Дирӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани 27-уми Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вакилон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карданд.

Дар муроҷиат гуфта мешавад, вакилони Анҷумани ХХII иттифоқҳои касаба боварии комил доранд, ки иттифоқҳои касаба ва тамоми заҳматкашони ҷумҳурӣ имкониятҳои худро дуруст истифода бурда, аз тамоми роҳбарони ташкилот, аъзои иттифоқи касаба ва меҳнаткашон даъват менамоянд, ки аз ҳуқуқҳои дар қонунгузорӣ  кафолат додаашон истифода бурда, ба тарафдории номзади интихобнамудаи иттифоқҳои касаба овоз диҳанд.

То ин дам чор ҳизби дигари сиёсии кишвар номзадҳои худро ба интихоботи президентӣ пешниҳод карданд. Аввалин шуда Ҳизби аграрии Тоҷикистон анҷуман доир кард ва раиси ин ҳизб Рустам Латифзодаро номзад ба вазифаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихобот пешниҳод кард. Ҳисзби сотсиалистии Тоҷикистон номзадии раиси ин ҳизб Абдуҳалим Ғаффоровро номнавис кард.

Сипас, Ҳизби демократи Тоҷикистон номзадии раиси ин ҳизб Саидҷаъфар Усмонзодаро ҷонибдорӣ кард. Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба ин корзор ворид шуд.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров гуфт, ки дар ин интихобот ширкат нахоҳад кард.

Интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми октябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here