Соҳаи ёрии таъҷилии тиббӣ яке аз сохторҳои муҳими тандурустӣ буда, нишонаи дараҷаи рушди соҳаи мазкур ва сохтори иҷтимоӣ мебошад. Марказҳои ёрии таъҷилии тиббии дар шаҳри Душанбе воқеъбуда корро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани сохтори ташкилии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)” аз 31.12.2002, №525, фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рушди соҳаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар марҳилаи тобистарикунонӣ» аз 28.01.10 сол, №33 ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.02.14, таҳти №53 “Дар бораи тасдиқ ва ворид намудани дастурҳои клиникӣ ҳангоми расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ (марҳилаи тобистаринамоӣ)” ба роҳ мондаанд.
Хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббӣ (ЁТТ) ба аҳолии шаҳри Душанбе айни замон аз тарафи Стансияи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе (14 бригада) дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ (аҳолӣ — 146646), Шоҳмансур (160647), Сино (321145) ва Фирдавсӣ (206102) аз тарафи маркази ёрии таъҷилии назди Муассисаи тандурустии Истиқлол (14 бригада) расонида мешавад. Бояд қайд кард, ки ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз дар шаҳри Душанбе 28 адад бригадаҳои ЁТТ фаъолият менамоянд, ки ин 33,5%-и талаботи ҳозираро қонеъ карда метавонад (тибқи меъёр ба 10 000 аҳолӣ 1 бригада бо нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ муайян гардида, ба аҳолии шаҳр 84 нақлиёти санитарӣ рост меояд).
Fайр аз ин, ба аҳолии шаҳр ду зерстансияи Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ кӯмаки амбулатории шабонарӯзӣ мерасонанд. Зерстансияи №1 дар ноҳияи Фирдавсӣ (кӯчаи Шестопалов 24) ва зерстансияи №3 дар ноҳияи Сино (кӯчаи С. Аюбӣ 91) ҷойгир мебошанд. Дар ин зерстансияҳо 1 табиб, фелдшер ва корманди хурди тиб ба аҳолии гирду атроф хизматрасонӣ мекунанд, вале бе нақлиёти тиббии санитарӣ.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ё ҳолатҳои фавқулодда бригадаҳои ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ба даъватҳои берун аз шаҳр низ хизмати тиббӣ мерасонанд ва дар чорабиниҳои сиёсӣ, варзишӣ ва дигар чорабиниҳо фаъолона иштирок менамоянд.
Фаъолияти Стансияи ЁТТ-и МДМШКЁТТ ва Маркази ЁТТ-и МДМТИ хеле назаррас аст. Дар муассисаҳои мазкур 140 нафар табибон, 148 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 101 нафар кормандони ёрирасон, 125 нафар ронандагон ва 35 адад нақлиёт ёрии таъҷилии тиббӣ фаъолият менамоянд.
Дараҷанокии кормандони стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ
№ | Кормандон | Шумора | |||
1. | Табибон | 63 | Олӣ | 1-ум | 2-юм |
1.1 | Дараҷанокӣ доранд | 43 (93,5%) | 23 | 15 | 5 |
1.2 | Мутахассисони ҷавон | 17 | |||
1.3 | Надоранд | 3 | |||
2. | Кормандони миёнаи тиб | 80 | |||
2.1 | Дараҷанокӣ доранд | 73(93,2) | 36 | 18 | 14 |
2.2 | Мутахассисони ҷавон | 7 | |||
2.3 | Надоранд | 5 |
Дараҷанокии кормандони стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ МД «Истиқлол»
№ | Кормандон | Шумора | |||
1. | Табибон | 41 | Олӣ | 1-ум | 2-юм |
1.1 | Дараҷанокӣ доранд | 23 (92%) | 8 | 8 | 7 |
1.2 | Мутахассисони ҷавон | 16 | |||
1.3 | Надоранд | 2 | |||
2. | Кормандони миёнаи тиб | 57 | |||
2.1 | Дараҷанокӣ доранд | 49 (89,8) | 16 | 16 | 12 |
2.2 | Мутахассисони ҷавон | 8 | |||
2.3 | Надоранд | 5 |
Дараҷанокии кормандони марказҳои ёрии таъҷилии тиббӣ
№ | Кормандон | Шумора | Дараҷанокӣ | |||
1. | Табибон | 104 | Олӣ | 1-ум | 2-юм | надоранд |
1.1 | Дараҷанокӣ доранд | 66 (92,9%) | 31 | 23 | 12 | 5
|
1.2 | Мутахассисони ҷавон | 33 | ||||
2. | Кормандони миёнаи тиб | 137 | ||||
2.1 | Дараҷанокӣ доранд | 122(93,2) | 52 | 34 | 26 | 10 |
2.2 | Мутахассисони ҷавон | 15 |
Имрӯзҳо низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам беҳтар кардан ва баланд бардоштани ҳифзи сиҳатӣ ва иҷтимоии модарону кӯдакон тамоми шароитҳои лозимиро муҳайё намуда истодааст. Дар давоми солҳои охир маҳз бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор муассисаҳои тандурустии кишвар аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизот, дастгоҳҳо ва асбобу лавозимоти тиббӣ ва нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд. Аз ҷумла, дар нимсолаи соли 2018 бо дастгириҳои пайвастаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва таваҷуҳи зиёди Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, алалхусус Раиси шаҳри Душанбе ба Муассисаи махсусгардонидашудаи нақлиёти санитарии назди Раёсати тандурустӣ 8 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии тағмаи “Мерседес Бенс” (истеҳсоли давлати Олмон) дастрас гардид.
Аксарияти нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе тибқи Номгӯи таҷҳизоти тиббии нақлиёти санитарии ёрии таъҷилии тиббӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд (асбобу лавозимоти зарурии тиббӣ: дастгоҳҳои дефибрилятор, СБД, оксигендиҳӣ бо балони оксиген, осеббардорӣ, халтаи Амбу, нишонаи ягонаи ифодакунанда, бонги хатар, алоқаи мобилӣ). Fайримақсаднок истифода бурдани нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Душанбе мушоҳида карда намешавад. Кормандони бригадаҳои ёрии таъҷилӣ бо либосҳои ягона таъминанд. Дар марказҳои ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе ҳуҷҷатгузорӣ тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҳти №840 ба роҳ монда шуда аст; картаи даъватӣ — №100, варақаи ҳамроҳкунанда — №101, дафтари қайди даъватҳо — №099.
Сандуқи дорувориҳои бригадаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ бо маводи дорувориҳои ёрии аввалияи тиббӣ тибқи фармоиши №523 пурра таъмин карда шудааст. Расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ дар марҳилаи тобистарикунонӣ дар асоси протоколҳои клиникии тасдиқшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд кард, ки протоколҳои клиникии тасдиқшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз нав дида баромада шуда, бо тағйироту иловаҳо дар рӯзҳои наздик пешниҳод карда мешаванд.
Ҳаҷми фаъолияти марказҳои ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе дар 11 моҳи солҳои 2017-2018
№ |
Нишондодҳо |
11 моҳи соли 2017 | 11 моҳи соли 2018 | ||
Шумора
|
% | Шумора | % | ||
1 | Даъватҳои қабулшуда | 71900 | 82103 | ||
2 | Маслиҳат | 2902 | 4,1 | 3472 | 4,2 |
3 | Хизмат расонида шуд | 68689 | 95,5 | 78729 | 95,9 |
4 | Хизмат расонида нашуд (қалбақӣ — 51, беморро то расидани бригада бурдаанд — 576, аз ёрӣ даст кашид — 825) | 3211 | 4,5 | 3373 | 4,1 |
5 | Гуруҳи «А»
(ҳолатҳои фавқулодда) |
2457 | 3,6 | 2896 | 3,7 |
6 | Гуруҳи «Б» (бемориҳои ногаҳонӣ)
|
64212 | 93,5 | 73205 | 92,9 |
7 | Гуруҳи «В»
(таваллуд, бемориҳои ҳомиладорӣ) |
2020 | 2,9 | 2629 | 3,4 |
8 | Бистарӣ карда шудааст | 9406 | 13,7 | 11775 | 14,9 |
9 | Ҳисоби миёнаи вақт аз қабули даъват то расидан | 11.2 | 11,1 |
Аз шумораи умумии даъватҳои қабулшуда (82103) ба 95,9%-и даъватҳо (78730) хизмат расонида шудааст. Аз онҳо даъватҳои таъхирнопазир (фаврӣ — скорая) 3,5% (2896 даъват) ва таъхирпазир (таъҷилӣ — неотложная) 91,2% (74842 даъват) ва хизматрасонӣ ба беморони занонаро 3,2% (2629 даъват) ташкил медиҳад.
Тибқи меъёрҳои муайянгашта (замимаи 39-и фармоиши ВТҶТ №33 аз 28.01.2013) даъватҳои таъхирнопазир бояд дар давоми то 15 дақиқа ва таъхирпазир то 1 соат хизмати тиббӣ расонида шаванд.
Дар 11 моҳи соли 2018 аз тарафи марказҳои ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе ба 116 (0,2% аз шумораи умумии даъватҳои хизматрасонидашуда) нафар беморони бе ҷои истиқомати муайян (БҶИМ) хизмати тиббӣ расонида шудааст.
Вақти хизматрасонӣ аз қабули даъват то бистарикунонӣ ба беморони БҶИМ аз 1 соат то 3 соатро ташкил медиҳад, ки асосан бригадаҳои махсусгардонидашудаи эҳёгарӣ ва қалбро банд месозад.
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ” баҳри амалӣ гаштани ҳуҷҷатҳои директивии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ҳамчунин баҳри беҳбудбахшии хизматрасониҳои тиббиву санитарӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистаринамоӣ, ташхис ва муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир, хизматрасонии шабонарӯзӣ ва дигар тадбирҳо равона карда шудааст. Асоси самти сиёсати кадрӣ дар муассиса — ин дараҷанокии мутахассисон мебошад, ки аз 493 табиб ва кормандони миёнаи тиб дар соли равон 324 нафар дараҷанокӣ доранд. Дараҷанокии духтурон ба 92,2 % ва кормандони миёнаи тиб ба 91,2 % расидааст. Аз ҷумла, духтурон — дараҷаи олӣ 73 (54,8 %) нафар, дараҷаи 1-ум 30 (17,3 %) нафар ва дараҷаи 2-юм 28 (16,18 %) нафар аст. Аз кормандони миёнаи тиббӣ дараҷаи олӣ 100 (57,8 %) нафар, дараҷаи 1-ум 43 (22,8 %) нафар, дараҷаи 2-юм 45 (23,9 %) нафар мебошанд. Инчунин, дар муассиса мутахассисони ҷавон 180 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 108 нафар табибон ва 72 нафар кормандони миёнаи тиб мебошанд.
Стансияи ёрии таъҷилии тиббии (ЁТТ) шаҳри Душанбе дар бинои асосии МД «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ” воқеъ буда, ба зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор аҳолии шаҳри Душанбе ва НТҶ хизмати аввалиндараҷаи таъҷилии тиббӣ мерасонад.
Тибқи меъёрҳои муайнгашта (замимаи 39-и фармоиши ВТ ҶТ №33 аз 28.01.2013) даъватҳои таъхирнопазир бояд, ки дар давоми 15 дақиқа ва таъхирпазир то 1 соат хизмати тиббӣ расонида шаванд.
Аз шумораи умумии даъватҳои қабулшуда (32471) ба 96,9%-и даъватҳо (31480) даъват хизмат расонида шудааст. Аз онҳо даъватҳои таъхирнопазир (фаврӣ-скорая) -3,5% (1106 даъват), таъхирпазир (таъҷилӣ — неотложная) 93,6 % (29461 даъват) ва хизматрасонӣ ба беморони занонаро 2,9% (913)-ро ташкил медиҳанд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 шумораи умумии даъватҳои қабулшуда ба 32471 даъват расидааст, ки аз инҳо ба зерстансияи марказӣ 28596, зерсатансияи №1 — 1454, зерстансияи №3 — 2421 даъват рост меояд.
Ҳамчунин, қисми статсионарии муассиса дорои 186 кат буда, аз он ҷумла, 12 кати ғайриштативӣ, аз ҷумла, шуъбаи 1 — ҷарроҳӣ — (80) — 52, шуъбаи 2 — ҷарроҳӣ (80) — 52, шуъбаи ҷарроҳии ҷигар 20, шуъбаи урологӣ 40, шуъбаи эндоҷарроҳӣ 10 ва катҳои ғайривоҳидӣ 12 шуъбаи эҳёгарӣ аст. Дар муассиса 10 шуъба ва 3 ҷарроҳхона амал мекунад. Аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда: ҷарроҳии тоза (нақшавӣ) ва фасоддор (фаврӣ) гузаронида мешавад. Ғайр аз ин, ҳуҷраҳои захмбандии тоза ва фасоддор фаъолият доранд.
Дар статсионари Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» бошад, баъди таҳлили нишондодҳои асосӣ дар нуҳ моҳи соли 2019-ум 11844 бемор муроҷиат карда, аз инҳо 3627 (31%) нафарашон бистарӣ гардида, 1049 (9%) нафарашон аз бистарӣ шудан даст кашидаанд, боқимонда 1522 (13%) нафар баъди расонидани мадади аввалияи тиббӣ ба дигар муассисаҳои тиббӣ равон карда шудаанд. 5616 (48%) нафар табобати амбулаторӣ гирифтаанд.
Дар давоми давраи ҳисоботии 9 моҳи соли равон осебдидагон 938 (8%) нафар муроҷиат карда, 1 (0,1%) нафарашон бистарӣ гардида, бо захми корд 14 (0,1%) нафар муроҷиат карда, 8 (5,7%) нафарашон бистарӣ гардидаанд. Баъди садамаи нақлиётӣ бошад, 140 (1,1%) нафар муроҷиат карда, 3 (3%) нафар бистарӣ карда шудааст. Заҳролудшудагон дар нуҳмоҳаи соли 2019-ум 97 (0,87%) нафар, бесоҳибон 3 (0,02%) нафар, ҷароҳати газидани ҳайвонот 24 (0,20%) нафарро ташкил додааст.
Бо роҳхат дар нуҳмоҳаи авали соли 2019 ба шуъбаи қабул 295 (2,49) бемор оварда шуда, аз инҳо 238 (80,6) нафар бистарӣ карда шудаанд. Бо нақлиёти санитарӣ дар нуҳмоҳаи соли 2019-ум 679 (5,73%) нафар бемор оварда шудаанд.
Аз рӯи нишондодҳои оморӣ бармеояд, ки дар 9 моҳи соли 2018 аз ташхиси ултрасадоӣ 6377 нафар бемор гузаштаанд ва дар 9 моҳи соли 2019 ин нишондад ба 9120 нафар рост меояд, ки аз ин шумора 6457 нафар (70,8 %) амбулаторӣ ва 2663 (29,2 %) нафар беморони статсионариро ташкил медиҳанд.
Аз 41810 тадқиқоти гирифташуда 29997 тадқиқоти статсионарӣ ва 11813 тадқиқоти амбулаторӣ мебошанд, ки аз он ташхиси клиникавӣ 73411 адад, ташхиси биокимиёвӣ 61411 адад, ташхизи паразитиологӣ 839 адад аст.
Дар Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» аз тарафи МД МИҶҲ ба таври ройгон ба миқдори 41 литру 680 мл хун захира карда шудааст, ки аз ин миқдор 8 литру 670 мл ба беморон дода шуда, 33 литру 10 мл муҳлати истифодаашон гузашта, аз эътибор соқит карда шудааст. 1178 нафар ба хазина маблағ супорида, 162 нафар ба таври ройгон, 10 нафар ба таври шартномавӣ ва ба 650 нафар ба қисми ҳарбӣ даъватшудагон ҳамагӣ 2000 нафар муоина карда шудааст. Дар нуҳмоҳаи соли 2019 дар муассиса ба 517 нафар аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла беморони камбизоат, маъюбон, иштирокчиёни ҷангу меҳнат, интернатсионалистон ва садамаи Чернобил ба маблағи 243548,05 сомонӣ ройгон хизмати тиббӣ расонида шудааст.
Ба гуфтаи номзади илмҳои тиб, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ, директори Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ Абдураҳимзода Бобохон Исмат, «дар маркази ёрии таъҷилии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 28 адад нақлиёти махсуси тиббӣ ва дар маҷмааи тандурустии “Истиқлол” 17 адад чунин нақлиёт дошта бошем ҳам, тибқи дастур мо танҳо ва танҳо бояд ба сокинони шаҳри Душанбе ёрии аввалини тиббиро расонида, агар лозим бошад, ба муассисаҳои сохтори госпиталии шаҳри Душанбе ё маркази миллии тиббии «Шифобахш» интиқлол диҳем. Вале тибқи супориши раиси ҷавону ояндадори шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, мо хизматрасонии тиббиро кайҳо то шаҳру ноҳияҳои Файзободу Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисору Варзобу Шаҳринаву Турсунзода расонида меоем. Яъне, фарзонафарзанди миллат чун Пешвои муаззами миллат дар пешбурди фаъолияти кориаш саломатии сокинони кишварро дар мадди аввал гузошта, хизматрасонии тиббӣ ва табобати беморонро дар беморхонаҳои шаҳрӣ пурра ба роҳ мондаанд. Яъне мо ба кулли сокинони кишвар хизмати тиббӣ мерасонем, ки ин гувоҳ аз ғамхориҳои беназири раиси ҷавони шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад».
— Дар мавриди рушду нумуи шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2025 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 ба тасвиб расидааст, ки тибқи он дар чор гӯшаи шаҳри Душанбе марказҳои нави ёрии таъҷилӣ вобаста ба замони муосир бо тамоми инфраструктураи лозима сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар ҳудуди муассисаи мо аллакай корҳои омодагӣ барои сохтани бинои бисёрошёнаи замонавӣ бо тамоми лавозимот ба нақша гирифта шудааст ва аллакай лоиҳаи ангоравии он омода мебошад, ки ин гувоҳ аз ғамхориҳои беғаразона ва диққати махсус додани раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи тандурустӣ аст. Мо — табибони муасиссаҳои тандурустиро лозим меояд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои раиси шаҳр ва дастгириҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолият даҳчанд намуда, дар табобат ва ҳифзи саломатии аҳолии кишвар саҳми арзанда дошта бошем,- гуфт ӯ.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ