Бе маърифат одамӣ чӣ кор ояд? Ҳеҷ!

Мақсуд зи одамӣ ҳамин маърифат аст.

Ҳофизи Шеърозӣ

Бузурге мефармояд: «Чун офтоб ғуруб кунад, рӯшноӣ намонад. Пас, офтоб бояд шудан ,то хавфи ҷудоӣ намонад». Ҳақ ба ҷониби муаллифи ин суханон аст, ки гӯиё ба маъмурият ва коллективи кормандони ДТМИК гуфта шуда бошад. Тули солҳои фаъолият ДТМИК ба мардуми минтақа, вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ хизмати арзанда мекунад.       

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои заруриро андешида, ҳадафҳои созандаву инноватсиониро татбиқ мекунад. Донишкада ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар вилояти Хатлон мебошад, ки мутахассисони варзидаро дар зинаи ихтисосҳои техникию технологӣ тайёр намуда, барои таъмини корхонаҳои саноатӣ ва муассисаю идораҳо дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар нақши муҳим мебозад.

Барои донишҷӯёни ноҳияҳои дурдаст Донишкада хобгоҳи замонавӣ дорад, ки 100 ҳуҷраи истиқоматӣ барои писарон ва духтарон бо тамоми шароит муҳайё гардидааст.

Донишкада дар зинаи бакалавриат аз рӯйи 35 ихтисос, зинаи магистратура  аз рӯйи 10 ихтисос ва зинаи PhD докторантура аз рӯйи 10 ихтисос мутахассисон тайёр мекунад, ки ҳамаи онҳо ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар мувофиқат менамоянд ва рақобатпазир мебошанд. Танҳо дар соли 2020 шумораи 10 нафар унвонҷуёни Донишкада дар соҳаҳои гуногуни илм рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.  Маҷаллаи илмӣ-оммавии Донишкада бо номи “Илм ва технологияи асри XXI” шомили манбаъҳои маълумотии тақризшавандаи ISSN ва РИНЦ нашр мегардад, ки олимону муҳақиққон ва донишҷӯён имконияти васеи чопи мақолаҳои илмии худро доранд.

Дар Донишкада Маркази омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, чинӣ ва фаронсавӣ амал менамояд, ки донишҷӯён имконият доранд баъди дарс тариқи ройгон омӯзиш намоянд.  Ҳамзамон дар парки инноватсионӣ-технологии Донишкада  курсҳои кутоҳмуддат дар Маркази методи-тренингии “Муд ва зебоӣ” оид ба омӯзиши дӯзандагӣ, заргарӣ, консервакунонии растаниҳои шифобахш барои духтарон шароит фароҳам оварда шудааст. Инчунин, оид ба омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ Донишкада дар мавзеьи зебоманзари Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод дорои Маркази таълимӣ-тренингии сайёҳӣ мебошад, ки донишҷӯён таҷрибаомӯзии касбии худро дар амал мегузаронанд.

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб аз соли 2009 то инҷониб бо зиёда аз 50 донишгоҳи олии хориҷи кишвар, ки бештарашро донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия ташкил медиҳанд, шартномаҳои ҳамкории судманд дорад.  Дар доираи ин шартномаҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия тариқи ройгон ва шартномавӣ таҳсил карда метавонанд. Инчунин, дар Донишкада мактаби муштараки илмии тоҷикӣ-россиягии «Технологияҳои дурнамои илмиасос дар саноат, иқтисодиёт ва комплекси агросаноатӣ» бо роҳбарии профессорони варзидаи ФР амал менамояд. Лоиҳаҳои инноватсионии муштараки омӯзгорону донишҷуён баррасӣ гардида муаллифон соҳиби патент гардида метавонанд.

Барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён дар Донишкада соли 2008 китобхонаи электронӣ ташкил гардид, ки вазифаи асосии он таъмини устодону донишҷӯён бо маводи электронӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълим ва савияи дониши мутахассисони оянда мебошад.

Дар китобхона зиёда аз 50 адад компютер бо истифодаи технологияҳои нави таълимотӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамаи донишҷӯён имконияти истифодаи ройгон аз маводи электронии китобхонаро доранд.

Айни ҳол дар китобхонаи электронӣ зиёда аз 200000 номгӯи мавод оид ба барномасозӣ, забонҳо, нақшакашӣ, математика, физика, биология, технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёт, педагогика, химия, фанҳои гуманитарӣ ва техникӣ китобҳои дарсӣ мавҷуд аст. Инчунин, истифодабарандагон бо тариқи ройгон ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст шуда, маълумоти лозимиро дастрас менамоянд.

Соли таҳсили  2020 фаъолияти ҳайати омӯзгорону профессорони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оид ба масъалаҳои ташкили раванди корҳои таълимӣ, инноватсионӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ,  иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷа дар раванди таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) ва суханронияшон бахшида ба «Дарси сулҳ — Рӯзи Дониш» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  бармеоянд, инчунин бошукуҳу шаҳомати баланд ҷашн гирифтани 23-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва Барномаи заминавии «Консепсияи рақобатпазиргардонӣ ва рушди инноватсионии Донишкада тайи солҳои  2015 — 2020», дар ҷодаи тайёр намудани мутахассисони замони нав барои хоҷагии халқи кишвар тибқи технологияи кредитӣ, равона шуда буд. Дар соли ҳисоботӣ донишкада ба як қатор муваффақиятҳои назарас соҳиб гардид.

 Фаъолияти таълимӣ   

Фаъолияти таълимии донишкада дар 5 факултет ва 16 кафедра аз ҷумла, 10 кафедраи тахасусӣ, 35 ихтисос дар зинаи бакалавриатура, 10 ихтисос дар зинаи магистратура ва 10 ихтисос дар зинаи докторантура аз руи ихтисос (Phd) ба роҳ монда шудааст.

Шумораи умумии донишҷӯён дар донишкада ба ҳолати 01.02.2021-ум 3247 нафарро ташкил медиҳад аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона  2388 нафар, таҳсилоти фосилавӣ 715 нафар,  магистратура 144 нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 769  нафарро донишҷӯйдухтарон ва 2478 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд.

Дар донишкада 40 нафар донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, аз ҷумла 20 нафарашонро духтарон ва 20 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд.

Дар зинаи магистратура аз рӯи 10 ихтисос 144 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, курси 1-ум 99 нафар курси 2-юм 44-нафар.

Дар соли ҳисоботӣ бо дарназардошти талаботи соҳаҳои хоҷагии халқи минтақа ва вилояти Хатлон дар донишкада 5 ихтисоси нав кушода гардид, аз ҷумла:

Ихтисоси 1-560101 “Заминсозӣ”;

Ихтисоси 1-469010106 “Меъмории манзаравӣ”;

Ихтисоси 1-31050103 “Химия (фаъолияти дорусозӣ)”;

Ихтисоси 1-3101010121 “Биохимияи тиббӣ”;

Ихтисоси 1-0205-02 “Физика”

Дар раванди таълим бо дарназардошти эълон гардидани 20-солаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040 дар соҳаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори донишкада тағйиротҳо ворид гардид, дар барномаҳои таълимӣ тибқи қарори Шӯрои олимон шумораи соатҳои дарсии фанҳои математика, физика, химия, информатика, биология  ду маротиба зиёд гардида, мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Дар ин раванд дар донишкада як қатор чемпионатҳои зеҳнӣ аз ин фанҳо, озмунҳо, аз ҷумла озмунҳои беҳтарин математик, беҳтарин физик, беҳтарин химик, беҳтарин биолог, беҳтарин барномасоз, беҳтарин лоиҳаи инноватсионии донишҷӯён доир карда шуд, ки дар маҷмуъ зиёда аз 800 нафар донишҷӯро фаро гирифт.

Бо сабабҳои ба ҳама маълум, бинобар хуруҷи бемории сироятии КОВИД -19 тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯён аз 4-майи соли 2020 ба рухсатӣ ҷавоб дода шудаанд, ки барномаҳои таълимӣ то ба охир нарасиданд. Ин ҳолат аллбата ба сатҳу сифати таълим ва дараҷаи  азхудкунии донишҷӯён бетаъсир намонд.

Сатҳи азхудкунии донишҷӯён дар нимсолаи аввали  соли таҳсили 2020-2021-ум 88.3% ташкил дод, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5% зиёд мебошад. Дар соли ҳисоботӣ зиёда аз 50 нафар донишҷӯи донишкада дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ  ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона дошта, дар Олимпиада, ки барои дарёфти Ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи 12 равияи илмӣ баргузор гардид, дастаи олимпии донишкада бо ишғол намудани як ҷойи дуюм, як нафари дигар ба ҷойи ифтихорӣ (4-ум) шарафёб гардиданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаи инноватсионии донишҷӯён 2 нафар донишҷӯйи донишкада сазовори ҷойҳои 1-ум ва 3-юм гардиданд. Дар донишкада дар соли ҳисоботӣ шумораи гирандагони стипендия ба ҳисоби миёна аз рӯи ҳар се намуди стипендия 420 нафар, аз ҷумла, 2 нафар гирандаи стипендияи президентӣ, 3-нафар гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлон маҳсуб меёбанд.

Дар соли ҳисоботӣ донишкадаро дар умум 423 нафар хатм намуданд, аз ҷумла, аз рӯи зинаи бакалавр 400 нафар ва зинаи магистратура 23 нафар хатм намуданд. Аз шумораи хатмкардагон 10 нафар дар донишкада ба кор ҷалб шуданд.

 Дар самти фаъолияти илмӣ татқиқотӣ

Самти корҳои илмӣ тадқиқотии донишкада вобаста ба самти ихтисосҳо ва кафедраҳои тахасусӣ, инчунин, бо дарназардошти соҳаҳои афзалятноки илм ва техника ба роҳ монда шуда, муҳимтарин масъалаҳои соҳа мавриди таҳқиқу омӯзиши омӯзгорон, унвонҷӯён, муҳақиқон, магистрантон ва докторантон қарор гирифт.

Дар соли ҳисоботӣ ба донишкада дар доираи фаъолияти мактаби илмии муштараки тоҷикӣ-россиягӣ 10 нафар доктори илм, профессорон, аз ҷумла 1 нафар академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 2 нафар аъзои узви вобастаи АМИТ ба кор ҷалб гардиданд. 6 нафар омӯзгори донишкада рисолаҳои илмии хешро ҳимоя карда,  соҳиби дараҷаи  номзади илм гардиданд.

Дар заминаи мактаби илмиии муштарак маҷаллаи илмии омавии “Илм ва технологияи асри 21” дар донишкада таъсис дода шуд ва дар базаҳои илмии тақризшаванда ба қайд гирифта шуд.

Дар соли ҳисоботӣ дар донишкада 3 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ “Биотехнология ва технологияи маҳсулоти бебофт”, “Физика” ва “Химияи аналитикӣ” кушода гардид.

Дар соли ҳисоботӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020, №156 ва мактуби Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.03.2020, №09/2-71 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», дар Донишкада конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани самаранокии идоракунии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисодиёти инноватсионии рақамӣ», ки рӯзҳои 22-23-уми апрели соли 2020 баргузор гардид.  Инчунин дар Донишкада конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саразми бостонӣ – бозгӯйи таърихи кӯҳани халқи тоҷик», ки рӯзҳои 10-11-уми апрели соли 2020 баргузор гардид. Ҳамзамон 03.11.2020 дар Донишкада онлайн видеоконференсияи илмию амалии байналхалқӣ дар мавзӯи «Нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таъмини рушди устувори минтақа дар ҳошияи саноатикунонии босуръати кишвар» ташкил ва баргузор гардид.

Аз ҷониби олимону омӯзгорони донишкада 6 монография, 4 китоби дарсӣ, 120  дастурҳои методӣ ва 100 адад курси лексияҳо ва зиёда аз 250 мақолаи илмӣ дар конфренсияҳои сатҳи гуногун ба чоп расиданд.

Заминаи модии техникии Парки инноватсионии технологӣ таҳким бахшида шуда, ба маблағи 50 ҳазор  сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти нав харидорӣ карда шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.

Дар 4 корхонаи дигари саноатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади пайванди илм бо истеҳсолот филиалҳои кафедраҳои тахассусӣ таъсис дода шудаааст. Бо мақсади ба таври самаранок ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо 6 адад корхонаи самти фаъолияташон гуногун шартномаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба имзо расиданд.

Дар соли равон ба маблағи зиёда аз 35 ҳазор сомонӣ китобҳои дарсӣ ва бадеӣ харидорӣ карда шуда, мавриди баҳрабардории донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада  қарор дода шуд.

 Дар самти корҳои тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ

Фаъолияти донишкада дар соли равон вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, ҷашну идҳо, ба роҳ монда шуд.

Дар донишкада 10 нафар ятими кулл, 9-нафар маъюби гуруҳи 1,2 ва 3-юм, 143 нафар нимятимон таҳсил менамоянд, ки зери таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти донишкада қарор дошта, пайваста ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида шуда, аз ҳисоби фонди стипендия ба онҳо стипендия таъйин карда мешавад.

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар ин замина муаррифии имкониятҳои шоистаи сайёҳии минтақаи Кӯлоб, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони соҳа ва бунёди маркази таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод дар мавзеи Чилдухтарони ин ноҳияи  майдони 2 га замин ҷудо гардидааст, ки дар он маркази таълимӣ, тренингии сайёҳат ва меҳмондорӣ бунёд карда мешавад, ки барои гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили семинару конфренсияҳо бо ҷалби олимону мутахассисони соҳа бунёд мегардад.

Соли сипаригашта дар донишкада зиёда аз 40 конфренсияи илмӣ-амалӣ ва фарҳангӣ, мизҳои мудаввар, дар мавзуъҳои бахшида ба “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, “Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи модарон”, “Наврӯзи байналмиллалӣ”, “Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ”,“Рӯзи ҷавонон”, “Ваҳдати миллӣ”, “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи забон”, “Рӯзи омӯзгор”, “Рӯзи Рӯдакӣ”, “Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ”,“Рӯзи конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Парчами милли Ҷумҳурии Тоҷикистон” «Рӯзи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон», «5500-солагии Саразми бостон» ва ғайраҳо гузаронида шудааст

Силсилаи чорабиниҳо ва доир намудани вохӯриҳо оид ба татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва вохӯрӣ бо намояндагони Мақомоти ҳифзи ҳуқӯқ ҷиҳати пешгири намудани ҷинояту ҷинояткокорӣ дар байни ҷавонону наврасон, шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбҳои террористию эксремистӣ ва муқовимат бо коррупсия пайваста доир гардида дар васоити ахбори омма нашр ва намоиш дода шуд.

Агар хоҳед, ки ҳамчун мутахассиси рақобатпазири замони нав ба камол расида, дар муассисаи таҳсилоти олии касбии фаъолияти инноватсионӣ дошта таҳсил намуда, имкониятҳои васеъро барои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, Федератсияи Россия ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо тавассути барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ЭРАСМУС+ соҳиб гардед, пас Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлобро дар ИМД ММТ таҳти рамзи 215 интихоб намоед.

Билоли Шамс, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here