Дар вилояти Хатлон давоми 3 моҳи соли 2019-ум 8626 ҷойи нави корӣ аз ҳисоби шахсонӣ воқеӣ таъсис дода шудааст.
Ба иттилои расида аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби баргузории 76 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва дигар манбаъҳо 2481 нафар шаҳрванд бо шуғл фаро гирифта шуданд.
Муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Зиёдалӣ Насридинов, чанде пеш гуфта буд, ки соли гузашта 36 ҳазору 253 нафар шахси бекор ба Раёсат ва бахшҳои он муроҷиат карданд, ки аз ин шумора 29 ҳазору 739 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 18 ҳазору 340 нафар мақоми бекорӣ дода шуд. 22 ҳазору 447 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Ба ҷуз ин, соли 2018-ум дар вилояти Хатлон 180 маротиба ярмаркаи ҷойҳои нави холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шудааст, ки тариқи он 2 ҳазору 288 нафари дигар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд, ки аз инҳо 1243 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Бо вуҷуди таъмини сокинон бо ҷойи кор, мутасифона, ҳоло ҳам садҳо зану духтари минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, аз ҷумла занон аз ноҳияи Вахш, Кӯшониён, Хуросон, ноҳияи Ҷомӣ ва шаҳри Бохтар дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ҷамъ омада, интизори корфармо мешаванд, то онҳоро ба кор баранду маблағе ба даст оранд.
Ин дар ҳолест, ки муовини сарвазири кишвар Маҳмадтоир Зоирзода зимни як сафари кориаш ба вилояти Хатлон аз ташкили бозори “мардикорзанон” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар изҳори ташвиш карда, масъулонро супориши қатъӣ дод, ки ба ин масъала расидагӣ кунанду ҳарчӣ зудтар занони муздурро бо ҷойи кор таъмин созанд.
Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон низ зимни нишасти матбуотиаш аз ташкили чунин бозор дар маркази вилоят, шаҳри Бохтар ёдовар шуда гуфт, «Барои мову шумо мардон ин ору номус аст, ки занони мо дар кӯча баромада ба муздурӣ машғул шаванд».
Раиси вилояти Хатлон афзуд, ки дар як ё ду рӯз ин масъала бартараф карда мешавад ва кӯшиш мекунанд ҷойҳои нави кориро зиёд намуда, бозори “мардикорзанон”-ро аз байн баранд. — Бояд сари ин масъала тамоми роҳбарони ташкилоту идораҳо чораҷӯӣ кунанд, — гуфт ӯ. Ҳамчунин, раиси вилоят бо нигаронӣ гуфт: «Бояд ҳар роҳбари ташкилоту идора фикр кунад, ки дар ҷойи инҳо зани ё хоҳару модари ӯ истодааст».
Аз ин рӯ тамоми роҳбарон супориш гирифтанд, ки сари ин масъалаи мубрам чораҷӯӣ намуда, занонро бо ҷойи кор таъмин созанд.
Аммо бо гузашти чанд моҳ ин масъала ҳали худро пайдо накардаву занону духтарон дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ҳамаруза ҷамъ омадаву интизори корфармо мешаванд.