Дар саҳни Маркази мубориза бо бемории сили шаҳри Панҷакент бо сокини ҷамоати деҳоти Саразм — Мансур (номаш дигар шудааст) вохӯрдем. Ӯ барои ташхиси навбатӣ ин ҷо омадааст. Мавсуф шаш моҳ пеш бо аломатҳои бемории сил ин ҷо табобат гирифта буд. Банди корҳои рӯзгор, на ҳамеша тавсияи табибонро ба ҷо меовард ва оқибат бемориаш ба шакли мутобиқгаштаи сил табдил ёфтааст ва ӯро лозим меояд, ки муддати мадид ба табобат машғул шавад.

Мансур ягона нафаре нест, ки ба ин шакли бемории сил мубтало гаштааст. Тавре дар нишасти матбуотӣ сардухтури Маркази мубориза бо бемории сили шаҳри Панҷакент Бузургмеҳр Аминов гуфт, ҳоло 105 нафар гирифторони шакли мутобиқгаштаи сил зери назорати диспансерӣ қарор доранд ва 384 нафари онҳо ба шакли фаъоли ин беморӣ мубтало гаштаанд.

Дар маҷмуъ, шумораи мубталоёни ин беморӣ, ки ба қайди диспансерӣ гирифта шудаанд, нисбати соли 2017-ум 316 нафар бештар ҳастанд. Масалан, соли 2018-ум балғами 1320 нафар гумонбарон ташхис шуда, бо ин роҳ 152 нафар беморон ошкор шуданд, ки 53 нафарашон микробхориҷкунанда ҳастанд. Онҳо дар сурати ба табобат напардохтан манбаи сироят буда метавонанд. Инро аз ҷадвали зер метавон дид:

 

  Соли 2017 Соли 2018 Фарқ +
Зери назорати диспансерӣ (нафар) 1128 1444 + 316
Шакли фаъол (нафар) 425 384 — 41
Кӯдакони то 14-сола ва наврасон (нафар) 32 43 + 11
Занҳои қобили ҳамл (нафар) 196 238 + 42
Даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ (нафар) 183 186 + 3
Манбаъ: Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент  

 

Ҳамчунин, ҳамасола ҳазорон нафар, ки ба Маркази саломатӣ муроҷиат менамоянд, бо мақсади муайян намудани шакли паҳншудаи он — сили шуш, аз ташхиси флюрографӣ мегузаранд. Соли 2017-ум 10622 ва соли 2018-ум 13856 нафар аз чунин ташхис гузашта, мутаносибан 5 ва 4 нафар бо аломатҳои ин беморӣ муайян гардида, ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Сардухтури Маркази мубориза бо бемории сил Бузургмеҳр Аминов мегӯяд, ки бемории сил бештар дар байни сокинони ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Хурмӣ, Чинор ба мушоҳида мерасад.

Тавре аз Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Панҷакент шарҳ доданд, агар дар ин минтақа дар маҷмуъ ба 100 ҳазор нафар 48,5 нафар беморони сил рост ояд ва ин аз нишондоди ҷумҳурӣ кам аст, дар ҷамоати деҳоти Саразм ин рақам 122,9, дар Хурмӣ 121,1 ва дар Чинор 112,8 нафарро ташкил медиҳад.

Омили инро, аз назари коршиносон, пеш аз ҳама аз сатҳи таъминоти аҳолӣ, сари вақт муайян кардану ба табобат фаро гирифтани аъзои оилаи беморон, фаҳмонидани нишонаҳои беморӣ ва зарурати ба табобат фаро гирифтани онҳо, хатарҳои аз табобат саркашӣ намудан ва риоя накардани тавсияи табибон ҷустан лозим аст.

Тавре дар беморхонаи марказии шаҳр шарҳ доданд, бемороне, ки ба табобати диспансерӣ фаро гирифта шудаанд, дар доираи пешбинишудаи «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2015-2020» аз маводи ғизоӣ, ташхису табобати ройгон бархӯрдоранд.

Яъне агар бо сабабе табобатро пурра намегиранд, на танҳо худ сиҳат намеёбанд, балки сабабгори сирояти ин беморӣ ба дигарон дар муҳити хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ буда метавонад. Зеро ба таъкиди мутахассисон, сил бемории хавфноки сироятӣ буда, дар шакли фаъол буданаш бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ аз шахси бемор ба одами солим ҳангоми суҳбат, сулфаю атса, балғамафшонӣ сироят карда метавонад.

Ташхису табобати бемории сил дар заминаи маблағҳои буҷаи маҳаллӣ, Нақшаи миллии стратегие, ки зикр шуд, дастгирии шарикони рушд — Барномаи USAID, лоиҳаи «ҲОУП», «Табибони бидуни марз» ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

 

Маблағгузорӣ барои табобат ва ҳимоят аз бемории сил аз буҷаи маҳаллии шаҳри Панҷакент (барои Макази мубориза бо бемории сил), (сомонӣ):

Буҷет Соли 2018 2017 2016
М/меҳнат 449808 449808 376776
Захираҳои моддӣ-молӣ 18000 18000 15488
Пардохтҳо 112452 112452 94194
Маводҳои сӯхт 720 720 720
Хароҷоти ҷорӣ 600 600 1160
Таъмири ҷорӣ 10500 7500 560
Пардохт барои  хизматрасониҳо 7488 15488 7488
Пардохт барои хизмати алоқа 2600 600 368
Ҷамъ: 602168 605168 496000

 

Тавре аз ин ҷадвал бармеояд, маблағи ҷудошуда аз буҷети маҳаллӣ ба ҳар нафар бемори сил, ки дар қайди диспансерӣ қарор доранд, дар соли 2017-ум 536,4 ва соли 2018-ум 526,3 сомонӣ рост меояд. Тибқи нишондоди Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, муҳлати табобати бемории сил дар сурати риояи тавсияҳои духтурон 6-8 моҳ давом мекунад. Дар ин сурат хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҳар бемор масалан, дар соли 2018 ҳар моҳ ҳамагӣ 44,7 сомонӣ аст. Ин дар суратест, ки маблағи аз буҷети маҳаллӣ ҷудошуда пурра барои нигоҳдории Маркази мубориза бо бемории сил, аз ҷумла пардохти маоши кормандони он масраф мешавад. Табобати беморон бошад, ройгон тибқи меъёрҳои дар «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои давраи солҳои 2015-2020» муайяншуда сурат мегирад.

Вале аз рӯи маълумоте, ки мо дастрас намудем, барои табобати як нафар бемори сил дар шакли содда, зиёда аз 1400 сомонӣ дар як давраи табобат масраф мегардидааст.

Соли гузашта бо дастгирии созмонҳои хайриявӣ дар Марказ барои ташхистгоҳ бинои нав сохта, бахши табобати диспансерӣ ба ҷои алоҳида гузаронида шуд. Вале ҳанӯз набудани ҷомашӯихона ва ҳаммом, ки барои ин беморхона иншооти зарурӣ мансуб мешавад, мавҷуд нест. Маблағи ночизе, ки ҳамасола барои таъмир пешбинӣ мешавад, на танҳо барои бунёди онҳо, ҳатто барои таъмири ҷорӣ кифоя нест.

Тавре сарвари ТҶ «Бузург» Дилором Эгамбердиева мегӯяд, онҳо бо дастгирии USAID лоиҳаи «Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил дар ноҳияҳои водии Зарафшон»-ро дар 10 ҷамоати деҳоти ҳадафии шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ  амалӣ менамоянд. Дар доираи ин лоиҳа корҳои зиёди тарғиботӣ оид ба бемории сил дар байни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, ба чорабиниҳои тарғиботии он беш аз 3300 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки эҳтимоли сироятёбиашон ба бемории сил дар шароити номусоид дар муҳоҷират зиёд аст, фаро гирифта шудаанд.

Баъди суҳбатҳо оид ба хатари эҳтимолии ташхису табобат накардани беморони сил, ошноӣ бо роҳҳои дастрас ба ташхису табобат дар муассисаҳои давлатии тиббӣ аз байни 502 нафар ташхисшудагон 50 нафар бо аломатҳои бемории сил дарёфт гардида, барои табобат ба муассисаҳои тиббӣ фиристода шудаанд.

— Натиҷаҳои пурсиши дар давраи татбиқи лоиҳа гузаронида собит сохт, ки ҳанӯз 10 фоизи пурсидашудагон баъди ошкор шудани аломатҳои беморӣ намедонанд ба куҷо муроҷиат намоянд, 5 дарсад аз хатари пеш аз муҳлат қатъ кардани табобат ва 10 дарсад аз роҳҳои сирояти беморӣ огоҳ нестанд,- мегӯяд Дилором Эгамбердиева.

Бо вуҷуди он, ки фарогирии аҳолӣ ба ташхис бештар ва ошкор кардани беморӣ зиёд шуда бошад ҳам, амммо тибқи назари мутахассисон, нишондоди гирифторӣ ба бемории сил ба 100 ҳазор дар Панҷакент нисбат ба ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ кам аст. Вале норасоии силшинос ташхису табобати беморонро душвор менамояд.

Мутахассисон бар онанд, ки сарукор гирифтан бо гирифторони бемории сироятии сил аз пайи худ хатар ҳам дорад. Ҳодисаҳои ба ин беморӣ сироят ёфтани худи духтурон низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, талабгорони ин пеша дар байни хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ зиёд нестанд. Роҳи ҷалби онҳо ба ин соҳа муқаррар намудани маоши бештар барои хатарҳои эҳтимолӣ ё муқаррар намудани меъёри собиқаи кор барои гирифтани нафақаи имтиёзнок аст, ки пешниҳоди он дар салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии соҳа мебошад.

— Мардум бояд донанд, ки сил бемории табобатшаванда аст, ирсӣ нест ва мо дар сурати муроҷиати саривақтӣ ва риояи тавсияҳои табибон ба пурра шифо ёфтани онҳо кафолат медиҳем,- мегӯяд сардухтури Маркази мубориза бо бемории сили шаҳри Панҷакент Бузургмеҳр Аминов.

 

Хуршед ФОЗИЛОВ,

Ҷӯраи МУЛЛО,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here