Дар ҷамаоти деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён бемористонҳо дар ҳолати риққатангез қарор доранд. Ба гуфтаи сокинон беморхона, маркази КАТС, ва шӯъбаи бемориҳои сил дар як ҷо ҷойгир буда, ҳолати ҳузнангези ин макон диққати ҳар бинандаро сӯи андеша ва саломатии ояндааш мебарад. Мушкили рақами як дар ин ҷо ин аст, ки шӯъбаи бемориҳои сил дар дохили беморхона, яъне дар як бино бо дигар шуъбаҳо, ҷойгир аст. Оё дар як макон ҷойгир будани шӯъбаи бемориҳои сил ва дигар шуъбаҳои як бемористони маъмулӣ ба дурустии кор аст? Ба гуфти масъулини Беморхонаи сили вилоят дар ин шуъба 11 нафар бемор ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд ва ин беморон ба касе сироят накардаанд, то ҳол касе аз дигар шуъбаҳо ба ин беморӣ сироят ҳам наёфтааст.

Коршиносон мегӯянд, ки бояд макони табобати бемориҳои сил аз маҳали аҳолинишин дар масофаи муайян ҷой дошта бошад. Шуъбаи бемориҳои сил дар бемористон бо дигар шуъбаҳо дар як бино ҳасту касеро аз тақдири ояндаи саломатии беморон парвое нест.

Ба замми ин бемористон ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дорад, зеро деворҳояш рехтаву дару тирезаҳояш фарсуда шудаанд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here