Имрӯзҳо атрофи бемории коронавирусе, ки қариб дар ҳамаи мамолики ҷаҳон паҳн гардидааст, сухан меравад. Ман ҳам тасмим гирифтам, то ҳадди имкон шуморо, хонандагони азиз, бо ин барагезандаи бемории сироятӣ шинос намоям.

Қариб 10 ҳазор сол пеш барангезандаҳои коронавирус ба организими инсон шиносоӣ пайдо намуда, ба мувофиқа омадаанд. Дар олами ҳайвонот бошад, ин барангезанда миллионҳо сол пеш ҷойи худро ёфтааст. Дар организми парандаҳо, аз он ҷумла булбул, ки коронавируси худро дорад, бо номи “коронавируси булбул”, дар моҳиҳо, дар кит, махсусан дар организми кӯршапаракҳо намуди бештари онҳо манзили ҳамешагии худро интихоб намудаанд.

То соли 2002 мо ҳамагӣ чор намуди коронавирусҳои барангезандаи бемориҳои инсонро медонистем, ки онҳо дар қатори вирусҳои мавсимии гуруҳҳои бемории шадиди вирусии роҳҳои нафас (ОРВИ) медароянд. Агар дар ҷои аввал риновирус ҳар сол беморӣ пайдо кунад, дар ҷои дуввум — ҳамин короновирусҳо дохил мешаванд. Баъзан короновирусҳо якҷоя бо риновирусҳо дар мавсими тирамоҳу баҳор беморӣ меоранд. Баъзан, махсусан кӯдакон то 6-10 маротиба дар як сол бо ин барангезанда рӯ ба рӯ мешаванд. Беморие, ки онҳо меоранд, ҳамагӣ аз 3 то 8 рӯз давом мекунаду халос. Ин бемориҳо асосан сабук мегузаранд ва (симптомҳояшон) аломатҳояшон асосан аз ҳарорати баланд, обравии бинӣ, хориши гулӯ, гоҳо беҳолӣ, бемадорӣ, сардард ва ғайра иборат аст. Бисёр кам дар калонсолон дар ҳолати хурӯҷи бемориҳои музмин ва паст будани системаи иммунӣ фавт дида мешавад.

Ҳамин тавр, соли 2002 дар Осиёи шарқӣ илтиҳоби шуши атипикӣ зиёд гардид. Ин беморӣ дар муддати кӯтоҳ ба 37 мамлакат паҳн гардида, қариб 8000 ҳазор инсон сироят ёфта, зиёда аз 774 нафарро ба марг овард. Дар он солҳо ин беморӣ барои духтурон ва олимон бегона буд, бинобар ин, ҳама ба таҳлука афтода буданд, чунки фавт ба 9-10% мерасид. Органи нишон барои ин беморӣ шуш ва роҳҳои нафас буд. Беморон аз норасоии шадиди нафаскашӣ мефавтиданд. Аввалин бор олимони олмонӣ ин барангезандаро аз луоби роҳҳои нафас муайян намуданд, ки ин SARS-VоC ном гирифт. Ҳамон замон олимон барои ихтирои даво ва ваксин корро оғоз намуданд. Аммо ин беморӣ чӣ тавре, ки якбора пайдо гардида буд, ҳамон тавр аз байн рафт. Касе кори оғоз намудаашро ба охир нарасонд. Ҳаминро бояд гуфта гузарам, ки ин барангезанда аз гурбаҳои англисӣ ба инсон гузашта буд. Дар Хитой фермаи гурбаҳои англисӣ барои аз ҷисми онҳо гирифтани арақи бадан, ки барои истеҳсоли ҳар гуна атру упо истифода бурда мешавад, мавҷуд аст. Онҳо бошанд, аз кӯршапаракҳо сироят ёфтаанд, ба воситаи пешоб ва ахлоти онҳо, ки дар вақти парвоз ба хӯрокаҳо мерехтаанд.

Дар ин ҷо мехоҳам аз вирусологи машҳур, аз Милан Урбани ёд кунам, ки барои татқиқоти барангезандаи SARS-VoC-2 саҳмгузорӣ намуда, оқибат худаш сироят ёфта, дар ин роҳ ҷавон вафот кард. Вақте ки ин мутахассисро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ба Ветнам, ки саросари он ба эпидемия гирифтор шуда буд, роҳӣ менамояд, Урбани мебинад, ки дар беморхонаҳо беморон вафот карда истодаанду аммо духтурон корпартоӣ намуда, ба кор намебароянд, чунки онҳоро касе муҳофизат наменамояд, либосҳои муҳофизатӣ нест ва чанд духтур фавтидааст. Урбани ҳамон лаҳза ба кор оғоз мекунад, ҳукуматро ба худ меоварад, духтуронро ба кор ҷалб менамояд. Дар охир бо машаққати зиёд чиновникҳоро маҷбур месозад, ки мамлакатро карантин кунанд. Пас аз чанд рӯз, вақте ки ҳама корҳоро ба низом медарорад, маводҳои лаборатории ҷамъовардаашро гирифта ба Банкок парвоз мекунад. Духтури вирусолог Урбани дар ҳолати парвоз эҳсос мекунад, ки сироят ёфта, ба беморӣ гирифтор шудааст. Дар се соати парвоз ҳамаи аломатҳои бемориро дақиқа ба дақиқа дар дафтараш менависад. Вақте ки ҳавопаймо ба замин фаромада, қарор мегирад, Урбани аз ҷой хеста наметавонад, ӯро аз ду кифташ дошта мефароранд. Мебинад, ки вирусологҳои амрикоӣ, ки маводҳои бебаҳои ӯро интизор буданд, ба пешвозаш омадаанд. Ӯ охирон маротиба бо дасташ ишора мекунад, ки наздики ӯ наоянд, ки ҳама сироят меёбанд. Ҳамин тавр, Урбани шаби севум дар ҳуҷраи эҳёгарӣ ҷон медиҳад. Аввалин бор аз шуши ӯ ин барангезандаро ёфта, бемориро аниқ менамоянд ва онро  SARS-VоC-2 ном мемонанд, ки ба номи ӯст. Пас аз ҳафтае олимони олмонӣ низ ин вирусро муайян менамоянд.

Бо ҳамин, моро олами вирусҳо, махсусан коронавирусҳо то соли 2013 фориғ гузоштанд. Соли 2013 бошад, бемории пневмонияи атипикӣ дар Арабистони Саудӣ авҷ гирифт. Бемори аввалин дар беморхонаи Англия, марде аз миллати араб ба беморхона бо пневмонияи вазнин бистарӣ шуда, вафот кард. Аз роҳҳои шуши ӯ барангезандаи коронавирус ёфт шуд, ки онро MERS номгузорӣ намуданд. Дар вақти муайян намудани анамнези эпидемиологӣ маълум гардид, ки барангезандаи беморӣ ба ин мард дар ҳолати аз фермаи уштурпарварӣ дидан кардан аз уштур гузаштааст. Уштурҳо бошанд, аз кӯршапаракҳо сироят ёфтаанд. Ҷиҳати контагенозии ин беморӣ пасттар бошад ҳам, аммо ҷиҳати токсигени вирулентиаш баланд буд. Ҳамагӣ то ҳол 2500 инсон сироят ёфта, аз ин миқдор 866 бемор вафот кардаанд.

Ҳамин тавр, пас аз 9 сол доктор Ли дар шаҳри Ухани мамлакати Хитой дар вақти муоинаи беморон маълум намуд, ки бемории пневмонияи атипикӣ зиёд шудааст. Бинобар ин, ӯ барои омӯхтани барангезандаи ин беморӣ маълумот дод.

Декабри соли 2019 ҳукумати Хитой дар бораи беморие бо номи COVID -19 ба ТУТ ахбор пешниҳод намуд. Дар як муддати кӯтоҳ ин беморӣ ба ҷаҳон паҳн гардид. Барангезандаи ин беморӣ мутанти коронавирус мебошад, ки аз кӯршапаракҳо ба пинголин гузаштааст. Дар вақти истеъмоли гӯшти пинголин бе коркарди гармӣ аз тарафи чиниён ин барангезанда инсонро сироят намуда, онро сарчашмаи беморӣ намуд. Акнун барангезанда аз одам ба одам мегузашт. Аз ҷиҳати контагенозӣ (паҳшавӣ) аз ду короновируси пештара боло мебошад, аммо аз ҷиҳати вирулентӣ, токсигенӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Бо ҳисоби миёна марговарӣ агар дар коронавирусҳои пешин то 10% мерасид, дар COVID -19 бошад, аз 2,0% то 3,5%-ро ташкил медиҳад. Чӣ тавре, ки маълум аст, COVID -19 асосан механизми интиқолии аэрозолӣ дошта, бо се роҳ паҳн мегардад. Роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ: дар вақти сулфа кардан, атса задан, суханро бо суръат гуфтан ва ғайра. Роҳӣ қатрагӣ-чангӣ: ин ҳам бо ҳамон усули дар боло зикршуда паҳн мегардад. Роҳи сеюми паҳншавии ин барангезанда роҳи тамосӣ мебошад.

Барои он, ки барангезанда аз як мавҷудоти зинда ба дигараш гузарад, бояд роҳи дурударозеро тай намояд. Аввал аз организми сироятёфта ба беруни атмосфера, баъдан ба организми сироятшаванда медарояд. Дар ин муддат он бояд ба ин муҳитҳо барои зинда ва коршоямиашро нигоҳ доштан мутобиқ шавад. Бинобар ин, ба таркиби ҷавҳараш (ген, яъне РНК) дигаргуниҳо ба амал меояд, ки инро мутатсия ном мебаранд. Ҳамин тавр, вирус барои он, ки ба организм дохил шавад, бояд илоҷе карда, ҳуҷайраҳои эпителии роҳҳои нафасро дарёбад. Бо роҳҳои дар боло зикршуда вирус ба қабати луобии бинӣ, даҳон ва чашмон меафтад. Яке аз ҷойҳои беҳтарин, ки дар он ҷо метавонад афзоиш ҳам кунад, ин қабати луобии бинӣ ва ҳалқаи гулӯ мебошад. Баъдан вирус ба роҳҳои нафаси поёни бронхиолҳои хурд меравад. Дар ин мавзеъҳо бо шохчаҳои худ ба ҳуҷайраҳои эпителӣ часпида, дохили онҳо мешавад.

Баъзан дар вақти қурт задан, вақте ки вирус ҳоло дар луоби даҳон аст (луоб — ин омили муҳофизатӣ мебошад), он ба роҳҳои нафас нарафта, бо воситаи сурхрӯда баъдан ба меъда ва рӯдаҳо меафтад. Агар як қисми онҳо аз кислотаи хлориди меъда нест шаванд, пас қисми зиндамондаашон дар ҳуҷайраҳои эпителии рӯдаи борик дохил шуда, 2 ё 3 рӯз аломатҳои сабуки илтиҳобии (фазлаи тунук, дарди сабук дар мавзеи шикам) рӯдаҳоро пайдо мекунанд. Ҳаминро боят қайд кард, ки дар ҳамин ҳолат ҳам антителаҳо тавлид меёбанд, ки ин яке аз роҳҳои сабуки беморӣ мебошад.

Ниёз ОДИНАЕВ,

мудири кафедраи эпидемиологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here