Омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷики вилояти Самарқанд ба унвони президенти кишварашон Шавкат Мирзиёев як муроҷиатнома ирсол карданианд. Ин муроҷиатнома аз чор саҳифа иборат аст. Дар ин бора ба мухбири “Фараж” яке аз ташаббускорони он ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Амина Шарофиддинова хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ дар оғози муроҷиатнома омадааст, ки  омӯзгорони ин вилоят сиёсати одилонаи Шавкат Мирзиёевро комилан дастгирӣ мекунанд ва аз пешравиҳои ҳамаҷонибаи кишвар, ки натиҷаи ҳамин сиёсати дуруст аст, хеле меболанд, зеро онҳо ин дигаргуниҳоро солҳои тӯлонӣ мунтазир буданд ва як гӯши фарёдшунав мехостанд. Ниҳоят, садри одили деринтизор ба имдоди мардум расид.

“Раисҷумҳури олиқадр! Корҳои Шумо, дар ҳақиқат ҳам шоистаи таҳсин аст, инро на танҳо  мо — мардуми Ӯзбекистон шоҳидем, балки мардуми кишварҳои дигар ҳам Шуморо ба сифати Президенти халқ шинохтаву эътироф кардаву сари таъзим фуруд меоваранд, дар ҷаласаҳо шуморо кас бо ҳавас гӯш мекунад, худсӯзии шуморо дар роҳи ҳақ бевосита наззора мекунаду  шукр мегӯяд. Тамоми ҷаҳон ҳоло таҳсингӯи Шумост, инро борҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ хонда меистему ҳисси ифтихор вуҷудамонро фаро мегирад”, — қайд шудааст дар муроҷиатномаи мо мегӯяд Амина Шарофиддинова.

Ба гуфтаи ӯ омӯзгорони вилояти Самарқанд ба президент Мирзиёев ибрози сипосгузорӣ намудаанд, ки маҳз бо кушишҳои ӯ бисёр бандҳои Сарқонун, Қонуни забони давлатӣ аз коғаз берун омада, дар зиндагии рӯзмарра татбиқ мегарданд. Яке аз ҳодисаҳои фараҳбахш барқарор намудани муносиботи дӯстонаи байни ду кишвари бародар – Ӯзбекистону Тоҷикистон мебошад. Гузашта аз ин, зикр шудааст, ки дар бисёр донишгоҳҳои кишвар гуруҳҳои тоҷикӣ кушода шуданд, баргузоршавии олимпиадаи хонандагони соҳибиқтидор аз забону адабиёти тоҷик чун солҳои пешина то марҳилаи ҷумҳуриявӣ барқарор шуд.

Тавре Амина Шарофиддинова тазаккур дод, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик ҳамчунин пеш омадани як қатор мушкилот дар соҳаи таълим ва масъалаи дар ҳалли он кумак намудани сарвари давлати худро ба миён гузоштаанд. Онҳо ин мушкилотро пеш аз ҳама дар тақсимоти соатҳои фаннии барномаи таълимӣ аз ҷониби Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидаанд.

“Муаллимони забону адабиёти тоҷики ноҳияи Самарқанд аз баъзе тадбирҳои Вазорати таълим дар ҳайратанд. Дар дастури таълими макотиби миёна дарсҳои забону адабиёт сол аз сол  ихтисор карда мешаванд. Аммо чаро?!  Ба чӣ асосу ба чӣ далел? Талаба бо донистани забони модарии худ забонҳои дигарро хеле хуб омӯхта метавонад!”, — зикр гардидааст дар муроҷиатномаи омӯзгорони самарқандӣ гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дарвоқеъ, аз ин муроҷиатнома бармеояд, ки соатҳои забон ва адабиёти тоҷик аз ҳисоби  ба ихтиёри забони русӣ додани он коҳиш меёбанд.  Ба ибораи дигар, барои хонандаи мактабҳои тоҷикӣ забони модарӣ нисбат ба мактабҳои ӯзбекӣ дар 1 ҳафта 17 соат ва дар 1 сол 587 соат кам таълим дода мешавад, яъне хонандаи тоҷикзабон аз синфи 7 забони модарии худро ҳафтае 1 соат мехонад, дар ҳоле ки забони давлатию хориҷӣ 3 соат тадрис мегардад.

Ин ҷадвали тавофут оварда шудааст:

Забони модарӣ Забони ӯзбекӣ Забони хориҷӣ  
ҳафтаи хониш 10 соат 33 соат 33 соат
соли хониш 340 соат 1122 соат 1122 соат

Гуфта мешавад, дар муроҷиатномаи мазкур боз қайд шудааст, ки бино ба тадқиқи олимони равоншинос, дар ҷамъияте, ки аъзоёнаш  ба ҷои забони модарӣ забони ғайрро пазируфтаанд, дуздиву авбошиву дигар намудҳои ҷиноёт зиёд мешудааст.  Ба забони модарии хеш таҳсил гирифтани ҳар як шахс аз худи боғчаи кудакон то таълими олӣ яке аз омилҳои мустаҳкам кардани дустии халқҳо, баробарию бародарӣ будааст.

Амина Шарофиддинова аз муроҷиатнома чунин иқтибос овард: “Пӯшида нест, ки  мардуми аксарияти деҳоту мавзеъҳои Самарқанд ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, аммо мутаассифона, тӯли чандин солҳо ягон муассисаи томактабии бачагона ба забони модарӣ фаъолият намекунад. Дар моддаи 5-уми Қонуни забони давлатӣ гуфта шудааст, ки барои тарбияи фарзандони миллатҳои дигар онҳо ба забони модариашон бо муассисаҳои томактабӣ таъмин карда мешаванд. Мутаассифона, ҳамин банди қонун имрӯз дар амал ҷорӣ нест.  Магар зинаҳои аввали тарбияи ахлоқии инсон, худшиносиву ифтихори миллӣ дар муссисаҳои томактабии бачагона шакл намегирад?! Айб нест оё, агар кудак дар хона ба забони тоҷикӣ ҳарф занаду ба боғча омада забони ғайрро забони модарӣ хонад?!   Охир, забони модарӣ барои ҳама баробар азизу муқаддас аст, чӣ барои тоҷику чӣ барои узбеку чӣ барои туркману чӣ барои қазоқ. Дар ягон ҷои Қонуни забон гуфта нашуда, ки “Дар Ӯзбекистон забони модарӣ забони ӯзбекӣ аст”. Магар ин гумроҳкунии ақли хурдакаки кудакон нест?! Тавассути ин дуруғҳову ин руй тофтанҳо аз забони модарӣ барин чизи муқаддас мо киро тарбия карда истодаем?!”

— Ин иқтибос аз нигоҳи муҳтаво хеле комил аст ва ташвишу нигарониҳои моро дар худ акс намудааст, — мегӯяд Амина Шарофиддинова.

Маълум шуд, ки омӯзгорони вилояти Самарқанд ҳамчунин дар муроҷиатнома аз камбуди китобҳои бадеӣ шикоят кардаанд. Гуфта мешавад, ки хонандаи имрӯза дар шаҳру навоҳии зиёди Ӯзбекистон аз хондани китобҳои бадеии тоҷикӣ маҳрум шудааст.

“Дар китобхонаҳои мактабҳо адабиёти хуби ҷаҳониву миллӣ ба забони тоҷикӣ мавҷуд нест. Инсон забонро бештару беҳтар тавассути адабиёти бадеӣ меомӯзад ва на фақат забонро. Шояд хуб мешуд дар ин роҳ аз мамолики ҳамзабон кӯмак хоҳем ва ҳамкорӣ ба роҳ монем, чунки тарҷумаҳои шоҳкориҳои ҷаҳониро дар сифати хуб онҳо аллакай доранд ва ниёзе нест ба тарҷумаҳои дубора ва харҷҳои зиёдатӣ дар ин ҷода. Ин гуна ҳамкориҳо замонҳои пеш арзи вуҷуд доштанд ва самараҳои хуб медоданд. Чаро наметавонем он ҳамкориҳоро боз эҳё гардонем?!” — қайд шудааст дар муроҷиатномаи мо гуфт Амина Шарофиддинова.

Ба таъкиди ӯ дар моддаи 4-уми Сарқонун омадааст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои рушду нумӯъи фарҳангу забони миллатҳои сокини ҳудудаш шароит фароҳам меоварад. Бар ин асос омӯзгорони самарқандӣ дар муроҷиати худ ба президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев аз он шиква карданд, ки барномаҳои родиё ва телевизиюн ба забони тоҷикӣ тамоман кам пахш мешаванд. Барои тараққиёту пешрафти забон нақши ин воситаҳои ахбор хеле қавиянд, набудани фаъолияти онҳо мардумро хеле тез аз забонаш ҷудо мекунад.

— Дар муроҷиатнома ин нукта зикр шудааст, ки  солҳои аввали истиқлол  барномаҳое чун “Шоми Самарқанд”, “Ханда”, “Зодрӯз муборак” ба забони тоҷикӣ пахш мешуданд. Баъд оҳиста-оҳиста ин барномаҳо нест шуданд.  Ин аст, ки имрӯз мардуми Самарқанд аз забони адабии тоҷикӣ хеле дур афтодаанду гоҳе онро дуруст намефаҳманд. Мана,  дар шароити имрӯзаи душвори мубориза бо пандемия низ донишомӯзи тоҷикзабон аз ҳуқуқи мушоҳидаи теледарсҳо маҳрум аст ва намедонад сари худро куҷо занад. Онҳо муаллимони бомаҳорату соҳибтоифаи зиёд, методистҳо доранд, ки мақому манзалаташон дар сатҳи ҷумҳурӣ эътироф шудааст, наход ташкили дарсҳои онлайн ин қадар мушкилии зиёд дошта бошад?! — тазаккур дод хонум Шарофиддинова.

Вай боз гуфт, ин талабҳои омӯзгорони вилояти Самарқанд бояд ба назари эътибор гирифта шаванд:

а) агар ягон шабакаи телевизионии дар ҷумҳурӣ амалкунанда пурра ба забони тоҷикӣ дода шавад;

б) ё агар ягон шабакаи алоҳида барои тоҷикзабонон ташкил карда шавад;

в) ё ақаллан аз ягон шабакаи муайян барномаҳои гуногуни родиёиву тиливизиюнӣ ба забони тоҷикӣ мустақиман пахш шаванд; (дар он сурат ташкили онлайн-дарсҳо низ тариқи он шабакаҳо ё барномаҳо осон мегардид);

— Барои дуруст омӯзонидани забону адабиёти форсу тоҷик ақаллан соатҳои пешина баргардонида шаванд. Моддаи 4 ва 5-уми Қонуни забони давлатӣ дар амал ҷорӣ карда шавад, яъне забони таълиму тарбияи муассисаҳои томактабии мавзеъҳои тоҷикнишин ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шавад. Дар Ӯзбекистон табъу нашри ягон нашрияи касбии давлатӣ ташкил карда шавад, — иброз намуд мавсуф.

Амина Шарофиддинова ишора кард, ки дар ин муроҷиатнома омӯзгорони вилояти Самарқанд боз чанд дархости худро ба унвони раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев ироа кардаанд. Вай гуфт, умедвор аст, ки ин муроҷиат мавриди таваҷҷӯҳи раисиҷумҳури кишвараш қарор хоҳад гирифт.

Маълум шуд, ки дар зери муроҷиатнома як гурӯҳ омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои вилояти Самарқанд имзо гузоштаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here