Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сазовор ҷашн гирифтани санаи таърихии 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа, инчунин сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султонмурод Бекмуродзода пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Перомуни вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузориши навбатии роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад. Гузориши мазкур дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи сардори Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Иброҳим Бобоназаров омода гардидааст.

 Тавре зимни суҳбат И. Бобоназаров иброз намуд, Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ фаъолияти худро мутобиқи қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору амру супоришҳои сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳ монда, корҳои пешгирию қочоқи маҳсулоти дорувориву хӯрокворӣ ва як қатор корҳои ободонию созандагиро роҳандозӣ намудаанд. Чунончӣ, фармоишҳо, дастурамалҳои соҳаи тандурустӣ аз нав дида баромада, ба ҳолатҳои воқеъбуда мувофиқ гардонида шуданд. Ҳамчунин, оиди баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳавӣ аз рӯи нақша машғулиятҳо гузаронида шуда истодааст. Дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҳифзи саломатии  аҳолӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020», «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Дар бораи Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», оиди иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2008, таҳти №600 «Дар барои тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ», фармоиши якҷояи Вазорати молияи ҶТ аз 5 ноябри соли 2014, №№ 938 ва 135 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо, Низомнома доир ба тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустӣ» аз рӯи нақша чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Тавре сардори Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Иброҳим Бобоназаров афзуд:

— Баҳри ҳифзи саломатии мардум аз тарафи роҳбарияти саёсии кишвар, махсусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он қадар хизматҳои бузург амалӣ карда шудааст, ки бо аҳамияти барои ҷомеа доштаашон даҳҳо китоби муҷалло мешаванд. Танҳо давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисони Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ даҳҳо тонна маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ ва дорувориҳо дарёфт ва дар асоси меъёрҳои муайян намудаи қонун несту набуд шудааст, ки бешак ба ин васила саломатии мардум, ки ганҷи ноёб аст, ҳифз гардидааст. Гузашта аз ин, кулли кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари ҳар қадам дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимзода Насим Хоҷаро эҳсос менамоянд, бинобар ин мо низ талош ва самти фаъолияти худро ба он равона менамоем, то зуҳуроти номатлуб ва қочоқи маҳсулоти ба меъёр ҷавобгӯ набударо дар вақташ мусодира намуда, зиндагии шоистаро ба мардум муҳайё намоем.

Дар идома Иброҳим Бобоназаров бо пешниҳоди рақамҳои мушаххас аз бурду бохти соҳа, таъкид намуд, ки Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нуҳмоҳаи соли 2019 дар асоси қарору супоришномаҳо ва фармоишоту раҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Насим Олимзода ва сардори Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Султонмурод Бекмуродзода як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Чунончӣ, омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми 9 моҳи соли 2019 нишон медиҳад, ки хушбахтона бемориҳои вараҷа, сироятҳои ниҳоят хавфнок, ба монанди вабо ва тоун  ба қайд гирифта нашудаанд. Вале тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, бемориҳои домана 6 ҳодиса (соли 2018 10 ҳодиса), исҳоли хунин 59 ҳодиса (соли 2018 291 ҳодиса), зардпарвини вирусии намуди “В” 64 ҳодиса (соли 2018 160 ҳодиса), зардпарвини вирусии “С” 25 ҳодиса ( соли 2018 40 ҳодиса), кабудсулфа 55 ҳодиса (соли 2018 142 ҳодиса), сӯхтанӣ 22 ҳодиса (соли 2018 31 ҳодиса), осеббинӣ аз газидани ҳайвонҳо 83 ҳодиса (соли 2018 10252 ҳодиса), бемориҳои шадиди роҳҳои нафас 20 ҳодиса (соли 2018 127986 ҳодиса), зуком 239 ҳодиса (соли 2018 ҳодиса), сил 39 ҳодиса (соли 2018 3093 ҳодиса), табби хунин 3 ҳодиса (соли 2018 ҳодиса) ба қайд гирифта шудаанд.

Дар баробари ин, ҷамъи бемориҳои шадиди рӯда 62 ҳодиса (соли 2018 30862 ҳодиса), илтиҳоби шуш 91 ҳодиса (соли 2018 3133 ҳодиса), сурхча 7 ҳодиса (соли 2018 ягон ҳодиса), буғумдард 3 ҳодиса (соли 2018 590 ҳодиса), зардпарвини вирусии намуди “А” 603 ҳодиса (соли 2018 2468 ҳодиса), БШФК 10 ҳодиса (соли 2018 34 ҳодиса), зиёдтар ба қайд гирифта шудаанд. Бемории ҳорӣ дар як сатҳ (соли 2018 ва соли 2019 4 ҳодисагӣ) қарор дорад.

Тавре зимни суҳбат Иброҳим Бобоназаров иброз дошт, баҳри амалӣ гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” дар давраи се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи озмоишгоҳи МД “Озмоишгоҳи санитарию эпидемиологӣ”-и Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамот ва озмоишгоҳҳои Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давраи 9 моҳи соли 2019 ҷиҳати таҳлили нишондодҳои физикию кимиёвӣ аз шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  9898 намунаҳои оби нӯшокӣ озмоиш карда шудаанд, ки 1724 намунаҳои об ба талаботҳои ҚМС- қоидаю меъёрҳои санитарии 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ нестанд.

Чунин озмоишҳо оид ба нишондодҳои бактериологӣ ва микробиологӣ аз шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ гузаронида шудааст, ки 8999 намунаҳои оби нӯшокӣ озмоиш карда шудаанд, ки 1314 намунаҳои об ба талаботҳои қоидаю меъёрҳои санитарии 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ нестанд. Натиҷаи ташхисҳои оби ошомиданӣ аз ҳолати гайриқаноатбахши системаҳои мутамаркази таъминоти оби нӯшокӣ шабоҳат медиҳад. Яке аз омилҳои пастшавии сифати об, куҳнаю фарсуда будани шабакаҳои об ва миқдори зиёди садама дар хатҳои интиқоли об ва корношоямии таҷҳизоти обтозакунӣ, номунтазам безраргардонии об бо маводи хлор, инчунин риоя накардани раванди безараргардонии оби нӯшокӣ мебошад. Новобаста аз ин, тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ бемориҳои тавассути об паҳншаванда ба қайд гирифта нашудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар иншоотҳои зериназоратӣ оиди риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ 23597 санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, 14245 адад санҷишҳои нақшавӣ, ки аз ин 8526 санҷиш дар иншоотҳои хусусӣ мебошад, 8264 адад ғайринақшавӣ, ки аз ин 6031 санҷиш дар иншоотҳои хусусӣ мебошад ва 1088 адад санҷишҳои такрорӣ, ки аз ин 564 санҷиш дар иншоотҳои хусусӣ мебошанд, (соли 2018 бошад, 24557 санҷиш) гузаронида шудааст, ки барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ба 10892 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ин 7315 протокол дар иншоотҳои хусусӣ (соли 2018 ба 9140 нафар)  тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 1529505 сомонӣ, ки аз ин 986165 сомонӣ дар иншоотҳои хусусӣ (соли 2018 ба маблағи 1337350 сомонӣ) ҷарима баста шудааст. Инчунин, фаъолияти 2086 иншоотҳо, ки аз ин 407 ададаш дар иншоотҳои хусусӣ (соли 2018, 1823 иншоот) бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошт шуда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 407 мавод ирсол гардидааст, ки аз ҷумла124 парванда барои оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ пешниҳод гардидааст.

Дар баробари ин, баҳри иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №539 аз 31 октябри соли 2012 “Дар бораи тасдиқи тартиб ва мунтазами гузаронидани муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ” дар миқёси ҷумҳурӣ 325739 нафар (соли 2018, 170975 нафар) аз муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ гузаронида, ба буҷа 14910188 сомонӣ (соли 2018, 7805722 сомонӣ) ворид гардидааст, ки ин шумора 95,1% нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз маблағи муоинаҳои дар шаҳри Душанбе гузашта номаълум мебошад.

Дар ҳамин ҳол, аз тарафи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №751 аз 2 августи соли 2011 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №139 аз 31 марти соли 2004 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ» дар 9 моҳи соли ҷорӣ 17611 адад хулосаи санитарию эпидемиологӣ дода шудааст, аз ҷумла 14929 адад барои фаъолият, 2668 адад маҳсулотҳои воридотӣ, 14 адад маҳсулотҳои содиротӣ ва 697 адад барои сохтмон буда маблағи умумии онҳо 2776173 сомонӣ (соли 2018 11681 адад ба маблағи 1757505 сомонӣ) ба буҷети давлат ворид карда шуд.

Дар рафти санҷишҳо аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012, № 890 “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” дар сатҳи ҷумҳурӣ маҳсулотҳои хӯроквории ба талабот ҷавобгӯй набуда, муҳлати истифодабариашон гузашта ва маҳсулотҳои шубҳанок ба миқдори 664955 кг аз муомилот гирифта шудаанд, ки маблағи умумии он 7866777 сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин тухми мурғ 67587 дона ба маблағи 40552 сомонӣ аз муомилот гирифта шудааст.

Ин нишондод дар муқоиса ба соли 2018 чунин мебошад: маҳсулотҳои хӯроквории ба талабот ҷавобгӯй набуда, муҳлати истифодабариашон гузашта ва маҳсулотҳои шубҳанок ба миқдори ­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­382327 кг ба маблағи 2741415 сомонӣ аз муомилот боздошта шудааст.

Дар 9 моҳи соли равон маҳсулотҳои хӯроквории пастсифат муҳлати истифодабариашон гузашта ва аз ҷиҳати нишондодҳои органолептикӣ шубҳанок буда, 664955 кг (соли 2018 — 382327) ба маблағи 7866777  сомонӣ (соли 2018 — 2741415) аз муомилот боздошт шудаанд. Аз он ҷумла, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 500630 кг. ба маблағи 6682135 сомонӣ (соли 2018 – 462893 кг ба маблағи 4982014 сомонӣ); шир ва маҳсулоти ширӣ 3208кг. ба маблағи 29570 сомонӣ (соли 2018 62711 кг ба маблағи 229772 сомонӣ); маҳсулотҳои қаннодӣ 24347 кг. ба маблағи 372893 сомонӣ (соли 2018 57727 кг. ба маблағи 48529 сомонӣ); намак 6868 кг ба маблағи 3494 сомонӣ (соли 2018 21853кг ба маблағи 30838 сомонӣ); маҳсулотҳои полезӣ 69269 кг ба маблағи 283812 сомонӣ (соли 2018 29761 кг ба маблағи 42162 сомонӣ); хӯришҳои консервагӣ 11457 кг ба маблағи 148909 сомонӣ (соли 2018 616 кг ба маблағи 6270 сомонӣ); нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ 13730 литр ба маблағи 67894 сомонӣ (соли 16648 литр ба маблағи 40664 сомонӣ); орд ва маҳсулоти ордӣ 1343 кг ба маблағи 7840 сомонӣ (соли 2018 19748 кг ба маблағи 28323 сомонӣ); равған 26146 литр ба маблағи 242773 сомонӣ (соли 2018 22971 литр ба маблағи 30719 сомонӣ); тухми мурғ 67587 дона ба маблағи 40552 сомонӣ (соли 2018 41910 дона ба маблағи 25146); маҳсулоти донагӣ 7957 кг ба маблағи 27457 сомонӣ.

Инчунин 18460 адад бозичаҳои пастсифату ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда ба маблағи 11699 сомонӣ аз муомилот гирифта шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ, иҷро накардани дастур ва пешниҳодҳои санитарӣ дар иншоотҳои хӯроки умумӣ ва савдо нисбати 5126 масъулин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ҷарима ба маблағи  680084 сомонӣ таъин карда шуда, фаъолияти 1321 муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо аз муомилот муваққатан боздошта шуда, дар ин бора ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 319 мавод ирсол карда шудааст.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ ба 97 нафар шахсони масъули муассисаҳои стоматологӣ, ба 127 нафар шахсони масъули сартарошхонаҳо ва ба 173 нафар шахсони масъули иншоотҳои кошонаҳои ҳусн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба таври умум ба маблағи 111295 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд. Инчунин, фаъолияти 123 муассисаҳои стоматологӣ 81 адад сартарошхонаҳо ва 157 иншоотҳои кошонаҳои ҳусн бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шудаанд.

Иброҳим Бобоназаров бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчунин иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Олимзода Насим Хоҷа ва сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султонмурод Бекмуродзода бо мақсади тараққиёти ин соҳа ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи саломатии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош менамоем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз саломатии миллат сарчашма мегирад. Ва саломатии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.

Саиди Ҳайдар, МТЖТ

P.S.: Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифтаанд, ки дар шумораи ояндаи рӯзномаҳои “Фараж” ва “Самак”, инчунин, сомонаҳои “faraj.tj” ва “cugdnews.tj” оид ба меъёрҳои санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯй будани иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқ гузоришҳои муфассал омода намоянд.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here