Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ яке аз пурнуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар вилояти Хатлон буда, соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №548 ба ҷои литсейи касбӣ-саноати кишоварзӣ таъсис ёфта, аз рӯйи барномаи мувофиқардашудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Муассиса дар тӯли фаъолияти кӯтоҳи худ аллакай ҳазорҳо нафар мутахассисони варзидаи соҳаи энергетикаро тарбия намуда, дар хизмати халқу ватан қарор додааст. Албатта ин бесабаб нест, зеро дар таълимгоҳи мазкур ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тафаккури техникиву технологии донишҷӯён аҳамияти махсус дода мешавад.

Коллеҷи мазкур аз зумраи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбие мебошад, ки ба ҷомеа мутахассисони гуногуни ба талоботи бозори меҳнат ҷавобгӯро дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа тайёр менамоянд ва 57 нафар устодони баландихтисос ба шогирдон дарс мегӯянд, ки аз ин шумора 1 нафар номзади илмҳои педагогӣ, 4 нафар унвонҷӯй, 7 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 14 нафарро саромӯзгорон ташкил медиҳад.

Роҳбарии Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро номзади илмҳои педагогӣ Салимзода Гулмаҳмад ба дӯш дорад.

 

Базаи моддию техникӣ

Боздиди мо аз коллеҷи мазкур нишон дод, ки барои таҳсили босамари донишҷӯён ҳамаи шароитҳо (синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо мизу курсии нав, аёниятҳои дарсӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо ду қироатхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва хобгоҳ) муҳайё карда шудааст. Шумораи биноҳои таълимӣ 2 адад, синфхонаҳо 32 адад, озмоишгоҳҳо 8 адад ва майдончаи хурди варзишӣ барои донишҷӯён дар ҳоли омодагӣ қарор дорад. Ғайр аз ин, дар муассиса ҳуҷраи ихтироъкорони ҷавон, устохонаҳои кафшергарӣ, харротӣ ва чӯбу тахтабурӣ қарор доранд.

 

Ихтисосҳо

Дар Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ айни замон аз рӯи ихтисосҳои зерин муҳассилин ба таҳсил фаро гирифта шудаанд:

2 — 43 01 01 — «Нерӯгоҳҳои барқӣ»;

2 — 43 01 03. 01 — «Таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ»;

2 — 27 01 31. 13 — «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои энергетикӣ»;

2 — 44 01 01. 32 — «Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ»;

2 — 43 01 01. 31 — «Истифодабарии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқӣ»;

2 — 36 03 31 — «Монтаж ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ»;

2- 36 03 31. 01 — «Васл ва истифодабарии таҷҳизоти барқии корхона ва биноҳои истиқоматӣ».

Дар коллеҷ ба ғайр аз ихтисосҳои номбурда инчунин дар асоси Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.04.2017, таҳти №1369 ҷиҳати ба роҳ мондани зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ таҳти АУ №0001204 аз 18.04.2017 дода шудааст:

3 — 01 51 01 — “Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ”;

3 — 37 01 52. 02 — “Тракторчӣ — машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ”;

3 — 36  01 51. 03 — “Кафшергари барқию газӣ”;

3 — 50 01 55. 04 — “Либосдӯз”.

Дар доираи ихтисосҳои номбурда 899 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 230 нафар дар гуруҳи буҷавӣ ва 669 нафар дар гуруҳи шартномавӣ таҳсил мекунанд.

 

Маҳфилу озмунҳои фаннӣ

Коллеҷ дорои 2 каферда буда, бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилот аз тарафи кафедраҳо мунтазам чорабиниҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла маҳфилҳои фаннӣ, озмунҳои фаннӣ, конфронсҳои таълимӣ, дарсҳои кушоду намунавӣ ва дигар чорабиниҳо бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилот гузаронида мешаванд. Конференсияи илмӣ дар мавзуи «Об — манбаи ҳаёт», «Роғун — кафили зиндагии шоиста», «Рӯдакихонӣ», «Мавлоно А. Ҷомӣ», «400-солагии Сайидои Насафӣ» аз ҷумлаи онҳоянд.

 

Такмили ихтисос

Аз суҳбат бо маъмурияти коллеҷ ва устодон маълум шуд, ки ташкили такмили ихтисоси омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ яке аз паҳлуҳои дигари фаъолияти коллеҷ аст. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон моҳе як маротиба машғулиятҳои методӣ гузаронида мешавад. Ин усул барои зудтару ҳадафмандона аз худ кардани роҳу шеваҳои методикаи таълим мусоидат хоҳад кард.

 

Дастгирии ниёзмандон

Бо қарори машваратии назди директор оид ба расонидани ёрӣ ва кӯмакҳои моддию молиявӣ ба донишҷӯёни ятиму маъюб ва бепарастор ҷиҳати иҷрои Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03. с.2010 таҳти рақами №10/164-4 ҳамасола дар арафаи иди Наврӯз ба ятимони кулл кӯмаки молиявӣ расонида мешавад. Ятимони кулл ва шахсони бепарастор инчунин аз пардохти пули хобгоҳ озоданд ва аз имтиёзҳои дигар низ бархӯрдоранд.

 

Дастовардҳо

Дар Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷ. Балхӣ устодон пайваста дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд ва инчунин мақолаҳои тарбиявии зиёде дар васоити ахбори омма ба чоп мерасонанд. Аз ҷумла, Ғуломов Давлатмурод — омӯзгори фанни «Таърих ва ҳуқуқ»-ро номбар кардан мумкин аст, ки дар конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии «Рушди босуботи энергетика дар даврони истиқлолият» дар мавзуи «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Васоити ахбори омма (ВАО) ва нақши он дар ҳаёти имрӯза» иштирок ва баромад намуда, бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд. Инчунин, Холов Алишер — озмоишгари «Барқчӣ» барои «Лоиҳаи навовари беҳтарин» дар озмуни «Ихтироъкори асри XXI» дар шаҳри Иркутски Федератсияи Россия иштирок карда, соҳиби Диплом гардид. Холов Алишер — озмоишгар Дипломи дараҷаи II-ро барои ишғоли ҷойи дуюм дар Форуми ҷумҳуриявии ихтирокорон ва навоварон оид ба технологияи инноватсионӣ дар ДДК ба номи А. Рӯдакӣ ба даст овард.

 

Хобгоҳҳо

Муассиса дорои 2 хобгоҳ мебошад, ки дар он 215 нафар муҳассилин бо ҷойи хоб таъмин карда шудаанд. Дар хобгоҳ 1 ошхона, 1 бунгоҳи тиббӣ, 3 ҳуҷра барои истироҳат, як ҳуҷра барои шустушӯй ҷудо карда шуда, хобгоҳ бо ҳама шароитҳо барои зист таъмин мебошад.

 

Китобхона

Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дорои як китобхона буда, фонди умумии он 11 200 китобро дар бар мегирад. Китобхона дорои қироатхонаи худ аст, ки бо 22 ҷои нишаст таъмин мебошад. Дар баробари китобхонаи анаъанавӣ муассиса бо китобхонаи электронӣ низ таъмин аст, ки донишҷӯёну устодон аз он фаъолона истифода мебаранд.

 

Машғулиятҳои амалӣ

Аз суҳбат бо устодон маълум шуд, ки солҳои охир сифати машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷ. Балхӣ беҳтар гардидааст. Соатҳои машғулиятҳои амалӣ нисбати назариявӣ бештар гардида, ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот мусоидат менамояд. Муассиса айни замон бо якчанд корхонаҳои ноҳия ва вилоят барои гузаронидани дарсҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ шартнома бастааст. Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои барқӣ — обии Норак, Бойғозӣ, Сангтуда 1 ва 2, Марказӣ, Шаршара, Роғун, Шабакаҳои барқии ҷанубӣ, корхонаҳои саноатӣ — хусусӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро номбар кардан мумкин аст, ки бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст.

Коллеҷ инчунин бо муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ҳамкорӣ дорад.

Дар Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба талаботи замон тадбиқи фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ низ сол ба сол рушд ёфта истодааст. Озмоишгоҳҳое, ки дар коллеҷ насб гардидаанд, ҳамчун паркҳои технологӣ буда, устодон корҳои илмӣ ва назариявии худро дар озмошгоҳҳо татбиқ менамоянд.

 

Низоми кредитӣ

Яке аз талаботи замони ҳозира гузаштан ба шакли низоми кредитӣ мебошад. Низоми нави таълим аз устодон ва шогирдон тақозо менамояд, ки ҳаҷми маводи ба нақша гирифташуда байни устод ва донишҷӯ баробар, панҷоҳ дар сад сурат бигирад. Чунин навъи таҳсилро устодон ва шогирдони Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷ. Балхӣ хуш пазируфтаанд ва ин аст, ки онҳо дар самти корҳои назариявию амалӣ комёбиҳои бештареро ба даст оварда истодаанд. Коллеҷ пурра ба низоми кредитӣ гузаштааст.

 

Хулоса

Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷ. Балхӣ дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне ноилшавӣ ба истиқлолияти энергетикӣ дар тарбияи мутахассиони соҳаи энергетика саҳми арзандаи худро гузошта истода, устодон ҳама кӯшиши худро ба он равона карда истодаанд, ки шогирдони тарбиякардаи онҳо дар оянда ба халқу ватани худ хизмати шоиста намоянд. Ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, дар асоси қарори комиссияи аттестатсионӣ дараҷаи тахассус ва бо фармоиши директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом) дода шуда, бо роҳхат ба итеҳсолот барои кор равон карда мешаванд. Хатмкунандагони муассисаи мазкур бо дараҷаи тахассусии «Техник-электрик», «Техник-иқтисодчӣ» ва «Техник- механик» дар корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои кишвар бо кор таъмин мегарданд.

Маъмурияти коллеҷ ба толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар таманно мекунанд, ки барои дар оянда саҳмгузор будан, барои рушду нумуъи кишвараи азизамон муассисаи таълимии Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро интихоб намоянд.

 

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here