонаи хоб бо 40 адад кати хоб иборат буда, дар он 40 нафар донишҷӯён аз минтақаҳои дурдаст ҷойгир карда шудаанд. Шароит дар хобгоҳ тибқи талабот ба роҳ монда шуда, аз тарафи маъмурият назорати мунтазами шабонарӯзӣ ҷорӣ карда шудааст.
Барои баланд бардоштани сифати таълим ва тафаккури донишҷӯён дар таълимгоҳ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Ҳамасола таълимгоҳ базаҳои моддӣ-техникии худро ғанитар мегардонад. Дар соли 2020 теъдоди синфхонаҳо 76 адад, синфхонаи лингафонӣ 1 адад, теъдоди мизҳо 530 адад, теъдоди курсиҳо 1435 адад, теъдоди компютерҳо 85 адад, принтер 8 адад, проектор (комплект) 2 адад, миқдори умумии китобҳо 9737 адад, ҷои нишасти қироатхона 30 адад, мизи корӣ барои омӯзгорон 60 адад, ҷевон 20 адад, кабинети методӣ 1 адад, толори маҷлисгоҳ 1 адад, озмоишгоҳи кори ҳамширагӣ 4 адад, толори лексионӣ 3 адад, хати алоқаи Интернет 44 адад, камераи назоратӣ (база — комплект) 24 адад, маркази таҷрибаомӯзӣ 1 адад ва доскаи электронӣ 3 адад аст.
Ҳамзамон, дар давоми ҳашт моҳи соли 2020 аз суратҳисоби махсус 181600 (яксаду ҳаштоду як ҳазору шашсад) сомонӣ маблағ масраф карда шудааст. Аз ҷумла, бо миқдори 112300 (яксаду дувоздаҳ ҳазору сесад) сомонӣ компютерҳо харидорӣ ва васл карда шудаанд. Барои қисман таъмири бино 2000 (ду ҳазор) сомонӣ, барои харидорӣ намудани таҷҳизоти варзишӣ, маводҳои конселярӣ ва таҷҳизоти тиббии антисептикӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 шасту ҳафт ҳазору сесад сомонӣ масраф карда шудааст.
Айни замон дар коллеҷ раванди таълим бо ду низом — дар бахши 1-ум, 2-юм ва 3-юм таҳсили низоми кредитӣ ва дар бахши 4-ум таҳсили анъанавӣ ҷорист. Ҳайати омӯзгорон бо воситаи силлабусу модулҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимие, ки аз тарафи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мегардад, раванди таълимро ба роҳ мондаанд. Машғулиятҳо дар асоси ҷадвали дарсии тасдиқгардида бо роҳи инкишофи фаъолияти инноватсионӣ, истифода аз технологияи муосир гузаронида мешаванд. Ҷиҳати сайқал додани таҷрибаву малакаи касбӣ ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён баҳри тайёр намудани мутахассисони миёнаи соҳаи тиб дар асоси шартномаҳои тарафайн донишҷӯён дар 18 муссисаи тиббии шаҳр ба машғулиятҳои таҷрибавӣ ҷалб гардидаанд. Аз ҷумла, чунин таҷрибаомӯзӣ дар клиникаҳои хусусии ташхисию табобатии «Умеди Шифо», “Ганҷи Шифо”, “Табиб-2013”, “Табибон”, “Луқмони ҳаким”, “Азиза”, Беморхонаи шаҳрии №2 (Пахтаобод), Маркази ёрии таъҷилӣ, Маркази саломатии ноҳияи Шаҳринав, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, Шуъбаи бемориҳои сироятӣ, Беморхонаи ноҳияи Шаҳринав, Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода, Беморхонаи бемориҳои пӯсту узвҳои таносул, Маркази стомотологии шаҳр, Беморхонаи марказии шаҳр сурат мегирад.
Тибқи шартнома дар беморхонаи марказии шаҳр, дар беморхонаи шаҳрии сироятӣ, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, гӯшу бинӣ, бемориҳои пӯст, таваллудхона, Марказии саломатии шаҳр, беморхонаи шаҳраки Пахтаобод ва клиникаҳои шахсӣ ҳамагӣ 30 синфхона ҳамчун утоқи таълимӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин утоқҳо асосан дарсҳои таҷрибавӣ гузаронида мешаванд, ки масоҳати умумии онҳо ба 860 м.м. баробар аст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади иҷрои нақшаи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2015-2020” нисбати омӯзиши фанҳои мазкур диқкати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла, машғулиятҳои забони англисӣ дар синфхонаи лингафонӣ гузаронида шуда, барои омӯзиши фанни забони русӣ ва англисӣ 6 синфхонаи таълимӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, дар асоси нақшаи кории “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттиллоотӣ барои солҳои 2018-2022” имрӯз дар таълимгоҳ ду синфхонаи компютерӣ фаъолият менамоянд, ки донишҷӯён машғулиятҳои амалии худро бо воситаи компютерҳо гузаронида, тафаккурии технологияи иттиллоотии худро васеъ мегардонанд. Роҷеъ ба ин дар муассиса бо мақсади компютеркунонии таълимгоҳ ва ба низом даровардани раванди таҳсили низоми кредитӣ маркази тестӣ ташкил карда шудааст, ки дар он 40 адад компютерҳои замонавӣ ба шабакаи корбарии тестӣ васл карда шудааст.
Дар таълимгоҳ кабинети методӣ фаъолият мекунад, ки омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо кабинети мазкур тамоми ҳуҷҷатдорӣ ва коргузориро тибқи талабот ба роҳ мондаанд. Раванди таълим аз тарафи услубшинос мувофиқи нақшаи тасдиқгардида мунтазам назорат карда мешавад. Услубшинос дар ҳамкорӣ бо мудирони кафедраҳои таълимӣ, роҳбарони комиссияҳои назоратӣ, деканони факултаҳо дарсҳои назариявии омӯзгоронро дар асоси нақшаи тасдиқгардида ҳамаҷониба таҳлил намуда, натиҷаи онро дар Шӯрои илмӣ-омӯзгорӣ баррасӣ менамоянд. Мутахассисони ҷавон барои омӯхтани методи корбарӣ ва ҷорӣ намудан аз усулҳои нави муосир ва инноватсия дар дарсҳо ба омӯзгорони соҳибтаҷриба вобаста карда шудаанд. Ҳафтаҳои фаннӣ ва дарсҳои кушод мувофиқи нақша гузаронида мешаванд, ки дар он методҳои таълимӣ, маводҳои методӣ, методи истифодаи воситаҳои техникӣ ва аёнӣ, методи намоиши таҷриба, ҷамъоварии ҳамаи усулҳои кор дар давоми солҳо ва методи кори лабораторӣ нишон дода мешавад. Вобаста ба ҳафтаҳои фанннӣ баҳри васеъ намудани тафаккури технологию ҷаҳонишавии донишҷӯён машғулиятҳои иловагӣ ташкил карда шуда, омӯзгорони фаъолу кордон вобаста карда шудаанд.
Дар асоси фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2007 таҳти №330 «Дар бораи таъсиси бахшҳо ва гуруҳҳои назорати давлатии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.10.2010 таҳти №2460 «Оид ба истифодаи таҷрибавии Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармоишҳои муассиса аз 30.08.2011 таҳти №53 «Оид ба таъсис додани гуруҳи идоракунии сифати таҳсилот» ва аз 26.08.2013 таҳти №113 «Оид ба ворид намудани ивазшавӣ ба гуруҳи идоракунии сифати таҳсилот» дар таълимгоҳ Бахши идоракунии сифати таҳсилот таъсис дода шудааст, ки ҳамчун роҳбари гуруҳ омӯзгори фанни таърих Шарипов З. таъин карда шудааст. Бояд гуфт, ки барои пешбурди кори гуруҳ Низомномаи гуруҳи идоракунии сифати таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба сифати таълими донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода», ки аз 3 бобу 14 банд иборат аст ва бо қарори Шӯрои илмӣ-омӯзгорӣ аз 03.09.2019 таҳти №1 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст, ки тамоми нақшаҳои корӣ ва ҷамъомадҳо дар асоси он ба роҳ монда шудаанд. Мувофиқи нақшаи корӣ фанҳои таълимӣ ба пуррагӣ таҳлил карда мешаванд ва натиҷаи он дар ҷамъомади ҳайати кории бахши мазкур баррасӣ мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар коллеҷ шаш кафедраи фаннӣ — кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”, кафедраи “Фанҳои тиббӣ-биологӣ”, кафедраи “Кори ҳамширагӣ”, кафедраи “Кори фарматсевтӣ ва кимиё”, кафедраи “Фанҳои умумитиббӣ”, кафедраи “Фанҳои морфологӣ ва кори дандонсозӣ” фаъолият мекунанд. Кафедраҳои мазкур дар асоси нақшаҳои корӣ ва тибқи супориш мунтазам фанҳои таълимӣ ва ҷараёни
таълимро назорат менамоянд. Натиҷаи фаъолияти кафедраҳои фаннӣ дар ҷаласаҳои назди директор ва муовини директор баррасӣ мегардад.
Аз рӯи ихтисосҳои зикргардида 2271 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз ин 848 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 1423 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар таълимгоҳ имрӯз 89 нафар омӯзгорон ва духтурони соҳибтаҷриба ҳамчун омӯзгори асосӣ ва 75 нафар ҳамчун омӯзгори ҳамкор кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 84 нафар соҳиби маълумоти олии тиббӣ, 71 нафар соҳиби маълумоти олии омӯзгорӣ, 9 нафар соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошанд.
Қобили қайд аст, ки тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида ва тақсимоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли таҳсили ҷорӣ 507 нафар довталабон ба таҳсил аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда ҷалб карда шудаанд.
Ба гуфтаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» муҳтарам М. Муродов, “имрӯз дар бозори меҳнат талабот ба мутахассисони миёнаи тиб басо калон буда, тайёр намудани мутахассисони ҷавон бо донишҳои мукаммал амри воқеист. Баҳри пешрафти соҳа ҳоло хизмати Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати иҷтимоии худ ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф мақоми афзалиятнок додаанд, басо калон буда, маҳз амнияти кулл ва фазои Ваҳдати саросарӣ имкон дод, ки кишвар бо роҳи дурусти созандагию ободкориҳои беназир дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт пеш рафта, зиндагии шоиста барои кулли ҳамватанон таъмин карда шавад”.
— Дар баробари хизматҳои арзандаю шоистаи Пешвои муаззами миллат, Доҳии тоҷикони ҷаҳон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ман аз ин минбар метавонам аз хизматҳои беназир ва содиқонаи касбии доктори илмҳои тиб, профессор, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода махсус ёдовар шавам. Он кас новобаста ба серкорию ташвишҳои зиёдашон дар давраи пандемияи КОВИД-19 ба шаҳри овозадори Турсунзода омада, бо раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Парвиз Акрамзода мулоқоти корӣ намуда, аз Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода ва шароити корию таълимӣ дидан намуда, баҳри пешрафти кори муассисаи таълимӣ маслиҳатҳои басо муфиди худро арзонӣ доштанд, ки аҳли омӯзгорон аз ҳар ду сипосгузоранд. Ногуфта намонад, ки раиси шаҳр баъди ташрифашон ба Коллеҷи тиббӣ толори варзишии ноободро, ки дар ҳудуди коллеҷ воқеъ буд, бо як қарори дахлдори худ ба тавозуни коллеҷ гузарониданд, ки коллективи омӯзгорону донишҷӯёнро руҳбаланд гардонид. Он рӯз дур нест, ки таҳти ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззам, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои беназири саривақтии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода ва ёриҳои амалию саривақтии раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам дар шаҳри Турсунзода коллеҷи тиббии замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад ва як гӯшаи кишвар ба гулистони илму маърифат табдил хоҳад ёфт,- афзуд ӯ.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ