Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии кафаси сина” дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.2013, №20 таъсис дода шудааст. Муассиси Марказ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

Бояд зикр намуд, ки Марказ яке аз сармуассисаҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи хадамоти зиддисилӣ буда, мақсади ташкилёбии он расонидани кумаки баландихтисоси тиббӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илман ва амалан асосноки муосир мебошад.

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” 14 шуъба мавҷуд аст, ки 420 катро дар бар мегиранд. Марказ аз чунин шуъбаҳо ва қисми хоҷагӣ иборат аст:

  1. Шуъбаи 1 — муолиҷавӣ (бори аввал дарёфтшуда) — 64 кат.
  2. Шуъбаи 2-и муолиҷавӣ (такроран бистаришуда) — 37 кат.
  3. Шуъбаи ҷаррохии сили шуш — 37 кат.
  4. Шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сил (ШМС) — 30 кат.
  5. Шуъбаи шакли васеи мутобиқгаштаи сил (ШВМС) — 50 кат.
  6. Шуъбаи эҳё ва барқароркунӣ — 7 кат.
  7. Шуъбаи сили устухони калонсолон — 70 кат.
  8. Шуъбаи бемориҳои сили масориқа ва нисоӣ — 47 кат (масориқа — 21 кат, пешоброн — 6 кат, нисоӣ — 6 кат, сили пардаҳои майнаи сар — 14 кат).
  9. Шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва бемориҳои шуш — 30 кат.
  10. Шуъбаи сили устухони кӯдакона — 10 кат.
  11. Шуъбаи беморони сили устувори кӯдакона — 30 кат.
  12. Ду амалиётхона (шушӣ ва ғайришушӣ).
  13. Озмоишгоҳи клиникӣ ва биохимиявӣ.
  14. Шуъбаи қабул.
  15. Ташхисгоҳ (ҳуҷраи рентгении рақамӣ, ҳуҷраи томограф, ҳуҷраи ултрасадо, ҳуҷраи дандонпизишк, ҳуҷраи эндоскопӣ).
  16. Озмоишгоҳи референсӣ.
  17. Маркази омӯзишӣ.
  18. Қисми хоҷагӣ (аз қисми коррезӣ, зерсохтори барқӣ, боғи дарахтони мева, заминҳои кишт, фермаи чорводорӣ иборат аст).

Дар МД ММБСШ ва ҶҚС ҳамагӣ 572,25 воҳидҳои кории тасдиқшуда мавҷуд мебошад, ки аз онҳо табибон 82,0 воҳид, ҳамшираҳои шафқат 197,0 воҳид, парасторон 176,75 воҳид, маъмурият 19,0 ва қисми хоҷагӣ 97,5 воҳиди кориро ташкил медиҳад.

Дар Марказ 509 нафар коргарон фаъолият доранд. Аз онҳо табибон 56, кормандони миёнаи тиббӣ 183, коргарони хурди тиббӣ 165, коргарони қисми хоҷагӣ 91, маъмурият ва муҳосибот 14 нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, 1 нафар профессор, 2 нафар доктори илмҳои тиб ва 1 нафар номзади илмҳои тиб фаъолият мекунанд. Аз рӯи дараҷаи тахассусӣ 18 нафар табибони дараҷаи олӣ, 9 нафар дорои дараҷаи якум ва 6 нафар дорои дараҷаи дуюм фаъолият мекунанд, ки ин 96,4%-ро ташкил мекунад.

Бояд қайд намуд, ки кормандони миёнаи тиб 186 нафарро ташкил медиҳанд. Аз онҳо 46 нафарашон дорои дараҷаи олӣ, 68 нафарашон дорои дараҷаи 1-ум, 51 нафарашонро дорои дараҷаи 2-юм ташкил медиҳад, ки ин 92%-и кормандони миёнаи тибро ташкил медиҳад. Боқимонда 100 нафарашон мутахассисони ҷавон мебошанд, ки собиқаи кориашон барои гирифтани дараҷаи корӣ намерасад.

Барои сари вақт гузаштани такмили ихтисос, аттестасияи табибон ва ҳамшираҳои шафқат чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Такмили ихтисоси табибон ва ҳамшираҳо ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Дар Муассиса устодони кафедраи силшиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва кафедраи силшиносии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон фаъолият намуда, дар корҳои ташхисӣ ва табобатӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” 2273 бемор муроҷиат карда, бистарӣ шудаанд, ки нисбати соли 2019-ум 585 нафар бемор камтар бистарӣ шудааст. Аз он 771 нафар беморони ғайрисилӣ буда, 1502 нафарашон бо бемории сил бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд. Иҷроиши кат дар давоми сол 68%-ро ташкил мекунад.

Дар Марказ 2 амалиётхона мавҷуд аст — амалиётхонаи шушӣ ва ғайришушӣ. Аз тарафи ҷарроҳони Марказ тамоми намуди ҷарроҳӣ дар қафаси сина, шикам ва пайванду устухонҳо гузаронида мешавад.

Тибқи ҷадвали вазифаҳо, ки 21-уми январи соли 2010 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли равон тасдиқ карда шудааст, дар марказ аз рӯи воҳиди корӣ бояд ҳамагӣ 572,25 корманд фаъолият намоянд.

Дар марказ комиссияи гуруҳи корӣ оид ба назорати табобат (КМТ) ва Комисия оид ба тафтиши фавтидагон (КИЛИ) фаъолият доранд, ки аз тарафи онҳо мунтазам кори табобатӣ ва фавти беморон омӯхта шуда, норасоӣ ва хатоҳои мавҷуда ислоҳ карда мешаванд.

Тибқи нақшаи аз тарафи Вазорати тадурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 650000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Иҷрои нақша 366554 сомониро ташкил медиҳад, ки 56,0% нақшаи солонаро ташкил намуда, нисбат ба 12 моҳи соли 2019-ум 266176 сомонӣ камтар мебошад. Сабаби иҷро нашудани нақшаи марказ — ин фаъолият накардани дастгоҳи компютери томографӣ мебошад. Инчунин, бо сабаби паҳншавии бемори сироятии COVID-19 муроҷиати беморон нисбати соли 2019 камтар будааст.

Мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми майи соли 2018, №444 меъёри маводҳои ғизоӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва маркази силӣ барои як бемор дар як рӯз 31 сомониву 40 дирам пешбинӣ шудааст. Аммо дар асл 13 сомониву 56 дирам барои як бемор дар як рӯз маводҳои ғизоӣ аз ҳисоби буҷа, аз тарафи хоҷагии ёрирасони марказ 0,31 дирам ҷудо шудааст. Барои доруворӣ бошад, барои 1 бемор 3 сомониву 94 дирам рост меояд. Маводи дорувории зиддисилӣ бошад, қатори якум пурра бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин шуда, қатори дуюм аз ҳисоби Фонди Глобалӣ ба таври ройгон бо воситаи Маркази ҷумҳуриявии Ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил таъмин карда мешавад.

Марказ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, марказҳои зиддисилии ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии такмили ихтиссоси кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Бонки рушди Олмон ҳамкорӣ дорад.

Барои баланд бардоштани савияи дониш табибон курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзиро дар донишкада ва донишгоҳҳои такмили ихтисоси шаҳри Душанбе ва берун аз кишвар мегузаранд. Аз он ҷумла, 2 нафар табиб курсҳои кӯтоҳмуддатро дар ҷумҳуриҳои Чин ва Эрон гузаштаанд.

Дар ҳар  як  шуъбаи  марказ  мактаби бемор ташкил карда шудааст, ки дар байни беморон дарсҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бемории сил, пайдоиши он ва роҳҳои пешгириву табобат гузаронида мешавад.

Инчунин, дар ҳар як шуъба гӯшаи китоб ташкил карда шудааст, ки беморон дар вақти холигӣ ба мутолиаи китобу маҷаллаҳо машғул мешаванд.

Ҳамчунин, дар Марказ нисбати хавфи сироятёбии вируси навъи коронавирус (COVID-19) семинарҳо гузаронида шуда, шуъбаҳои Марказ бо варақаҳои таблиғотӣ таъмин карда шуда, ҳамарӯза чораҳои пешгирикунанда оид ба хатари сироятёбии коронавирус (COVID-19) гузаронида мешаванд.

Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири куллии шуъбаҳо, таъмини шуъбаи қабул ва ташхисгоҳ бо курсиҳои нави замонавӣ, кабудизоркунӣ дар ҳаҷми 2000 метри мураббаъ, сафолакпӯшии саҳни марказ дар масоҳати 1800 метри мураббаъ , шинондани 80 бех арча, 28 дона мажевелка, 1000 дона арчаҳои декоративӣ, 4000 дона гулҳои мавсимӣ сурат гирифтааст.

Марказ ҳамагӣ 55 гектар заминро ташкил медиҳад. Аз он замини корам 17,10 га, боғот 6,03 га, боғи обӣ 0,3 га, токзор 2,62 га, чарогоҳ 7,19 га, майдони дарахтзор 6,95 га, зери кӯл 0,75 га, зери об 1,62 га, зери роҳ 0,04 га, зери сохтмон 10,44 га, ҷарӣ 0,25 га ва 2,09 га дигар намуди заминҳо аст.

Ба гуфтаи директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” муҳтарам Абдураҳимов А., барои амалӣ намудан дар соли 2021 чунин вазифаҳои асосӣ пеш гузошта шудаанд:

  1. Ба роҳ мондани усулҳои нави ҷарроҳӣ ва табобат дар шуш ва устухон дар асоси истифода аз технологияҳои муосири тиббӣ.
  2. Ба роҳ мондани курсҳои бозомӯзӣ дар соҳаи ҷарроҳии қафаси сина, пайванду устухон.
  3. Гузаронидани конфронси илмӣ ва амалӣ ҷиҳати пешгирӣ, паҳншавӣ ва табобати аворизҳои коронавируси COVID-19 бо иштироки мутахассисони шаҳру ноҳияҳо.
  4. Ҷалб намудани кормандони ҷавон ба магистратура ва аспирантура.
  5. Пурзӯр намудани заминаи моддӣ-техникии бо асбобу таҷҳизоти муосири тиббӣ.
  6. Ҷоннок кардани кори сохтмони беморхонаи силии кӯдакона бо дастгирии Бонки Рушди Олмон.

— Дар самти фаъолияти худ муассисаи мо ҳамчун сармуассисаи ҷумҳуриявӣ дар мубориза бо бемориҳои қафаси сина ва сил ба шумор рафта, бо шарофати дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Ҷалолиддин Абдуллозода танҳо давоми нимсолаи дуюми соли 2020 ба дастовардҳои беназир дар тамоми самти фаъолияти худ ноил гардидем. Аллакай қариб ҳамаи шуъбаҳои марказ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ташхисгоҳи референсӣ бо таҷҳизоти навтарини замонавӣ ҷиҳозонида шуда, аз тарафи вазири муҳтарам Абдуллозода Ҷалолиддин ба марказ дастгоҳҳои рентгении рақамӣ ва МРТ фиристода шуданд, ки мо аллакай беморонро дар сатҳи ҷаҳонӣ ташхис ва табобат менамоем. Бо супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳои ҷиддӣ дар самти сохтмони бемористони кӯдаконаи сил дар дохили марказ идома доранд ва то соли 2022 бояд ин бемористон бо навтарин таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода шавад, ки ин қадамест устувор дар самти табобат ва пешгирии бемориҳои ҷарроҳии қафаси сина ва сил. Тамоми рафти табобат дар сармуассисаи мо ва шуъбаҳои дар шаҳру ноҳияҳои кишвар будаи он пурра ройгон буда, гузашта аз ин, мутахассисони марказ тариқи онлайн тамоми рафти табобату ташхис ва ҷарроҳиҳои қафаси синаро дар ҳудудҳои кишвар таҳти назорати доимӣ қарор дода, маслиҳат ва кумакҳои рафти табобату клиникиро арзонӣ медоранд. Яъне мо аз марказ истода, тамоми рафти ташхису табобатро дар тамоми ҷумҳурӣ то дуртарин нуқтаи кишвар назорат ва табобати ройгон менамоем, ки инҷо хизмати вазири муҳтарам басо калон мебошад. Дар самти ободонӣ бошад, корҳо вусъати тоза гирифта, дар кӯтоҳтарин муддат мо марказро ба як гулистони афсонавӣ табдил медиҳем ва гузашта аз ин, дар самти таъмини беморон бо маҳсулоти тару тозаи аз ҷиҳати экологӣ безарар мо фермаи чорводориро фаъол гардонида, ҳар ваҷаб замини хоҷагии ёрирасони сармуассисаро самаранок истифода намуда, дар онҳо маҳсулоти кишоварзӣ кишт намуда, аз боғоти муассиса ҳосили хуб гирифта, иловатан ба хӯрокаи беморон маҳсулоти тару тозаро бо ширу дигар маҳсулоти ширии худӣ таъмин хоҳем намуд. Ин ҳамагӣ талаботҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Абдуллозода Ҷалолиддин мебошад, ки бо ҷону дил қабул дорем ва иҷро менамоем,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here