Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран аз эҳтимолияти эълони пандемия дар саросари олам хабар дод. Сирояти умумиҷаҳонии вируси короно сабабгори он шуда метавонад, ки дунё муддатеро дар карантин гузаронад. Торафт ҷуғрофиёи сирояти короно васеъ мешавад. Ва аз хабари кашфи сироятшуда дар Ӯзбекистон ва Афғонистони ҳамсоя метавон мутаваҷҷеҳ шуд, ки ин вирус дар марзи кишвари мо қарор дорад. Ва дар робита ба ин хонандагон суол мекунанд, ки пандемия, яъне чӣ? Барои посухи мушаххас ба ин пурсиш талош кардем ин вожаро аввал маънидод кунем ва сипас ба шарҳи он пардозем, таърихро мурур кунем, ки ин гуна бемориҳо ба сари башар чӣ фалокатҳое овардааст.
Тибқи иттилои Донишномаи озод, пандемия — pandemic – дунёгир, ҳамагирии ҷаҳонӣ — беморие, ки дар чанд кишвар ҳамагир шудааст ва эҳтимол меравад ҳама дунёро олуда кунад. Дар ин маврид истилоҳи эпидемия низ вуҷуд дорад, ки маънои он ҳамагирӣ, яъне густариши беш аз ҳадди як беморӣ, ки ҳамзамон ва дар як маҳал шумори бисёре аз мардумро фаро мегирад. Пандемия аслан вожаи фаронсавист ва гирифташуда аз вожаи юнонии πανδημία мебошад. Дар забони юнонӣ πᾶν ба маънои ҳама ва δῆμος ба маънои мардум аст.
Ҳамагирии ҷаҳонӣ як бемории фарогир аст, ки аз марзҳои байналмилалӣ убур мекунад ва теъдоди зиёди одамонро фаро мегирад. Таърихи башар ҳамагириҳои зиёдеро ёд дорад, ки машҳуртарини онҳо нағзак ё нағзаки сиёҳ, вабо, тоун, сил, табларза, зуком мебошанд. Ва яке аз мудҳиштарини онҳо ҳамин нағзаки сиёҳ буд, ки бо номи марги сиёҳ низ ёд мешавад. Ин беморӣ дар садаи 14-ум миёни 75 то 200 миллион нафарро дар олам кушт. Ва охирин пандемия, ки ёд дорем, ин зукоми хук буд, ки соли 2009 рух дод, вале ба ҳадди бемориҳои пешин ҷонгир набуд.
Бемориҳои ҳамагири ҷаҳонӣ метавонанд дар организмҳои муҳими зинда, аз ҷумла, ҳайвонот, рустаниҳо, моҳиҳо, дарахтон пайдо шаванд ва ба одам сироят кунанд. Аз аввали зуҳури короно дар Чин ҳадс зада мешуд, ки сарчашмаи он хуффош ё ҳайвоноти дигар аст.
Пандемия ба бемориҳои сироятӣ гуфта мешавад. Масалан, бемории саратон ҳамасола ҷони ҳазоронро меситонад, вале он сироятӣ нест, аз касе ба каси дигар намегузарад ва ниёзе ба эълони ҳамагирӣ надорад.
Муҳимтарин ҳамагириҳои олам:
ТОУН. Бемории сироятист, ки барангезандаи он чӯбчаи тоун (лотинии Yersinia pestis) мебошад. Онро моҳи июни соли 1894 Александр Йерсени фаронсавӣ ва Китасато Сибасабурои ҷопонӣ кашф карда буданд. Паҳнкунандагони ин бемории ҳамагир хояндаҳо — суғурҳо, юрмонҳо, юрмони зард, мушҳо ва калламушҳо, харгӯшсонҳо, гурбаҳо, ҳамчунин уштурон буданд. Аммо ба одамон бештар аз тариқи 55 намуди кайкҳо гузаштанд.
Аввалин пандемияи он, ки дар таърих машҳур аст, “Тоуни Юстиниановӣ” номида мешавад, ки аз соли 551 то 580 идома доштааст. Он аз Миср оғоз шуда, кулли олами мутамаддини он замонро фаро гирифтааст ва боиси марги бештар аз 100 миллион нафар шудааст.
Дар асри 16 дар Аврупо эпидемияи мудҳиши “марги сиёҳ” гузашт, ки он аз Чини Шарқӣ омада буд. Солҳои 1320-1330 эпидемияи тоун аз Чин шуруъ шуд ва ба кулли қаламрави Осиёи Марказӣ паҳн гардид, ба Ховари Миёна ва Миср расид. Манбаъҳои таърихии исломӣ дар бораи талафоти сангини он зиёд навиштаанд. Соли 1346 тоун ба Қрим ва аз он ҷо ба Аврупо расид. Танҳо соли 1348 аз он қарин 15 миллион нафар фавтиданд, ки ин аз чор як ҳиссаи аҳолии Аврупо буд. Соли 1351 он Лаҳистонро фаро гирифт. Соли 1352 аз тоун дар Аврупо 25 миллион нафар ҳалок шуданд, ки ин сеяки аҳолии Аврупо буд. солҳои 1350-1352 аз Балтика ба Псков, Новгород расид ва аз ин ҷо ба кулли қаламрави Русия паҳн шуд. Омори талафот дар Русия нест, вале гуфта мешавад, ки аҳолии баъзе шаҳрҳо (Белоозеро, Глухов) пурра ҳалок шуданд ва дар миёни онҳо худи князи бузург Симеон Гордий (Семён Иванович (1317-1353) князи Москав ва князи бузурги Владимир, аз соли 1346 то охири умр князи бузурги Новгород) ва ду писари хурдсоли вай ҳам буданд.
Дар Русия дар солҳои 1654-1655 аз тоун наздик ба 700 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Эпидемияи бузурги Лондон дар солҳои 1664-1665 қариб чор ҳиссаи аҳолии ин шаҳрро нобуд кард.
Солҳои 1720 — 1722 аз эпидемияи ба истилоҳ тоуни хиёрак дар Марсел (шаҳри бандарӣ дар Фаронса) ва як қатор шаҳрҳои Прованс (вилояти таърихӣ дар ҷануби Фаронса) ҷони 100 ҳазор нафарро гирифт.
Соли 1771 бори дигар дар Русия тоун паҳн шуд ва он ба Империяи Усмонӣ расид. Соли 1771 дар Москав ҳар рӯз аз ин беморӣ то ҳазор нафар ҳалок мешуданд ва фирори соҳибмансабон, шахсиятҳои машҳур боиси беназмиҳо шуд.
Сеюмин ҳамагирии тоун дар охири асри 19 боз ҳам аз Чини Марказӣ ва Ҷанубӣ оғоз гардид. Танҳо дар Ҳинд аз он 6 миллион нафар мурданд. Ва дар асри 20 эпидемияи тоун дар Ҳинд буд ва тибқи оморҳо солҳои 1898-1963 аз тоун дар ин кишвар 12 миллиону 662,1 ҳазор нафар ҳалок шуданд.
Тоун ҳоло ҳам дар олам як бемории сироятӣ ва кушанда аст, аммо на мисли замонҳое, ки зикрашон дар боло рафт. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз соли 1989 то 2004 дар 24 кишвари дунё наздик ба 40 ҳазор ҳодисаи сироят ба тоун ба қайд гирифта шудааст, мизони маргумир 7% сироятшудагон будааст.
ВАБО. Ин беморӣ дар асри 19 фарогиру ҳамагир шуд. Бар асари он миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон фавтиданд. Вабо ба воситаи хӯрокворӣ, об, ҳамчунин дасти чиркин ва асбобҳои рӯзгор, ки аз наҷосат ва қайи бемор олуда гаштаанд, мегузарад. Вабо асосан тобистону тирамоҳ авҷ мегиранд.
Аввалин ҳамагирии вабо солҳои 1816-1826 будааст, ки аз Бенгалия оғоз шуда, соли 1820 саросари Ҳиндро фаро гирифт. 10 ҳазор сарбозони Британия ба ҳалокат расиданд, шумори ҳиндуҳои ҳалокшуда дақиқ нест. Баъдан он ба Чин ва Индонезия расид. Танҳо дар ҷазираи Ёва наздик ба 100 ҳазор нафар ҳалок гардиданд. Дар Русия аз вабо дар он солҳо бештар 2 миллион кас фавтид.
Ҳамагирии дуюми вабо 1829-1851 буд. Соли 1831 ба Олмон расид, баъдан Британия, ИМА, Фаронса, Канадаро фаро гирифт. Танҳо дар Англия он солҳо аз ин беморӣ беш аз 52 ҳазор, дар Маҷористон наздик ба 100 ҳазор, дар Амрико миёни солҳои 1832 – 1849 без аз 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Ҳамагирии сеюм солҳои 1852-1860 дар Русия беш аз миллион нафарро кушт, аз Индонезия ба Чин ва Ҷопон расид, Филиппин, Корея, Эрон, Ироқ, нимҷазираи Арабро фаро гирифт. Танҳо дар Испания 236 ҳазор ҳалок шуданд, дар Мексика 200 ҳазор ҷон доданд.
Ҳамагирии чоруми вабо, ки солҳои 1863-1875- ро дар бар мегирифт, бештар дар Аврупо ва Африқо сироят кард. Дар ин муддат аз 30 то 90 ҳазор зоирони хонаи Худо дар Макка ҳалок шуданд. Дар Русия бошад ин ҳамагирӣ наздик ба 90 ҳазор тан қурбон гаштанд. Соли 1866 дар Амрикои Шимолӣ вабо наздик ба 50 нафарро кушт.
Дар ҳамагирии панҷум, ки солҳои 1881-1896 гузашт, тақрибан 250 ҳазор аврупоиён, ҳудудан 50 ҳазор сокинони қитъаи Амрико, 267 ҳазору 890 нафар дар Русия, 120 ҳазор тан дар Испания, 90 ҳазор нафар дар Ҷопон, 60 ҳазор нафар дар Эрон фавтиданд. Соли 1892 вабо дар оби нӯшокии сокинони Ҳамбург (шаҳре дар шимоли Олмон) ворид шуд ва ҷони 8606 нафарро рабуд.
Дар ҳамагирии шашуми вабо дар солҳои 1899-1923 Аврупо ва Русия бештар аз 500 ҳазор нафарро аз даст доданд. Дар Ҳинд беш аз 800 ҳазор, дар Филиппин 200 ҳазор кушта шуданд. Бештар аз 20 ҳазор зоирони хонаи Худо дар Макка миёни солҳои 1900-1930 ба ҳалокат расиданд.
Ҳамагирии ҳафтуми он чор сол (1962-1966) давом кард. Он аз Индонезия оғоз шуд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1966 расид. Омори дақиқи куштагонаш дастрас нест.
Тибқи арзёбии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 2010 дар олам аз 3 то 5 миллион ҳодисаи гирифторӣ ба вабо ба қайд гирифта шуда буд, ки миёни 100-130 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Дар аввали солҳои 1980 сатҳи маргумир бар асари вабо дар дунё ҳамасола то 3 миллион нафар буд. Омори дақиқи сироят ба ваборо дар солҳои охир пайдо кардан имкон надорад, чун кишварҳо ба хотири зарар надидани соҳаи гардишгарӣ аз ифшои ин гуна оморҳо худдорӣ мекунанд.
Ҳамчуноне ишора рафт, башар ҳамагирии домана, зуком, сил, табларзаро ҳам аз сар гузарондаасту мегузаронад, ки як мақолаи кутоҳ тавони баррасии онҳоро надорад.
Таҳияи Б.Шафеъ