Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба наздикӣ ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф меоваранд ва ба баъзе норасоиҳо, ки аз тарафи судяҳои вилояти Суғд шуда истодаанд, аз ҷумла судяи вилояти Суғд, судя Оқили Оқилзода чӣ мегуфта бошанд?

 

Вақт ғанимат

Сад афсӯс, ки баҳси судии шаҳрвандӣ (гражданӣ) ба ҳисоби миёна то 5-солаҳо кашол ёфтанаш мумкин аст. Худо нахоҳад, ки агар яке аз судяҳои зинаи аввал ё зинаҳои дигар ба хатоӣ даст зананд, баҳси судӣ 10-солаҳо кашол меёбад. Бинобар ин, баъзе судяҳои бевиҷдон аз ин сӯйистифода бурда, ба порагирӣ даст мезананд. Аз сабаби он, ки аксари шаҳрвандон ё маблағи зиёдатӣ ё он ки вақти зиёд надоранд… Аз баъзе ҳалномаҳои судӣ, ки ҳалли худро на дар зинаҳои аввал, балки дар Суди Олӣ ёфтаанд, бармеояд, ки дар қатори судяҳо, судяҳое, ки парвои ватану миллат надоранд, ҳастанд. Ҳол он ки, умеди мардуми тоҷик дар ҳаққи талоши адолат яке аз зинаҳои охирин — ин мақомоти судӣ мебошад.

 

Ҳолати кор

Бо ҳалномаи судяи Суди шаҳри Хуҷанд Ализода Эраҷ аз 25.09.2017 сол, №2-598/17 аризаи даъвогии Зокирова Д. Ҷ., истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ, бинои 12, хонаи 40 нисбати ҷавобгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар бораи бекор кардани Қарори Раиси шаҳр таҳти №409 аз 05.06.2015 сол “Оид ба иваз намудани мақсади истифодаи қитъаи замин аз истифодабарии қаҳвахонаи “Кафе Равшан” ва Гармхона” ба истифодаи бинои истиқоматии 9-ошёна воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи З. С. Раҷабовҳо ба масоҳати умумии 1109,8 метри мураббаъ, барои истифодаи бемуҳлат, лоиҳакашӣ ва сохтмон иҷозат додан” қонеъ карда шуда, санади мазкур беэътибор дониста шудааст.

Ҳамчунон, бо ҳамин ҳалномаи судӣ даъвои директори ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ба ҷавобгарии Якубов Х. Ф., Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд дар бораи беэътибор донистани Иҷозат барои сохтмон №25 аз 29.05.2017 с. ва Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 27.07.2015 с. таҳти №2565 қаноатбахш карда шуда, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии мазкур ба номи ҷавобгар Якубов Х. Ф. беэътибор дониста шудаанд.

 

Магар ҳама бесаводанд?

Новобаста аз хулосаҳо, пешниҳодҳо, шартномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаю тасдиқкунандаи ҳар як мақомот оид ба сохтмон, яъне:

  1. Протоколи ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 23-юми январи соли 2015, шаҳри Хуҷанд.

Муовини Раиси вилоят, муовини Раиси Шӯро: А. Яъқубӣ.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и вилоят: С. Шокиров.

Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и вилоят, Котиби Шӯро: Р. Раҳматов.

  1. Хулосаи мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и вилояти Суғд: С. Шокиров аз 10.04.2015 таҳти рақами 4.
  2. Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд. Санад аз 7/04/2015 таҳти рақами 34.
  3. Кумитаи меьморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Хулоса аз 02.03.2015 таҳти рақами 2/430. Муовини аввали Раис: М. Султонзода.
  4. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар». Хулоса аз 10.02.2015 таҳти рақами 112. Директор: Б. Ишанов.
  5. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ. Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд аз 30.03.2015 таҳти рақами 309. Раиси кумита: А. Ёрматов.
  6. Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд, қисми мустақили 23-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Хуҷанд. Хулоса аз 03.04.2015 таҳти рақами 435. Сардори КИ 23/жми ХХДО оид ба муҳофизати шаҳри Хуҷанд подполковники хизмати дохилӣ: Р. Мирзоев.
  7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд. Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал». Хулоса аз 06.04.2015 таҳти рақами 629. Директори генералӣ: Ё. Бобоҷонов.
  8. Вазорати тандурустии ҶТ, сардухтури давлатии санитарӣ. Хулоса аз 02.04.2015 таҳти рақами 49, сардухтури давлатии санитарии шаҳри Хуҷанд Абдуллоев А. А.
  9. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ. Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд. Пешниҳод аз 27.04.2015 таҳти рақами 78. Раиси кумита: А. Ёрматов.
  10. ҶТ филиали ҶСМ «Точиктелеком»-и минтақаи 10 шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд. Хулоса аз 03.04.2015 таҳти рақами 1/174. Сардори ФҶСК «Тоҷиктелеком»-и минтакаи 10 шаҳри Хуҷанд: Ғоибов С. А.
  11. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд. Хулоса аз17.04.2015 таҳти рақами 652. Сардори Раёсат: А. Бобоҷонзода.
  12. ҶТ, сертификати ҳуқуқии истифодаи замин аз 27.07.2015 сол таҳти рақами 2565. Сардор: Умаров Ҷ. А.
  13. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ. Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд. Хулоса аз 24.08.2015 сол таҳти рақами 38. Мудири шуъба: Исоев А. А.
  14. ҶТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд. Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ. Хулоса аз 20.02.2015 сол таҳти рақами 15/я — 133. Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и вилоят: С. Шокиров.
  15. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик». Шарти техникӣ аз 30/08/2016 сол таҳти рақами 5448-13456. Муовини якуми Раис: М. Асозода.
  16. ҶТ, вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд. Қарор оид ба сохтмон аз 05.06.2015 сол таҳти рақами 409. Раиси шаҳр: Раҷаббой Аҳмадзода.
  17. КФ КВЛ «Лоиҳакаш» дар шаҳри Хуҷанд, оид ба хизматрасонии пулакӣ барои бурдани назорати муаллифӣ, шартнома таҳти рақами 21 аз 12.01.2017 сол. Сардор: Каримов А.
  18. Комитет по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан, ОАО «Сугдинтиз». Заключение от 2015 года. Директор: Бобоев М. О.
  19. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ. Хулосаи мусбати экспертизаи давлатии таҳти рақами 348/16/10068 аз 28.12.2016 сол. Сардори КВД «Ташхисгар»: Холов Р. Н.
  20. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ. Шуъбаи меьморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд. Иҷозат барои сохтмон таҳти рақами 25 аз 29.05.2017. Сармеъмори шаҳр: Исоев А. А.
  21. Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд. Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ. Хулоса аз 07.06.2017 сол таҳти рақами я-60. Сардор подполковники милитсия: Солеҳзода Ф. Ф.
  22. ҶТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии вилояти Суғд. Мактуб аз 02.03.2018 сол таҳти рақами 15/я-370. Муовини Раиси вилоят: Анвар Яъқубӣ.
  23. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ. Мактуб аз 19.02.2018 сол таҳти рақами 2/365. Муовини якуми Раис: А. Абдуалимзода.
  24. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд. Мактуб аз 26.07.2017 сол таҳти рақами 15/я-1811. Муовини Раиси вилоят: Анвар Яъқубӣ.
  25. ҶТ, вилояти Суғд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд. Хулоса аз 19.07.2017 сол таҳти рақами 5/19-1461. Муовини Раиси шаҳр: А. Раҳматзода.
  26. ҶТ, вилояти Суғд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд. Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ. Мактуб аз 11.07.2017 сол таҳти рақами 196. Мудири шуъба: Исоев А. А. ва боз 10-ҳо мактубҳо, пешниҳодҳо ва хулосаҳои идораҳое, ки исботи он доранд, ки сохтмони шаҳрванд Якубов Х. дар асоси ҳамаи қонунҳои амалкунанда мебошад.

Вале аз ҳалномаи судяи Суди шаҳри Хуҷанд Эраҷ Ализода бармеояд, ки ҳама як тарафу суд дар дигар тараф. Агар ин тавр бошад, ба мақомоти иҷроияи Ҳукумати ҶТ боварӣ накунем ва дар оянда мардум танҳо аз мақомоти судӣ иҷозат оид ба сохтмон гиранду халос?

 

Хулоса

Ба фикри мо судяи Суди шаҳри Хуҷанд Эраҷ Ализода даъвои Зокирова Д. ва намояндаи ҶДММ «Диёри Хуҷанд»-ро бояд рад менамуд. Сабаб дар он ки сохтмони Якубов Х. дар кӯчаи Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо ба онҳо ягон тааллуқе надорад ва ин қадар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҳам инро нишон медиҳад. Вале афсӯс, ки ҳолати кор баръакс шуд. Гумон дорем, ба ин сабаб шуда бошад шояд беаҳамиятии судя ба факту рақамҳо ё касе ба судя фишор оварда бошад? Агар ин тавр бошад, пас паси парда кӣ истода бошад?

Ду сол боз масъала ҳалли худро наёфта истодааст, новобаста аз он, ки сохтмон иншооти ҷашнӣ мебошад ва дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

 

Хоҳиш

Аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳишмандам, ки дар вақти омадан бо сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд аз иншооти нотамоме, ки рӯ ба рӯи «Маркази ҷавонон» аз дасти чап ҷойгир шудааст, дидан мекарданду баъд аз мақомоти дахлдор пурсон мешуданд. Барои чӣ ва кӣ ба ин бесарусомонӣ роҳ додааст, ки фарзанди тоҷик барои ободии ватан саҳми худро гузоштанӣ аст, лек то ҳол саргардон аст?

 

Бо эҳтиром,

Лутфулло ЁҚУБОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here