Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими рӯзгори ҷомеаи тоҷик, соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи давлату Ҳукумати мамлакат рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст.

Тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ низ беморхонаҳо аз таъмиру тармими капиталӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар ноҳияи Ёвон гузориши навбатии хабарнигори МТЖТ манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад.

 

Сатҳи хизматрасонии тиббию санитарӣ боло меравад

Тавре аз суҳбат бо сартабиби ноҳияи Ёвон Халилов Бурҳониддин Ғуломович маълум гардид, дар ноҳия ҳамагӣ 97 муассисаи тандурустӣ ва 6 муассисаи хусусӣ мавҷуд буда, дар маҷмуъ ба 228 327 нафар аҳолии ноҳияи Ёвон хизматрасониҳои тиббию санитарӣ мерасонанд, ки аз инҳо Беморхонаи марказии ноҳия бо 630 кат, Беморхонаи минтақавии №1-и деҳоти Урта Қайнар бо 30 кат, Беморхонаи минтақавии  № 2 -и деҳоти Ҳаёти нав бо 25 кат, Беморхонаи минтақавии № 3-и деҳоти Даштобод бо 25 кат, Маркази бемориҳои пӯсту зуҳравӣ бо 15 кат, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои  сил бо 15 кат, ҳамчунин, марказҳои руҳӣ – наркологӣ, назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ, мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, дандонпизишкӣ, мубориза бар зидди бемории ВНМО, солимии репродуктивӣ, имунопрофилактика, ҳамбастагии бемориҳои  кӯдакона, тибби оилавӣ, машварати тиббии ҷавонон, саломатии ноҳия, ҳамчунин, 31 адад марказҳои саломатии деҳот, 40 адад бунгоҳҳои саломатӣ ва 7 адад нуқтаҳои тиббӣ дар коллеҷу литсей ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба шумор мераванд. Дар баробари ин, 6 адад муассисаи тиббии хусусӣ, ки аз онҳо 3 адад Маркази стоматология ва 3 адад ҳуҷраҳои ултрасадоӣ мебошад, мавриди хизматрасонии аҳолии ноҳия қарор доранд.

Бурҳониддин Ғуломович ҳамчунин зикр намуд, ки дар Беморхонаи минтақавии деҳотии №1-и Урта Қайнар, Беморхонаи минтақавии деҳотии №2 -и Ҳаёти нав, Беморхонаи минтақавии деҳотии №3-и Даштобод 10 катӣ, ва дар маҷмуъ 30 кат барои таваллуд дар деҳот фаъолият намуда истодааст.

Тибқи ҳисоботи пешниҳоднамудаи сартабиби ноҳия, айни ҳол дар муассисаҳои тандурустии Ёвон ҳамагӣ 1715 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз ин ҳисоб 203 нафарро табибон, 930 нафарро ҳамшираҳои тиб, 409 нафарро кормандони хурди тиб ва 173 нафарро кормандони гуногунихтисос ташкил медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир муассисаҳои тандурустии ноҳияи Ёвон ба 38 нафар мутахассисон ниёз доранд.

 

Таъмини шароит — омили беҳдошти сиҳатии аҳолӣ

Рушди  хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати он ва таъмини тамоми шароит барои беҳдошти сиҳатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз мусоҳиба бо сартабиби ноҳия бармеояд, ки дар доираи ҳамкориҳои судманд бо  шарикони рушд ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар навоҳии дурдасти кишвар, чораҳои амалӣ андешида шуда, дар ин доира аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ барои ноҳия 3 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ харидорӣ гардидааст. Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки  ин мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ба сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳия, ки дар масофаи дур аз беморхона  ҷойгиранд, хизмати босифати тиббӣ  ва саривақтӣ мерасонанд.

Илова ба ин, аз тарафи соҳибкорони ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нав мошини тамғаи “Старекс” харидорӣ намуда, ба шуъбаи Ёрии таъҷилии беморхонаи рақами №2 -и Ҳаёти нав супорида шуд, ки ба ин васила 14 воҳиди кории нави кормандони тиб таъмин шуданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки соли гузашта бо сабаби зиёдшавии аҳолӣ 8 бунгоҳи саломатӣ  ба марказҳои саломатии деҳотӣ мубаддал гардиданд. Аз ҷумла, бунгоҳҳои саломатии Дарагӣ, Қуймот ва Муллобаротӣ ба Маркази саломатии деҳоти “Қуймот”, бунгоҳҳои саломатии Меҳристон ва Боғдара ба Маркази саломатии деҳоти “Меҳристон”. Бунгоҳи саломатии “Ҳамза” ба Маркази саломатии деҳоти “Ҳамза”, Бунгоҳи саломатии Навобод — 4 ба Маркази саломатии деҳоти “Навобод — 4”, Бунгоҳи саломатии Тағойобод ба Маркази саломатии деҳоти “Тагойобод” табдил дода шуданд.

Дар баробари ин, аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ ба 5 маркази саломатии деҳот — аз ҷумла, марказҳои саломатии деҳоти Чормағзак, Дӯстӣ, Ширинчашма, Бӯстон ва Қулобод, ки арзиши ҳар лоиҳа 200 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, ҷудо гардид. Айни ҳол марказҳои саломатии деҳоти Дӯстӣ ва Қулобод сохта ба истифода дода шуда, дар марказҳои саломатии деҳотии Ширинчашма, Чормағзак ва Бӯстон иҷрои корҳои сохтмонӣ идома доранд. Сохтмони марказҳои саломатии деҳоти Гулистон ва Гулафшон бошад, аз тарафи бонки мазкур ба нақша гирифта шуда, дар оянда амлӣ хоҳад шуд.

Инчунин, моҳи апрели соли 2018 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон бо 1 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии тамғаи PR4D-Plus ба маблағи 36000 сомонӣ, 1 адад таҷҳизоти таъмизкунӣ ба маблағи 6800 сомонӣ, 1 контрасентратори кислород, тамғаи 7А-5 L ба маблағи 7000 сомонӣ, 1 монитори назди кати бемор ба маблағи 11100 сомонӣ, 1 неготоскоп ба маблағи 440 сомонӣ, 10 кати беморхонагӣ ба маблағи 7500 сомонӣ, 3 адад штатив барои чакондани маҳлулҳо ба маблағи 580 сомонӣ, 2 адад бикс ба маблағи 580 сомонӣ, 2 адад нимкат барои муоинаи беморон ба маблағи 1220 сомонӣ, 2 адад чароғи безараркунанда ба маблағи 300 сомонӣ,  дар маҷмуъ, ба маблағи 71360 сомонӣ таъмин карда шуд.

 

Дар идомаи бунёдкориҳо ва ободкориҳо

Дар баробари ин, ба қавли Бурҳониддин Халилов, соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои ободонию созандагӣ нақшаю чорабинӣ тартиб дода, оиди корҳои ба анҷом расонида ва гузаронидани шанбегиҳо ҳафтае як маротиба ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Ёвон ва Раёсати тандурустии вилояти Хатлон иттилоот пешниҳод  менамояд.

Ин аст, ки дар доираи омодагиҳо ва таҷлили сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази саломатии деҳоти Рӯдакӣ, ҷамоати Ситораи Сурх барои 10 кат ва дар Маркази саломатии деҳоти Саъдӣ Шерозӣ, ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нав барои 10 кат сохтмони шуъбаҳои таваллудхона рафта кор пеш рафта истодааст.

Қобили тазаккур аст, ки барои таъмири бинои комплекси нотамоми Беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аз маблағи ҷудогардида дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ  корҳои сохтмонӣ дар шуъбаҳои ҷарроҳии тоза ва фасодӣ рафта истодаанд.

Инчунин, бо дастгирии раиси ноҳия аз тарафи Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ барои таъмири ошёнаи чорум ва беруни бинои Беморхонаи марказӣ ҷудо гардида, айни замон сохтмони он идома дорад.

Ғайр аз ин, моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилоти байналхалқии ЮСАИД ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон 1 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии тамғаи РО9Н ба маблағи 28900 сомонӣ, 1 адад лампаи фототерапияи навзодон ба маблағи 15500 сомонӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба маблағи 38019,12 сомонӣ тақдим карда шуд.

Қобил ба тазаккур аст, ки дар арафаи иди Наврӯз сохтмони Бунгоҳи саломатии Заркамар аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Инчунин, дар доираи Лоиҳаи беҳтаргардонии хизматрасонии тиббии Бонки умумиҷахонӣ МСД “Ширинчашма” ба маблағи 1миллиону 200 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Айни ҳол сохтмони марказҳои саломатии деҳоти «Чормағзак» ва «Бӯстон» бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ идома дорад ва умед ҳаст, ки соли ҷорӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.

Дар баробари ин, зикри ин нукта муҳим аст, ки Маркази саломатии деҳоти Баҳори ҷамоати деҳоти Норин, Бунгоҳи саломатии Саргаҳ -2 — и ҷамоати  деҳоти Ситораи Сурх, Бунгоҳи саломатии Оби мукӣ -2, ҷамоати деҳоти Обшорон дар биноҳои иҷора фаъолият мебаранд. Ҳамзамон, Бунгоҳи саломати Оби мукӣ -1, ҷамоати деҳоти Даштобод, Бунгоҳи саломатии  Охуҷар, ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейн барои азнавсозӣ  ва сохтмони нав  ниёз доранд.

 

Вазъи мубталоӣ ба бемориҳои сироятӣ муътадил аст

Дар ҳамин ҳол, вазъи мубталоӣ ба бемориҳои сироятӣ дар ноҳия муътадил буда, дар  соли 2018 -ум  ва чор моҳи соли 2019 -ум беморони домана, ҳорӣ, фалаҷи ҳароммағз, исҳоли хунин ва гулӯзиндонак ба қайд гирифта нашудаанд. Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои марбута пайваста дар байни аҳолии шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ҳармоҳа бо ин мақсад зиёда аз 8 то 12 чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамояд. Минҷумла, соли ҷорӣ дар байни кормандони беморхонаи марказӣ, муассисаҳои таълимӣ, литсейҳо, коллеҷи тиббӣ, терминали ноҳия, ҷамоатҳо чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.

Месазад қайд намуд, ки дорувории зидди бемории сил аз тарафи ташкилоти ХОУП мунтазам ройгон дастрас карда мешавад. Аз ҳамаи он нафароне, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, тибқи талаботи барнома аз рӯи ҳолати онҳо назорати қатъӣ бурда мешавад.

Мувофиқи дурнамои ДОТС сифат ва миқдори дарёфти беморон аз фаъолияти ҳуҷраҳои балғамҷамъкунӣ вобастагии калон дорад. Моҳияти ин масъаларо дарк намуда, дар ноҳия барои сифатнок фаъолият бурдани ҳуҷраҳои балғамҷамкунӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Ҳоло дар беморхонаҳои минтақавӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, марказҳои махсусгардонидашуда ҳуҷраҳои балғамҷамъкунӣ фаъолият доранд. Ҳар як ҳуҷра ба ҳисоби миёна ба 12 000 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад. Ҳуҷраҳои балғамҷамъкунӣ бо лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар онҳо корманди миёнаи соҳаи тиб ё маълумоти миёнаи умумидошта, ки омӯзиши махсусро гузаштааст, фаъолият мебарад. Аз рӯи талаботи ин барнома санаи 13 июни соли 2013 ба Маркази зидди бемории сил таҷҳизотҳои нави хозиразамони таҳлили балғам Gene Xpert, таҳлили хуни биохимявии Спектофотометр, яхдон барои ҷамъоварии балғам ва таҷҳизот барои амбори доруворӣ дастрас карда шудааст.

Дар сатҳи ноҳия баҳри дарёфти саривақии беморони сил, муоинаи алоқамандон ва атрофиёни беморон, дар манбаъҳои силӣ ва гуруҳҳои хавфнок  дуруст ба роҳ монда шудааст.

Мусалламан, аз ҷониби Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и ноҳия оиди рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 22 майи соли 2017 таҳти №728, оиди иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 5 апрели соли 2017 таҳти №74, оиди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 таҳти №89 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» дар соли 2018 як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Чунончӣ, аз ҷониби мутахасисони Марказ ҳамасола таҳлилҳои вазъи эпидемиологӣ гузаронида мешаванд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки сироят ва мубталоӣ ба ВНМО асосан дар байни гурӯҳҳои хатарнок, аз ҷумла нашъамандони тазриқӣ, маҳбусон, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дучор меояд.

Дар соли 2018 — ум 18886 нафар шаҳрвандон аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам гузаронида шудаанд, ки аз байни онҳо 39 ҳолати мубталоӣ ба ин беморӣ ошкор шуда, аз ин ҳисоб 20 ҳодиса ба мардҳо, 19 ҳодиса ба занҳо ва 3 ҳодиса ба кӯдакону наврасони то 18 — сола рост меояд. Таҳлилҳои эпидемиологӣ нишон медиҳанд, ки ба ВНМО тавассути алоқаи  ҷинсӣ – 35 нафар, аз модар ба кӯдак — 2 нафар, бо роҳи хун — 1 ва 1 нафар бо усулҳои номаълум сироят ёфтаанд.

Аз аввали бақайдгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам, яъне аз соли 2000-ум то охири соли 2018 дар ноҳия 166 ҳолати сирояти ВНМО ба қайд гирифта шуда, айни замон 109 нафар мубталоён дар қайди диспансерии Марказ қарор доранд.

 

Мушкилот рафъшавандаанд

Тавре дар рафти суҳбат Бурҳониддин Ғуломович изҳор намуд, сарфи назар аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати васеъ намудани доираи тадбирҳо баҳри беҳбудии сатҳи солимӣ ва некӯаҳолии аҳолӣ, ки омили инъикоскунандаи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷисмонии ҷомеа мебошад, то ҳанӯз баъзе мушкилот дар соҳаи тандурустии ноҳия ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, нарасидани мутахассисон — табибони тибби оилавӣ, руҳшинос, нарколог, табибони эҳёгар, ренгенолог, акушер- гинеколог, норасоии таҷҳизоти ҷарроҳии эндовидеоӣ дар ҷарроҳихонаи Беморхонаи марказии ноҳия, сохтмони буғхонаи марказӣ ё ба системаи бойлери автономӣ гузаронидани шуъбаҳои беморхонаи марказӣ, иваз намудани лифтҳои Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳия аз зумраи мушкилоте ҳастанд, ки ҳалли саривақтии худро тақозо доранд ва маъмурияти Беморхонаи марказии ноҳия низ минбаъд таваҷҷуҳи бештареро ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт равона хоҳад намуд.

 

МТЖТ

 

Муаррифиномаи «Самак»

Халилов Бурҳониддин Ғуломович. Санаи 17 майи соли 1965 дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 1977 ба синфи якуми мактаби ба номи В. И. Ленин қадам монда, онро соли 1982 хатм намудааст. Аз моҳи августи соли 1982 то июни 1988 дар муассисаи “ХРУ — 27” ноҳияи Ёвон ба сифати рангуборчӣ кор кардааст. Ҳамзамон, соли 1983 ба шуъбаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 1989 ба итмом расондааст. Барои гузаштани “Интернатура” солҳои 1989 – 1990 дар шаҳри Норак кор карда, сипас ба ноҳияи Ёвон бармегардад. Солҳои 1990 – 1991 дар шуъбаи терапевтӣ фаъолият намуда, соли 1992 курси шикастабандӣ ва ортопедиро гузаштааст. Пас аз хатми курс ба ҳайси духтури шикастабанди дармонгоҳ, мудири шуъбаи ҷарроҳии дармонгоҳ, мудири шуъбаи шикастабандии Беморхонаи марказӣ, ҷонишини сардухтур оид ба ВКК, сардухтури Беморхонаи марказӣ ва аз моҳи июли соли 2015 сартабиби Беморхонаи марказӣ таъйин гардида, то инҷониб дар ин вазифа адои хизмат менамояд. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here