Ё чаро бояд чораҳои пешгириро тақвият бахшем?

Чанд рӯзи охир дар саҳифаҳои гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари мавзуи рӯз, ки оё дар кишвар коронавирус ҳаст ё нест, як мавзӯи доғи дигаре низ гирдгардон аст. Оё зарурати дар кишвар ҷорӣ намудани карантин вуҷуд дорад ё не? Оё танаффуси муваққатие, ки ба муҳассилини мактабҳои миёна (барои банда дар услуби журналистӣ ин истилоҳ наздиктар аст нисбат ба ин, ки муассисаи умумии таҳсилоти фалону беҳмадон) ва коллеҷҳо доданд, кифоя аст ва ё муассисаҳои олии кишварро низ ба таҳсили фосилавӣ (агар имкон бошад) гузаронем?

Хуб, бубинед, чун рақамҳо ҳамаруза тағйир мехӯранд, ман аз омори дақиқ кор намегирам, ки мабодо ба иштибоҳе роҳ диҳам, вале ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон вобаста ба чанд омил, аз ҷумла зудтағйирёбии ҳарорати ҳаво теъдоди бемороне, ки ба илтиҳоби шуш гирифторанд, нисбат ба соли гузашта дар ҳамин вақт бештар ба назар мерасад. Ҳарчанд дар семоҳаи аввал бо нишонаҳои ин беморӣ 5023 нафар сабт шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 (5192) 169 нафар кам буд. Хуб бошад, қабул.

Изҳороти намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева низ дар ибтидо мардумро каме ором кард. Ӯ вуҷуд надоштани беморонро бо нишонаҳои сирояти коронавирус дар қаламрави кишвар тасдиқ намуд ва гуфт, ки зиёд шудани бемориҳои илтиҳоби шуш ба зукоме, ки ба гуруҳи бемориҳои шадиди узвҳои нафаскашӣ алоқаманд аст, иртибот дорад. Вале чанд рӯзи охир эътимоди мардум ба ҳарфҳои ин бону, ки бештар духӯра ва номуайян ҳарф мезанад, коста шудааст… Хуб, ин ҳам бошад.

Агар ба омор назар афканем, як чиз дақиқ аст, ки ин вирус дар тафовут аз бемориҳои сироятии дигар, ки солҳои пеш ба инсон таҳдид мекард, хеле босуръат паҳн мешавад. Худ қазоват кунед, ҳанӯз камтар аз як моҳ қабл, 2-юми апрели соли равон теъдоди гирифторони ин беморӣ 1 015 667 буд, ки аз онҳо 53 200 нафарашон фавтиданд. Мутобиқи охирин оморе (дар 28-уми апрел), ки дастрас шуд, теъдоди гирифторони ин мараз аз 3 млн афзудааст ва теъдоди фавтидагон ба 211000 расидааст. (Ман ҳеҷ иддао надорам, вале ба таври хеле шубҳаовар аксарияти онҳое, ки дар Аврупо ва ИМА пешорӯи ин мараз таслим мешаванд, ё нафақахӯронанд, ки ба гардани давлату ҳукуматҳо бор шудаанд ва ё фаразан муҳоҷирон ва қишри камбизоати аҳолӣ, ки ба кӯмаки ҳазинаи давлатӣ (кӯмакпулӣ) ниёз доранд).

Бармегардем ба асли масъала. Оё дар кишвари мо зарурати эълон кардани карантин ҳаст ё хайр? Гумон мекунам ба таври оммавӣ эълон кардани карантин комилан ғайриимкон аст. Собит шуд, ки чораҳои қатъии пешгирӣ ҳатто ба зарари иқтисодиёти баъзе кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, ки иқтисоди пешрафта доранд, анҷом ёфт. Онҳо баъд аз андаке паст фаромадани шиддати пандемия, феълан маҷбуранд, ки дари баъзе корхонаҳои саноатӣ ва бахши хизматрасониро ба рӯи мизоҷон боз кунанд. Вале… Таҷриба нишон дод, ки манъ кардани чорабиниҳои оммавӣ ва маҳдуд кардани ҳаракати кормандони баъзе муасисаҳо, ки метавонанд дар муҳити хона корашонро анҷом диҳанд ва нафақахӯроне, ки ба гуруҳи хатарнок шомил мешаванд, натиҷаи хуб дод.

Бо назардошти ин, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи таътили донишҷӯён рӯзҳои охир сарусадои зиёд баланд шудааст, тасмим гирифтам, ки холисона назари худро доир ба ин қазия баён намоям.

Таътил дар муассисаҳои илм, фарҳанг, маориф ва мисли ин, ки имкон доранд ба таври фосилавӣ корашонро анҷом диҳанд, чӣ манфиат дорад ва ё эълон накардани таътили муваққатӣ (махсус намехоҳам истилоҳи карантинро, ки баъзе тоифа аз он қимобанд, истифода барам) чӣ зарар?

Манфиатҳо:

Агар ба донишҷӯён таътил эълон намоянд?

  1. Теъдоди мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои дигаре, ки дорои муассисаҳои олӣ ва касбианд ба маротиб коҳиш меёбад.
  2. Хобгоҳҳои донишҷӯён, ки барои паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ хеле мувофиқ аст, холӣ мешаванд ва ҳолати эпидемиологӣ беҳтар мешавад.
  3. Ба буҷети волидайне, ки фарзандонашон донишҷӯянд, то андозае кӯмак мешавад, ки ин давраро нисбатан сабуктар паси сар кунанд.
  4. Аксари донишҷӯёне, ки дар деҳот зиндагӣ доранд, имкон пайдо мекунанд, ки дар корҳои кишоварзӣ ба волидайнашон ёрӣ расонанд.
  5. Аз ҳама муҳим, падару модарон дар иҳотаи ин ҳама воҳимаву гумонҳо дилашон андаке ором мегирад.

Зарар:

Агар таътил эълон нашавад?

  1. Ин ҷавонон дар ҳолати паҳншавии коронавирус мувофиқтарин баранда ва паҳнкунандаи ин мараз мешаванд, чун дар организми ҷавон пай бурдани нишони ин беморӣ дар баъзе ҳолатҳо хеле душвор ва ҳатто ғайриимкон аст.
  2. Худо накунаду агар нишонаҳои ин мараз дар кишвари мо низ пайдо шавад, ҳамин донишҷӯён ба беҳтарин интиқолдиҳандаи ин вабои қарни 21 ба музофоти кишвар, яъне ноҳияву деҳот табдил меёбанд.

Дар зимни ин андешаҳо ба баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳам ёдрас намоям, ки тасмими таътили донишҷӯёнро Вазорати маориф ва илм дар танҳоӣ роҳандозӣ кунад. Ин амал бояд дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳоди дахлдори кишвар, бахусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва қарори ситоди марказӣ сурат гирад. Аз ин лиҳоз, беасос интиқод кардани вазорати мазкур то андозае аз рӯи инсоф нест. Итминон дорам, ки дар ҳоли зарурӣ ин тасмимҳо аз ҷониби ниҳоди масъул қабул хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, бештари олимону донишмандон ва ҳунармандони муҳтарами мо, ки дар бахши илм ва фарҳанг фаъолият доранду синну солашон ба гуруҳҳои зери хатар шомил мешавад, имкон дорад, ки корашонро бо ҳифзи маош як муддат дар хона идома диҳанд.

Ин чанд мулоҳизае буд доир ба масъалаҳои доғе, ки дар расонаву шабакаҳо мавриди баҳси тезетунд қарор гирифтааст ва ман ба ҳайси як шаҳрванд, ки берун аз он буда наметавонам, назари худро баён намудам. Гумон мекунам дар шароити ҳозир пешниҳоди чораҳои муассир ва дастгирии табибони сарсупурдаи тоҷик, ки ҷони худро зери хатар гузошта, дар хати пеши ҷабҳа ҷоннисорӣ доранд, беҳтар аст, аз он ки дастаҷамъона барои интиқод қалам тез кунем.

Боқӣ қазоват дар дасти хонандаи муҳтарам. Агар гуфтаҳои ман мантиқӣ нестанд, метавонед (хоҳиш мекунам дар доираи мавзуъ ва бо риояи одоби муошират) баҳс кунед.

Бахтиёр ҲАМДАМОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here