Ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон  аз падидаҳоест, ки занонро танҳо, фарзандонро аз волидон ҷудо ва ҷомеаро нигарон кардааст. Ҳарчанд, хушбахтона, ин раванд дар соли 2020 нисбатан кам шуда бошад ҳам, омори фурӯпошии оилаҳо то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Зане, ки бо сад азоб шавҳарашро бахшид

Ситора, дар яке аз рустоҳои шаҳри Панҷакент дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаааст. Дар мактаб ҳам хуб таҳсил мекард. Ба воя расиду хостгоҳро пушти дарашон қатор шуданд. Орзу дошт, оилаи солиму намунавӣ бунёд кунад. Волидонаш ӯро ба як ҳамдеҳаашон ба шавҳар доданд. Баъди 3 моҳи оиладорӣ, шавҳараш озими муҳоҷират ба Русия шуд. Арӯси нав ҳар субҳ барвақт мехесту аз пайи корҳои зиндагӣ, ҳавлирӯбиву говҷӯшӣ, нигоҳубини молу ҳол ва омода кардани хӯрок мешуд.

Ситора рӯзе эҳсос кард, ки ҳомила аст ва ба хушдоманаш гуфт, бояд барои дар қайд истодан ба назди духтур равад, аммо хушдоманаш ба ӯ иҷозат намедод ва мегуфт, ки мо бе духтур ҳам таваллуд кардем. Ситора, ки хунаш кам буд, худро рӯз аз рӯз бад ҳис мекард. Рӯзе дар вақти овардани об аз лаби дарё  сараш чарх зада беҳуш шудва ҳамсояҳо ӯро ба хона оварданд.

— Ту моро дар байни мардум шарманда кардаӣ, касалӣ, — гӯён хушдоманаш ҳар рӯз ӯро таъна мекард ва охир  Ситораро аз хона ронд. Ситора бо ашки шашқатор ба хонаи волидонаш рафт.

Хушдомани Ситора бо духтараш баҳона оварданд, ки гӯё ӯ бо дигар марде муносибат дорад ва ин овоза ба деҳа паҳн гардид. Шавҳари Ситора аз Русия омада ҷавоби ӯро дод ва зани дигар гирифт.

Ситора акнун намедонист чӣ кор кунад. Вазъи рӯҳияш хеле бад буд. Бо ин вуҷуд  аз пайи ҳимояи ҳуқуқҳои худ гардид. Ба бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Панҷакент муроҷиат кард ва онҳо Ситораро ба ТҶ “Занони шарқ” фиристоданд.

Дар ин марказ кормандонаш ба ӯ ёрии равониву ҳуқуқӣ расониданд. Ӯро ба курси омӯзишии дӯзандаги ҷалб карданд. Баъди чанде Ситора писар таваллуд кард. Бо ёрии кормандони “Занони шарқ” ба хонаи шавҳараш маскун ва алимент рӯёниданд. Ин духтараки деҳотӣ эҳсос кард, ки ӯ танҳо нест ва ҳастанд нафароне, ки ӯро дастгирӣ мекунанд.

Акнун Ситора он арӯси гапшунаву танҳо набуд, балки як дӯзандаи шинохташуда гардид. Фарзандашро низ ба яке аз кӯдакистонҳои шаҳр гузошт. Рӯзе, вақте фарзаандашро аз кӯдакистон мегирифту ба хона меомад, шавҳарашро дар ҳолати афсудаву бо сару либоси бетартиб вохӯрд. Шавҳараш ба назди ӯ омада аз Ситора бахшиш пурсид. Ститора ба хотири фарзандаш шавҳарашро бахшид…

259 ҷудошавӣ оё кам аст, ё зиёд?

Ҳамин гуна ҳолатҳо дар Панҷакент кам нестанд, ки бо ҳар баҳона оилаҳои ҷавон вайрон мешаванд.

Ба андешаи коршиносон ҷудошавии оилиаҳо чанд омили асосӣ дорад.

Мастона Муродзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Панҷакент мегӯяд, имрӯхо муҳоҷират, тайёр набудани ҷавонон ба оиладорӣ, дахолати шахсони сеюму чорум ва телефону интернет сабабҳои асосии фурӯпошии оилаҳо гардидаанд.

Мо дар шабакаи ичтимоии Фейсбук бо саволи “Сабаби фурӯпошии оилаҳоро дар чӣ мебинед?”, байни хонандагон пурсиш гузаронидем. Беш аз 100 нафар дар ин назарсанҷӣ ширкат карда назар доданд. Қариб 50% ба ин назаранд, ки бо дахолати шахси 3-юму 4-ум оилаҳо вайрон мешаванд, беш аз 33% тайёр набудани ҷавонон ба оиладориро сабаб медонанд.

Дар соли гузашта, яъне соли 2020, бино ба маълумоти шӯъбаи САҲШ-и шаҳри Панҷакент, 259 ҳолати ҷудошавии оилаҳо сабт гардид, ки аз ин шумора, 188 ҳолат тариқи суд ва 71 ҳолат тариқи САҲШ сурат гирифтааст.

— Бо вуҷуди он, ки дар соли 2020 нисбати соли 2019 ҷудошавии оилаҳо 46 адад кам ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, аммо ин қонеъкунанда нест, – мегӯяд мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Панҷакент хонум Муродзода.

— Бо гурӯҳҳои кории пешгирии вайроншавии оилаҳо мо тавонистем беш аз 51 оилаеро, ки то ҷудошавӣ расида буданд, бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ба муросо оварда, онҳоро ба зиндагии шоиста талқин кунем, – гуфт Мастона Муродзода.

“Занони шарқ” — пуштибони занон дар мушкилот

Дар барқарор кардани оилаҳо ва кӯмак ба заноне, ки гирифтори хушунат дар оила мегарданд, нақши баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ назаррас мебошад.

Яке аз чунин ташкилоти чамъиятӣ, ки дар самти дастгирии занон дар Панҷакент фаъолияти назаррас дорад, ин ТҶ “Занони шарқ” мебошад.

Бино ба маълумоти роҳбари ташкилоти мазкур Зӯҳро Шарипова, дар назди ташкилот равоншиносону ҳуқуқшиносон фаъолият доранд, ки тақрибан ҳамарӯза ба заноне, ки бо мушкилоти оилавӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд, пайваста ёрӣ мерасонанд.

— Мо заноноро ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб месозем, бо кор таъмин мекунем, маслиҳатҳои равониву ҳуқуқӣ медиҳем, дар тартиб додани асноди ҳуқуқӣ кӯмак ва ҳатто баъзан вақт дар мурофиаҳо ширкат карда ҳуқуқи занонро ҳимоя мекунем ва ҳамаи ин ройгон аст, – мегуяд Зӯҳро Шарипова.

Ташкилоти мазкур тавонист дар соли 2020-ум 3 занро аз худкушӣ наҷот дода, 12 оиларо барқарор ва 64 занро бо ҷойи кор таъмин кунад.

Чи бояд кард, то оилаҳо ҷудо нашаванд?

Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан мо назари ду оиларо гирифтем. Яке оилаи ҷавон ва дигар оилае, ки беш аз 40 сол хушбахтона зиндагӣ доранд. Ин оилаҳо дар озмунҳо ҳамчун оилаҳои беҳтарин дониста шудаанд.

Насиба, як нафар зане, ки бо шавҳараш 10 сол аст зиндагӣ дорад, ба ин назар аст, ки бояд зан пуртоқат бошад.

— Рости гап шавҳари ман ҳам бо дигар занҳо муносибат дошт, шояд ишқварзӣ ҳам дошт, вале ман ба ҳамаи ин тоқат мекардам. Ман шавҳарамро  хеле дӯст медорам. Медонам, ки дар 99% ҳолатҳо ҳама мард куҷое равад, боз назди зани авваллаш меояд. Бале занҳо ҳам рашк мекунанд, аммо сабр калиди ҳама хушбахтиҳост. Имрӯз шояд духтарбозӣ ба дили шавҳарам задааст, ки дигар бо ману фарзандонам меҳрубон аст. Мо хушбахтем ва ба ҷавонон маслиҳати ман ҳамин аст, ки дар ҳама ҳолат сабр дошта бошанд, – мегӯяд Насиба, ки худ 30-сола аст.

Дигар зане, ки занонро ба сабру таҳаммул даъват мекунад ин Мунира Шамсиддинова, сокини шаҳри Панҷакент аст. Ӯ мегӯяд:

— Ҳамсари ман чанд сол дар Афғонистон хизмат кард. Серкор буд. Саҳар ба кор мерафт, бегоҳ дер ба хона меомад. Дар ин ҳолат ту ба ман аҳамият намедиҳӣ гуфта бояд баромада мерафтам? Имрӯз ҳамсарам дар наздам, зиндагии хушбахтона дорем. Духтарони имрӯз дурандеш нестанд, дарҳол фикри ҷудошавиро мекунанд, ки ин нодуруст аст, – ақида дорад Мунира Шамсиддинова ва меафзояд: — Шукри Худо ҳозир ҳама фарзандонам оиладор, соҳиби чанд набера ҳастем…

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here