Сухан чун аз сари андеша н-ояд,

Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Андешаи ман сӯйи фаъолияти кории табибоне меравад, ки аз сӯзу созашон олам мунаввару дунё гулбасар мегардад. Онҳо рисолати худро бо тамоми ҳастияшон иҷро мекунанд. Сухан дар бораи нафароне меравад, ки собиқаи чандсолаи корӣ дошта, ҳабиби мардумонанд ва дасти шафқатбори эшон шабу рӯз баҳри дармонбахшии дардмандон боз аст. Онҳо киҳоянд? Нафароне, ки мо дар бораашон сухан оғоз кардем, табибони Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Восеъ мебошанд.

Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Восеъ супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ шабу рӯз омода ҳастанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки саломатии мардум боигарии давлат аст. Бо ҳамин мақсад кормандони КАТС-и ноҳияи Восеъ талош бар он доранд, ки солимии мардуми ноҳия доимо таъмин бошад.

Дар Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 41 маркази саломатии деҳотӣ, 24 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, дар маҷмуъ 66 муассиса фаъолият доранд. Дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия 79 духтури маълумоти олидор, 782 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 103 нафар кормандони хурди тиббӣ ва ғайраҳо 35 нафар, ҷамъ 999 нафар ба 239 761 нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии аввалияи тиббиро таъмин менамоянд.

Кормандони муассисаҳои КАТС дар давоми нуҳ моҳи соли 2020 ба аҳолии ноҳия 1 310 140 маротиба хизмати тиббӣ расонидаанд. Аз инҳо 380 378 маротиба дар муассиса, 929 762 маротиба дар хона хизмати тиббӣ расонида шудааст. Аз ҷумла, шумораи ташрифҳо дар сатҳи табибон 85 834 маротиба ва шумораи ташрифҳо дар сатҳи кормандони миёнаи тиббӣ 1 224 306 маротибаро ташкил медиҳад.

Таваллуд дар ноҳия дар 9 моҳи соли 2020-ум 4693 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор таваллуд дар таваллудхона 4612 (98,2%) нафар ва таваллуди хонагӣ 81 нафар (1,8%)-ро ташкил медиҳад. Шумораи занҳои қобили зоиш 58764 нафар аст.

Дараҷанокии касбии олии табибон 26 нафар, дараҷанокии 1-ум 24 нафар, дараҷанокии 2-юм 18 нафар; дараҷанокии касбии олии кормандони миёнаи тиббӣ 205 нафар, дараҷанокии 1-ум 195 нафар, дараҷанокии 2-юм 189 нафарро ташкил медиҳад. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2020-ум 1 нафар духтур ва 15 нафар корманди миёнаи тиббӣ аз такмили ихтисос гузаштаанд. Инчунин, 2 нафар табиб ва 5 нафар корманди миёнаи тиб курси такмили ихтисосро мувофиқи ихтисосашон гузашта истодаанд. Дар маркази саломатии ноҳия ҳуҷраи хатна бо тамоми лавозимоти тиббӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла, дар 14 маркази саломатии деҳотӣ ҳуҷраи хатна кушода ба истифода дода шудааст. Ташкил намудани ҳуҷраҳои хатна дар дигар муассисаҳои КАТС, ки аз маркази ноҳия дур мебошанд, ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба 69 нафар оилаҳои ниёзманд ба маблағи 11753 сомонӣ маводи доруворӣ харидорӣ карда шудааст.

Инчунин, аз тарафи соҳибкорони маҳалӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус COVID-19 ба маблағи 77 920 сомонӣ маводҳои безараргардонӣ ва пешгирикунанда ба марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва шахсони ниёзманд дастрас карда шудааст. Дар арафаи ҷашни Иди модарон, ҷашни Иди Наврӯз ва Иди Қурбон ба оилаҳои камбизоат, собиқадорони тандурустӣ ва маъюбон ба маблағи 3739 сомонӣ кумаки моддӣ расонида шудааст. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2020-ум 1492 нафар издивоҷкунандагон аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд, ки аз ин шумора 754 нафарашон зан ва 738 нафаршон мардон мебошанд.

Шуъбаи ёрии таъҷилӣ дар давоми нуҳ моҳи соли 2020 ба тариқи зайл хизматрасонии тиббиро ба аҳолии ноҳия таъмин намудааст. Ҳамагӣ — 1960 хизматрасонӣ: Аз инҳо: 660 ташриф ба хона, 180 ташриф ба ШВКД-и ноҳия, 380 худмуроҷиаткунӣ, 160 ташриф ба беморхонаи ноҳия, 580 ташриф ба беморхонаи рақамии №5. Дар ноҳия то ба ҳолати 01.10.2020-ум сол 4219 нафар маъюбон, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, дар қайд қарор доранд. Маъюбони гуруҳи 1-ум 379, маъюбони гуруҳи 2-юм 1910, маъюбони гуруҳи 3-юм 1079 нафаранд. Кӯдакони маъюби синни то 18-сола 851 нафар мебошанд.

То ба ҳолати 01.10.2020 дар ноҳия 933 нафар беморон бо ташхиси «илтиҳоби шуш» ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 617 нафарашон солим гардонида шуда, 6 нафарашон дар хона фавтидаанд. Шумораи бистаригаштагон 102 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 17 нафарашон фавтида, 85 нафарашон солим гардонида шудаанд.

Оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, ҳамарӯза корҳои ободонию созандагиро дар муассисаҳо ҷоннок менамоянд.

Дар ҷамоати деҳоти М. Маҳмадалиев, дар деҳаи Селбур аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ маркази саломатӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ҷамоати деҳоти Х. Раҷабов, дар деҳаи Осмонбика сохтмони бунгоҳи тиббӣ бомаром идома дорад. Аз ҳисоби Лоиҳаи Сино 3 адад курсии мулоим (кресло), 2 адад ҷевон, 2 адад миз ва як адад тумбочка дастрас карда шудааст. Инчунин, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируc COVID-19 маводҳои безараргардонӣ ва муҳофизатӣ, аз қабили либосҳои махсуси яккарата истифодашаванда — 220 адад, калапӯши яккарата — 200 адад, бахил — 200 адад, ниқоби яккарата — 400 адад, ниқоб-респиратор — 100 адад, дастпӯшак — 1050 адад, маводҳои антисептикӣ — 1-литра 10 адад ва 100 адад айнак дастрас карда шудааст. Аз ҳисоби вазири молия, директори «Тоҷикстандарт», ташкилоти КАРИТАС, шуъбаи Раёсати тандурусти минтақаи Кӯлоб, буҷети маҳаллӣ, ташкилотҳои пешрафта, тоҷикони бурунмарзӣ, ташкилоти Ҳилоли Аҳмар ва соҳибкорони маҳаллӣ маводи доруворӣ, маводҳои безараргардонӣ ва муҳофизатӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дастрас карда шудааст.

Қурбоналӣ Абдураҳмонов — табиби ЛОР (гулӯ, бинӣ ва гӯш), Бахтиёр Ҷалилов — ҷарроҳи кӯдакона, Фарида Шарипова — эндокринолог, Манзура Раҳимова — акушер-гинеколог, Абдуҷаббор Гулахмедов — табиби чашм, Раҷаб Зоиров — дандонпизишк, Сайфулло Розиқов — табиб, мудири МСД деҳаи Заркамар, Худоибердӣ Малаев — табиб, Бурихон Пиров — мудири шуъбаи ёрии таъҷилӣ, Нуқра Иброҳиова — табиби оилавӣ, Ҷумахон Одинаев — табиби руҳшинос, Саймир Раупов — муовин оид ба корҳои табобатӣ, Туманбӣ Шарипова — акушер-гинеколог, мудири МСД деҳаи Меҳробод устодони касби худ буда, дар байни сокинони ноҳияи Восеъ сазовори обрӯ ва эҳтироми махсус ҳастанд.

Беҳуда Саидои бузург нафармудааст:

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист,

Дасте, ки нест масдари эҷод, бастанист.

— Ба ҳамаи камбудию мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар оянда сатҳу сифати хизматарсонии аввалияи тиббиро баҳри пешгирии бемориҳо ва солимии ҷомеа беҳтар хоҳем кард,- мегӯяд роҳбари Муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Восеъ Азиззода Б. И.

Билоли ШАМС, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here