Бидон, парвозгоҳи миллати мо,

Бувад дар рӯи дастони муаллим!

 

Шиори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор”: «Омӯзгор тавассути заҳмат, адолатпешагӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ ва донишмандӣ соҳиби обрӯ, эътибор ва шӯҳрат мегардад.» 

 

Муассисаи давлатии таълимии ‹‹Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор›› ҳамчун Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор бо қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 23.07. 1964, № 586 таъсис дода шудааст. 

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №630 Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» табдил дода шуд. Муассиси Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар баробари аз омӯзишгоҳ ба коллеҷ табдил ёфтан дар муассиса тахассусҳои нав кушода шуда, ихтисосҳо аз 1 (таҳсилоти ибтидоӣ)  ба  12 адад расонида шуд. Дар айни замон  дар  коллеҷ   аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ тайёр карда мешаванд:

 

1. Таҳсилоти ибтидоӣ ;

2. Таҳсилоти томактабӣ;

3. Забон ва адабиёти рус;

4. Забони хориҷӣ (англисӣ);

5.Забон ва адабиёти тоҷик;

6. Таърих;

7. Технология (м- хизматрасонӣ);              

8. Математика;              

9. Информатика;                      

10. Биология;                            

11. География;                                                           

12. Тарбияи ҷисмонӣ.                                                 

 

Дар Коллеҷ 73 нафар омӯзгорон бо назардошти кадрҳои роҳбарикунанда ба кори таълиму тарбия машғуланд, ки аз онҳо  5 нафар дорои унвони илмӣ, 5 нафар унвонҷӯ ва аспирант, 1 нафар дорандаи “Медали шоиста”, 37 нафар дорандаи нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, 1 нафар “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳамчунин, 16 нафар омӯзгорони ин даргоҳи маърифат бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи ҶТ қадршиносӣ шудаанд. Муассиса пурра бо мутахассисон таъмин мебошад.

Боиси сарфарозист, ки дар соли таҳсили 2017 – 2018 директори Коллеҷ Гулхумор Дадобоева рисолаи илмии худро бо сарбаландӣ дифоъ намуда, соҳиби увони номзади илми филология гардид.

Шумораи донишҷуён дар коллеҷ ба ҳолати моҳи сентябри соли 2018 1874 нафар, аз ҷумла 1605 нафар духтар  буда, аз ин 800 нафарашон, аз ҷумла 666 нафар духтар дар шуъбаи рӯзона ва 1074 нафарашон, аз ҷумла 939 нафар духтар дар шуъбаи ғоибона таҳсили илм доранд.

Коллеҷ дар асоси маблағи буҷавӣ ва шартномавӣ  фаъолияти худро ба роҳ мондааст. 

     Муассиса дорои як факултети умумитаълимӣ, кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ ва дақиқ, шуъбаҳои таълим, таҷрибаомӯзӣ, рӯзона, ғоибона, бахши назорати сифати таҳсилот, маркази касбомӯзӣ ва китобхона мебошад.

     Дар  Коллеҷи  омӯзгории  шаҳри  Ҳисор барои таълим ва тарбияи омӯзгорони ба талаботи имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ ҳамаи шароитҳо омода карда шудаву ҷиҳати ба замони муосир мутобиқгардонии ин боргоҳи маърифат тадбирҳои судманд андешида мешавад.  Бинои муассиса аз нигоҳи замон таъмир карда шудааст ва он бо таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз буда, ҳамқадами ҷомеаи навин мебошад. Коллеҷ дорои кабинетҳои таълимии муҷаҳҳаз, синфхонаҳои  комютерии ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст, тахтаҳои электронӣ, китобхона, толори варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ  мебошад.  

Дар факулта раванди таълим ва тарбия таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, мунтазам аз фаъолияти  омӯзгорон, тарзи ташкил ва гузаронидани дарсҳо,  иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ, риояи талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки донишҷуён ба дарсҳо ва аз ташкилу баргузории чорабиниҳои беруназсинфӣ натиҷагирӣ карда мешавад. Бахшида ба рӯзҳои таърихӣ дар давоми соли таҳсили 2017-2018 зиёда аз 10 конференсияи илмӣ- назариявӣ гузаронида шуданд. Дар мавзӯҳои:  «Проблема³ои таълими фан³ои дақиқ дар замони муосир», бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии ¯ум³урии То¿икистон»; «Саодати миллат аз Ваҳдат аст!», бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ; «Дониш андар дил чароғи равшан аст», бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ; «Ин забон аз нури имони ман аст!», бахшида ба Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; «Пешвои миллат-ифтихори ҷавонон», бахшида ба таҷлили Рӯзи Президент   ва ғайраҳо   гузаронида шуданд.

Дар  факулта  кафедраҳо ва шӯъбаву бахшҳо мутаҳҳид карда шудаанд.  Фаъолияти кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ ва дақиқ таҳти назорати садорати факулта, мувофиқ ба талабот, ба роҳ монда шудааст. Мунтазам ҷаласаҳои кафедраҳо гузаронида мешавад ва омӯзгорон аз рӯи ихтсос дар кафедраҳо муттаҳид карда шудаанд. Барои  дуруст ва мақсаднок роҳандозӣ намудани фаъолияти муассиса дар самти омода намудани кадрҳои талаботи замони муосир, дар назди муассисаҳои таълимии такягоҳии №№ 1 ва 5 кафедраҳои методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ ва дақиқи коллеҷ фаъолият менамояд, ки ҳангоми гузаронидани дарсҳои амалии методикаи таълими фанҳо ва ҳамаи намудҳои таҷрибаомӯзӣ, дар заминаи  ин кафедраҳо,  омӯзиш ба роҳ монда мешавад.

Ташкил ва гузаронидани дарсҳои намунавӣ ва иштироки омӯзгорон ба дарсҳои ҳамдигар ба маҷрои нави ташкилию таълимӣ оварда шуд. Аксарияти чунин дарсҳо бо иштироки намояндагони маъмурияти коллеҷ гузаронида шуда, баъдан ҳаматарафа таҳлилу натиҷабардорӣ карда шуданд, ки дар ин ҷода ҳисси масъулиятшиносии омӯзгорони ҷавон дучанд афзуд. Дар назди муассисаи таълимӣ “Маркази касбомӯзӣ” ташкил карда шудааст. 

       Ташкили фаъолият дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва тартиби қабули шунавандагон ба он,   дар асоси “Тартиби ташкил ва гузаронидани курсҳои таълимии касбӣ барои ҷавонон ва занони бекасб” ба роҳ монда мешавад.

     Ҷиҳати дуруст ва мақсаднок роҳандозӣ намудани фаъолият дар маркази касбомӯзӣ 24 нафар омӯзгорон ҳанӯз дар соли 2015  аз такмили ихтисос гузаронида шуда, бо сертификат таъмин карда шуда буданд.

    Нақша-чорабиниҳои Коллеҷ ҷиҳати иҷрои Дастуру нишондод ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 баён гардидаанд аз 32 банд иборат буда, тарҳрезӣ шудааст, ки таҳия ва насби гӯшаи «Паёми Президент» дар кабинетҳои фаннӣ, навиштани рефератҳо ва баромади омӯзгорон ва донишҷӯён дар ҷамъомадҳои пешаздарсӣ дар мавзӯи «Дар партави Паёми Президент» ва «Аз Паём то Паём», мизи мудаввар таҳти унвони «Занон зери таваҷҷӯҳи ҳукумат», вохӯриҳо бо собиқадорони меҳнат, шоиру нависандагон, шахсони барӯманди диёр, тарғибу ташвиқ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар байни аҳолӣ, ташкили суҳбатҳо-рейдҳо дар ҳамкорӣ бо бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ  ҷиҳати аз байн бурдани зуҳуроти ба халқи мо бегона, пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва таҳдидҳои замони муосир, арҷгузорӣ ба оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима, суннату ойинҳо ва ҷашнҳои миллӣ, рӯй наовардан ба фарҳанги бегона, таҷҳизонидани муассиса бо таҷҳизоти замони муосир, ба монанди иҷро намудани барномаи компютерикунонӣ, харидорӣ намудани тахтаи электронӣ ва насби он дар синфхонаҳо,  ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ:  Меҳргон, Сада ва Наврӯз идома бахшидани фаъолият дар «Маркази касбомӯзӣ»,  ривоҷ бахшидани корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ, ташкил ва баргузории конференсияи илмӣ-адабӣ  бахшида ба соли «Рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», вохӯрии донишҷӯёну омӯзгорон бо адибони халқии Тоҷикистон, барандагони ҷоизаҳои давлатӣ: Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Кароматулло Мирзоев ва ғайра аз зумраи ин гуна тадбирҳо ба шумор мераванд. 

Дар муассиса барои хатмкунандагони шӯъбаҳои ғоибона ва рӯзона курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши компютер ташкил карда шуд ва 237 нафар хатмкунандагон аз ин курсҳо ройгон гузашта, бо технологияи муосир кор карданро омӯхтанд. Ҳамзамон, аз ҷониби бахши саифати таҳсилот мониторинги сифати дониши донишҷӯён гузаронида шуда, дар шӯрои олимон-омӯзгорони муассиса мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати дониши донишҷуён тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.  Вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 миёни донишҷӯён чорабиниҳои гуногун баргузор гардонида шуда, ба ин васила  фарҳанг, дастовардҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихию мадании кишвар тарғибу ташвиқ мегарданд. Дар муассиса ба фаъолияти сексияҳои варзишии футбол, баскетбол, валейбол ва шоҳмот вусъат бахшида шуд. Дар баробари ин, омӯзиши ҳатмии қонунҳои миллӣ, аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва «Конститутсия»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  миёни муҳассилин роҳандозӣ гардидааст. Моҳи майи соли равон дар ҳамкорӣ бо бахши кор  бо  ҷавонон ва варзиши  шаҳр мизи мудаввар дар бораи зарари марговари маводи мухаддир гузаронида шуд.  Дар Рӯзи ҷаҳонии об-22 март оғоз гардидани раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии об — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», истифодаи самараноки обу замин ва  сарфакорона ва бомаврид истифода бурдани неруи барқ, то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ, ҳамзамон баланд бардоштани сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ, истифодаи технологияи муосир, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, саъю кӯшиш барои ҳифзи сулҳу оромӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбону гулгаштҳо ва  ғайра ҳамарӯза диққати махсус дода мешавад..   

Омӯзгорон ва донишҷӯён пайваста аз паи омӯзиши илму маърифатанд: конференсияҳо, чорабиниҳои гуногуни илмӣ – таълимӣ, барномаҳои адабии бадеӣ, чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба “Рӯзи артиши миллӣ”,  “Рӯзи Модар”,  “Наврӯзи байналмилалӣ”, конференсия бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», конференсияҳо бахшида ба рӯзҳои таърихӣ дар мавзӯъҳои “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат”, “Ҷавонон ва Истиқлолият”, “Дониш андар дил чароғи равшан аст”, “Нақши арзишҳои миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон” ва ғайра   баргузор шуданд. 

 Рӯзи 16.03.2018  бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” конференсияи илмии назариявӣ дар мавзӯи “Об -манбаи ҳаёт” гузаронида шуд. Дар он намояндагон аз  коллеҷҳои омӯзгории шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иштирок доштанд. Дар таърихи 29.05.2018 викторина дар мавзӯи “Рӯзи байналмилалии муҳити зист” аз тарафи кафедраи фанҳои дақиқ гузаронида шуд. Ҳамарӯза иҷрои нақша — чорабиниҳои тарҳрезишуда тадбирҳои мушаххас андешида мешавад ва дар ин самт корҳо идома доранд. 

 

«Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»

Соли 2017 марҳилаи 2-юми фаъолият ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2012, №200) оғоз ёфта, ҷиҳати иҷрои ин санади муҳими давлатӣ нақшаи тадбирҳо дар муассиса таҳия ва тасдиқ карда шудааст, ки иҷрои он таҳти назорати доимӣ қарор дорад.        

Дар муассиса  ҷомеаи омӯзгорон таҳти роҳбарии маъмурият баҳри амалишавии бандҳои нақша ҷидду ҷаҳд намуда, дар ин самт ба як қатор дастовардҳои  назаррас ноил гардидаанд: 

— бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассиса «Маркази тестӣ» ба фаъолият шуруъ намуд, ки ҳама намуди  атттестатсияҳо  дар он ҷо гузаронида шуда, ба донишҷӯ баҳои ҳаққонӣ дода мешавад;

— хатмкунандагон давра ба давра Рисолаи хатм навишта истодаанд, ки ин ба донишҷӯ барои мустаҳкам намудани дониши андӯхтааш замина хохад шуд;

— ҳангоми гузаронидани дарсҳо омӯзгорон аз технологияи муосир фаровон истифода намуда истодаанд, аз қабили видеопроэкторҳо, тахтаҳои электронӣ ва ғайра;

— бонки маълумоти лексияҳои омӯзгорон тариқи электронӣ,  дар назди кафедраҳо ташкил шудаву  дастрасии донишҷӯён ба лексияҳои омӯзгорон,   модулҳои таълимӣ,  коркарди методӣ, шакли электронии китобҳои дарсӣ таъмин карда шудааст;

—  ба фазои байналмилалии таҳсилот муассиса давра ба давра  ворид гашта истодааст,   таълим дар 30 гурӯҳ бо низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст;

— як нафар рисолаи номзадиашро дар моҳи феврал ҳимоя намуд ва ҳуҷҷатҳояш дар арафаи коркард, дар Федератсияи Россия мебошад;

— 5 нафар омӯзгорон ба сифати аспирант ва унвонҷӯ   ба корҳои тадқиқотӣ-илмӣ ҷалб карда шудаанд;

— бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ кор дар «Маркази касбомӯзӣ» ҷоннок карда шуда, ба шаҳрвандони шаҳри Ҳисор ва берун аз он ҳунарҳои мардумӣ аз қабили зардӯзӣ,  қолинбофӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ омӯзонида шуда истодааст;

— бо ташаббуси роҳбарияти дастури таълимӣ барои мураббиён- «Шоҳмот» аз ҷониби омӯзгори фанни математика Ваҳобов Муҳаммадқосим таҳия карда шуд. Он дар Шӯрои миллии таҳсилоти назди Вазорати маориф ва илми ҶТ аз ташхис гузаронида шуда, бо қарори мушовараи Вазорат тасдиқ ва ба чоп тавсия гардид. Вазорат нашри ин дастури таълимиро ба зиммаи худ гирифта, аз нашр баровард ва ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастрас намуд;

— дар кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ  ва дақиқ таҳияи китобҳои дарсӣ ва модулҳои таълимӣ ба роҳ монда  шудааст;

— дар назди «Маркази касбомӯзӣ» дӯхти либоси мактабӣ ба роҳ монда шуд. 

Тайи 3 сол аст, ки ба муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор» донишҷӯён тариқи Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд ва имрӯз эҳтиёҷоти аввалиндараҷа ин хобгоҳ аст. Дар таъмини амалишавии Барномаи давлатии мазкур, ки барои рушди соҳа  тақдирсоз аст, маъмурият ва устодони коллеҷ дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш  талош меварзанд, ҷаҳд доранд, нақшаҳо таҳрезӣ месозанд.   

 

«Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ дар ҶТ барои солҳои 2015-2020»

Амалисозии «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», аз 03.06.2014, №427 таҳти назорати роҳбарияти муассиса  қарор гирифта, давра ба давра таъмин карда шуда истодааст. Дар шӯбаи ғоибона кушодани ихтисоси Забон ва адабиёти рус ин худ гувоҳи он аст, ки таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони русӣ ва англисӣ зиёд буда, барои таъмини муассисаҳои таълимии қаламрави шаҳр бо омӯзгорони ихтисосманди фанни зикргардида, замина хоҳад гузошт.

Дар муассиса  кабинетҳои таълимии муҷаҳҳаз бо маводҳои таълимӣ аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ мавҷуд буда, ҷавобгӯй ба талаботи имрӯза мебошад.

Гӯшаи махсуси адабиётҳои бадеӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар дар  китобхонаи муассиса ташкил карда шуда, барои мутоила тавсия карда мешавад. Ҳамзамон ба омӯзгорони фанҳои зикргардида бо қарори шӯрои олимон- омӯзгорон тавсия дода шудааст, ки барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диқкати махсус диҳанд, ба донишҷуён корҳои мустақилона, аз қабили тарҷумаи афсона, ҳикоя ва қиссаҳо супориши фардӣ дода, аз натиҷаи он ба шӯро маълумотномаи муфассал манзур созанд.

 

Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2006, №94) ҳуҷҷати муҳими давлатӣ буда, дурнамои сиёсати давлату соҳаи маорифро дар ин самт муайян мекунад. Маъмурият ва омӯзгорони Коллеҷи омӯзгорӣ дар ин робита дар байни донишҷӯён озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъҳои «Меҳри Ватан”, “Мо ватандӯсти асилем», «Ҷаннат зери қудуми модарон аст», «Оинҳои наврӯзӣ ва тарбияи маънавии донишҷӯён», “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”, “Оила аз нигоҳи ман” гузаронида шуд. Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва “Ифтихорнома”-и раиси Ҳукумати шаҳри Ҳисор ва “Ифтихорнома”-и  директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор  қадрдонӣ карда шуданд. 

Дар таърихи 27.02.2018 дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор бо иқдоми устоди гиромиқадр ва адиби шинохтаи диёр муҳтарам Султонмуроди Одина вохӯрии адибони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ ва Кароматулло Мирзоев бо донишҷӯён гузаронида шуд.

Инчунин дар муассиса маҳфили тарбиявию таълимӣ таҳти унвони “Тозагӣ — гарави саломатӣ” амал менамояд, ки бо иштироки табибони шинохтаи шаҳр Қараев  И., Аъзамов А. Рабиева Л. силсилавохӯриҳо баргузор шуданд. Донишҷӯён аз сӯҳбати табибон дарси ҳаёт омӯхтанд.

Маҳфилҳои «Дугонаҳо», «Дастони моҳир» (гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ, тайёр намудани хӯришҳо ва шириниҳо) дар омодашавии духтарони ҷавон ба зиндагии мустақил кумак мерасонанд. Боиси ин буд, ки донишҷӯи гурӯҳи 3а/з Ализода Рафоат дар озмуни шаҳрии бахшида ба рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ “Маликаи Наврӯз”  иштирок намуда, сазовори “Шоҳҷоиза” гардид. 

Кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ дар чорабиниҳои ҷашнии шаҳрӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд. Дар асоси Амри Раиси шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Модар  озмуни шаҳрии “Волейбол” таҳти унвони “Гурдофарид” дар байни бонувони ташкилоту муассисаҳои қаламрави шаҳр, мусобиқаи “Волейбол” ва “Шоҳмот” дар байни коллеҷҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Ҷавонон гузаронида шуд, ки дар он дастаҳои коллеҷ ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.  

Рӯзҳои 14-16 март бахшида ба рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси коллеҷи техникии ДДТТ ба номи академик М. Осимӣ мусобиқаи шоҳмотбозӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ гузаронида шуд, ки дар он  дастаҳои  шоҳмотбозони донишҷӯён ва устодони  муассиса фаъолияти хуб нишон дода, сазовори  ҷойҳои 2-юм ва 3-юмро гаштанд. 

Ҷиҳати ташвиқу тарғиби китобхонӣ дар муассиса амалиёти «Китоб-дӯсти ман» гузаронида шуд ва донишҷӯён ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб карда шуданд, инчунин ҷамъоварии китобҳо низ ба роҳ монда шуд ва ба китобхонаи муассиса донишҷӯён зиёда аз 400 нусха китобҳои бадеӣ  бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тақдим намуданд. Дар доираи ин амалиёт озмуни “Китобхони беҳтарин” эълон карда шуд ва ғолибони ҷойҳои 1-3 аз ҳисоби суратҳисоби махсус соҳиби мукофотпулӣ ба миқдори аз 500 то 1000 сомонӣ гардиданд. 

Бахшида ба 140 солагии устод, қаҳрамони  Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ 14-уми апрел конфренсияи илмӣ-адабӣ  бо иштироки адибони шинохтаи Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ , Кароматулло Мирзоев  ва Султонмуроди Одина гузаронида шуд. Дар китобхонаи муассиса гӯшаи намоиши китобҳои  устод Садриддин Айнӣ ташкил карда шудааст. Дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти устод аз тарафи донишҷӯён баромадҳо гузаронида шуд.

Рӯзи 13-уми апрели соли ҷорӣ семенари директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 63 нафар директорони коллеҷҳо ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Пас аз баррасии масъалаҳои семинарӣ бо вазъи таълиму тарбия дар коллеҷ шинос гардида, ба он баҳои мусбат доданд. 

Натиҷаи сессияи тобистонаи соли таҳсили 2017-2018 нисбат ба соли таҳсили 2016-2017 нишон медиҳад, ки сатҳи сифати донишазхудкунии донишҷӯён баланд шудааст (28% ва 25,6%) ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён (90.8%ва 87,5%). Таҳлили баланд шудани  сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён нишон медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта аксарият донишҷӯён моҳияти низоми кредитии таҳсилотро дарк намуданд. 

 

Тарбияи ватанпарастӣ 

Ин омил аз самтҳои муҳимтарини тарбия маҳсуб мегардад. Баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон бо донишҷӯёне, ки (Мӯсои Иброҳимзода 4а/и, Қурбонов Улуғбек-омӯзгор) хизмати ҳарбиро адо намуда таҳсил ва фаъолият карда истодаанд, оид ба шароити зиндагии сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ сӯҳбатҳо ташкил карда шуд ва натиҷа ҳаминро нишон дод, ки 8 нафар донишҷӯён дар даъвати навбатӣ хоҳиши дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ хизмат намуданро пайдо карданд.

 

Гуруҳҳои аёдатӣ

Бояд тазаккур дод, ки дар коллеҷ аз ҳисоби ҷавонони фаъол гурӯҳи аёдатӣ ташкил карда шудааст, ки фаъолияти онҳо дар ин самти тарбия хеле назаррас мебошад, аз ҷумла дар арафаи таҷлили Рӯзи Модарон ва Рӯзи Ғалаба бо ташаббуси ин гурӯҳ донишҷӯён ба аёдати собиқадорони соҳаи маориф ва собиқ омӯзгорони коллеҷ, Қосимова Меҳрӣ  (собиқ ҷонишини директор оид ба таълими коллеҷ солҳои 1964-1970), Қурбонова Сангиной, Ёдгорова Махфират, Ваҳобова Махфиратхон, Гулчеҳра Юсуфҷонова, Бобоев Ҳасан, Мардонов Аҳмадҷон, Сулаймонов Холматҷон (собиқ директори омӯзишгоҳи омӯзгории солҳои 1971-1975) рафтанд. 

 

Дастовардҳо 

1.Дар таърихи 18-19 уми май  дар коллеҷи техникии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни фании ҷумҳуриявӣ аз рӯи 6 фан гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯи курси 1 –и  ихтисоси “Таҳсилоти ибтидоӣ” Муминзода Дилфидо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгор Ҷомиева М.) сазовори ҷойи 1-ум ва донишҷӯи курси 3 –и ихтисоси “Таърих”  Бобоҷонов Ҳикматулло аз фанни таърих (омӯзгор Азизов М)  сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

2.Бо ташаббуси роҳбарияти муассиса  ҷиҳати иҷрои пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дастури таълимӣ барои мураббиён- «Шоҳмот» аз ҷониби омӯзгори фанни математика  Ваҳобов Муҳаммадқосим таҳия карда шуд.  Дар  Шӯрои миллии таҳсилоти  назди  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташхис гузаронида шуда, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ ва барои чоп тавсия гардид. Вазорати маориф ва илм нашри ин дастури таълимиро ба зиммаи худ гирифта, аз нашр баровард ва ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастрас намуд.

3.дар муассиса таҳияи китобҳои дарсӣ ва модулҳои таълимӣ ба роҳ монда  шудааст, аз ҷумла китобҳои дарсӣ барои  ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик» 2-020301: «Назарияи адабиёт» (омӯзгорон Дадобева Г., Раҳмонов С., Одинаев С.), «Назмшиносӣ» (омӯзгорон Гиёев Л., Дадобоева Г., Одинаев С.), «Тафсири шеър» (омӯзгорон Одинаев С., Гиёев Л.)  таҳия карда шуд.

 

Таклиф ба ММТ

Тибқи супориши Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол мешавад, ки қабули довталабон дар асоси таҳсилоти миёнаи умумӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.  Дар натиҷаи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар соли таҳсили 2018-2019 1378 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, мутаассифона пас аз супоридани имтиҳонҳои қабул ва дар даври асосии тақсимот ба коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор ҳамагӣ 168 нафар довталаб дохил шуд. Дар даври такрории (дуюм) тақсимот бошад, 59 нафар довталаб дохил шуд, ки аз онҳо 8 нафарашон барои супоридани ҳуҷҷат ҳозир нашуданд. 

Дар рафти имтиҳони қабул маълум гашт, ки сатҳи сифати дониши довталабон нисбат ба солҳои пешин каме боло рафта бошад ҳам, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Хусусан саводи хаттии довталабон ҷавобгӯ ба талабот набуда, ниҳоят дар сатҳи паст қарор дорад. Аз ин лиҳоз муассиса тасмим гирифтааст, ки минбаъд дар кори таълим ва тарбия баҳри болобардории сатҳи дониши донишҷӯён чораҳои мушаххас андешад.

Барои беҳтар намудани қабули довталабон бо тариқи ММТ маъмурияти коллеҷ чунин таклифҳоро пешниҳод менамояд:

— хуб мебуд нақшаи қабул аз рӯи талаботи муассиса таҳия мегардид, зеро соли равон дар таҳияи  нақшаи қабул  лоиҳаи нақшаи қабули пешниҳоднамудаи маъмурияти муассиса ба эътибор гирифта нашуд.

— ҷавобҳои мактубҳое, ки аз муассиса ирсол мешаванд, ба инобат гирифта шавад, ба хусус ҳангоми коркарди нақшаи қабул;

— дар тақсимот ба довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ нисбат ба довталабони муассисаҳои олии касбӣ имконияти васеътар (дар назар аст холҳои гузариш) дода шавад;

— хуб мебуд, ки натиҷаи тақсимот бо оғози соли таҳсил ба анҷом расад.

 

ТАҲКИМИ ПОЯИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ

Фаъолияти хоҷагидорӣ ва таҳкими пояи моддӣ-техникии дар раванди таълим аз самтҳои муҳими фаъолияти коллеҷ маҳсуб меёбад. Дар муассиса тибқи нақшаи дурнамо аз соли 2014 инҷониб давра ба давра пояи моддӣ — техникӣ мустаҳкам карда шуда истодааст. Ба ҳолати моҳи сентябр соли 2018 дар муассиса чунин корҳо ба анҷом расонида шуд:

-бинои муассисаи таълимӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, мувофиқ ба талаботи замон муҷаҳҳаз  гардонида шуд;

-аз ҳисоби суръатҳисоби махсус мизу курсӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён   харидорӣ карда шуда, дар кабинетҳои таълимӣ гузошта шуда, ба истифода дода шуд.

— кабинети методӣ бо тарҳи нави замонавӣ ташкил ва таҷҳизонида ва ба истифода дода шуд; 

— кабинетҳои таълимии фаннии фанҳои биология, география, информатика харидорӣ карда шуд;

— толори хурди лексионии ба талаботи замон мувофиқ ташкил ва таҷҳизонида шуд;

-дар назди муассиса «Маркази касбомӯзӣ» ташкил карда шуд;

— дар назди “Маркази касбомӯзӣ”  дӯхти либоси мактабӣ ва миллӣ ба роҳ монда шуд.  

-дар рӯзҳои ҳашар зиёда аз ҳазор бех ниҳол дар ҳавлии коллеҷ шинонида шуд;

-дар саҳни ҳавлии муассиса зиёда аз ҳазор дона намудҳои гуногуни  гули  садбарг шинонида шуд;

-саҳни ҳавлии муассиса дар масоҳати 1000м2 бетонпӯш карда  шуд;

-дар назди даромадгоҳи муассиса дидбонгоҳ сохта шуд;

-ҳамаи синфхонаҳо  таъмир ва таҷҳизонида шуданд;  

 Бо мақсади вусъати минбаъдаи фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва ҷабҳаъҳои дигари ҳаёти коллеҷ, татбиқи амалии чораву тадбирҳои зайл зарур аст:

 

Камбудиҳо:

— ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ доштани  бинои хобгоҳи  Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор”  , ки аз 43 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ донишҷӯён дар муассиса таҳсили илм доранд);

-мавҷуд набудани китобҳои дарсӣ, бахусус  аз фанҳои тахассусӣ;

 

Пешниҳодҳо:

-ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони  фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ; 

— таҳияи дастури методӣ барои  ташкил ва гузаронидани таҷрибаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (барои бахши рӯзона ва ғоибона).

Директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор Гулхумор Дадабоева бо зикри ин ҳама нуктаҳои муҳими фаъолияти муассисаи таълимии мазкур дар фароварди суҳбат умед бар он баст, ки коллективи омӯзгорон албатта, бо меҳнати софдилона ва кӯшишу ғайрати дастаҷаъмона дар оянда низ ба нуфузи таълимгоҳ эътибори зиёдтар хоҳанд бахшид.

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here