Падидаи бемории сироятии коронавирус COVID-19 ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ нигарон кардааст. Барои мубориза бо ин вабои аср тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ситодҳои махсус таъсис додаанд ва раванди пешгирии сирояти коронавирус таҳти назорати қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зимнан, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин самт саҳм гузорад, зеро огоҳ кардани шаҳрвандони кишвар аз бурдбориҳои назаррас ва бо ин васила боло бурдани эътимоду боварии мардум ба идораву мақомоти давлатиро рисолати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мешуморад. Ҳадафи мо ин аст, ки дар ҳар шумораи ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак” ва сомонаи Faraj.tj матолиби таҳлиливу иттилоотиро вобаста ба фаъолияти МИҲД-и ин ё он шаҳру ноҳия вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус ба табъ расонем, то мардум аз талошҳои роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, заҳматҳои шабонарӯзии табибони тоҷик ва корҳои хайрхоҳонаи соҳибкорони ватандӯст, ки дар амалишавии иқдоми пешгирии COVID-19 кумак мерасонанд, огоҳ бошанду онҳоро дастгирӣ намоянд. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дастгирӣ ёфт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси фаврии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрели соли ҷорӣ баён доштанд, фаъолиятро ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои гузошташуда дар самти истифодаи самараноку мақсадноки заминҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, гирифтани 2-3 ҳосил аз як замин ва андешидани тадбирҳои ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда, корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ ва пайдоиши интиқоли нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон COVID-19 дар ноҳия як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст.
Масъалаи мазкур дар ҷаласаи назди раиси ноҳия бо иштироки муовини якуми раис, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ва имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 20-уми марти соли 2020, №94 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти нави короновирус ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши сирояти нави короновирус, қарори раиси ноҳия аз 1-уми апрели соли 2020, №233 Дар бораи Ситоди ноҳиявӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус “COVID-19” ба тасвиб расида, ба ҳамаи шуъбаю бахшҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ирсол карда шуд.
Бо мақсади иҷрои самарабахши қарори мазкури раиси ноҳия ситоди ноҳиявӣ дар ҳайати муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои тандурустӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим таъсис дода шуд.
Инчунин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод санаи 4-уми апрели соли ҷорӣ бо фаъолони касбу кори гуногуни ноҳия оиди пешгирии сирояти нави Коронавирус, ки қариб 200 мамлакати ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, вохӯрии судманд доир намуда, таъкид ба амал оварданд, ки оиди пешгирии ин вабои аср эҳтиёт бошанд, ҳамаи он гуфтаҳои мутахассисони соҳаи тандурустиро дар самти риояи ҳатмии он иҷро намоянд.
Дар ин давра 11 маротиба ҷаласаҳои кории ситоди ноҳиявӣ гузаронида шуда, дар он ҳисоботҳои муовинон ва аъзоёни ситод оид ба масъалаҳои марбут ба омода намудани ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳия новобаста аз шакли моликияташон барои пешгирии сирояти нави коронавирус шунида шуд.
Бо мақсади пешгирии ин беморӣ бо ҷалби шуъбаи безараргардонии ноҳия дар 230 ташкилоту муассисаҳо, мактабҳо, масҷидҳо, нуқтаҳои савдо, бозорҳо, иншоотҳои фарҳангию варзишӣ, 275 нақлиётҳои мусофиркашонӣ ва 302 хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати 384 ҳазору 50 метри квадратӣ корҳои безараргардонӣ ва дигар сохторҳои тандурустӣ доир ба пешгирии Коронавируси нав COVID-19 гузаронида шуд.
Инчунин аз тарафи аъзои ситоди ноҳиявӣ дар асоси амри раиси ноҳия аз 8-уми майи соли 2020 №17 дар 20 кӯчаҳои ҷамоати шаҳрак ва 140 деҳаҳои ҷамоатҳои деҳот дар байни занон, ҷавонон, падару модарон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз қабилӣ мунтазам шустани дастҳо бо собун, тоза кардани дастҳо бо маводҳои антисептикӣ, пӯшидани ниқоб, худдорӣ намудан аз ҷамъшавии бемаврид, самаранок истифода намудани заминҳои кишт, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани 2 ва ё 3 ҳосил бо мақсади захира намудани маводи ғизоӣ барои 2 сол бо онҳо суҳбатҳо гузаронида шуд, ки 94270 нафарро ташкил медиҳанд.
Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гуруҳҳои корӣ ба 11138 хоҷагиҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия огоҳинома дода шуд, ки 97 % -ро ташкил менамояд.
Дар ин давра дар шуъбаи сироятии ноҳия 15 беморон бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ карда шуда, 13 нафар ба хона ҷавоб ва 1 нафар фавт ба қайд гирифта шуд. Айни замон дар шуъба 1 нафар бемор бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ мебошад. Инчунин, аз ҳисоби кормандони марказҳои саломатии деҳотӣ зимни гардиши хона ба хона 18 нафар сокинони деҳаҳо гумонбар ба бемории илтиҳоби шуш дониста шуда, дар хона ба табобат фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора айни замон 6 нафар беморон зери назорати табибон қарор дошта, боқимонда беморон табобат ёфтанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибон ва нафарони гирифтори коронавирус аз тарафи шахсони саховатпеша маводҳои ғизоӣ ва маводҳои доруворӣ, безараргардонӣ ва антисептикӣ дастрас ва тақсим карда шудааст.
Аз ҷумла, аз тарафи оилаҳои Бобоевҳо аз деҳаи Лангар ба маблағи 6000 сомонӣ, Шарифовҳо аз деҳаи Лиҷаки боло ба маблағи 6200 сомонӣ, Раҷабовҳо аз деҳаи Навбаҳор ба маблағи 3000 сомонӣ ва Пешвои миллат ба миқдори 39 тонна маводҳои ғизоӣ дастрас ва ба кормандони соҳаи тандурустӣ тақсим карда шуд.
Инчунин, бо дастгирии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи марказии ноҳия 100 дона матрас, 80 литр гипохлориди натрий, 480 дона маҳлули антисептикӣ;
— аз тарафи раиси ноҳия 20 адад либосҳои муҳофизатӣ, хлор 150 кг, картошка 200 кг;
— аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзои фаъоли он Амиров Ғаюр 11 адад либосҳои муҳофизатии яккарата, маводҳои антисептикӣ, ниқобҳо ва доруворӣ;
— аз тарафи соҳибкор Абдураҳмонов Ҷ. 54 кг хлор, ниқобҳо 300 дона, либосҳои муҳофизатии бисёркарата 45 дона , маҳлули антисептикӣ 130 дона;
— аз тарафи соҳибкор Соҳибов Шамсулло 39 номгӯи маводҳои зарурӣ;
— аз тарафи соҳибкор Сафаров Саидшо 50 адад либосҳои муҳофизатӣ ва 480 литр гипохлориди натрий;
— аз тарафи соҳибкор Раҳимов И. либосҳои муҳофизатӣ, айнак, ниқоб ва дастпӯшакҳо;
— ташкилоти байналмилалии Каритас 320 кг хлор, 224 литр собуни моеъ,маҳлулҳои антисептикӣ 169 дона, ниқоб 120 дона;
— аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 800 дона либосҳои муҳофизатии яккарата, ниқобҳои бисёркарата (респираторҳо) ва шити муҳофизатӣ дастгирӣ карда шуд.
Ҷиҳати ҷудо намудани маблағ ба муассисаҳои тандурустӣ барои хариди доруворӣ, дар беморхонаи марказӣ хариди доруворӣ 7500 сомонӣ, хариди хокаи хлор ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ 7500 сомонӣ, хариди рӯйпӯш (комплект белё ) ва ниқоб 21000 сомонӣ.
КАТС хариди доруворӣ 9000 сомонӣ, хариди хокаи хлор ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ 20000 сомонӣ, МДНСЭ хариди доруворӣ 3910 сомонӣ , харидори барои хокаи хлор 4590 сомонӣ, хариди рӯйпӯш (комплект белё) ва ниқоб 250 сомонӣ, шуъбаи дизенфексионӣ хариди хокаи хлор ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ 17000 сомонӣ, хариди рӯйпӯш (комплект белё ) ва ниқоб 3000 сомонӣ, маркази солимии репродуктивӣ хариди доруворӣ 900 сомонӣ ва маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, хариди рӯйпӯш 5000 сомонӣ, ҷамъи умумии маблағҳои ҷудошуда 92650 сомониро ташкил медиҳанд.
Дар моҳи апрел дар беморхонаи марказии ноҳия аз 11000 сомонии дар нақша пешбинӣ шуда, 16000 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки 145% -ро ташкил медиҳад. Иҷроиши харидории маводҳо дар беморхонаи марказӣ дар 5-моҳи соли ҷорӣ аз 55 330 сомонии нақша, 54000 сомонӣ мебошад, ки 97,6 %-ро ташкил медиҳад.
С. ХАЛИЛИЁН, МТЖТ