Аз замони расман эътироф шудани коронавирус дар Тоҷикистон нигаронии мардуми кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тақсимоти ношаффофи кӯмакҳои башардӯстона ҳамоно боқӣ мондааст.

30-юми апрели соли равон Тоҷикистон паҳншавии бемории COVID-19-ро дар кишвар расман эътироф намуд. Ҳукумати Тоҷикистон аз созмонҳои ҷаҳонӣ хост, то барои муқобила бо ин беморӣ ба кишвар кумак расонанд. Якчанд созмони байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона дар шакли маблағ, доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, тестҳо ва маводи ғизоӣ фиристоданд.

Дар ин маврид чанде қабл Файзиддин Қаҳҳорзода — вазири молияи Тоҷикистон дар суҳбат ба расонаҳо гуфт, кӯмакҳои башардӯстонае, ки барои муқобила бо коронавирус ба кишвар фиристода шуданд, зери назорати доимӣ ҳастанд ва ӯ омода аст маълумот дар бораи чӣ гуна тақсим шудани онҳоро ба ихтиёри расонаҳо гузорад. Аммо то ҳол маълумоти пурра дар мавриди кумакҳои башардӯстона ба воситаҳои ахбори омма пешниҳод карда нашудааст. Вазири молия гуфт, кӯмакҳое, ки аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя ҷудо гардидаанд, бештар дар шакли таҷҳизот ва дору дода шуда, ба беморхонаҳо тақсим карда шудаанд. «Ман ба шумо кафолат медиҳам, ки ҳама чиз зери назорат аст. Ягон хел ҳолатҳои ғайриҳадафмандона истифода бурдани доруҳо набояд ҷой дошта бошад»,- афзуд ӯ.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар доираи ҳамкориҳо бо Бонки Умумиҷаҳонӣ соли ҷорӣ татбиқи Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба маблағи 11,3 млн доллар татбиқ гардида, ба ҳолати имрӯза 60 фоизи маблағ барои хариди таҷҳизоти тиббӣ ва маводҳои муҳофизативу санитарӣ, инчунин кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ истифода шудааст.

Аз оғози эътирофи расмии COVID-19 дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аксарият аз гарон будани доруворӣ ва пулакӣ будани табобат шикоят доштанд, гарчанде Вазорати тандурустӣ мегӯяд табобати коронавирус ва доруворӣ ройгон аст. Инчунин, табибон низ аз норасоии либосҳои муҳофизатӣ нигарон буданд. Бинобар ин, қариб ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ талаб мекарданд, то ниҳодҳои масъул тарз ва меъёри тақсимоти кумакҳои башардӯстонаро ба мардум равшану возеҳ маълум намоянд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, дар давраи шаш моҳи аввали соли 2020 барои мубориза ва пешгирии COVID-19 кумакҳои молии гуногунҳаҷм ва фаврии шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар маҷмуъ ба маблағи умумии 9,1 млн доллари амрикоӣ пешниҳод гардидаанд. Аммо рӯйхати пурраи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиеро, ки барои мубориза бо бемории коронавирус ба Тоҷикистон кумакҳои пулӣ, доруворӣ ва таҷҳизотӣ фиристодаанд, Вазорати молия ва дигар ниҳодҳои масъул то ҳол расонаӣ накардаанд.

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, бо дар назардошти он ки созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони тоҷик бештар дар бораи набудани муҳити мусоиди иқтисодию шароити сармоягузорӣ, аз ҷумла ғайримақсаднок истифода шудани кумакҳои башардӯстона ва гирифтани қарзҳою шартҳои баргардондани онҳо менависанду таъкид менамоянд, бо дарки масъулият нашр намудани иттилоот оид ба тарз ва тартиби дастрас кардани кумакҳои башардӯстона ба шаҳрвандон ва мақомоти дигари ҳуқуқтатбиқкунанда боиси бештар гардидани эътимод ва тағйири афкори байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ мешавад: “Дар акси ҳол, чунин тасаввурот ташаккул ёбад, ки тибқи он муносибатҳои коррупсионӣ ва дигар падидаю зуҳуроти номатлуб тақсими дурусту мақсадноки кумакҳои башардӯстонаро халалдор менамоянд. Бинобар ин, хеле муҳим аст, ки зимни дастрасу тақсим намудани кумакҳои башардӯстона намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касаба ва матбуоти даврию дигар воситаҳои ахбори омма дар доираи ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо бо ҳамдигар робита дошта бошанду ҷиҳати риояи тартиби муқарраршуда саҳми назарраси худро гузошта, назорати мардумиро низ кафолат диҳанд”.

Бино ба иттилое, ки то ҳоло расонаӣ шудааст, ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории COVID-19 Олмон 1 миллион евро, Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар, Амрико 2 миллиону 566 ҳазор доллар, Иттиҳоди Аврупо 48 миллион евро, Россия ва Чин беш аз 20-ҳазордонаӣ тест, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид 600 ҳазор доллар ва кишварҳои Ӯзбекистон, Қазокистон ва Эрон бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак намудаанд.

Ба дархости мо дар бораи мушаххас кардани ҳаҷми кумакҳо аз Вазорати молия посух доданд, ки кумаки моддӣ барои чорабиниҳои бемории COVID-19 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ гардида, ҳисоботи миқдор, шакл ва тақситмоти он дар вазорати мазкур мебошад.

Иқтисодшинос Масъуд Собиров мегӯяд, то он замоне, ки ниҳодҳои масъул тақсимоти кумакҳои башардӯстонаро ба таври равшан ба роҳ намонанд, шубҳа ва нигаронии мардум аз байн намеравад. Ӯ мегӯяд, мардуми Тоҷикистон дар мавриди тақсимоти кумакҳои башардӯстона иттилооти зарурӣ надоранд, ба ҷуз иттилооти телевизионҳо дар мавриди корвони мошинҳое, ки ба ин ё он минтақаи кишвар ҳамчун ёрии башардӯстона тақсим шудаанд. “Азбаски тақсимот шаффоф набуд, иттилооти мушаххас ҳам вуҷуд надорад. Ман фикр мекунам, ҳар кумаке, ки ба кишвар ворид мегардад, бояд маълум шавад. Яъне ҳам манбаи кумакрасон ва ҳам манбаи кумакгиранда, чун шубҳаи мардум дар мавриди ин кумакҳо хеле зиёд аст”.

Ба гуфтаи Масъуд Собиров, бояд ниҳоди масъул маълум намояд, ки чӣ қадар кумакҳо ворид шуданд ва киҳо ҳамон кумакҳоро гирифтанд. Мардум аслан намедонад, ки кумакҳоро киҳо гирифтанд ва онҳо дар кадом шакл ва ҳаҷм тақсим шуданд. Табиист, ки ин кумакҳо тақсим шуданд, вале касе намедонад, ки ба киҳо ва аз рӯи кадом меъёр тақсим шуд. “Ин қадар кумакҳои тиббӣ ворид гардиданд, вазири тандурустӣ борҳо изҳор намуд, ки табобти ин беморӣ ройгон аст, аммо ҳар яки мо хуб медонем, ки дар асл ин хел набуд. Пас, кумакҳо куҷо шуданд? Ба иттилои расонаҳо, раиси шаҳри Кӯлоб гӯё қисми маблағи кумакҳои башардӯстонаро аз худ кардааст ва ин худ исботи он аст, ки мардум кумакҳои башардӯстонаро нагирифтаанд”,- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси масоили иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки ягон вақт дар Тоҷикистон тақсими кумакҳои башардӯстона шаффоф набуд. Паст будани сатҳи шаффофият гапу шубҳаҳои зиёдро ба миён меорад ва нисбат ба мансабдорони ҳукуматӣ муносибати мардумро бадтар мегардонад.

— Барои мустаҳкам намудани боварии мардум ба вазоратҳо, мақомоти маҳаллӣ роҳбарияти Тоҷикистон бояд кӯшиш кунад, то тамоми намуди кумакҳои башардӯстонае, ки барои пешгирии COVID-19 ворид мегарданд, тавассути васоити ахбори омма, интернет равшан ва возеҳ нишод дода шаванд,- таъкид намуд Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Рухшона ҲАКИМОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here