Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шаҳрвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хоса зоҳир мегардад.

Яке аз муассисаҳои муҳими тандурустӣ дар кишвар Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» ба ҳисоб меравад. Марказ яке аз сармуассисаҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи хадамоти зиддисилӣ буда, мақсади ташкилёбии он расонидани кумаки баландихтисоси тиббӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илман ва амалан асосноки муосири пешгирӣ, ташхис, муолиҷа ва офияти нафаронест, ки гирифтори бемории сил ва шуш мебошанд.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ, Марказ фаъолятҳои зеринро анҷом медиҳад:

— бистарӣ намудани беморони алоқаманд аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

— ташкилу гузаронидани ташхиси мукаммали клиникӣ, рентгенологӣ ва озмоишгоҳӣ;

— табобати беморон ва аз микобактерияҳои силӣ тоза намудани балғами беморон;

— гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ба беморони ба ҷарроҳӣ ниёздошта;

— гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бемории сил ва пешгирии сирояти бемории сил дар байни беморон ва хешовандони беморон;

— баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони алоқаманд;

— рушди иқтидор ва истифодаи босамари хоҷагии ёрирасон;

— расонидани ёрии ташкилию дастурии соҳавӣ ба муассисаҳо ва мутахассисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

— ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо кафедраҳои силшиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон;

— анҷом додани фаъолияти дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои чунин муассисаҳо муқаррар намудаанд.

Дар Марказ 54 табиб, 152 ҳамшираи шафқат, 153 фаррош, 97 корманди ҳифзи хоҷагӣ, 14 нафар дар маъмурият, ҳамагӣ 470 нафар мутахассис фаъолият доранд.

Мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 1992 №341 меъёри маводҳои ғизоӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва маркази силӣ барои як бемор дар як рӯз 20 сомониву 23 дирам пешбинӣ шудааст.

Маводи дорувории зидди силӣ бошад, қатори якум пурра бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин шуда, қатори дуюм аз ҳисоби Фонди Глобалӣ беморони бистаришуда бо таври ройгон қабул карда шуда истодаанд.

Марказ бо ташкилот ва муассисаҳои зерин ҳамкорӣ дорад: Лоиҳаи ҲОУП, Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, марказҳои зидди силии ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии такмили ихтиссоси кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки рушди олмон.

Дар марказ комиссияи гуруҳи корӣ оид ба назорати табобат (ВКК) ва Комисияи оид ба тафтиши фавтидагон (КИЛИ) фаъолият доранд, ки аз тарафи онҳо мунтазам кори табобатӣ ва фавти беморонро омӯхта мешавад.

Баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар донишкада ва донишгоҳҳои такмили ихтисоси шаҳри Душанбе ва берун аз кишвар гузаронида мешавад.

Дар марказ гуруҳи кории мутамарказонишуда оид ба ташхис ва табобати беморон (КТТ) фаъолият мекунад. Ҳамаи таҷҳизоти ташхисию тиббие, ки барои ташхис ва табобат пешбинӣ шудаанд, бе нуқсон фаъолият карда истодаанд.

Барои баланд бардоштани савияи дониши табибон, ҳамшираҳои шафқат давраи омӯзишӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муасисаҳои хориҷӣ пайваста гузаронида мешаванд.

Ҳама қарорҳо ва фармонҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар амал ҷорӣ шудаанд.

Ҳар моҳ машварати тиббӣ дар марказ гузаронида мешавад, ки оид ба сари вақт ислоҳ намудани хатоҳо ва оид ба ташхису табобати беморон мусоидат карда мешавад.

Ташхисгоҳи бактериологӣ бо таҷҳизот ва доруҳои лозима муҷаҳҳаз шудааст.

Дар марказ мактаби бемор дар ҳар як шуъба ташкил карда шудааст, ки дар байни беморон машғулиятҳо оид ба сил ва пайдоиши он ва роҳҳои пешгириву табобати он гузаронида мешавад.

Ҳисоботи муҳандиси бехатарии марказ сари вақт дар байни коллектив гӯш карда мешавад. Ҳисоботи сардори ҳолатҳои фавқулодда оид ба гузаронидани корҳо дар байни кормандони марказ шунида мешавад.

Иҷроиши нақшаи кории Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” дар соли 2020:

  1. Ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” дар соли 201
  2. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои тиббии комиссияи таҳлили марганҷомӣ. Шӯрои ҳамоҳангсозии татбиқи Барномаҳои миллӣ.
  3. Иҷрои фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.12.2014 сол, таҳти №1119 «Дар бораи пурзӯр намудани чораҳо оид ба пешгирии сирояти дохили беморхонагӣ дар муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорат қарор дорад.
  4. Таҳия ва ба имзо расонидани шартномаи байни маъмурият ва Кумитаи Иттифоқи касабаи Муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина.
  5. Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
  6. Чораҳои пешгирӣ намудани бемориҳои сирояткунандаи бениҳоят хавфнок дар муассиса.
  7. Иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.2016, №183 “Дар бораи тасдиқ намудани рӯйхати маводҳои дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
  8. Барои сарфароз гардонидани кормандони марказ дар Рӯзи Модар пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои мутахассисон.

Дар 6 моҳи соли 2020 Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” дастовардҳо намоён дошт. Аз ҷумла, ташхиси тести мутобиқати дорувориҳои қатори дуюм (моксифлоксатсин, протионамид, паск, линизолид, бедаквилин, деламанид) ва ташхиси генетикӣ барои муайян намудани ҳасосияти микобактерияи сил ба доруҳои қатори дуюм ба роҳ монда шуд. Инчунин, реҷаи нави кӯтоҳмуддати дорувориҳои зидди сили қатори дуюм ба роҳ монда шуд.

Ба гуфтаи директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” муҳтарам Фирӯз Шарипов, “дар марказ ҳоло зиёда аз 20% беморони сил дар ҳолати вазнин бистарӣ мебошанд, ки ин беморон ба ғайр аз бемории сил осеби бемории хунқайкунӣ, чиркгирии пардаҳои шуш, пайвандҳои дасту пой, сутунмуҳра, мағзи сар, варами ҷигар, норасоии шушу дил ва камхунӣ доранд.

Ӯ пешниҳод дорад, ки барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони марказ ва ёрии илмию амалӣ, яке аз кафедраҳои бемориҳои сил (ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ё ин ки Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар ҳудуди беморхона ҷойгир карда шавад.

— Инчунин, барои марказ як адад мошини ёрии таъҷилӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдам мепурсем,- афзуд мавсуф.

-Анқариб дар тӯли таърих миллати мо бо чунин бемории фарогиру даҳшатафкан рӯ ба рӯ нашуда буд. Бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ва Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, дар кишвар ба пешгирии короновирус таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, доруҳои заруриро ройгон ба бемористонҳо таъмин намудаанду менамоянд. Махсусан бояд қайд намоям, ки дар пешгирии Ковид-19 хизмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст,- афзуд директори муассиса.

Бино ба иттилои Ф. Шарипов, ба нақша гирифта шудааст, ки як бинои дуошёна барои беморони сили кӯдакона дорои 50 кат, як бинои ошхона ва як бинои ҷомашӯйхонаи замонавӣ бо дастгирии Бонки Рушди Олмон (KFW) сохта ба истифода дода шавад.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ                          

Ҳуҷраҳо

       Ҳуҷраҳо Шумора
Рентгенӣ 1
Физитерапевтӣ 1
Гӯшу гулӯю, бинӣ (Лор) 1
Ҷоғ ва дандон 2
Либосшӯӣ 1
Ошхона 1
Муассисаи обтаъминкунӣ 1
Муассисаи корезӣ 1
Зеристгоҳи барқӣ 630Квт
Қабулгоҳи беморон 1
Лабараторияи клиникӣ 1
Лабараторияи бактериологӣ 1
Лабараторияи биохимикӣ 1
Референс лабараторияи миллӣ 1
Компютери томографӣ 1

 Дараҷанокии мутахассисон дар соли 2020

Дараҷа Шумора  
с. 2020 %
1 Дараҷаи олӣ 13 21
2 Дараҷаи якум 5 8
3 Дараҷаи дуюм 9 14
4 Дараҷа надорад 30 48
5 Собиқаи кории то 3 сол 6 10
  Ҷамъ 63  

Нишондодҳои марказ дар 6 моҳи соли 2020

Номгӯй Шумора Шумора
6 м. 2019 6 м. 2020
Гардиши кат 43146  
Фавт аз бемории сил 8 1
Фавти беморони ғайри силӣ 1
Фавти умумӣ 8 2
Як бемор бо тарзи миёна

бистарӣ буд

46 42

Дар марказ аз 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беморон дар 6 моҳи соли 2020 бистарӣ шудаанд

Ноҳия Миқдор
6 моҳи с. 2020
1 ш. Душанбе 195
2 Вилояти Хатлон 429
3 Вилояти Суғд 25
4 Вилояти Бадахшон 24
5 Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 659
6 Ҷамъ 1332

Ҳуҷраи рентгенӣ дар 6 моҳи соли 2020

Ташхис          6  моҳи с. 2020
Ташхиси рентгенӣ гузаронидааст 742
Аз он ҷумла, қафаси сина — «графия» амбулаторӣ марказ
   
Аксбардории қафаси сина — «скопия» 723
Аксбардории устухон ва пайвандҳо 15
Гурда ва роҳҳои пешоб 4
Ҳамагӣ 742

Ҳуҷраи тамографияи компютерӣ

 

 

Номгӯй

   
6 моҳи соли 2019 6 моҳи соли 2020
1 Дармонгоҳӣ 912 924
2 Беморхонавӣ 1478 1386
3 Ҷамъ    

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here