Фарбеҳӣ солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гардида, он тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст. Тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар саросари ҷаҳон ҳар сол 2,8 миллион нафар дар натиҷаи вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ вафот менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бемории фарбеҳӣ мавҷуд буда, вақтҳоиохир зиёд шудани он Ҳукумати кишварро нигарон кардааст. Бино ба оморҳои мавҷуда бемории фарбеҳӣ дар миёни аҳолии кишвар 11, 3 %-ро ташкил менамояд. Дар байни мактаббачагон бошад, 4,7% -ро дар бар мегирад. Ҳамин 11,3% , ки гуфта гузаштем, агар тақсимбандӣ намоем, паҳншавии бемории фарбеҳӣ нисбат ба бонувон дар мардон як фоиз зиёдтар аст. Мувофиқи таҳқиқотҳо ва натиҷаҳои ба дастомада, варзиш ва ё машқҳои ҷисмонӣ барои пешгирӣ ва баратараф кардани бемориҳои фарбеҳӣ нақши муҳимро мебозад. Ҳамчунин, олимон ва ғизошиносон муайян намудаанд, ки барои кам кардани вазни бадан ғизо агар 80% нақш дошта бошад, пас дар ин баробар шахс бояд ҳади ақал 20%-и дигар дар ҳаракат бошаду пайваста машқҳои ҷисмониро иҷро намояд. Яъне ҳангоми риояи қоидаи 80/20 шахс метавонад солимии баданро дарёбад ва вазни баданро мӯътадил нигоҳ дорад. Ёдовар мешавем, ки танҳо ба воситаи парҳез кардан аз вазни зиёдатӣ раҳо ёфтан амри маҳол аст. Зеро дар сурати кам истеъмол намудани ғизо ва машғул нашудан ба машкхои ҷисмонӣ шахс дар худ камқуввативу бемадориро эҳсос менамояд, ки дар натиҷа эҳтимоли гирифтор шудан ба якчанд бемориҳо мавҷуд аст. Ҳамчунин, дар сурати парҳез бидуни иҷроиши ҳаракатҳои ҷисмонӣ кардан қисми зиёди мушакҳои бадан маҳв мегарданд, ки ин барои солимии бадан хавфнок мебошад. Зеро маҳз системаи иммунии бадан ва нерӯву тавон аст, ки солимии баданро нигоҳ медорад ва дар сурати маҳв гардидани қисми зиёди мушакҳо системаи иммунии бадан низ паст гардида, ҷисм қувваи доштаро аз даст медиҳад ва оқибат ба ҳолатҳо нохуш оварда мерасонад.

Дар баробари камҳаракативу истеъмоли нодурусти ғизо инчунин, коршиносон муайян намудаанд, ки нобаробарии мувозинати ҳормонҳои бадан низ боиси зиёдшавии вазн мегардад. Агар шумо парҳез кардеду муддатҳои дароз қариб ки як навъи хӯрокро истеъмол намудед, вале дар баробари ин, ҳануз ҳам вазни баданатон зиёд аст, пас мутмаин бошед, ки ин аз нобаробарии мувозинати ҳормони эстроген дар баданатон дарак медиҳад. Барои кам кардани ҳормони мазкур истеъмоли мунтазами сабзавот ва хӯрокҳои сефедадор манфиатбахш хоҳанд буд. Ҳамчунин, дар натиҷаи зиёд шудани ҳормони мазкур дар таркиби хун бехобӣ, фаромушхотирӣ ва резиши мӯйи сар ба вуҷуд меоянд. Ҳормони эстроген бештар дар натиҷаи истеъмоли зиёди маводҳои гуштӣ дар бадан зиёд гардида, ба солимии бадан зарари ҷиддӣ мерасонад. Барои мӯътадил нигоҳ доштани ҳормони мазкур истеъмоли меваҷоту сабзавот мусоидат мекунанд. Зеро коршиносон сабаби асосии зиёдшавии вазни бадан ва ё гирифторшавӣ ба онро дар камҳаракативу пурхӯрӣ медонанд.

Масалан, шахсе, ки 65 кг вазн дораду ҳафтае се маротиба ба тамрини бадан машғул аст. Барои муайян намудани ҳаҷми истеъмоли калория рақами вазни баданро ба 35 зарб мезанем ҷавоб мешавад 2275 калория дар як шабонарӯз. Аз ин ҷо бармеояд, ки шахси дорои 65 кг вазн ва пайваста ба иҷроиши машқҳои ҷисмони машғул буда, бояд дар як шабонарӯз хӯрокҳои серғизоеро тановул кунад, ки бо ин восита тавонад баданро бо чунин миқдори калория таъмин намояд.

Ғизошиносон тавсия медиҳнд, ки хӯрок бояд вобаста ба фаъолияти ҷисмонӣ истеъмол шавад. Яъне нафаре, ки фаъоляти кориаш ҷисман сурат мегирад дар ин ҳолат метавонад, ки миқдори зиёди хӯрокро истеъмол намояд. Зеро ки калорияхои истеъмол шуда, тавасссути ҳаракатҳои ҷисмонӣ харҷ мегарданд ва ин хавфи зиёдшавии вазни баданро аз байн мебарад. Вале нафароне, ки камтар дар ҳаракатанду корҳояшон бештар ба таври нишаст сурат мегирад бояд аз истеъмоли зиёди хӯрокҳо серкалория худдорӣ намоянд. Чунки онҳо қариб ки фаъолияти ҷисмонӣ надоранд ва дар ин ҳолат калорияҳои истеъмолшуда дар бадан боқӣ мемонанд ва дар натиҷа ба чарбӯ табдил меёбанд. Ҳамчунин, пурхӯриву камҳаракатӣ ба вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва мувозинати ҳормонҳо оварда мерасонад, ки ин низ ба солимии бадан зиён меорад. Масалан, нобаробарии мувозинати ҳормони серотанин дар хун боиси зиёдшавии вазни бадан мегардад. Аниқтараш коршиносон серотанинро ҳамчун ҳормони хушбахтӣ ва ё хушҳолӣ медонанд. Зеро бо зиёдшавии сатҳи он дар бадан табъи шахсро ҳамеша болида нигоҳ медорад. Дар сурати кам будани он шахсро ҳамеша ҳолати депрессия фаро мегирад. Истеъмоли барзиёди маҳсулоти ширинӣ ва қабл аз хоб тановул кардан ба кам шудани сатҳи ҳормони мазкур оварда мерасонад. Истеъмоли маводҳои сафедадор ба монанди тухм, чормағз ва мева барои зиёдшавии ҳормони мазкур мусоидат хоҳанд кард. Иҷроиши машқҳои ҷисмонии сабук низ барои баланд бардоштани ҳормони серотанин манфиатбахш мебошад, ки чуноне болотар гуфтем дар сурати зиёд будани ҳормони мазкур дар хун вазни бадан низ муътадил нигоҳ дошта мешавад. Бо қам шудани сатҳи ҳормони глюкагон бошад шумо дар худ басташавии иштиҳоро эҳсос хоҳед кард, вале дар ин баробар зиёдшавии миқдори равғанҳо дар бадан мушоҳида мешавад. Ҳамчунин, дар сурати кам будани ҳормони мазкур шахс бештар ба асбонӣ мегардад. Ба кори гурдаву ҷигар ва меъда низ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, коршиносон тавсия медиҳанд, ки шахс бояд истеъмоли ғизои солимро риоя намуда, тарзи ҳаёти солимро пеша кунад. Зеро чуноне дар боло гуфтем дар ҳолати нобаробар шудани мувозинати ҳормонҳо бадан бо чунин ҳолатҳои нохуш мубтало мегардад.

Иҷроиши машқҳои ҷисмонӣ ҳамчунин, барои кори дил низ манфиатбахш буда, барои тақвият додан ва беҳтар кардани кори он мусоидат хоҳад кард. Гардиши хунро низ дар бадан хуб гардонида бо ҳаво таъмин месозад. Аз ҳама асосаш вазни баданро муътадил нигоҳ дошта барои пурқувватии шумо фоидабахш хоҳад буд. Мегӯянд, ҳар дардро давоест. Дар ин росто бемории фарбеҳӣ низ истисно нест. Зеро он низ табобатшаванда асту барои ин танҳо иродаи қавӣ лозим. Агар имрӯз ба бемории фарбеҳӣ гирифторед, пас бояд роҳҳои пешгирии онро риоя кардусаломатии хешро барқарор ва ё агар солимед, пас меъёрҳои хӯрокхурирор риоя кард, то ба бемории мазкур рӯ ба рӯ нашавед. Умуман, дар ҳама ҳолат лозим аст, ки муҳофизи солимии худ бошем, зеро солим будан ин хушбахтист.

Манижа Исмоилова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here