Ҷовид Ҳомидов, номи шартии сокини 25 солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аст, ки беш аз як соли охир дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия, қарор дошт. Ӯ мегӯяд, ки дар Русия ба ҳайси сохтмончӣ фаъолият мекард ва чанд рӯзи охир сулфаю беҳолӣ, бемадорию камиштиҳоӣ дошт.

— Дар Русия бо нафарони зиёд аз дигар кишварҳо дар як хобгоҳ мезистем. Дар як ҳуҷра ҳам 8-10 нафар будем ва шароити хуби зист ҳам надоштем. Аввалҳои моҳи март, барои гирифтани иҷозати кор аз муоинаи навбатии табибон гузаштам ва ташхиси тиббӣ нишон дода, ки дар шушам доғи сиёҳ пайдо шудааст. Табибони рус гуфтанд, ки барои табобат вақту маблағи зиёд лозим аст. Ба падарам занг зада, вазъиятро фаҳмонидам. Ӯ гуфт, ки дар Тоҷикистон табобати ҳама гуна бемориҳои сил ройгон аст, аз ин рӯ, хоҳиш кард, ки зуд ба Ватан баргардам. 7-уми март баргаштам ва 2 рӯз баъд, пас аз муоинаи табиби силшинос дар беморхонаи сили ноҳияи Панҷ бистарӣ шудам. 20 рӯз мешавад, ки табобат мегирам. Шукри Худо, вазъи саломатиам рӯ ба беҳбудӣ овардааст, — гуфт дар суҳбат Ҷ. Ҳомидов.

Духтури силшиноси Маркази зидди бемориҳои сил дар ноҳияи Панҷ Қурбоналӣ Ёров мегӯяд, ки ташхиси шушҳо ва балғами Ҷ. Ҳомидов нишон дод, ки бемор ба сили шуши тарафи рост гирифтор аст, ки дар марҳилаи таҷзия (сӯрохшавӣ) ва пошхӯрӣ қарор дорад.

— Бо вуҷуди он ки Ҷ. Ҳомидов гуфт, табибони рус ӯро аз бемориаш огоҳ карда буданду пас аз баргаштанаш ба хона робитаи наздик бо хонавода надошт, мутахассисони Марказ фавран ба манзили бемор сафарбар гардиданд ва ҳудуди даҳ нафар аъзои хонаводаро аз ташхис гузарониданд. Хушбахтона, дар организми ягон нафарашон бактерияи сил ошкор карда нашуд, — гуфт пизишки силшинос Қ. Ёров.

Сафармоҳ Шарифова (номи шартӣ) зани 37-сола аст. Ӯ низ дар бемористони сили ноҳияи Панҷ аз 15-уми феврали соли равон ба табобат фаро гирифта шудааст. Табибон мегӯянд, ки номбурда бо бемории сили пайкари мӯҳраҳои қафаси сина бистарӣ дар марҳилаи фаъол бистарӣ гардидааст.

— Ин намуди бемории сил гузаранда нест. Дар беморхонаи сил шуъбаҳои манфӣ ва мусбӣ мавҷуд аст, ки даромадгоҳи баромадгоҳаш дар алоҳидагӣ қарор доранд. Беморони шуъбаи манфӣ безараранд ва гирду атроф хатарнок нестанд. Беморони ин ду шуъба ҷудо табобат карда мешаванд. Сил асосан ду намуд мешавад. Намуди аввалаш хориҷкунандаи чӯбчамикроби Кох ва дигараш бе хориҷкунанда, — шарҳ дод табиби силшинос Қ. Ёров.

Яке аз роҳҳои маъмулии гирифтор шудан ба бемории сил ин тариқи ҳавоӣ аст, ки шахси бемор метавонад нафарони дар наздикиаш қарордоштаро ба микроби он олуда созад. Сулфа, атса ва балғампартоии одами бемор сабаби асосии хориҷшавии бактерияҳои сил мегардад. Барои сироят ёфтан танҳо кофист, ки шахс нафас кашад ва миқдори камтарини бактерияҳои сил боиси олуда шудани одами солим ба бемории мазкур мегардад.

Сил бемории иҷтимоист. Шароити ногувори зиндагӣ, меҳнати душвору вазнин, хӯроки камғизо, майхорагӣ, нашъамандӣ, гирифторӣ ба бемориҳои музмини роҳҳои нафас, диабети қанд, ғаму андӯҳ ва махсусан сироятёбӣ ба ВНМО (вируси норасоии масъунияти одам) сабабгори паст шудани қобилияти муҳофизатии организм шуда метавонанд. Ҳангоми паст шудани қобилияти муҳофизатии бадан микробактерияҳои сил фаъол мегарданд, ки ин ҳолат сабаби пайдо шудани бемории сил дар организм мегардад.

Директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Аслиддин Раҷабзода аз раванди табобат ва ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар кишвар изҳори қаноатмандӣ карда мегӯяд, ки аз соли 2003 то 2025 чор барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил татбиқ шуда истодааст ва сатҳи беморшавии дар миёнаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ кам гардид.

— Барномаи нахустини “Мубориза бар зидди бемориҳои сил барои солҳои 2003-2010” дар ҷумҳурӣ татбиқ шуд. Барномаи дуюм дар солҳои 2010-2015 ва сеюм “Нақшаи миллии стратегии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил” барои солҳои 2015-2020 буд, ки бо муваффақият иҷро гардид ва хушбахтона, раванди сироятёбӣ ба силро ба маротиб коҳиш дод. Соли равон аз тарафи гуруҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил барномаи навбатӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Барнома “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021-2025” ном дорад ва он аз тарафи Ҳукумати кишвар ба имзо расид. Мо аз аввали соли равон дар асоси барномаи чорум фаъолият дорем, — гуфт А. Раҷабзода.

Ба иттилои мавсуф, то соли 2009, бо сабаби дар Тоҷикистон мавҷуд набудани таҷҳизоти муосир ва наву замонавии ташхис, таҳлилҳо ба хориҷи кишвар, махсусан, ба Олмон равон, карда мешуданд. Барои дастрас гардидани ҷавоби таҳлилҳо ду моҳ интизор шудан лозим меомад, ки дар натиҷа қисмате аз беморон ба ҳалокат мерасиданд ва қисмати дигар ба ҳолати вазнини бемории сил гирифтор гардида, табобаташон душвор мешуд.

— Хушбахтона, аз соли 2009 инҷониб 56 адад таҷҳизоти тезташхискунандаи муосир бо номи “Ҷенэксперт” ворид гардид, ки дар муддати ду соат ҳам бемории сил ва ҳам мутобиқати чӯбчамикроби силро ба доруҳои асосии зиддисилӣ муайян мекунад. Чунин таҷҳизот ҳатто дар дар минтақаи дурдасттарини Тоҷикистон — ноҳияи Мурғоби ВМКБ низ васл карда шудааст. 66 маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, ки дар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ мавҷуд аст, дар тули татбиқи барномаҳои миллӣ, оғоз аз соли 2003 то инҷониб бо нақлиётҳои таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин, 6 адад дастгоҳи рақамии рентгенӣ ҳам мавҷуд аст, ки дар тамоми марказҳои вилоятӣ: ВМКБ, минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, Суғд ва Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил ва Маркази миллии бемориҳои сили шуш ва ҷарроҳии қафаси сина (собиқ беморхонаи Мачитон) васл карда шуда, ба аҳолӣ хизмат расонида мешавад. 5 дастгоҳи сайёри рақамии флюрографӣ, ки дар бордони “КАМАЗ” ҷойгир карда шудааст, дар хизмати аҳолӣ қарор дорад. Бо истифода аз ин кормандони соҳа метавонанд ба тамоми шаҳру навоҳӣ сафар кунанд. Ҳатто имкон дорад, ки дар наздикии хонаи бемор муоина гузаронда, беморӣ муайян карда шавад, — гуфт дар идома Директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил Аслиддин Раҷабзода.

Ҳамчунин гуфта шуд, соли 2007 мубталошавӣ ба бемории сил дар ҷумҳурӣ ба 100 000 нафар 78,5 кас рост меомад ва ин шумора дар соли 2020 ба 40,5 нафар поён оварда шуд. Сатҳи фавт низ дар ин солҳо аз 7,5 нафар 1,4 нафар кам карда шуд, ки он аз натиҷаи фаъолияти пурсамари кормандони соҳа ва Ҳукумати кишвар дар робита ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил арзёбӣ карда мешавад.

Барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои давлатӣ татбиқ карда мешаванд. Ин аст, ки вазъият сол то сол рӯ ба беҳбудӣ меорад ва сатҳи беморшавии аҳолӣ коҳиш ёфта истодааст. Ҳукумати кишвар барои онҳое, ки ба бемории мазкур гирифторанд,ташхис, табобат ва ҳама дорувориҳо ройгон дастрас мегардонад, ки ин иқдом боиси хушҳолист. Мегӯянд, ки пешгирӣ кардани беморӣ аз табобати он осонтар аст. Аз ин рӯ, ба беморони музмин дар як сол аққалан як маротиба аз муоинаи рентгенӣ (флюрографӣ)-и қафаси сина гузаштан ҳатмӣ дониста мешавад.

Ҳамчунин, барои пешгирии ҳамагуна бемориҳо баланд бардоштани қобилияти муҳофизати бадан зарур аст. Инсон бояд тарзи ҳаёти солимро риоя карда, ба варзиш машғул шавад. Хӯроки солим истеъмол кардани  шаҳрвандон шарти асосии пешгирии ҳамагуна бемориҳо дар организм мебошад.

Бояд донист, ки бемории сил табобатшаванда аст ва он ҳам ба шарте, ки бемор табобати дурусту саривақтиро бигирад. Табобат бетанаффус ва он ҳам камтар аз 6-8 моҳро дарбар мегирад.

Директории Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сил Раҷабзода Аслиддин таъкид мекунад, ки барои мағлуб кардани бемории сил дар ҳар як кишвар чорабиниҳои муассисаҳои гуногуни ҳукуматиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, молия, маориф, тандурустӣ ва илм ҳамоҳанг сохта, мақоми пешсафиро дар сатҳи баландтарин нигоҳ доштан зарур аст.

— Азбаски бемории сил ҳудуд надорад, аз ин рӯ, чорабиниҳои миллии кишварҳои гуногун бояд ҳамоҳанг карда шаванд, то ин ки пешравии як давлат бо паҳншавии беморӣ дар давлати дигар баробар карда нашавад, — гуфт силшиноси тоҷик.

Шамсулло ФОЗИЛОВ «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here