Суди вилояти Хатлон бо баргузории панҷ мурофиа баррасии парвандаи пурсарусадои ҷавони 21-сола, сокини ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷро, ки наздик ба се моҳ қабл аз ҷониби марди 41-солаи ҳамсояаш бо роҳи буридани гардан ба қатл расонида шуда буд, ба анҷом расонидааст.
Судя Аскаралӣ Амонзода рӯзи 3-юми апрел зимни қироати ҳукм судшаванда Нурмаҳмад Нуровро дар куштори Хуршед Ғолибов айбдор донист ва номбурдаро ба 14 солу 6 моҳи адои ҷазо дар Муассисаи ислоҳотии низомаш пурзӯр маҳкум кард. Ин дар ҳолест, ки қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои судшаванда ҷазои сангини 15 соли маҳрумӣ аз озодӣ дар колонияи низомаш пурзӯр талаб карда буд. Наздикони судшуда ва адвокат ба ҳукм розӣ нестанд ва мегӯянд, ки баъд аз дастрас кардани нусхаи ҳукм ба Суди Олии Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи қатли Хуршед Ғолибови 21-сола, ки гуфта мешуд, хушдори ҳамсинф ва ҳамсоядухтараш будааст, нимаи дуюми рӯзи 14-уми январи соли равон дар хонаи падари духтар Нурмаҳмад Нуров рух дод ва худи ҳамон рӯз, пас аз санҷиши макони ҳодиса, мақомоти прокуратураи ноҳияи Панҷ тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ — “Одамкӯшӣ”, ки ин қисми моддаи ҷиноятӣ аз 8 то 15 соли маҳрумӣ аз озодиро дар бар мегирад, парванда боз кард.
Набера: бибиам гуфт, «ба хона надароед, ки убол аст»
Парвандаи мазкур, ки мавриди баррасии судӣ қарор дошт ва тибқи қонун, то содир гардидани ҳукми суд навиштани матлаби тадқиқотӣ дар ин бора дахолат ба қарори суд ҳисоб меёбад, аз ин рӯ, тасмим гирифтем то содир шудани ҳукм мунтазир монем ва дар мавриди ҳодиса бо иттилое иктифо кунем. Мурофиаи парвандаи ҷиноятӣ рӯзи 17-уми март оғоз шуда, 3-юми апрел ба анҷом расид. Чун мавзуро пайгирӣ мекардему анҷоми мурофиа ҳам наздик буд, рӯзи 31-уми март ба ноҳияи Панҷ сафар кардем, то макони ҳодисаи мудҳишро бубинем. Ҳамчунин, бо хонаводаи Ғолибовҳо ва Нуровҳо, ки бевосита худ шоҳиди ин фоҷеаи касношунид буданд, суҳбат кунем ва пас аз баромадани ҳукм, дар наздиктарин фурсат вобаста ба ҷузъиёти ҳодиса ба хонандагони “Фараж” иттилоъ диҳем. Мутаассифона, он рӯз дар хонаи Нуровҳо касеро аз калонсолҳо пайдо накардем, чун он рӯз дар маркази вилояти Хатлон мурофиаи судӣ баргузор мешудаасту ҳамсару модари судшаванда ҳам барои иштирок дар мурофиа ба шаҳри Бохтар рафта будаанд. Дари ҳуҷрае, ки ҷиноят дар он содир шуда буд, бо қуфл маҳкам буд. Зебонисо, духтараки синфи 9, ки кӯдакони хурдсоли ин хонаводаро нигоҳбонӣ мекард, гуфт, ҳуҷраеро, ки амакаш он ҷо писари ҳамсояро кушта буд, тоза кардаанд ва бибияш ба дари он қуфл зада, таъкид кардааст, ки “касе он ҷо надарояд, ки “убол” аст”.
Хонаводаи Шоҳқурбон Ғолибов (падари Хуршед) ва Нурмаҳмад Нуров чандин солҳо қабл дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд ва ба гуфтаи ҳарду ҷониб, миёнашон ягон хусумату бадбиние вуҷуд надоштааст. Хуршед бо духтари ҳамсоя (чун духтар аллакай ба шавҳар баромадааст, бо сабаби халал ворид накардан ба ҳаёти оилавияшон аз овардани номаш худдорӣ мекунем) ҳамсинф будаанд, вале духтар бо сабаби муҳоҷирати волидон чанд сол дар Русия таҳсил кардааст.
Ба гуфтаи модари Хуршеди ҷавонмарг, писараш пас аз баргаштани оилаи Нуровҳо аз Русия давоми 2,5 сол бо духтар робитаи дӯстӣ доштааст ва мехостааст бо ӯ хонадор шавад.
Шаҳзода Иброҳимова мегӯяд, ки шавҳараш Шоҳқурбон Ғолибовро як маротиба ба хонаи ҳамсояаш барои суҳбат бо падари духтар ва бори дигар, бо сабаби беморияш, духтараш Мунираро ба назди модари духтар равон кардааст, вале аз онҳо ҷавоби рад шунидаанд.
— Хуршедам мегуфт, ки духтари ҳамсояро нағз мебинад ва мехоҳад бо ӯ оила барпо кунад. Аммо онҳо “не” гуфтанд. Бо ин ҳам, бачаам аз раъяш намегашт,- гуфт Ш. Иброҳимова.
Ин дар ҳолест, ки ҳамсари судшуда Гуландом Шамсиева мегӯяд, як сол қабл духтарашро бо ҷавони хеши дурашон фотиҳа карда буданд ва қарор буд, рӯзҳои наздик онҳоро хонадор кунанд.
— Чӣ хел мешуд, ки духтарамро аз фотиҳа бароварда, ба ӯ медодам? Илова бар ин, Хуршед бо апааш Мунира боре ба хона омаданд ва гуфтанд, ки гӯё аллакай духтари ман бо Хуршед ҳамхоба шудааст. Чун духтарам дар наздам буд, баъди шунидани ин ҳарфҳо ба ғазаб омад ва онҳоро аз хона пеш кард. Ин ҳарфҳо дурӯғ ва дар ҳаққи духтари ман туҳмат буд. Дурӯғу туҳмат будани ҳарфҳояшон замоне исбот шуд, ки рӯзи 20-уми март духтарамро ба шавҳар додам ва ташхиси пешазникоҳӣ бокира будани духтарамро собит кард,- гуфт Гуландом Шамсиева.
Ин зан мегӯяд, ки «нимаи дуюми рӯзи 14-уми январ буд. Ману духтарам нон мепухтем ва шавҳарам, ки бегоҳи рӯзи 15-уми январ чипта дошт ва ба Русия мерафт, дар боғчаи назди ҳавлӣ ниҳолҳоро қайчӣ мекард. Ин вақт мошине дар назди хона истод ва аз он Хуршед ва домодшавандаам Суҳроб фаромаданд. Хуршед аз мошин рост ба назди шавҳарам рафт ва Суҳроб бошад, ба пеши мо омад. Пас аз салом ӯ аз духтарам пурсид, ки “чаро ин бача дар бораат ҳар хел гапҳо мегӯяд? Бо ӯ ягон муносибат дорӣ?”. Ин замон Хуршед ба назди мо омад ва ҷанҷол бардошта, дашному ҳақоратамон кард. Ман гуфтам, ки барои чӣ омадӣ? Гуфта будам, ки духтарам дар фотеҳа аст, аммо ӯ гӯш намедод. Шавҳарам аз боғ ба назди мо омад. Хуршед аз дасташ ба ҷониби хона кашида, гуфт, ки “биё равем, дар хона ҳамаашро фаҳмонам”. Фишорам баланд шуду аз ҳуш рафтам. Дигар намедонам, чӣ ҳодиса рух дод. Ба худ омадам, ки хона пури милиса буд».
То ҳанӯз касе намедонад, ки дар дохили ҳуҷра миёни Нуров ва ҷавони ҳамсояаш чӣ гузашту чӣ ҳарфҳое ба ҳам гуфтаанд, ки то ин ҳад аввалӣ ба ғазаб омада, худро дигар идора карда натавонистааст. Аммо модари духтар бар ин назар аст, ки шояд Хуршед он туҳматҳоеро, ки қаблан дар ҳузураш ба духтар зада буд, ба шавҳараш ёдовар шудааст.
Мунира: Ба шикаму гарданам корд монд…
Баъди он ки Хуршеду Нурмаҳмад ба ҳуҷра медароянд, писари соҳибхона Тӯйчӣ ба сӯйи хонаи Ғолибовҳо медавад, то аз ҳолати кор онҳоро огоҳ кунад.
Мунира мегӯяд, вақте ки бо додарам Дилшод давида омадем, гӯё дар хона ҳеҷ гап нашуда бошад, ҳама хомӯш буданд. Чун ман пурсидам, ки “Хуршед дар куҷост?”, касе ҷавобам надод. Тӯйчӣ ба дари ҳуҷра ишора кард, ки “он ҷоянд”.
— Дарро кушодаму ҳуш аз сарам парид. Хуршед дар хун оғӯшта, рӯи фарш мехобид ва овозаш “хир-хир” мебаромад. Додарам дар назми ҷон буд. Корд дар дасти мард болои сараш меистод. Хостам ба додарам ёрӣ диҳам, аммо Нурмаҳмад маро дошта, дар танаи девор кордро ба шикамам гузошта, гуфт: “Ист, туро ҳам мекушам, то намурад, аз ҷояш наҷумбон!”. Дилшод ҳам ба ҳуҷра даромад, вале ба сари ӯ ҳам корд кашид. Моро бо корд таҳдид кард ва коре карда натавонистем,- аз лаҳзаи мудҳиши дар пеши чашмонаш ҷон додани додараш ёд овард Мунира Ғолибова.
Дилшод: Суҳроб моро дар нимароҳ партофт
Бародари Хуршеди ҷавонмарг Дилшод Ғолибов мегӯяд, пас аз чанд лаҳза эҳсос кард, ки садои “хир-хир”-и овози додарашро дигар намешунавад ва ҳарчанд аллакай ҷон дода буд, бо ин вуҷуд, тани нимҷону дар хун олудаи додарашро ба мошини Суҳроб бор карда, ҷониби беморхонаи ноҳия шитофтанд. Чун медонистанд, ки агар бо ин аҳвол додарашро ба хона баранд, ҷангу ҷанҷоли бузургтаре дар миёни ду қабилаи бузурги деҳа ногузир хоҳад буд. Аз ин рӯ, бо он ки аллакай Хуршед фавтида буд, боз ҳам ӯро ба беморхона бурдаанд.
— Аммо то роҳи калон набаромада, Суҳроб баҳона кард, ки гази мошинаш тамом шудааст ва дигар ҳаракат карда наметавонад. Аз роҳ мошини дигарро доштем ва ҷасадро ба беморхона расонидем,- гуфт Дилшод Ғолибов, бародари Хуршед.
Шермаҳмад Нуров, бародари судшуда, ки хоҷагии алоҳида дорад, дар як суҳбати телефонӣ гуфт, миёни бародараш ва оилаи Ғолибовҳо ягон хусумат вуҷуд надоштааст. Боре Шоҳқурбон Ғолибов, падари Хуршед дар хонаи ӯ бо бародараш дар хусуси фарзандонашон суҳбат карда будаанд, вале ӯ аз натиҷаи суҳбаташон хабар надорад.
— Ман бемории фишорбаландӣ дорам. Рӯзи воқеа дар хона хоб будам. Маро ҷиянам бедор карда, гуфт, ки тағоям дар хонааш бо Хуршед ҷанҷол дорад. Соат тахминан 16-и аср буд. Зуд ба хонаи бародарам рафтам, вале аллакай кор аз кор гузашта буд. Дари ҳуҷраро кушодам. Хуршед рӯи фарш мехобид. Бародарам ҳақоратам дода, аз ҳуҷра берун кард ва гуфт, ки ба корҳояш дахолат накунам. Фишорам баланд шуд. Рӯи ҳавлӣ будам, ки Мунираву Дилшод омаданд. Ҷанҷол карданд. Баъдтар ҳамакаса тани нимҷони Хуршедро аз хона бароварда, ба мошини Суҳроб бор кардем. Дигар чизе дар ёдам нест,- гуфт Ш. Нуров.
Шермаҳмад Нуров аз сухани охирини бародараш дар суд ёд оварда, гуфт, ки бародараш Нурмаҳмад аз ҷинояти содиркардааш сахт пушаймон шудааст ва лаҳзае, ки ин амали мудҳишро анҷом додааст, чизеро дар ёд надоштааст. “Ман аз кори кардаам сахт пушаймонам, вале ин ҷиноятро қасдан анҷом надодам. Вақте ки байнамон ҷанҷол шуду Хуршед маро ба номи зану духтар ва модарам дашном дод, намедонам ӯро чӣ хел задам, чизе дар ёдам нест”,- гуфтааст Нурмаҳмад Нуров дар сухани охиринаш дар мурофиа судӣ.
Тӯйчӣ: Хуршед гуфтааст, ки «тӯйро вайрон мекунам»
Тӯйчӣ аз миёни чор фарзанди оилаи Нурмаҳмад Нуров писари калонист ва дар синфи 11-уми мактаби деҳа таҳсил мекунад. Ба гуфтаи Тӯйчӣ, Хуршед ҳар замон ба падараш занг мезадааст ва мегуфтааст, ки фотиҳаро барҳам диҳад.
— Як шаб бо падарам будам, ки телефонаш занг зад. Падарам берун баромада хеле гап зад. Баъд омаду гуфт, ки Хуршед буд. Гуфтааст, ки фотиҳаро гардонед, набошад, тӯйро вайрон мекунам. Очаам ҳам гуфт, ки Хуршед чанд бори дигар ҳам занг зада, падарамро таҳдид кардааст. Як бори дигар, вақти намози бомдод ба хона омадааст. Дар торикӣ апаамро тарсондааст. Баъд падарам акаи Шоҳқурбонро даъват карда, фаҳмонд, ки бачаашро раҳ гирад, ки дигар ба хона наояд,- гуфт Тӯйчӣ дар як суҳбати телефонӣ.
Ин дар ҳолест, ки Шоҳқурбон Ғолибов мегӯяд, писараш ба духтари ҳамсоя ошиқ буд ва чанд маротиба ҳам барои хостгорӣ рафтааст.
— Падари духтар аввал розӣ шуд, аммо ҳамсараш Гуландом Шамсова инро намехост. Ӯ мегуфт, ки духтарашро ба писари холааш медиҳад ва гуфтааст “саги дари хонаамро ҳам ба Шоҳқурбон намедиҳам”,- гуфт Шоҳқурбон Ғолибов.
Падар аз фоҷиаи ба сараш омада бо чашмони ашкбор ёд меорад. Ӯ бар он назар аст, ки ҷиноят гуруҳӣ анҷом дода шудааст, вале тафтишот як нафарро гунаҳкор мешуморад. Ғолибов мегӯяд, ки дар ин хусус бо нома ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Прокуратураи генералӣ ҳам муроҷиат кардааст, то қазия шаффофу беғараз ҳал гардад.
Маҳмуд Қодиров ҳамчун адвокат аз ҳуқуқи ҷабрдидаҳо ҳимоят мекунад. Номбурда дар тамоси телефонӣ гуфт, ҳарчанд ӯ ҳам бар он бовар аст, ки ҷиноят гуруҳӣ содир гардидааст, вале дар рафти тафтишоти пешакӣ он исботи худро наёфтааст. Қодиров мегӯяд, ки шахсан аз ҳукми эълонгардида нисбат ба судшуда Нурмаҳмад Нуров розӣ нест ва нияти шикоят аз болои ҳукмро дорад, аммо боз тасмим бо худи Ғолибовҳо аст, ки онҳо шикоят кардан мехоҳанд ё не.
Ин дар ҳолест, ки адвокати ҷониби судшуда Нурмаҳмад Нуров Салимзода Саидвосеъ низ мегӯяд, ба ҳукми содиршуда розӣ нест ва пас аз гирифтани нусхаи ҳукм ба Суди Олӣ шикоят хоҳанд бурд.
Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”