Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ

Муассисаи  давлатии  таълимии  «Коллеҷи  тиббии  шаҳри  Конибодом» дар асоси  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳо, супоришу дастурҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҶТ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар ҶТ», Консепсияи миллии тарбияи ҶТ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҶТ, инчунин дигар санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва  тандурустӣ  фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Коллеҷ барои пешбурди  фаъолият аз рӯи ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори момодоягӣ», «Кори тиббию ташхисӣ», «Кори тиббию профилактикӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори табобатӣ» ва «Кори дандонсозӣ» мутахассисони касбии соҳавиро омода менамояд.

Базаи моддӣ — техникӣ

Айни ҳол дар базаи асосии таълимии Коллеҷ 23 кабинетҳои фаннӣ, ки аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо ҳамаи таҷҳизоти таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд, мавҷуд мебошанд: аз ҷумла се кабинети фаннии компютерӣ бо компютерҳои муосир таъмин буда, 1 китобхона бо қироатхонааш барои 60 ҷои нишаст, майдончаи варзишӣ дар ихтиёри донишҷӯёну омӯзгорони муассиса қарор дорад.

Фаъолияти омӯзгорону кормандони МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» баҳри амалӣ гардонидани талаботҳои асосии «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардонида шудааст.

Дар Коллеҷ раванди таълим бо тарзи машғулияти назариявӣ, лексионӣ-семинарӣ ва амалӣ, аз соли таҳсили 2019-2020 оғоз карда, барои донишҷӯёни курси якум  таҳсилот дар низоми кредитӣ роҳандозӣ шуда, барои донишҷӯён бо таҳсилоти анъанавӣ дар охири  нимсолаҳо таҷрибаомӯзӣ  муқаррар гардидааст.

Аз соли таҳсили 2019-2020 донишҷӯёни курси якум ба низоми нави таълим — низоми кредитии таҳсилот оғоз намуданд, ки ин низом дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда шуда, ба стандартҳои давлатии таҳсилот мутобиқ гардонида шудааст.

Баҳри боз ҳам беҳтар намудани базаи моддӣ-техникӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим дар раванди таҳсил илова ба таҷҳизот, ускунаҳо ва адабиёти таълимии аз ҷониби Донишгоҳи тандурустии тропикӣ ва ҷамъиятии Швейтсария (Швейцарский институт тропического и общественного здравоохранения) соли 2019 таъмин карда шуда буд, дар моҳи апрели соли 2020 ба маблағи 10575 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ба коллеҷ тақдим карда шуд.

Сатҳу   сифати   таълим  

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, азхудкунии малакаву маҳоратомӯзии касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ мақсаду мароми асосии фаъолияти МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» мебошад.

Дар «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» бо мақсади дуруст ташкил намудан ва ба роҳ мондани ҷараёни таълим, назорати давомот ва сифати таълим, факултетҳо,  бахши  идоракунии   сатҳу   сифати   таълим   фаъолият  менамояд.

Дар ҷодаи таълиму тарбияи кадрҳои тиббӣ Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» дар соли 2020 ба як қатор нишондодҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Паёмҳои ҳамасолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои  меъёрӣ — ҳуқуқии соҳа, назорати доимии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳу сифати дониши муҳассилин дар маркази таваҷҷӯҳи маъмурият ва кулли омӯзгорону кормандони МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» қарор дорад.

Омӯзгорони асосии дар Коллеҷ фаъолиятдошта айни ҳол 111 нафар буда, 6 нафарашон унвони номзади илм доранд, 92 нафар соҳиби маълумоти олӣ ва 19 нафар соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошанд.

Дар «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом»  аз рӯи ҳафт  ихтисос 1624 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 1397 нафар духтарон ва 227 нафар писарон мебошанд. Аз ин теъдод мутаносибан гурӯҳҳои буҷавиро 492   нафар ва дар гурӯҳҳои шартномавиро 1132 нафар ташкил медиҳад.

Фаъолияти китобхона

Китобхонаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» дар иншооти нав баъд аз куллан таъмир гардидан ва бо таҷҳизоти зарурӣ дастрас шудан ба фаъолият шурӯъ намуда, аз рӯи нақшаи солона, ки дар ҷаласаи Шӯрои китобхона дида баромада ва аз тарафи директори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» тасдиқ карда шудааст, амал мекунад. Дар китобхона 7038  адад китоб мавҷуд буда, аз он китобҳои дарсӣ — 5990, маводи методӣ дар соҳаи тиб 99 ва китобҳои бадеӣ 850 ададро ташкил медиҳад.

Масоҳати китобхона-қироатхона 101,5 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Китобхона баҳри нигоҳ доштани китобҳои таълимӣ-бадеӣ ва маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ мутобиқ буда, мавриди истифодаи донишҷӯён ва омӯзгорон қарор дорад. Аз китобхона 1300 нафар донишҷӯ, ҳамаи омӯзгорони асосӣ мунтазам истифода мебаранд. Гардиши китоб ба ҳисоби миёна дар як ҳафта 420 — 434 ва дар як моҳ беш аз 1921 ададро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати беҳтар гардонидани фаъолияти корӣ ва истифодабарии донишҷӯён ва  омӯзгорон китобхона бо 5 адад компютер, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошанд ва 1 адад  принтер таъмин карда шуда, мавриди баҳрабардории васеъ қарор дорад.

Бо мақсади самаранок истифода бурдан аз китобҳо, мутолиаи онҳо дар қироатхонаи коллеҷ барои омӯзгорон ва донишҷӯён шароити мувофиқ фароҳам оварда шуда, нисбати солҳои пешин фаъолияти китобхона боз ҳам  вусъат ёфтааст.

Кафедраҳо

Ҷиҳати амалӣ гардонидани нақша ва барномаҳои таълимӣ дар  Коллеҷ  6  кафедраи  фаннӣ  фаъолият  доранд:

а)  кафедраи «Фанҳои  гуманитарӣ»

б)  кафедраи «Забонҳо»

в)  кафедраи  «Фанҳои  Химия, биология»

г)  кафедраи  «Фанҳои  умумитиббӣ»

д)  кафедраи  «Фанҳои  Кори ҳамширагӣ»

е)  кафедраи  «Фарматсия»

Нақшаҳои тақвимӣ — мавзуӣ ва барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар гардида, мувофиқи нақшаҳои таълимӣ тартиб дода шудааст ва дастраси ҳамаи омӯзгорон мебошад. Барои роҳандозӣ намудани низоми кредитии таҳсилот аз ҷониби омӯзгороне, ки  бо  чунин тарзи таҳсил машғулият мегузаронанд, барномаҳои корӣ (силлабусҳо), тартиб дода шуда, дар ҷаласаҳои кафедраҳои дахлдор баррасӣ ва аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълим тасдиқ гардидааст.

Дар  кафедраҳо  вобаста ба нақшаҳои корӣ  дар  самти таълим ҷаласаю машваратҳо  гузаронида шуда, пешрафт ва давомоти донишҷуён, комёбиҳо ва  камбудиҳо  баррасӣ  гардида, вазифаҳои ҷорӣ муайян карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки супоридани имтиҳони тестӣ аз ҷониби донишҷӯён бо воситаи компютер ба роҳ монда шудааст ва омили инсонӣ, дахолат намудан ҳангоми супоридани сессияи имтиҳонот аз байн бурда шудааст.

Семинарҳои машваратӣ

Дар таътили зимистона аз рӯи нақшаи тартибдодашуда барои рӯзҳои таътил ҷиҳати беҳтар намудани ҷараёни таълим, расонидани кӯмаки методӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён бо омӯзгорон семинар-машваратҳо гузаронида   шуд.

Омӯзгорони собиқадор ва пешқадам аз рӯи мавзӯҳои гуногун баромадҳои педагогӣ доир намуданд, ки ба омӯзгорони ҷавон ҷиҳати расонидани кумаки методии судманд мусоидат намуд.

Равиши машғулиятҳои назариявӣ, лексионӣ ва амалӣ, инчунин машғулият дар низоми кредитии таҳсилот, давомот ва пешрафти таҳсили донишҷӯён, дар маҷмӯъ фаъолияти кулли омӯзгорон ва кормандони МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» ва тартибу интизоми донишҷӯён дар давоми таҳсил дар ҷаласаи назоратии ҳафтаина, Шӯрои омӯзгорон мунтазам муҳокима карда шуда, пешравӣ дар кор, камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ ва баҳогузорӣ гардида, вазифаҳои ҷорӣ гузошта шуда истодааст.

Мувофиқи нақшаи кори кафедраҳо аз фанҳои мухталиф дарсҳои кушод гузаронида  шуда, аз ҷониби омӯзгорони ҳузурдошта ва масъулин таҳлил гардида, баҳогузорӣ шуда истодааст.

Комиссияи касбинтихобнамоӣ

Дар коллеҷ комиссияи касбинтихобнамоӣ фаъолият менамояд, ки дар машваратҳои худ масъалаҳои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои касбинтихобкунӣ, тартиб додани мавод оид ба интихоби касб, тайёр намудани эълонҳо доир ба қабули донишҷӯён ба коллеҷи тиббӣ ва ба чоп додани онҳо дида баромада шудааст. Ҷадвали сафари омӯзгорон ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ тартиб дода шуда, омӯзгорон аз рӯи ҷадвал ба мактабҳои шаҳру ноҳияҳо рафта, бо хатмкунандагон сӯҳбатҳо гузаронида, доир ба қоидаҳои қабул, ҳуҷҷатҳои лозима, имтиҳонҳои дохилшавӣ ва дигар масъалаҳо маълумот медиҳанд.    

Ҷиҳати  ҷалб  намудани хатмкунандагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ барои таҳсил дар коллеҷ аз рӯи нақшаи чорабиниҳо корҳои амалии назаррасро ба анҷом расонида, дар  ин  самт  фаъолияти  мунтазамро  роҳандозӣ  карда  истодааст. Ба ҳар як муассиса аз ҷониби омӯзгорони коллеҷ дар бораи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» буклетҳо тақдим карда мешавад. Дар баробари ин, дастовардҳои Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом», аз ҷумла дастранҷи ҳунарҳои дастии донишҷӯён, китобу дастурҳои таълимии аз ҷониби омӯзгорони коллеҷ нависташуда ба намоиш гузошта мешавад. Инчунин, ба иштирокчиён дар бораи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ, гурӯҳҳои ихтисосҳо, кластерҳо, номгӯи фанҳои имтиҳонӣ, комбинатсияҳои интихоби муассисаҳо ва ихтисосҳои он, шаклҳои таҳсил, маблағи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ мувофиқи ихтисосҳо маълумоти мушаххас дода шуд. Аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд,  ки ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо  фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри  Конибодом», гирифтани маълумоти  муфассал  метавонанд ба  базаи асосии коллеҷ ташриф намоянд.

Маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри  Конибодом»  ҷиҳати ҷалб намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ, гимназия ва литсейҳо, инчунин муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ минбаъд низ фаъолияташро ва вусъат мебахшад.

Корҳои тарбиявӣ

Корҳои тарбиявӣ дар коллеҷ мувофиқи нақша ба роҳ монда шудааст ва кулли омӯзгорону кормандон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои иҷроиши  вазифаҳо ва нақшаҳои ба пеш гузошташуда оид ба тарбияи ҷавонон ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси кормандони миёнаи соҳаи тиб фаъолияти ҳамаҷонибаро  пурзӯр  менамоянд.

Дар ҷамъомадҳои пагоҳирузӣ, соатҳои тарбиявӣ, рӯзҳои ягонаи сиёсӣ аз рӯи мавзуъҳои «Волоияти қонун — кафили пешравии ҷомеа», «Пешгирии ҳодиса ва ҷиноятҳои номатлуби доғи руз», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар  масоил     баромаду  сӯҳбатҳо  гузаронида шуданд.

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарзи ҳаёти солим, тарбияи ахлоқии донишҷӯён  ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ аз рӯи нақша корҳо рафта истодааст. Ҷадвали махсуси баромади омӯзгорон аз рӯи масъалаҳои мубрами рӯз тартиб дода шудааст, ки аз рӯи он омӯзгорони ботаҷриба доир ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани донишҷӯён ба шуғли варзиш, пешгирии рафтори номатлуб, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тадбирҳо зидди паҳншавии аҳидаҳои динию эктремистӣ дар байни донишҷӯён, эҳтироми либоси миллӣ, роҳ надодан ба ақидаҳои ифротгароӣ, ки ба зеҳни донишҷӯён таъсири манфӣ  мерасонад,  баромадҳо ташкил карда шуд.

Бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 рушди деҳот,  сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ” мувофиқи  нақшаи  кории  беруназсинфӣ    баҳри баланд бардоштани маданияту ҷаҳонбинии донишҷӯён,  огоҳ будан  ва  аз  наздик шинос гардидан аз  таърихи кишвари азиз сайру саёҳат ба ҷойҳои таърихии шаҳри Конибодом ва вилояти Суғд таҳти роҳбарии омӯзгорони фанни таърих ташкил карда шуд.

Аҳли меҳнат ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом” тасмим гирифтааст, ки мувофиқи нақшаи таълимгоҳ, инчунин чорабиниҳое, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва дигар мақомоти болоӣ пешбинӣ мегардад, ҷиҳати сазовор пешвоз  гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳо минбаъд низ фаъолона иштирок намоянд.

Мониторинги сатҳи донишазхудкунӣ

Дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом” ҳар як кафедра оид ба амалӣ гардонидани барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати донишандузӣ фаъолият бурда истодааст. Дар онҳо дарсҳои кушод, мониторинги сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён, ки дар мӯҳлати муайян иҷро шуда истодаанд, гузаронида мешавад ва натиҷааш дар Шӯрои методӣ мавриди баррасӣ  қарор мегирад.

Дар таътили зимистона оид  ба масъалаҳои мухталиф дар мавзӯҳои «Услуби гузаронидани машғулияти лексионӣ», «Мураттабсозии саволномаҳои санҷишҳои тестӣ», «Омодагӣ ба машғулиятҳои кушоду намунавӣ»,  бо коромузони ҷавон семинар- машваратҳо гузаронида шудааст. Мувофиқи нақша дар кафедраҳо омода намудани дастурамалҳои методӣ тартиб дода шуда, омӯзгорон аз рӯи фанҳои худ ва мавзӯҳои гуногун маводи худро пешниҳод намуданд. Ҳар як омӯзгор аз таҷрибаи пешқадами омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дастовардҳои навин истифода бурда, аз болои такмили ихтисоси худ кӯшиши худро ба харҷ дода истодаанд.

Назорати дохилӣ

Назорати дохилии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» ҳамеша дар маркази    таваҷҷӯҳи маъмурият қарор дошта, баҳри муайян намудани таҷрибаи пешқадам, ҷустуҷӯи роҳу усулҳои нави корӣ, таълиму тарбия, расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорон ва мутахасисони ҷавон, ҷиҳати беҳтар намудан ва фароҳам овардани заминаҳои моддӣ — техникии коллеҷ корҳои молиявию таъминоти пурраи кадрӣ равона карда шудааст. Ҷиҳати бурдани назорати доимӣ аз болои фаъолияти омӯзгорон дар раванди машғулият, иштироки донишҷӯён дар машғулият ва сифати донишомӯзии онҳо, мувофиқати низоми либоспӯшӣ, фаъолияти онҳо дар машғулияти амалиявӣ бурда мешавад. Инчунин нақшахои тақвимӣ — мавзӯӣ, нақшаҳои дарсӣ, маводи дарсҳо мувофиқи мавзуъҳо, тарзи навиштаҷот дар нақшаҳо мавриди тафтиш қарор дода шуда, ба  омӯзгорон маслиҳатҳои  методӣ  дода шудааст. Дар ҷаласаҳои корӣ дастовардҳо, камбудиҳои ҷойдошта муҳокима гардида, дар назди муовинон, декан, назоратчиҳои факултетҳо ва дигар масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шудааст.

Ободонӣ ва таъмир

Дар Коллеҷ маъракаи бунёдкориву созандагӣ дар сатҳи густурда роҳандозӣ гардидааст. Ҷиҳати ободонии Коллеҷ ва базаҳои таълимии он ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ҳудудҳои таълимгоҳ ҳар ҳафта рӯзи шанбе гузаронидани рӯзҳои санитарӣ ба ҳукми анъана даромада, тамоми ҳудуди Коллеҷ, синфхонаҳои таълимӣ тоза карда шуда, партовҳо саривақт бароварда мешаванд.

Ҳамчунин, ҷавобан ба дастуру супоришҳои давлат ва ҳукумат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф  ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мутобиқсозӣ ба Стандарти давлатӣ дар омодасозии мутахассисон ва фароҳам овардани шароитҳои муфиди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, ташкил намудани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дар мувофиқа бо менеҷери сохтори госпиталии шаҳри Конибодом ва розигии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми дуюми шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии шаҳр ба тавозуни МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» гузаронида, корҳои сохтмонӣ, таъмири кулли иншоот ва ташкили маҷмааи таълимии нав ба анҷом расонида шуда, машғулият  гузаронида шуд.

Бо мақсади таъминоти босуръати муосир ба Интернет таҷҳизоти лозимӣ дастрас гардидааст ва дар мувофиқаю ҳамкории дуҷониба бо ширкати «Тоҷиктелеком» -и шаҳри Конибодом пайвастшавӣ амалӣ карда шуда, он ба таври васеъ мавриди истифода қарор дорад.

Айни замон дар базаи асосии Коллеҷ иншоотҳои фарсуда, садамавӣ ва барои истифодабарӣ номувофиқ (биноҳои маъмурӣ — пешайвон, бойгонии кӯҳна, бинои ҳаммом, девори тахтагин, ҳоҷатхонаи донишҷӯён), ки бо ризоияти муассис ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шудааст, аз ҷониби ташкилоти сохтмонӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани саҳну ҳудуди муассиса корҳои таъмиру тармим рафта истодааст.

Маъмурият, кулли омӯзгорон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободкориву созандагӣ, гузаронидани корҳои таъмир ва тармим, вобаста ба ин фароҳам овардани шароити мувофиқ барои омодасозии мутахассисони соҳаи миёнаи тиб, сазовор пешвоз гирифтани санаҳои таърихӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муваззаф аст, фаъолиятро  боз ҳам  вусъат  мебахшад.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here