Дар даврони ҷанги сард дар Ховари Миёна Иттиҳоди Шӯравӣ аз нуфуз ва эътибори зиёде бархӯрдор буд ва кишварҳои монанди Миср, Ироқ, Сурия, Яман ва Либия, гуруҳҳое ба монанди Ҷунбиши озодибахши Фаластин (ҶОФ) ва якчанд гуруҳҳои хурду бузург бо кишвари Русия муносибати хуби ҳасана доштанд. Албатта, ин ҳолат аз нигоҳи сиёсӣ барои Амрико хушоянд ба назар намерасид. Хусусан ҳимояи сартосарии Русия дар Ироқ, дар сохтани давлати демократии Яман, дар Либия ҳимоя аз Муаммар Қаззофӣ ва ғайра барои Амрико хашми бузурги сиёсӣ офарид.

Пас аз ин, амрикоиҳо бо стратегияи махсус ҳамеша дар фикри он буданд, ки чӣ гуна Ховари Миёнаро суқут диҳанд ва ба ҷойи ин ҳама режимҳои вобастаи Вашингтон ва НАТО-ро эҷод намоянд. Бинобар ин, онҳо ба ҳар васила, бо ташкили кудато (табаддулот) ва ғайра мубодилат варзиданд. Дар бархе маврид кудатои ташкилнамудаи онҳо ба шикаст мувоҷеҳ гардид ва дар бархе ҳолатҳо ба комёбиҳо дастёб гардид. Ба ҳар сурат, Амрико ва НАТО дар барномаҳои сиёсии худ дар Ховари Миёна ба сурати давомдор ҳаракат намуданд, то дар охир шароит ва фазое ба вуҷуд омад, ки дар он Ироқ вайрону валангор гардид, ҳизби БАЪС ба шикаст мувоҷеҳ шуд, дар Либия Муаммар Қаззофӣ кушта шуд, Сурия ба хок яксон гардид ва ғайра.

Ҳамчунин, ҳодисаҳои сиёсии Баҳори араб барои пайдо гардидани ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ба монанди ДОИШ ва як силсила гуруҳҳои дигари радикалӣ сабаб гардид. Ҳодисаҳои Баҳори араб чӣ гунае, ки баъзеҳо ба он хушбин буданд, таҳаввули бузургу бунёдиро дар кишварҳои Ховари Миёна ба вуҷуд наоварда, бештар ба сӯйи кишварҳое майл пайдо кард, ки дар гузашта муносибати чандон хуб бо Амрикову НАТО надоштанд, яъне онҳо бештар муносибати хуби ҳасанаро бо Маскав ба роҳ монда буданд. Ҳар чизе, ки дар бораи Баҳори араб дар оғоз замзама мешуд, дар охир тамоман шикли дигар гирифта, боиси ба вуҷуд омадани ДОИШ дар ин минтақа гардид. Баҳори араб дар нигоҳи аввал бояд рушд карда, ҳатто то ба кишварҳои Африқо мерафт ва тағйиротҳои ҷиддиро дар ин кишварҳо ба вуҷуд меовард. Аммо мутаассифона, чунин нигаронӣ бароварда нашуд. Дар ин росто Амрико ва НАТО тавонистанд гуруҳҳоро дар ин минтақаҳо ба таври хоса бишносанд ва бинобар ин, барои идомаи бозиҳои сиёсӣ ДОИШ-ро тақвият бахшиданд.

Вақте ки ҷанг дар Ироқ ва Сурия оғоз шуд, ҳамагӣ дар маҷмуъ фикр менамуданд, ки Ховари Миёна холӣ аз неруҳое мешавад, ки мавриди ҳимояи Маскав қарор доранд ва Русия дигар қудрати он Иттиҳоди Шӯравии собиқро надорад ва ҷараёнҳое, ки ба Маскав алоқамандӣ доштанд, чӣ Фаластин, Сурия, Ироқ, Яман ва ғайра аз байн мераванд ва майдони сиёсӣ комилан барои Амрико тоза мегардад. Вале ташкили ДОИШ дар Ироқ, Сурия ва бархе кишварҳои арабии дигар пойи Русияро ба Сурия кашонд ва Русия бори дигар дар ҷанги алайҳи ДОИШ ва ҳимоят аз Башор Асад қудратнамоии бузургеро ба намоиш гузошт ва собит намуд, ки он бардоштҳои НАТО ва Амрико аз Сурия комилан ғалат аст. Ҳанӯз ҳам Русия як қудрати бузург аст ва мошини ҷангӣ ва низомии Русия қодири дифоъ аз мутаҳиддини худ аст.

Воқеан, дар канори Сурия ва Башор Асад русҳо ибтикороти низомии бузургеро ба харҷ доданд ва тамоми техникаи низомӣ ва оташи ҷангии худро ба намоиш гузоштанд. Бо ин кор русҳо собит намуданд, ки Русия дар ҳодисаҳои сиёсии замони нав боз ҳам рақиби Амрико ба ҳисоб рафта, маҳбубияти хешро дар кишварҳои Ховари Миёна аз даст надодааст. Ба ҳадде ин пешравиҳо сурат гирифт, ки ҳатто тарафдорони наздики ИМА, аз ҷумла пойи шоҳи Арабистони Саудӣ, Раиси ҷумҳури Миср ва бархе роҳбарони кишварҳои Ховари Миёнаро ба Маскав кашонд. Ҳатто подшоҳи Арабистони Саудӣ қарордоди бисёр муҳими низомиро, ки миллиардҳо доллари ИМА-ро дар бар мегирифт, бо кишвари Русия ба имзо расонид. Яъне дар ин авохир мавзеъгирии русҳо дар Ховари Миёна вазъияти сиёсии минтақаро хеле тағйир дод. Бахусус ҶИЭ ва аҳли шиа дар канори Башор Асад ва Туркия дар канори Русия қарор гирифт ва нуфузи Туркия ҳам дар олами ислом ва Ховари Миёна ва сунниҳо хеле қобили қабул пазируфта шуд. Дар гузашта фикр мешуд, ки сунниҳоро танҳо кишвари Арабистони Саудӣ ҳимоя мекунад ва имрӯз ҷанги Сурия, Ироқ, Яман, Миср ва ғайра нишон дод, ки баъд аз Арабистони Саудӣ ва ҳатто баробари Арабистони Саудӣ Туркия низ аз ин нерӯҳо ҳимоя мекунаду пуштибони онҳо ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмуъ ин гуна бозиҳо вазъиятро дар Ховари Миёна тағйир дод ба ҳадде, ки як навъ умедҳои неку хубро дар кишварҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои пасошӯравӣ ба тарафи Федератсияи Русия эҷод намуд. Наздикии Русия бо ҶХЧ ва эҷоди ШАНХАЙ бо роҳбарии Русия умедвории дигаре буд, ки ба эътибори Русия афзуд ва ҷойгоҳи Русияро дар Осиёи Марказӣ мустаҳкамтар сохт.

Дар ҷанги Сурия оқибат Амрико ба ин натиҷа расид, ки давлати Башор Асадро аз тариқи низомӣ наметавон суқут дод. Пас, ба фикре расид, ки бояд ба воситаи роҳҳои сиёсӣ барои пайдо намудани роҳи ҳал иқдом намуд. Амрико дар ин росто, ба тарафдорони худ, ки бо шиори демократикунонӣ бо Амрико якҷо ҳамеша садо баланд мекунанд, дар ин масъала низ такя кард. Дар натиҷа Амрико ба хулоса омад, ки Башор Асад дигар ба ин осонӣ ва соддагӣ аз ин бозии сиёсӣ намеравад. Бинобар ин, Амрико барои шикасти Башор Асад роҳ ҷониби кишвари Русия гирифт ва ба натиҷае расид, ки бояд Русия низ барои рафтани Башор Асад кумак намояд. Бо ин роҳ дар эҷоди ҳукумати демократии адолатмеҳвар гом гузоштани Амрико то андозае қудрати Амрико ва НАТО-ро заиф сохта, туби ин бозии сиёсиро ба ҷониби Русия ҳаво дод. Ҳоло туб дар дасти Русия қарор дошта, ҳукумати Башор Асадро аз суқут ва нобудӣ наҷот медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар ин бозиҳо нақши ҶИЭ низ дар канори Русия кам набуда, ҳоло ҶИЭ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ғайра гаштугузори сиёсии худро моҳирона анҷом медиҳад. Бинобар ин, қарор гирифтани Эрон дар паҳлуи Русия ва зинда шудани аҳли шиа дар Ховари Миёна ва таъмини муносибати дӯстона ва самимонаи Туркия бо Маскав хеле вазъиятро дар Ховари Миёна тағйир дод ва ҳоло бозингари аслӣ дар Ховари Миёна кишвари Русия шинохта шудааст.

Сиёсатшиносҳо ва шахсиятҳои асосии Русия аз нуфузи Амрико ва Англия дар Ховари Миёна бисёр хуб огоҳ мебошанд ва ба ин пирӯзиҳои маваққатии хеш мағрур нашуда, хуб медонанд, ки кишвари Исроил низ, ки пуштибони асосии Амрико ва НАТО ба ҳисоб меравад, дар Ироқ, Сурия, Яман ва дигар кишварҳои арабӣ то чӣ андоза нуфуз дорад.

Русҳо дар Ховари Миёна бисёр эҳтиёткорона фаъолият намуда, шефтаи пешравиҳои сиёсии худ нестанд. Онҳо талош мекунанд, ки ба ҳимояи дӯстони минтақавӣ ва байналмилалии худ як вазъиятеро ба вуҷуд биёранд, ки ҳамаҷиҳата манфиат дошта бошад. Алоқамандии Амрико ба як ҳукумати мушорикатӣ аст, ки мехоҳад тарафдорони Башор Асад низ дар он ҳузур дошта, аммо ҳузури худи Башор Асад вуҷуд надошта бошад. Имрӯз тақрибан русҳо низ ба ин масъала боварӣ пайдо намудаанд ва ба натиҷае расидаанд, ки бояд ҳукуматдории Башор Асад нигоҳ дошта шуда, ба баъзе гуруҳҳои эътидолгарои минтақа дар интихобот ва давлатдорӣ роҳ кушода гардад. Туркия низ ба ин масъала алоқамандии зиёд дорад ва Русия ба алоқамандии Туркия сахт эҳтиром гузоштааст. Дар ин росто русҳо маҷбуранд, то дар баробари ду гароиш сиёсатеро бояд пиёда намоянд, ки сабаби хафагии дӯстҳояш нагардад. Як гароиш Туркия буда, гароиши дигар Теҳрон аст. Дар ин миён гароиши Теҳрон сахттар аст нисбат ба гароиши Туркия. Чунки инҷо масъалаи мазҳаб, яъне ҳимоят аз шиамазҳабҳо ва худи Башор Асад мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи Теҳрон қарор гирифтааст. Аммо Русия медонад, ки Туркия низ ба ҳайси як қудрати минтақавӣ ва кишвари нуфуздор дар олами ислом, ки имрӯз дӯсти НАТО ва Исроил ба ҳисоб рафта, ба Русия низ зиёд наздик шудааст, алоқамандиашро ба Сурия ва хусусан суннимазҳабҳо эҳтиром намудааст.

Бинобар ин, Русия дар як бозии бисёр ҳассос ва бозии бузург дар сатҳи ҷаҳон қарор дорад. Русия дар ин бозӣ бояд ҳам дастовардҳои худро ҳифз кунад ва ҳам бояд бо ба инобат гирифтани хостаҳои Туркия, Исроил, ҶИЭ, қудратҳои тарафдоронаш дар Ховари Миёна ва дӯстони байналмилалиаш дар сатҳи ҷаҳонӣ амал намояд. Ба назарам кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёнаро дигар бо роҳи низомӣ наметавон ором сохт ва барои азнавсозӣ ва эҷоди мулкҳои осоишу амн миллиардҳо доллар зарур аст, ки ба ин дар алоҳидагӣ на қудрати иқтисодии Русия, ҶИЭ, Туркия, Амрико ва на қудрати иқтисодии ҶХЧ ва дигар кишварҳои вобаста басандагӣ мекунад. Бинобар ин, ин кишварҳо бояд якҷоя барои пайдо намудани роҳи ҳалли масъала сиёсатгирӣ намуда, ҳарчи зудтар барои эҷоди сулҳу амонӣ биандешанд, вагарна оташи ҷанг шуълавар гардида, доманаш бисёр фароху густурда мешавад ва рӯзе мерасад, ки гуруҳҳои бисёр хатарноки дигар дар ин минтақа ба вуҷуд омада, билохира осоиши кулли дунёро зери суол қарор медиҳанд.

Мазбут ҚОСИМОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here