Тасмими қисман ё пурра гузаронидани маоши якмоҳаашон ба суратҳисоби махсус барои маблағгузории чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо дар Тоҷикистон замоне гирифта шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда, дар ин самт иқдом намуд ва маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби мазкур пардохт кард.

Рӯзи 30-юми апрел ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат вобаста ба чораҳои пешгирии паҳншавии коронавирус баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои се моҳ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок мекунанд, иловапулӣ пардохт карда шавад. Бо ин мақсад рӯзи 1-уми май амри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир гардид ва Вазорати молия муваззаф шуд, то аз ҳисоби Фонди захиравии президент 12 416 250 (дувоздаҳ миллиону чорсаду шонздаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд.

Гуфта мешавад, ки иқдоми навбатии Президенти мамлакат “барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ равона шудааст”.

Аз ин иқдоми Президенти кишвар як қатор вазирону раисон, роҳбарони корхонаву ташкилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ илҳом гирифта, барои ба суратҳисоби Фонди махсус барои пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус гузаронидани музди меҳнати якмоҳаи худ ташаббус нишон доданд. Дар ин росто аввалин шуда, дар як ҷаласа, вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода омодагии худро изҳор доштааст ва дар якҷоягӣ бо ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ тасмим гирифтаанд, ки 50% музди меҳнати моҳонаи худро ҳамчун кӯмак ба суратҳисоби Фонди мазкур таҳвил диҳанд.

Ба қавли АМИТ «Ховар», вазир аз иҷрои вазифаҳои ба уҳдаашон гузошташуда ёдовар шуда, таъкид кардааст: “Акнун вақти он расидааст, ки шабу рӯз вазифаҳои ба уҳда доштаамонро иҷро намуда, дар ин лаҳзаҳои ҳассос паҳлуи мардумамон бошем. Бояд ба мардум фаҳмонем, ки ба воҳима ва таҳлука дода нашаванд. Ба хабарҳои гуногуни воҳимаангезу бардурӯғ бовар накарда, аз паси зиндагии муқаррарӣ гардида, гигиенаи шахсиро (маҳдудият аз дигарон, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дасту рӯй) риоя намоянд”.

Ҳайати кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии кишвар низ ҳамбастагӣ нишон дода, эълон доштаанд, ки баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бар зидди вабои аср кӯмакашонро дареғ нахоҳанд дошт. Аз ин рӯ, барои мубориза бар зидди пандемияи КОВИД-19 як маоши моҳона ва дигар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қисме аз маоши худро ба суратҳисоби фонди мазкур мегузаронанд.

Дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон низ аз тасмими роҳбарияти ин ниҳод хабар дод, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус онҳо маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсисдодаи ситоди ҷумҳуриявӣ таҳвил додаанд. Ба қавли манбаъ, ин ниҳод ҳамчунин, бо мақсади дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ 5 ҳазор дона ниқобҳои тиббӣ, 250 дона камбензони яккаратаи тиббӣ, 400 кг оҳаки хлордор ва 500 литр спирти техникӣ низ дастрас кардааст.

Аз минтақаҳои кишвар низ дар мавриди кӯмак ба гирифторони вируси корона хабар мерасад. Ҳафтаномаи «Пайк» менависад, ки раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, ки ҳамзамон раиси Ситоди шаҳрии мубориза бо Covid-19 низ ҳаст, маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби ситод пардохт кардааст. “Кормандони соҳаи буҷетӣ баъди дарки муҳимияти масъала ҳама тасмим гирифтанд, ки дар мубориза ба муқобили вабои аср дар канор набошанд, балки бо маблағ ва дигар восита кӯмаки худро расонанд. Маблағи ҷамъшуда пурра барои хариди доруворӣ барои гирифторони коронавирус ва беморони эҳтимолӣ, ниқобҳои тиббӣ, либосвориҳои махсус барои табибон ва пардохти изофапулӣ ба маоши табибон сарф хоҳад шуд”. Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, Сафармуҳаммад Рустамов ва Ҳабиб ном соҳибкорони маҳаллӣ ба суратҳисоби ситод 10 000 ва 4,500 сомонӣ интиқол додаанд ва Ҳаким Қувватов, фарзанди журналисти шинохтаи шодравон Хол Қувватов бошад, барои табобати ройгони беморон ба шаҳри Кӯлоб як миқдор доруворӣ ворид намудааст.

Аз он ки раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм низ тасмим гирифтааст маоши якмоҳаи худро ба музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустии ноҳия гузаронад, маркази матбуоти раиси ноҳияи мазкур ба расонаҳо иттилоъ додааст.

Ахиран, хабари ба суратҳисоби махсуси барои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар вилояти Хатлон гузаронидани маоши якмоҳаи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода низ расонаӣ шуд. Дар ин бора шуъбаи таҳлилию иттилоотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба расонаҳо хабар додааст. Манбаъ гуфтааст, ки дар баробари раис ҳамчунин, дастгоҳ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ҳамбастагияшонро дар мубориза бар зидди ин вабои фарогир эълон карда, мехоҳанд як қисми маоши худро ҳамчун кӯмак ба суратҳисоби хайриявӣ интиқол диҳанд.

Аз пардохти музди меҳнати якмоҳаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам низ ба Фонди хайриявии пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус ба расонаҳо иттилоъ расидааст. Сардори маркази матбуоти МИҲД-и шаҳри Исфара Иқбол Тешаев гуфтааст, Сулаймонзода, муовинони раисони шаҳр, раисони ҷамоатҳо ба ин қарор расидаанд, ки “раиси шаҳр маоши якмоҳаи худро пурра ва муовинону раисони ҷамоат бошанд, ҳадди ақал панҷоҳ дарсади моҳонаи хизматии худро ба суратҳисобе, ки барои чорабиниҳои пешгирикунанда ва табобати COVID-19 кушода шудааст, ихтисос диҳанд” ва дар таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар пешгирӣ ва табобати бемории ҳамагири вируси корона дар кишвар саҳмгузор бошанд.

Раиси Бонки давлатии “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ се рӯз қабл тариқи сомонаи расмии “Амонатбонк” изҳор доштааст, ки маоши якмоҳаашро ба ҳисоби махсуси дастгирии беморону табибон дар мубориза ба вабои COVID-19 гузаронидааст ва бо муроҷиат аз кулли кормандони бонкии кишвар даъват кардааст, то маоши якрӯзаашонро ба суратҳисоби Фонд интиқол диҳанд.

Ахиран, Президенти клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе Шоҳрух Саидзода аз маоши солонааш дар ин бошгоҳ даст кашида, онро ба Фонди мубориза бо коронавирус дар кишвар хайр кардааст.

Дар бораи андозаи маоши моҳонаи вазифавии вазирону раисони шаҳру навоҳӣ дар кишвар маълумоти расмӣ вуҷуд надорад, аммо коршиносон мегӯянд, он чандон муҳим нест. Муҳим он аст, ки намояндагони мақомоти давлатӣ дар ҳама ҳолат бояд намунаи ибрати мардум бошанд.

Шамсулло ФОЗИЛОВ,

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here