Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими рӯзгори ҷомеаи тоҷик, соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи давлату Ҳукумати мамлакат рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст.

Тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ низ муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз таъмиру тармими капиталӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд табобатхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар ноҳияи Cпитамен гузориши навбатии хабарнигори МТЖТ манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад. Гузориши мазкур дар асоси маълумотнома перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳияи Спитамен, инчунин суҳбат бо сардори Кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳияи Спитамен Расулзода Ихтиёр Ҷаҳон омода гардидааст.

Сохтори кадрӣ

Тавре Ихтиёр Расулзода зимни суҳбат иброз дошт, “Сохтори КАТС — и ноҳияи Спитамен дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 25.02.2017 сол, таҳти № 90 дар бораи “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2019” ва Қарори мувофиқ  гардонидаи раиси вилояти Суғд аз санаи 17.03.2017 сол, таҳти № 128 фаъолияти худро пеш мебарад.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи И. Расулзода, дар муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳияи Спитамен дар маҷмуъ 369 нафар корманд кору фаъолият мебаранд, ки аз онҳо табибон 97 нафар, ҳамширагон 205 нафар ва кормандони дигар 67 нафарро ташкил медиҳанд.

Аз ин миён табибони дорои тахассуси дараҷанокӣ дошта 63 нафарро дар бар мегирандд. Ҳамзамон,15 нафар табиб барои гирифтани дараҷанокӣ собиқаи кории 5- сола надоранд, 19 нафар табиб бошад, барои гирифтани дараҷанокӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намудаанд.

Дар ҳамин ҳол табибони оилавӣ 54 нафарро ташкил медиҳанд, ки дараҷанокияшон 43 нафар, аз онҳо олӣ – 32 нафар, якум – 8 нафар ва дуюм – 3 нафарро ташкил медиҳанд. 2 нафар табиби оилавӣ барои гирифтани дараҷанокӣ собиқаи кории 5- сола надоранд, 9 нафари дигар барои гирифтани дараҷанокӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намудаанд. Инчунин, табибони соҳавӣ 43 нафарро ташкил медиҳанд. Дараҷанокии табибони соҳавӣ 20 нафар аз онҳо: олӣ – 12 нафар, якум – 5 нафар ва дуюм – 3 нафар мебошанд. 13 нафар табибони соҳавӣ барои гирифтани дараҷанокӣ собиқаи кории 5 сола надоранд. 10 нафар табибони соҳавӣ барои гирифтани дараҷанокӣ ҳуҷҷатҳо пешниҳод намудаанд.

Лоиҳаи беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ

Ба қавли Ихтиёр Расулзода, муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббии санитарии ноҳияи Спитамен аз моҳи апрели соли 2014 фаъолияташро дар доираи Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба роҳ мондааст.

Тибқи шартҳои лоиҳа маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолияти кормандони тиб гузаронида мешавад. Индикаторҳои лоиҳа дар асоси нишондодҳои диққатҷалбкунандаи хизматрасонии тиббӣ сохта шудааст.

Ба муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббии санитарии ноҳия, барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар давоми семоҳаи сеюми соли 2019 ҳамагӣ барои маводҳои конселярӣ ва хоҷагидорӣ 1 525 сомонӣ, барои таъмири биноҳо 14 991 сомонӣ, таҷҳизоти тиббӣ 14 830 сомонӣ ва ғайраҳо 47 367 сомонӣ, ҳамагӣ 78 713 сомонӣ сарфа карда шудааст.

Хатнаи кӯдакон

Маъмурияти сохтори Кӯмаки аввалияи тиббии санитарии ноҳияи Спитамен дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2017 оид ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон» дар 10 муассисаҳои зертобеъ ҳуҷраҳои хатна ташкил намуда, ба аҳолии ноҳия хизматрасонии тиббии ройгон гузаронида истодааст.

Ҳамин тариқ, тайи 9 моҳи соли равон ҳамагӣ дар ҳудуди ноҳия ба 1022 нафар кӯдакон амалиёти хатна гузаронида шуда, аз он ҷумла дар муассисаҳои КАТС – и ноҳия ҳамагӣ ба 758 нафар кӯдакон аз тарафи ҷарроҳон амалиёти хатна гузаронида шудааст.

Барномаи миллии иммунопрофилактика

Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС — и ноҳияи Спитамен дар мавриди беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардум бар ин назар аст, ки омӯзиш ва таъмини иҷроиши Стратегия «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ”, беҳтар намудани сатҳу сифати кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии фаврӣ, ҳамчунин, беҳтар намудани хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба модарону кӯдакон ва ба ин васила, фавти онҳоро пешгирӣ намудан, паст намудани таваллудҳои хонагӣ, вусъат бахшидан ба эмгузаронии кӯдакони навзод оиди пешгирии бемории сил ва иҷроиши барномаҳои миллии соҳаи тандурустиву соҳаи ташхису табобат аз рӯи протоколҳои клиникӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар маҷмуъ қодир аст, ба баланд бардоштани маърифати тиббӣ дар байни аҳолӣ боис гардад ва ба ин васила нуфузу эътибори ворисони воқеии Синову Берунӣ ва Розиву садҳо нобиғагони соҳаи тандурустии кишварро боз ҳам болотар бардорад.

Дар ин замина нақши Маркази иммунопрофилактикаи ноҳия бо саривақт таъмин намудани марказҳои тиббӣ бо маводҳои иммунизатсия, нигаҳдории ваксинаҳо ва тақсимоти ваксинаҳо муҳим аст. Марказ дар асоси нақшаи корӣ барои соли 2019 тартиб додашуда ва аз тарафи роҳбари КАТС тасдиқ кардашуда фаъолият бурда истодааст. Барои иҷрои нақшаҳо оид ба иммунизатсиякунӣ дар ноҳия ҳамагӣ 22 нуқтаҳои иммунизатсиякунонӣ мавҷуд аст, аз ҷумла, 3 нуқта дар шӯъбаи таваллудхонаҳо, 2 нуқта дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ, 9 нуқта дар марказҳои саломатии деҳот ва 8 нуқта дар бунгоҳҳои тиббӣ.

Омодагиҳо ба ҷашни пуршукуҳ

Зимни суҳбат роҳбари шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Спитамен Расулзода Ихтиёр Ҷаҳон ҳамчунин иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар ноҳияи Спитамен корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. “Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат — боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд”, — зикр намуд мавсуф ҳангоми суҳбат ба хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон.

Дар ин давра сохта мавриди истифода қарор додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ ва ёрирасон, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахасисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва дигар тадбирҳо шоистаи шукргузорӣ мебошад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Спитамен суханони роҳбари давлат: “Табибон вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст”-ро сармашқи кори интихоб намуда, онро сарбаландона иҷро менамоянд.

Зимнан саҳми кормандони КАТС – и ноҳияи Спитамен дар ҳамаи чорабиниҳои умуминоҳиявӣ ва фарҳангиву соҳавӣ чашмрас буда, дар онҳо фаъолона иштирок менамоянд ва мунтазам дар корҳои ободонӣ ва шукуфоии як гӯшаи муқаддаси хоки диёр нақши бунёдкоронаи худро мегузоранд. Чунончи, сохтори Кӯмаки аввалияи тиббии санитарии ноҳияи Спитамендар асоси нақшаи чорабиниҳои тартибдодаи роҳбари муассиса ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасеро ба сомон расонидаву ин амалҳои созандаро минбаъд низ идома хоҳад бахшид.

Минҷумла, бо дастгирии Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо маблағи 21039 сомонӣ қисми берунаи Маркази саломатии ноҳиявии № 2 аз таъмир бароварда шуд. Марказ бо камераҳои мушоҳидавӣ таъмин карда шуд.

Инчунин дар асоси маблағҳои буҷавӣ Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил бо маблағи 38 361 сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, бо маблағи 11 580 сомонӣ маводҳои хоҷагидорӣ, яъне мизу курсиҳо, ҷевонҳо ва ғайра харидорӣ гардид.

Ихтиёр Расулзода бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳияи Спитамен ҳамчунин иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, КАТС – и ноҳияи Спитамен низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ва раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим бо мақсади тараққиёти ин соҳа ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи саломатии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош менамоем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз саломатии миллат сарчашма мегирад. Ва саломатии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here