Субҳи имрӯз, 18-уми октябр дар Китобхонаи миллии кишвар Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ ба кори худ оғоз бахшид ва то бегоҳ идома хоҳад кард.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, ки раисии Форумро ба зимма дошт, дар шуруи суханрониаш бо ишора ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 гуфт: “Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”.

— Бо назардошти хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ маблағгузории муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳамасола зиёд гардида истодааст. Дар соли 2016 барои нигоҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ 54 441 969 сомонӣ равона гардидааст, аммо дар соли 2019 бошад, нишондиҳандаи мазкур 83 499 886 сомониро ташкил медиҳад, яъне дар се соли охир маблағгузорӣ ба соҳа 53,4 фоиз бештар гардидааст,- гуфт вазир.

Олимзода ҳамчунин қайд кард, ки Ҳукумати кишвар маҷмӯи мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ, бахусус раванди маъюбиятро дар кишвар ба эътибор гирифта, онро дар қатори дигар Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 ворид кардааст.

Муаррифии сиёсати иҷимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини ҳуқуқ ва манофеи шахсони дорои маъюбият, инъикоси фаъолияти вазорату идораҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбони Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт ва инчунин, ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби шарикони рушд оид ба масъалаҳои маъюбӣ, муайян кардани харитаи роҳи кишвар оид ба амалӣ сохтани муқаррароти Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” аз мақсаду аҳдофи асосии Форум арзёбӣ гардид.

Теъдоди маъюбон дар ҷаҳон ба беш аз як миллиард рақам зада шуд, ки 15 дарсади аҳолии рӯи заминро дар бар мегирифтааст. Гуфта шуд, ки феълан дар Тоҷикистон наздик ба 149 ҳазор нафар ашхоси маъюб ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 15 ҳазор нафар маъюби гуруҳи якум, беш аз 27 ҳазор маъюбони то18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд.

Дар Форуми мазкур муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Тасним Ататраҳ, котиби Форуми аврупоӣ оид ба маъюбӣ Гунта Анча иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар анҷоми Форум барномаи фарҳангӣ ва ҳунарнамоии шахсони маъюб дар назар дошта шудааст, ки ташкилкунандагони он Вазорати фарҳанги кишвар дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон, ношунавоён ва нобиноён мебошанд.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here