Маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал мегардад. Бо дарназардошти ин нуктаҳо, масъулини Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан” кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то кадрҳои болаёқат ва кордонро ба камол расонанд.  

 Маълумоти умумӣ

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан аз соли 1991 дар асоси фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.04.1991 таҳти рақами 282 ҳамчун муассисаи таълимии мустақил фаъолият мекунад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 03.03.2014 таҳтии рақами №148 ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан” табдил дода шуд.

Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббию ташхисӣ», «Кори тиббию профилактикӣ», «Кори фарматсевтӣ» фаъолият менамояд. Коллеҷ дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ҳуқуқи додани дипломи маълумоти миёнаи тиббиро дорад.

Заминаҳои моддию техникӣ

Бинои таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии таълимгоҳ ба 2075,1 метри мураббаъ баробар аст. Тибқи шартнома дар Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан яке аз шуъбаҳои беморхона — шуъбаи бемориҳои пӯст дар асоси супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати муайян ба миқдори 10 кабинети таълимӣ ба масоҳати 180,0 метри мураббаъ ва дар собиқ шуъбаи наркологии БМН шаҳри Истаравшан 6 кабинетҳои таълимӣ, 1 лаборатория ба масоҳати умумии 200 метри мураббаъ ва аз он ҷумла дар шуъбаҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, гӯшу бинӣ, бемориҳои пӯст, осебшиносӣ, эҳё, эҳёи кӯдакона, таваллудхона, маркази беҳдоштӣ-вогиршиносӣ, кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва умуман ҳамагӣ 22 синфхона ҳамчун утоқи таълимӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин утоқҳо асосан дарсҳои таҷрибавӣ-амалӣ гузаронида мешаванд, ки масоҳати умумии онҳо ба 1154,64 метри мураббаъ баробар аст.

Дар бинои таълимӣ 42 синфхонаи таълимӣ фаъолият доранд: анатомия, момодоягӣ, забони лотинӣ ва фармакология, физиология, педиатрия, 9 синфи «Кори ҳамширагӣ», терапия, физикаи тиббӣ, химия ва биология, биохимия, микробиология, 2 лаборатория, 2 синфи ҷомеашиносӣ, 2 синфи омӯзиши компютерӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ ва забони русӣ.

Дар сохтори коллеҷ шуъбаҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори тиббию профилактикӣ» «Кори фарматсевтӣ» ва «Кори момодоягӣ» мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, сохтори коллеҷ аз қисми таълимӣ ва тарбиявӣ, таҷрибаомӯзӣ, кабинети методӣ, лаборатория, китобхона, қисми хоҷагӣ, шуъбаи кадрҳо, бойгонӣ ва аз хазина иборат аст. Воҳидҳои сохтории коллеҷ фаъолияти худро дар асоси талаботи Оиннома ва Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2003, таҳти №470 ба роҳ мондааст.

Раванди таълим дар коллеҷ дар ду давра гузаронида мешавад. Дар баробари ин, қайд кардан лозим аст, ки дарсҳои амалӣ асосан дар синфхонаҳои базавӣ, яъне утоқҳои дарсии шуъбаҳои Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан дар кабинетҳои дарсии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ гузаронида мешаванд.

Дар нуҳ моҳи соли таҳсили 2020 барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии коллеҷ дар ҳамаи синфҳо системаи гармидиҳӣ гузаронида шудааст. Дар назди бинои коллеҷ майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин, дар соли нави таҳсили 2020 ба миқдори 20 адад компютерҳои замоновӣ, доскаи электронӣ 3 адад ва таҷҳизоти техникӣ (микроскоп ва ғайраҳо) харидорӣ карда шудааст, ки ин низ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълими назариявӣ ва амалӣ мусоидат менамояд.

Дар бинои асосии муассиса майдончаи варзишӣ, қисми хоҷагӣ, китобхона ва бойгонӣ низ ҷойгир шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар маҷмуъ дар коллеҷ 49 адад ҳуҷраҳо, аз он ҷумла 43 синфхона, 6 ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо бо рӯшноии табиию барқӣ таъмин мебошанд. Ҳуҷраҳои таълимӣ бо таҷҳизот таъмин буда, барои пеш бурдани ҷараёни таълим ба талаботи раванди таълиму тарбия мувофиқ аст.

Шароити манзилию маишии дониҷӯён

Барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ бо дастгириҳои доимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯён тамоми шароитҳои моддию маишӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан нуқтаи тиббӣ, ошхона, варзишгоҳи мавсимӣ, китобхона, синфхонаҳои компютерӣ ва монанди онҳо амал мекунанд. Ғайр аз ин, донишҷӯён пас аз дарсҳо ба маҳфилҳои гуногуни ихтисосӣ ҷалб карда шудаанд, ки баҳри ташаккулёбии донишу ҷаҳонбинии онҳо кумак мерасонад. Роҳбарияти Коллеҷи тиббӣ барои дастгирии донишҷӯёни бепарастору камбизоат нақша-чорабиниҳо тартиб дода, мунтазам шароитҳои оилавии онҳоро таҳти назорат қарор додааст ва онҳоро доимо дастгирӣ менамояд, то барномаҳои таълимиро ба пуррагӣ аз худ намоянд.

Китобхонаи таълимгоҳ

Китобхонаи коллеҷ дар ошёнаи 1-уми бино ҷойгир шудааст. Дар қироатхона барои 50 нафар ҷойи нишаст ташкил карда шудааст. Бо фармоиши директори коллеҷ Шӯрои китобхона дар ҳайати 8 нафар таъсис дода шудааст. Дар соли таҳсили ҷорӣ аз Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ китобҳои дарсии “Ёрии таъҷилӣ дар ҷарроҳия”, “Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия”, “Бемориҳои чашм”, “Анатомияи одам” харидорӣ карда шудаанд. Дар китобхона ҳамагӣ аз ҳисоби донишҷӯён 1000 нафар аъзо мебошанд. Фонди умумии китобхона 6200 адад китоб, аз он ҷумла китобҳои тиббӣ 4366 адад, китобҳои сиёсӣ 66 адад ва китобҳои ғайри тиббӣ 1768 ададро ташкил медиҳад. Дар назди китобхонаи муассисаи таълимӣ боз як ҳуҷраи китобхонаи электронӣ бо 16 ҷои нишаст мавҷуд аст.

Таъминоти кадрӣ

Миқдори кормандони маъмурӣ ва ёрирасон дар нуҳмоҳаи соли 2020-ум 31,5 воҳиди кориро ташкил медиҳад. Дар нуҳ моҳи соли таҳсили 2020-ум 108 нафар (51,9 %) омӯзгори асосӣ (меъёр — 80,0%) ва 100 нафар ( 48,1 %) омӯзгорони ҳамкор фаъолият мебаранд. Аз 108 нафар омӯзгорони асосӣ 39 нафарашон (36,1 %) омӯзгорони дорои маълумоти олии тиббии тахассусӣ, 15 нафарашон (13,8 %) омӯзгорони дорои маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ мебошанд. 54 нафарашон (50 %) дорои маълумоти олии омӯзгорӣ мебошанд.

Шумораи донишҷӯён

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан шуъбаҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори тиббию ташхисӣ» ва «Кори тиббию профилактикӣ» ва «Кори момодоягӣ» амал мекунанд, ки дар онҳо дар соли таҳсили 2020-2021 ҳамагӣ 1410 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Ҳамаи донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона таҳсил доранд.

Аз шумораи умумии донишҷӯён дар нуҳмоҳаи соли таҳсили 2020 теъдоди умумии донишҷӯён дар ҳамаи шуъбаҳо ва ҳамаи бахшҳо 1410 нафарро ташкил дода, аз ин 1206 нафарашон зан буда, 85,5 % ва 204 нафарашон мард буда, 14,5 %-ро ташкил медиҳад. Аз 1410 нафар донишҷӯ 393 нафарашон тариқи буҷавӣ, ки ин 27,8 % ва 1017 нафарашон тариқи шартномавӣ, ки 72,2 %-ро ташкил медиҳад, таҳсил доранд.

Таълими истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзӣ

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии таълимии истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолии қабл аз дипломӣ аз рӯйи нақшаи таълимӣ ва аз рӯи Низомнома оид ба таълими амалӣ, таҷрибаомӯзӣ дар коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Кор дар самти муҷаҳҳаз намудани утоқу лабораторияҳо аз фанҳои амалӣ бо таҷҳизот, асбобҳои аёнӣ, тиббӣ ва техникӣ, дастрас намудани воситаҳои техникии замонавӣ барои истифода дар машғулиятҳои амалӣ аз тарафи омӯзгорон ва маъмурият рафта истодааст.

Машғулиятҳои амалии ҳамаи бахшҳо аз рӯйи ҷадвали машғулиятҳои аз тарафи директори коллеҷ тасдиқшуда ба роҳ монда шудааст. Барои дар савияи баланд гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ сол аз сол пойгоҳҳои таълимӣ-амалӣ дар бинои асосӣ ва дар заминаҳо (беморхонаи марказии шаҳр, маркази саломатии шаҳр) ва дар дигар муассисаҳои муолиҷавии шаҳр васеъ ва бо таҷҳизоти лозимӣ таъмин шуда истодаанд, ки он ба боз ҳам амиқтар аз худ намудани машғулиятҳо мусоидат менамояд.

Сатҳи корҳои илмӣ ва методӣ

Дар нуҳ моҳи соли хониши 2020 фаъолияти методии коллеҷ дар асоси нақшаи корҳои методии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан, ки он дар ҷаласаи шӯрои методии коллеҷ тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Нақшаи корӣ аз 8 фасл (ҳадаф, вазифаҳои асосӣ, ҳафтаҳои фаннӣ, нақшаи корҳои методӣ, нақшаи кор бо омӯзгорони ҷавон, ташкили семинар барои омӯзгорони ҷавон) иборат аст.

Ороиши ҳуҷраи методӣ, кабинетҳои фаннӣ ба талаботи замон мувофиқ мебошанд. Дар кабинети методӣ стендҳои «Нури коллеҷ», «Шарафу иззат — натиҷаи меҳнат», «Таҷрибаи пешқадам», «муваффақиятҳои омӯзгорон», «Ифтихори мо» мавҷуд аст, ки дар онҳо кор ва фаъолияти омӯзгорони пешқадам нишон дода шудааст. Боз гӯшаҳои «Ёрии методӣ ба омӯзгорон» ва «Корҳои илмӣ-методии омӯзгорон» мавҷуданд, ки омӯзгоронро аз навигариҳои методҳои корбарии омӯзгорони дигар коллеҷҳо бохабар мекунанд.

Ба гуфтаи директори Муассисаи давлати таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан” муҳтарам Илҳом Раҷабов, “донишҷӯёни муассисаи таълимӣ дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии шаҳриву вилоятӣ ва дохилии коллеҷ фориғ аз дарсҳо фаъолона иштирок менамоянд”.

— Дар Муассисаи давлати таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан” донишҷӯён аз ноҳияиҳои Деваштич, Шаҳристон, Спитамен, Ҷ. Расулов, Зафаробод, Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент ва аз дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон таҳсил менамоянд. Теъдоди доинишҷӯёни қабулгашта дар соли таҳсили 2020-2021-ум 449 нафарро ташкил медиҳад, ки 99,8 %-и нақша иҷро шудааст,- афзуд ӯ.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here