Бо ворид шудани технологияи босифат ва таълимгоҳҳои замонавӣ дар низоми таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ аз як тараф низоми таҳсилот тағйир ёфт, аз ҷониби дигар, ба устодон барои худомӯзӣ, бозомӯзӣ, инчунин такмили маҳорати малакаи амалию назарявии касбиашон имконият фароҳам овард. Омӯзгорони соҳибихтисосу эҷодкор дар вақти ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо аз методу усулҳои фаъоли таълим истифода мебаранд, нозукиҳои таълимиро вобаста ба шароити дарсазхудкунии муҳассилин ба роҳ мемонанд.

Худшиносии миллӣ яке аз рукнҳои асосии тарбияи маънавии ҷавонон аст, ки инро Пешвои миллат дар бисёр баромаду вохӯриҳояш ба ҷавонон таъкид намудааст: «Худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надоранд, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дошта, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст».

Дар соли таҳсили 2020 дар Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара 73 нафар омӯзгорони асосӣ ва 84 нафар омӯзгорони соатбайъ кор ва фаъолият намуда истодаанд. Ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ буда, вобаста ба ихтисосҳояшон дарс мегузаранд. Дар муассиса баҳри тарбия намудани донишҷӯён ҳама чораҳо андешида шудаааст.

Тарзи супоридани имтиҳонҳо тариқи тестӣ гузаронида шудаанд. Дар моҳи январи соли хониши 2020 аз таърихи 29.12.2019 то 18.02.2020 сессияи зимистона гузаронида шудааст. Натиҷаи санҷиш нишон додааст, ки омӯзгорони имтиҳонгиранда сессияи зимистонаро бомуваффақият ва бе камбудӣ гузаронидаанд. Тибқи фармону супоришҳои ВМ ва ИҶТ ҳамаи муассисаҳои олӣ ва касбии ҷумҳурӣ аллакай ба низоми кредитӣ гузаштаанд. Дар худи ҳамин муассиса низ бахшҳои 1 ва 2-юм бо маълумоти умумӣ ва асосӣ имтиҳонҳои сессияи зимистонаро бо низоми кредитӣ супоридаанд. Сессияҳои имтиҳонӣ дар соли таҳсил мувофиқи нақшаи муовинати таълим дар муҳлатҳои муқарраршуда, бо риояи талаботҳои ҷойдошта ба таври мутамарказонидашуда, тариқи тестӣ бо пешниҳоди саволҳои тестии шакли кушода сурат гирифтаанд. Бахшҳои 3,4-ум бошанд, имтиҳонҳоро тариқи тестии компютеркунонидашуда супориданд. Донишҷӯёни бахши 4-уми таҳсилоти шабона, ки шумораашон 28 нафар мебошад, ба таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ аз санаи 29.12.2019 то14.02.2020 равона карда шудаанд. Баъди ҷамъбасти имтиҳонҳои сессияи зимистона нишондиҳандаи сифати талим вобаста ба курс дар гуруҳҳои академии Коллеҷ ба 35,14% баробар гардидааст. Баъди ба анҷом расонидани сессияи зимистона баҳогузории донишҷӯён чунин натиҷа додааст: баҳои 5 — 4 нафар, баҳои 5-4 — 171 нафар, баҳои 4 — 322 нафар, баҳои 4-3 — 521 нафар, баҳои 3 — 440 нафар. Дар асоси иҷро намудани нақшаи таълимӣ ва бомуваффақият супоридани санҷишу имтиҳонҳои сессияи зимистона донишҷӯёни бахши чоруми таҳсилоти шабона, ки 28 нафар мебошанд, муассисаро хатм намудаанд.

Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020 дар муассиса 1426 нафар донишҷӯ таҳсил карда, аз ин шумора 1163 нафар духтарон ва 263 нафарашонро писарон ташкил додаанд. Дар маҷмуъ, 1426 нафар донишҷӯёне, ки имтиҳонҳои нимсолаи якумро бомуваффақият супоридаанд, барои давом додани таҳсил дар муассиса иҷозат дода шудаанд. Бо мақсади дастрасӣ ба донишу малакаҳои нав ва роҳу усулҳои истифодабарии он дар фаъолияти касбӣ дар Коллеҷ аз тарафи мудирони кафедраҳои фанҳои «Гуманитарӣ», «Морфологӣ», «Кори ҳамширагӣ» назорати сифати таълим ҳамарӯза ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин, боз ҳафтаҳои фаннӣ ташкил карда шудааст, ки аз тарафи масъулони алоҳида гузаронида мешаванд. Омӯзгорон бисёртар ба дарсҳои якдигар ворид гашта, аз маҳорату методҳои машғулиятгузаронии якдигар баҳравар мешаванд. Мувофиқи ҷадвал дарсҳои кушоди таълимӣ ва тарбиявӣ гузаронида, маҳорату истеъдоди омӯзгорӣ нишон додаанд. Ҳамаи омӯзгорон вобаста ба ихтисосашон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Дар моҳи январ дар чорабинии ноҳиявӣ бахшида ба соли нави мелодӣ ва дар моҳи феврал дар чорабинии бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ иштирок намудаанд. Бахшида ба фасли баҳори фархундапай ва Рӯзи Модар дар муассиса чорабиниҳои идона гузаронида шудаанд. Донишҷӯёни муассиса барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аз фанҳои таълимии забони рӯсӣ, химия-биология, забони тоҷикӣ, таърихи халқи тоҷик ва алгебра тайёрии ҷиддӣ дида буданд, бинобар сабаби пайдошавии пандемияи коронавирус озмуни ҷумҳуриявӣ, ки ҳамасола моҳи май ташкил мегардид, баргузор нагашт. Донишҷӯён ва омӯзгорони муассиса ҳамчунин дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва шанбегиҳои ободонии атрофи муассиса, кабудизоркунии кӯчаҳои марказии ноҳия фаъолона иштирок мекунанд.

Дар муассиса дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 супоришҳои мушаххаси Ситоди ДДТХ оид ба корҳои фаҳмондадиҳиро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар муассиса бо фармоиши директори Коллеҷ аз санаи 14.04.2020, №36/01, Гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст. Дар асоси бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар Коллеҷи тиббии ДДТХ, омӯзгорону донишҷӯён риояи ҳатмии бо ниқоб (маска) буданро дар раванди таълим ба роҳ мондаанд. Шуруъ аз рӯзи 14.04.2020 ҳарорати бадани тамоми омӯзгорону донишҷӯён мавриди санҷиш қарор дошта, маълумот оид ба ҳароратбаландӣ ва ё зуком ба қайд гирифта мешуд. Инчунин, ҳамарӯза дар ҳар ду бинои таълимӣ, синфхонаю кабинетҳои фаннӣ ва ҷойҳои истифодаи умум бо маводҳои зиддивирусӣ ва маҳлули хлордор безарар гардонида мешаванд. Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.04.2020 №14/2-727 аз 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 дар муассиса таътил барои донишҷӯён эълон карда шуда буд. Аммо иловатан дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.05.2020 №14/1-741 дар муассиса аттестатсияи хатми донишҷӯён аз рӯзи 4-уми май то 7-уми майи соли ҷорӣ ҷамъбаст карда шуд.

Бо мақсади амалӣ намудани протоколҳои ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми майи соли 2020, №1596 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара комиссияи аттестатсионии хатм тибқи дастуру супоришҳои пешбинигардида фаъолияти худро аз санаи 04.05.2020 шуруъ карда, мувофиқи муҳлати пешбинигардида то санаи 09.05.2020 комиссия фаъолияти худро пурра ҷамъбаст намудааст.

Давраи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон марҳилаи муҳиму ҷамъбастии раванди таълим маҳсуб мегардад. Дар вазъияти пайдошавӣ ва хурӯҷи паҳншавии бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара, шуъбаи таълим, факултет ва кафедраи фанҳои тахассусии он барои ташкил ва бомуваффақият гузаронидани аттестатсияи хатм тамоми тадбирҳои заруриро андешида, кӯшиш бар он намудаанд, ки фармоишу ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи низомномаи аттестатсияи хатм барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сари вақт омода намуда, ҷадвали баргузории аттестатсияи давлатии хатмкунандагони гуруҳҳои рӯзона аз тарафи коллеҷ ба тасвиб расидааст. Барои раисии аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар гуруҳҳои рӯзона бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми феврали соли 2020, №722 аз ҳисоби беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, Сафаров Умаралӣ — духтури бемориҳои кӯдакона, мудири кафедраи фанҳои тахассусӣ, номзади илмҳои тиб, таъйин карда шудааст.

Аз шумораи умумии 376 нафар хатмкунандагони коллеҷ ба аттестатсияи давлатии хатм ҳамагӣ барои супоридани имтиҳонҳои давлатӣ иҷозат дода шуда, имтиҳонро бо муваффақият супоридаанд. Дар рафти аттестатсияи ҷамъбастӣ баҳои аъзои комиссияи хатм ҷиддан аз рӯи омодагии назариявӣ ва амалии донишҷӯён роҳандозӣ шуда, ба малака ва маҳорати касбии хатмкунандагон баҳогузорӣ карда шудааст.

Дар гуруҳҳои рӯзонаи Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аз шумораи умумии 376 нафар 376 нафар хатмкунандагон имтиҳонҳоро бо муваффақият супоридаанд, ки аз ин 166 нафарашон буҷавӣ ва 210 нафарашон шартномавӣ мебошанд. Натиҷаи имтиҳонҳои давлатӣ дар гуруҳҳои рӯзона нишон додааст, ки аз шумораи дар боло зикршуда 2 нафар бо баҳои аъло (0,5%) , 8 нафар бо баҳои хубу аъло (2,2%), 40 нафар бо баҳои хуб (11%), 114 нафар бо баҳои миёнаву хуб ва аъло (31,3%) ва 211 нафар бо баҳои миёна (55%) баҳогузорӣ карда шудаанд. Барои раисии атестатсияи давлатии хатмкунандагон дар гуруҳҳои мақсаднок 14-уми феврали соли 2020, №722 аз ҳисоби беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, Одинаев Бобоҷон — духтури бемориҳои ғадудҳои дарунаи Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара таъйин карда шудааст.

Аз шумораи умумии 41 нафар хатмкунандагони коллеҷ ба аттестатсияи давлатии хатм ҳамагӣ 41 нафар барои супоридани имтиҳонҳои давлатӣ иҷозат дода шудаанд, ки ҳамаи онҳо бо муваффақият имтиҳони давлатиро супоридаанд.

Дар Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аз рӯи ихтисоси Кори ҳамширагӣ 376 нафар гуруҳи рӯзонаро хатм кардаанд, ки ду нафари онҳо бо дипломи аъло ва дигарон бо дипломи муқаррарӣ ва 41 нафар гуруҳҳои мақсадноки коллеҷро бо ихтисоси Кори ҳамширагӣ хатм кардаанд.

Барои гузаронидани аттестатсияи хатми донишҷӯён дар муассиса шароити мусоид фароҳам оварда шуда, омӯзгорони имтиҳонгиранда ва донишҷӯён бо ниқоби махсус таъмин ва набзи онҳо тариқи ҳароратсанҷи электронӣ санҷида шуда, синфхонаҳои имтиҳонӣ пурра бо маҳлулҳои дезинфиксионӣ безарар гардонида шудаанд.

Бинобар сабаби вазъияти ба амал омадаи бемории сироятии коронавирус тибқи барқияи телефонии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.04.2020, таҳти №14/2-726 бо мақсади ҳифзи саломатии хонандагон ва донишҷӯён тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии пандемияи коронавируси COVID-19 аз 27.04.2020 то 10.05.2020 муваққатан дар Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара барои донишҷӯён таътил эълон карда шуд. Бо сабаби бемории сироятии коронавирус ва паҳншавии бошиддати он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.05.2020, таҳти №05/1-2190 бо назардошти қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории мазкур дастур дод, ки тадбирҳои зерин дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ роҳандозӣ карда шаванд:

— донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ), донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3 (дар заминаи таҳсилоти миёнаи асосӣ) аз 11-уми майи соли 2020 ба таътили тобистона рухсат дода шаванд;

— сессияи санҷишию имтиҳонии донишҷӯён аз рӯи натиҷаи холҳои бадастовардаи донишҷӯён дар рейтинги якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда шавад. Барои донишҷӯёне, ки дар соли таҳсил қарздор мемонанд, аз натиҷаи имтиҳонҳои ҷамъбастӣ норозӣ ҳастанд ё бо сабабҳои узрнок ширкат карда наметавонанд, ҷадвали баргузории имтиҳонҳои иловагӣ ё сессияи хурд ташкил карда, дар вақти муносиб барои супоридани имтиҳон иҷозат дода шавад.

Донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ), донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3 (дар заминаи таҳсилоти миёнаи асосӣ) аз 11-уми майи соли 2020 ба таътили тобистона сафарбар карда шудаанд. Аз сабаби он ки дар коллеҷ машғулиятҳо тибқи низоми анъанавӣ ва кредитӣ ба роҳ монда шудааст, натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонҳои гузаришро шуъбаи таълим ва маркази тестӣ бо чунин тартиб баҳогузорӣ кардааст: Мутобиқи маълумотҳои оморӣ, дар моҳи майи соли 2020 шумораи донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара аз 1410 нафар иборат буд. Дар низоми кредитӣ дар бахшҳои якуму дуюм бо маълумоти миёнаи умумӣ, асосӣ ва шабона имтиҳонҳои гузариш аз рӯи рейтингҳои супоридашуда баҳоҳои имтиҳонӣ гузошта шудаанд. Дар низоми анъанавӣ баҳоҳои имтиҳонҳои гузариш аз рӯи натиҷаи баҳоҳои аз курси якум то курси сеюм ва чорум ҷамъбаст карда шудааст. Баъди ҷамъбасти имтиҳонҳои сессияи тобистона нишондиҳандаи сифати талим вобаста ба курс дар гуруҳҳои академии Коллеҷ ба 39,55% баробар гардидааст. Ҳамзамон баҳри расонидани кумаки хайриявӣ барои беморони гирифтори бемории коронавирус аз ҳисоби директори Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара ба Беморхонаи марказии ноҳия маводҳои доруворӣ бо маблағи 1011 (як ҳазору ёздаҳ) сомонӣ кумаки молиявӣ супорида шуда, 1000 (ҳазор) сомонӣ ба суратҳисоби Кумаки молиявии зидди коронавирус гузаронида шудааст.

Дар муассиса рӯзҳои 15-16-уми апрел даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”дар асоси тартиби пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2020 №09/2-84 аз рӯи 4 номинатсия ташкил ва гузаронида шуда, ба даври дуюми озмун 6 нафар донишҷӯ ва 1 нафар омӯзгор роҳ ёфтаанд, ки роҳбарияти муассиса ҳуҷҷатҳои ду нафар донишҷӯи нисбатан фаъол ва 1 нафар омӯзгорро ба комиссияи ҳукумати ноҳия пешниҳод намудааст. Моҳи июл дар даври ноҳиявии озмун як нафар омӯзгор ва ду нафар донишҷӯ иштирок намуда, дар ҷамъбасти озмун аз ҳисоби омӯзгорон омӯзгор Буйдоқов А. ба даври вилоятӣ роҳ ёфтааст.

Дар соли таҳсили 2020-2021 қабули донишҷӯён ба муассиса чунин натиҷагирӣ карда шудааст: Қабули донишҷӯён, ки аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи рӯйхат дастрас гардидааст, аз рӯзи 24.07.2020 шуруъ гардида, соати 17-и рӯзи 05.08.2020 ҷамъбаст шудааст. Дар маҷмуъ, шумораи донишҷӯёни бахши якум тибқи маркази миллии тестӣ 371 нафарро дар бар гирифтааст.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида дар моҳи август омӯзгорон аз рухсатии меҳнатӣ баргаштаанд. Аз 17-уми август дарс дар муассиса пурра шуруъ гардида, барои таҳсил ҳамаи шароитҳо муҳайё гардонида шудаанд. Дар соли таҳсили 2020 — 2021 ба ҳолати моҳи сентябр дар муассиса шумораи умумии донишҷӯён 1442  нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1226 нафар духтарон ва 216 нафарашро писарон ташкил додаанд. Рӯзи 18-уми август дар муассиса бахшида ба Рӯзи кормандони тиб ҷамъомади умумии омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шудааст. Дар ҷамъомад 10 нафар омӯзгорони собиқадор ва соҳибтаҷриба, ки зиёда аз 10 сол ба таълиму тарбия машғуланд, ба Ифтихорномаи муассиса сарфароз гардонида шудаанд. Ҳамчунин, дар ин рӯз омӯзгори фанни варзиш Мирзоев Иброҳим Саломович бо нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.

Рӯзи 08.09.2020 дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ бо риояи ҳатмии назорати санитарии омӯзгорону донишҷӯён конференсия таҳти унвони “Истиқлолияти ватан — неъмати бебаҳои миллат” гузаронида шудааст. Бахшида ба бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳафтаи Рӯдакихонӣ аз тарафи омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ маърӯзаҳо хонда шуда, ба бузургдошти Мавлонои Балхӣ дар ҷамъомади умумии омӯзгорону донишҷӯён омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ маърӯзаҳо хонда, оид ба ҳаёту фаъолияти шоир қиссаҳо садо додаанд. Ҳамчунин дар таърихи рӯзи 05.10.2020 конференсия таҳти унвони “Забони миллат — бақои миллат” аз тарафи омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ бо иштироки донишҷӯёни бахши якум бо маълумоти миёнаи умумӣ ташкил ва гузаронида шудааст.

Рӯзи 30.10.2020 омӯзгорону донишҷӯён дастаҷамъона дар муассиса маросими Савгандёдкунии номзади арзандаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи телевизорҳо тамошо кардаанд. Омӯзгорону донишҷӯёни иштирокчии озмун дар даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намудаанд. Аз байни онҳо омӯзгор Турсунбоев Ҳасан аз рӯи номинатсияи дуюм сазовори ҷойи дуюм ва роҳхат ба даври ниҳоии озмунро соҳиб гардидааст. Рӯзи 05.11.2020 дар саҳни муассиса бо риояи фосилаи муайян чорабинии дохилимуассисавӣ таҳти унвони “Конститутсия — бахтномаи миллат” ташкил ва гузаронида шудааст. Рӯзи 14-уми ноябр дар муассиса семинари омӯзишӣ аз тарафи омӯзгорони кори ҳамширагӣ дар мавзӯи диабети қанд — пешгирӣ ва маълумот оид ба ин беморӣ шуда гузаштааст.

— Бахшида ба Рӯзи Президент — 16-уми ноябр ва рӯзи Иҷлосияи тақдирсоз аз рӯзи 09.11.2020 то рӯзи 17.11.2020 дар саҳни муассиса асарҳои Пешвои муаззами миллат ба намоиш гузошта шуда, ҳамарӯза омӯзгорон се, панҷ дақиқа пеш аз саршавии дарсҳо ва дар соатҳои тарбиявиашон оид ба асарҳо, ҳаёту фаъолият ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз таърихи Иҷлосияи тақдирсоз маълумотҳо медоданд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ рӯзи 24.11.2020 дар маркази ноҳия чорабинии идона ташкил карда шуд, ки дар ин чорабинии сатҳи баланд омӯзгорону донишҷӯён бо парчамҳо ва шиору овезаҳо фаъолона иштирок намуданд,- мегӯяд Баротзода Амирхон, директори Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара.

С. ХАЛИЛИЁН, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here