Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тибқи Низомномаи Хадамот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.17, 597 тасдиқ гардидааст, дар соли 2020 корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар 857 адад муасссиаҳои тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шудаанд. Аз ин миқдор 491 адад санҷишҳои нақшавӣ ва 366 адад санҷишҳои ғайринақшавиро ташкил медиҳанд.

Вобаста ба камбудиву норасоиҳои ошкоргардида ҳангоми гузаронидани санҷишҳои болозикр чораҳои зерин андешида шудаанд:

— нисбати 323 нафар кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи умумии 276 555 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шудааст;

— барои номуносиб будан ба вазифаи ишғолнамуда нисбати 38 нафар корманди роҳбарикунанда ба унвонии вазорат пешниҳодҳо манзур карда шудаанд;

— барои андешидани чораҳои интизомӣ нисбати 242 нафар кормандони тандурустӣ пешниҳодҳо манзур карда шудаанд;

— барои боздиди дараҷанокии тахассусии 29 нафар кормандони соҳаи тиб ба унвонии вазорат пешниҳодҳо манзур гардидаанд;

— фаъолияти 10 адад муассисаҳо то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошт карда шудаанд;

— гузаштан аз такмили ихтисос — 16 нафар.

Бо мақсади назорат ва баҳогузории омодабошӣ барои таъмини чораҳои зиддиэпидемикӣ ва алгоритми дарёфт, муоина, ташхис, табобат, назорат, инчунин вазъи тақсимоти маводҳои доруворӣ ба беморони гирифтори илтиҳоби шуш ва коронавируси нави COVID-19 дар 748 муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ҷиҳати риояи чораҳои зиддиэпидемикӣ дар 135 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мониторингҳо гузаронида шудаанд.

Дар давоми соли 2020 дар ҷумҳурӣ 51 ҳодисаи фавти модарӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 7 адад, ноҳияҳои тобеи марказ 7 адад, вилояти Суғд 19 адад, вилояти Хатлон 18 адад, аз онҳо дар минтақаи Кӯлоб 9 адад ва дар минтақаи Бохтар 9 адад.

Хадамот аз 51 ҳодисаи фавти модарӣ бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ, беҳискунӣ ва наҷот 35 ҳодисаи фавтро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додааст.

Дар натиҷаи баррасии ҳодисаҳои фавт нисбати 35 нафар тибқи моддаи 110 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти маъмурӣ, нисбати 14 нафар боздид ва ё паст кардани дараҷанокии тахассусии касбӣ, нисбати 8 нафар пешниҳод оид ба аз вазифа озод намудан ва нисбати 45 нафар ба масъулини муассисаҳои табобатию пешгирӣ ҷиҳати андешидани ҷазоҳои интизомӣ пешниҳод манзур шудааст.

Илова бар ин, 91 ҳодисаҳои фавт аз бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 (12 ҳолат дар хона) низ мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.

Айни ҳол 717 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ (351 адад шахсони ҳуқуқӣ бо 62 филиал ва 304 адад шахсони воқеӣ) фаъолият мекунанд.

Муассисаҳои бисёрсоҳавӣ бо статсионарҳо дар ҷумҳурӣ 78 ададро ташкил намуда, аз 1 804 кат иборат мебошанд. Дар муассисаҳои хусусии тиббӣ ҳамагӣ 4159 нафар, аз ҷумла 1 702 нафар табибон, 1 580 нафар кормандони миёнаи тиб, 877 нафар кормандони ёрирасон фаъолият мекунанд. 19 нафар мутахассисони хориҷӣ низ дар муассисаҳои мазкур машғули коранд: 6 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, 3 нафар табиб ва 1 нафар фелдшер аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, 6 нафар аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, 2 нафар аз ИМА, 2 нафар аз Федератсияи Россия.

Дар давраи ҳисоботӣ дар 118 ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ санҷишҳо гузаронида шудаанд. Аз инҳо санҷишҳои нақшавӣ 63 адад, санҷишҳои ғайринақшавӣ 55 адад мебошад.

Инчунин, тибқи супориши протоколии ҷамъбасти нуҳмоҳаи Хадамот санҷиши раванди тартиби таъин ва пардохти кумакпулиҳои якдафъаина дар ҳаҷми 400 ва 500 сомонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар 9 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди санҷиши интихобӣ қарор дода шудааст. Аз натиҷаи санҷишҳо муайян карда шудааст, ки ба 27313 оилаҳои камбизоат ба маблағи умумии 10925200 сомонӣ равона гардидааст. Пардохти маблағи мазкур теъдоди 21073 нафарро ташкил дода, маблағи он 8429200 сомониро дар бар мегирад. Аз натиҷаи санҷишҳо муайян карда шудааст, ки ба 6511 оилаҳои камбизоати дорои кӯдак (ё кӯдакони) синни то 3-сола ба маблағи умумии 3255500 сомонӣ равона гардидааст. Пардохти маблағи мазкур теъдоди 5794 нафарро ташкил дода, маблағи он 2897000 сомониро дар бар мегирад.

Дар муассисаҳои системаи давлатии соҳаи тандурустӣ вобаста ба риоя ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008, №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» санҷишҳо гузаронида шудаанд. Дар маҷмуъ, ҳангоми санҷишҳои гузаронидашуда нисбати 46 нафар барои роҳ додани камбудиву норасоиҳо муҷозотҳои маъмурӣ бо дастрасии моддаи 123 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ҷарима ба маблағи 54460 сомонӣ татбиқ карда шудааст.

Тибқи нақшаи кории Маркази аккредитатсияи тиббӣ дар соли 2020 дар 25 муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла 3 марказҳои ҷумҳуриявӣ, 1 пажуҳишгоҳ, 3 марказҳои шаҳрӣ, 1 беморхонаи шаҳрӣ, 7 марказҳои саломатии шаҳрӣ, 2 таваллудхонаҳо, 3 марказҳои стоматологӣ, 2 марказҳои дигар ва 3 муассисаҳои хусусии тиббӣ расмиёти аккредитатсияи тиббӣ гузаронида шудааст.

Ҳуҷҷатҳои 28 муассисаҳо барои баррасӣ ба Шӯрои аккредитатсионии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Маводи омӯзишӣ оид ба мақсад, заминаи ҳуқуқӣ, принсип, усуслҳо ва тартиби гузаронидани аккредитатсияи тиббӣ дар шакли семинари видеоӣ дар давоми 180 дақиқа омода карда шудааст.

Барои пешбурди корҳои ташвиқотӣ оид ба афзалияти аккредитатсияи тиббӣ видеоролики телевизионӣ омода гардида, бо дастгирии техникии Лоиҳаи “Беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар сатҳи госпиталӣ: баҳодиҳӣ ва аккредитатсия” (EPOS/GIZ) барои давоми соли 2020 пахш намудани он дар 4 шабакаи давлатии телевизони ватанӣ шартнома баста шудааст.

Дар давоми соли 2020 дар самти омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содироти Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда мутобиқи нақша корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд:

  1. Дар бахши маводи доруворӣ дар ҷумҳурӣ воридоти маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ маблағи умумии 792 945 876 сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба 76 120 935 $ баробар мебошад, аз он ҷумла:

— ёрии башардӯстона  — 253 599 439 сомонӣ, бо доллар 24 041 508 $;

— барои хариду фурӯш — 505 533 346 сомонӣ, бо доллар 48 838 816 $;

— бо мақсади истифодабарӣ 33 813 091 сомонӣ, бо доллар 3 240 611 $.

Содирот дар 12 моҳи соли 2020 бошад, маблағи 55 053 735 сомонӣ, баробар ба 5 472 897 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

  1. Дар бахши маводи ороишӣ – гигиенӣ дар давоми соли 2020-ум рухсатномаҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода шудааст, ки маблағи умумиашон 485 961 126 сомонӣ, бо арзи хориҷӣ ба 47 052 567 доллари ИМА баробар аст.
  2. Дар бахши моддаҳои нашъаовар ва психотропӣ дар дувоздаҳ моҳи соли равон 23 шаҳодатнома барои воридоти маводи нашъадор ва психотропӣ дода шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамот аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои лозима барои аз қайди давлатӣ гузаштани маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, иловагиҳои ғизоӣ ва маводҳои косметикӣ пешниҳод карда шудаанд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда таҳти омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, ба 674 номгӯи онҳо шаҳодатномаи сабти давлатӣ тайёр карда супорида шудааст. Аз ин 539 шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои маводи доруворӣ, 102 шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои молҳои тиббӣ, 32 шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои гомеопатӣ ва 1 шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои воситаҳои косметикӣ, синтетикӣ, шустушӯй ва безараркуниро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2529 муассисаи фармасевтӣ фаъолият менамоянд: дар ш. Душанбе 504 муассисаҳои фармасевтӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 334 муассисаҳои фармасевтӣ, дар вилояти Хатлони минтақаи Бохтар 450 муассисаҳои фармасевтӣ, дар вилояти Хатлони минтақаи Кӯлоб 310 муассисаҳои фармасевтӣ, дар вилояти Суғд 866 муассисаҳои фармасевтӣ, дар ВМКБ 65 муассисаҳои фармасевтӣ.

Дар соли 2020 бо 520 қарору фармоиш фаъолияти 718 муассисаҳои фармасевтӣ (аз 718 муассисаи зери санҷиш қарордодашуда 219 муассисаи фармасевтӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) ва бо 282 қарору фармоиш 295 муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва дар асоси 234 қарор 404 нуқтаи савдои маводҳои ороишию гигиенӣ мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 880 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 46058 адад аз муомилот гирифта шудаанд, ки аз инҳо 598 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 8261 адад, 270 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 6762 адад ва 12 номгӯй маводи дорувории ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯй набуда, миқдори 31035 ададро ташкил мекунад.

Инчунин, мувофиқи мактубҳои КВД «ЭОМФТ»-и Хадамот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ (ҲМТ) дар вақти воридот 18 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 748 316 адад ва аз истеҳсоли дохилӣ 2 номгӯй маводи доруворӣ ба миқдори 4683 адад тибқи санад гирифта шудааст.

Аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ бошад, 569 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 6568 адад аз муомилот гирифта шудаанд, ки аз ин 374 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 4344 адад, 195 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 2224 адад, дар асоси санади гирифт аз муомилот гирифта шудаанд.

Дар 12 моҳи соли 2020-ум аз тарафи шуъбаҳои Сарраёсатҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамот ва дар вилоятҳо буда 116 869 кг маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд, аз он ҷумла:

— 103755 кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда. Аз ин 52149 кг доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо санад гирифта шуда, боқимонда 51606 кг маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта, ки бо мактуб аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва дигар ширкатҳои воридкунанда ба Хадамот супорида шудаанд;

— 13114 кг маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд. Аз ин 9314 кг маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи бо санад гирифташуда, боқимонда 3800 кг маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, ки бо мактуб аз тарафи соҳибкорон ва дигар ширкатҳо ба Хадамот супорида шудаанд.

Дар соли 2020-ум аз тарафи шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 407 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 1 117 909 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд, аз он ҷумла:

— шуъбаҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда 234 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 621 945 сомонӣ;

— шуъбаи назорати давлатии муомилоти қонунии маводи нашъадор, психотропӣ ва прекурсорҳои Хадамот 16 протоколу қарор ба маблағи 52300 сомонӣ;

— шуъбаҳои назорати давлатии маводҳои ороишии гигиении Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда 58 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 168374 сомонӣ;

— шуъбаҳои назорати фармакологии маводи дорувории Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда 99 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 275 290 сомонӣ.

Дар дувоздаҳ моҳи соли 2020-ум баҳри бартараф намудани камбудиҳо аз тарафи шуъбаҳои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 24 амрнома дода шуда, ба ҳамаи онҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо ҷавоб гирифта шудааст.

Шуъбаҳои аккредитатсияҳои муассисаҳои фармасевтии Сарраёсатҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар вилоятҳо дар дувоздаҳ моҳи соли 2020 аз тарафи шуъбаҳои дахлдори сарраёсатҳо ва ширкатҳои ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда, нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ ба миқдори 2265 дархости ҳуҷҷатҳои лозимаро барои гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсионӣ қабул намуда, мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз инҳо  1801 бастаи ҳуҷҷат аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ, 412 ҳуҷҷат аз тарафи нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, 46 намояндаи тиббӣ ва 1 сехи истеҳсолӣ мебошанд ва 5 ҳуҷҷати дигар аз сабаби нопурра будани бастаи ҳуҷҷатҳо рад карда шудаанд.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» ва корхонаҳои воҳиди давлатии дар вилоятҳо будаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар соли 2020-ум 36434 адад маводи доруворӣ аз санҷиш гузаронида шудааст. Маводҳои мазкур 33061 адад аз воридот, 990 адад аз муассисаҳои фармасевтӣ аз муомилот гирифта шудаанд. Маҳсулоти аз ташхис гузашта 1333 намуна истеҳсоли ватанӣ (10 намуна барои содирот), 1019 бақайдгирӣ, 542 намуна аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 845 адад ёрии башардӯстонаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор маводи зери ташхис қарордодашуда ба 37263 адад сертификатҳои мутобиқат ва 1057 протоколҳои санҷиш дода шуда, 199 намунаҳои онҳо бошад, ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набудаанд, ки аз ин 66 намунаашон дар вақти воридот, 115 намунаашон аз муомилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 18 намуна истеҳсоли дохилӣ гирифта шудаанд.

Ғайр аз ин, 33021 адад маводи ороишӣ ва маҳсулоти табобатию профилактикӣ низ зери ташхис қарор дода шудаанд, ки аз онҳо 32167 адад аз воридот, 299 адад аз муомилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 555 адад истеҳсоли дохилӣ гирифта шудаанд. Аз ин миқдор маводи ороишии зери ташхис қарор додашуда ба 33546 адад сертификати мутобиқат ва 262 протоколи санҷиш дода шудааст. 93 намунаи онҳо бошад, ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуда, аз ин миқдор 89 намуна аз муомилот аз нуқтаҳои фурӯш, 4 воридот пешниҳод шудааст.

Дар соли 2020 ба Хадамот дар умум 2516 адад муроҷиатҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидаанд, ки 2494 ададашонро муроҷиатҳои хаттӣ ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 2151 адад аз шахсони ҳуқуқӣ ва 365 адад аз шахсони воқеӣ мебошанд. Мавзӯи муроҷиатҳо асосан аз масъалаҳои зерин иборат аст:

— гирифтани иҷозатномаҳои яккарата барои ворид намудани маводи доруворӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти тиббӣ;

— таҳлили озмоишгоҳии маводҳои доруворӣ;

— машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ;

— риоя нагардидани одоби муошират аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ;

— вобаста ба ташхис ва табобати нодуруст;

— оид ба масъалаи барқарор намудан дар ҷойи кор ва муносибатҳои корӣ дар байни кормандони МТП;

— кумак барои табобат ва дастгириҳои иҷтимоӣ;

— оид ба талаб намудани маблағи ғайрирасмӣ барои табобат;

— оид ба муайян намудани сабабҳои фавт;

— оид ба бозпас гардонидани маблағ барои табобат;

— оид ба сироят бо ВНМО ва гепатитҳо;

— қаноатманд набудан аз хулосаи машварати судӣ-тиббӣ ва ғ.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳо ­2435 ададашон баррасӣ гардида, ба муаллифони онҳо ҷавобҳои дахлдор дода шудааст.

Ба гуфтаи сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳтарам Бекмуродзода Султонмурод Бекмурод, «асоси фаъолияти Хадамот, ки тибқи Низомномаи Хадамот, ки аз 29.12.2017 мувофиқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти №597 тасдиқ гардидааст, назорат ва ташхису иҷозатномадиҳӣ дар соҳаҳои фармасевтӣ, молҳои таъиноти тиббӣ, иловагиҳои биологӣ, ғизоҳои кӯдаконаву табобатӣ, молҳои ороишиву гигиенӣ, назорат аз болои фаъолияти истеҳсоли маводҳои дорувориву тиббӣ ва фаъолияти ташхисиву табобатӣ мебошад».

— Дар соли 2020 ба натиҷаҳои хуби касбӣ ноил гардидем, ки барои ин дастовард саҳми кулли кормандони Хадамот калон аст. Дар асоси супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода дар Хадамот нақшаи чорабиниҳо омода гардидааст, ки мо назоратҳои нақшавӣ ва ногаҳониро барои муассисаҳои самти тандурустиву фармасевтӣ мавриди амал қарор додем ва баҳри ҳифзи саломатии мардум, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар самти афзалиятнок шуморида мешавад, назоратро боз ҳам қатъӣ менамоем,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here