Он то куҷо маҳалгароиро дар Тоҷикистон решакан кард?

23 сол қабл Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ин созишнома миллати парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъу якдил ва якмаром гардонид. Вобаста ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ба чанде аз ҳамватанон бо суоли “Ваҳдати миллӣ то куҷо маҳалгароиро дар Тоҷикистон решакан кард?” муроҷиат намудем.

Гулназар КЕЛДӢ, Нависандаи халқии Тоҷикистон:

— Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар баробари ҷашни Истиқлолият барои миллати мо мартаба ва манзалати баланд дорад. Ваҳдати миллӣ тавонист, ки ҳам истиқлолият ва ҳам миллати моро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорад. Инро мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем ва дар ҳама ҷо барои тақвият ва рушди он саҳмгузор бошем. Ман гумон мекунам, ваҳдат он чизе нест, ки мо шодмонӣ кунем, ваҳдат ин кори ҳаррӯзаи мо — тоҷикон мебошад.

Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки роҳҳои байни минтақаҳои мо кушода шуд, додугирифт байни ҳамдигар дар байни минтақаҳо хеле зиёд гардид. Ин рафтуомадҳо, додугирифтҳо, байни ҳамдигар хештуборӣ барқарор кардан ҳама аз натиҷаи ваҳдати сартосарии тоҷикон мебошад. Ва ин ҳама аз иқдомҳои Президенти мамлакат аст, ки кадрҳои як минтақаро дар минтақаи дигар роҳбар таъин мекунанду ба ин васила мардумро якдилу якмаром менамоянд. Солҳое, ки дар рӯзнома кор мекардам, ба манотиқи гуногуни кишвар сафарҳои корӣ анҷом медодам ва медидам, ки оши палови бадахшониҳову хатлониҳо аз шӯла фарқияте надошт, ё ки онҳо чандон ба кишти картошкаву помидор ва дигар зироатҳои полезӣ шавқ надоштанд, лекин ҳозир оши палови онҳо ҳеҷ фарқе аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон надорад, ҳатто баъзан аз ошпазҳои исфарагӣ беҳтар аст. Зироаткорияшон бошад, ҳоло хеле хуб аст. Ин ҳама натиҷаи ба миллат табдил ёфтани мо мебошад, ки зери Ваҳдати миллӣ ҳамфикру ҳамақидаву ҳамзамир шудем. Бигзор мо фарҳангҳои миллию маҳаллии худро дошта бошем, ин хуб аст, аммо ин ҳама боз ба ҳам биоянд, мо хеле пеш меравем. Ин ҳама гулҳои гуногуне ҳастанд, ки дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон мерӯянд, агар ҳамаи онҳоро мо ба ҳам биёрем, як гулдастаи бисёр зебое месозем, ки Ваҳдати миллӣ ном дорад.

Як бому ду ҳаво нест, дар рӯзгори ваҳдат,

Сад бому як ҳаво бин ту дар диёри ваҳдат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ:

— Ҳоло дар дунё давлате нест, ки ба пуррагӣ ин зуҳурот набошад. Муноқишаҳои Амрико, ки чанд рӯзи ахир мебинем, зуҳуроти маҳалгароист, яъне пулисони сафедпӯсти Амрико бо сиёҳпӯстони он кишвар дастбагиребонанд. Ин ҳама дар заминаи маҳалгароӣ сурат гирифт. Агар бигӯем, ки ин зуҳурот дар тамоми дунё несту дар мо ҳаст, ин дурӯғ аст. Маҳалгароиро Ваҳдати миллӣ решакан накард, вале таъсири хубе расонида тавонист. Ваҳдат дар тарбияву якдилии мардум нақши созгоре бозид. Масалан, имрӯз духтари як минтақа ба дигар минтақа келин шуда меравад ва ин ҳам маҳз аз ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилии мо дарак медиҳад. Ин гуна хешутаборӣ дар байни халқ зиёд гардид. Шиддате, ки пеш аз имзои Созишнома буд, хеле паст шуд, байни мардум боварӣ пайдо шуд. Инчунин, имрӯз байни ҳамдигар ширкатҳо месозанду додугирифти иқтисодӣ мекунанд. Баъди Ваҳдати миллӣ чизи бисёр хуб ин буд, ки аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мардум ба шаҳри Душанбе омад. Мардуми Хатлону Рашт ва Суғду Бадахшон дар шаҳр фарзанд ба дунё оварданд ва кӯдаконе, ки дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаву ба воя расидаанд, асосан маҳал надоранд. Бояд дигар ҷавонон аз ин ҷавонон ибрат бигиранд. Қариб ки 99%-и зодагони шаҳр маҳал надоранд.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР, директори Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутӣ:

— Мусалламан бояд бигӯям, ки воқеан ҳам Ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳамдилии миллӣ ва решакан кардани маҳалгароӣ нақши созгоре бозид. Вале ин зуҳуроти нохуб решаҳои хеле чуқур дорад. Агар гӯем, ки сад дар сад решаканаш кард, не! Лекин саҳми хеле бузурге гузошт. Чанд мисол меорам. Маҳз дар натиҷаи ваҳдату ҳамдилӣ роҳҳои куҳистони Бадахшон кушода шуд ва акнун бачаҳои Бадахшон як шаб ҳатман дар Кӯлоб хоб мераванд. Инчунин, маҳз таъсири ваҳдат аст, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ беш аз 30%-и савдогарон хатлонианд. Ва боз бубинед, ки раиси вилояти Хатлон аз Суғд аст. Ва чандин раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои ҷанубу шимол аз водии Ҳисор, водии Рашт, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон интихоб шуданд. Ин ҳама сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар аст, ки ротатсияи кардрҳоро дуруст ба роҳ мондаанд.

Имрӯз ман мутмаинан мегӯям, ки Ваҳдати миллӣ дар таҳкими минтақаҳо ва решакан кардани маҳалгароӣ нақши созгоре бозид ва хоҳад бозид. Фақат ин ки, акнун ин ҳама аз мову шумо вобастагии калон дорад. Қадамҳои нахустин аз ҷониби нухбагону Сарвари давлат гузошта шуд. Акнун зарур аст, ки тамоми шаҳрвандон дар дили худ меҳру муҳаббати фарзандони дигар минтақаҳоро ҷой диҳанд, то ваҳдати сартосарӣ шавад.

Хуршеди АТОВУЛЛО, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон:

— Гумон мерафт, ки вахдати миллӣ метавонад маҳалгароиро комилан решакан намояд. Аммо аз тақсими вазифа дар ҳайати неруҳои оппозитсионӣ, ки комилан аз дидгоҳи маҳал сурат гирифт, сар карда, ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо ҳамеша боис ба бозгашт ба ин мавзӯи дарднок мешуд. Албатта, кушодани роҳҳо ва наздик шудани дилҳо то андозае ҷараёни маҳалгароиро кам кард, вале ҳанӯз ҳам ин кам аст. Бояд ҷобаҷогузории кадрҳо пурра аз рӯи истеъдоду ҳунар шавад, на аз рӯи он ки дар куҷо зода шудаӣ.

Далер МЕРГАНОВ, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»:

— Аз ҷониби Пешвои миллат ҳамрадиф бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ далели бебаҳси он аст, ки ин неъмати бебаҳо дар баробари дигар ҷанбаҳо баҳри решакан шудани маҳалгароӣ низ саҳми бориз дорад. Агар Ваҳдати миллӣ ба даст намеомад, бешубҳа маҳалгароӣ ба мисли заҳрпечак доман паҳн мекард. Ин зуҳури номатлуб ва таъсири манфиашро мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ «дар пӯсти худ» эҳсос кардем. Ба касе пӯшида нест, ки сабаби асосии аланга задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ маҳз маҳалгароӣ буд. Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи рафъи ин «падида» азми қавӣ ва иродаи шикастнопазир доштанду доранд. Шоҳидони ҳол низ эътироф мекунанд, ки ҳангоми таъсиси Ҳукумат дар вақти баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ таваҷҷуҳи хоса ба он зоҳир шуд, ки намояндагони тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба мансабҳои баланди давлатӣ таъин гарданд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки як идда бо баҳонаҳои хандаовар пешниҳод дар бобати таъин гардидан ба мансабҳои раддаи аввали давлатдорӣ, аз ҷумла, вазириро рад карданд. Ба ибораи дигар, аз байн бурдани маҳалгароӣ ҳамеша мадди назари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буду кулли ибтикори амалигардида бевосита ё бавосита ба бартарафсозии ин унсури хатарзо рабт дорад. Далел меорам: Ба шарофати Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама Тоҷикистон ба кишвари воҳид табдил ёфт. Манзур расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аст. Ин дастовард дар рафъи маҳалгароӣ саҳми бориз дорад. Сафарҳои Пешвои миллат ба ҳама манотиқи кишвар, дарёфту ба вазифаҳои баланди давлатӣ ҷалб намудани кадрҳо аз музофот, таъмини баробарӣ ҳангоми харҷи маблағҳои буҷети давлатӣ ва равона кардани сармоягузории хориҷӣ, тавсеи равобит миёни шаҳру ноҳияҳо идомаи мантиқии ибтикори қаблӣ мебошад. Як назари сатҳӣ кифоя аст, то муътақид шавем, ки дар сохторҳои марказии Ҳукумат ва маҳалҳо намояндагони тамоми минтақаҳо ҷалб шудаанд.

Сафсатапарокании ашхоси «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» доир ба мавҷудияти «падида»- и мавриди назар моҳиятан бечоранолӣ ва «обро лой карда, моҳӣ доштан аст». Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки дар сурати мутахассиси арзанда будан, дилхоҳ шахс метавонад дар самти интихобкардааш комёб гардаду ба қуллаҳои баланд расад.

Таҳияи Рустами СУҲРОБ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here