Омори соҳибият ба ҷоизаи мазкур дурустии ин гуфтаро дар зеҳн тақвият мебахшад

Чанде пеш муддаии ҷоизаи Нобел шудани ҳамватанамон Ф. Сафаров, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овард, маро беихтиёр ба андеша ва пайгирии масоили ба ҷоизаи мавриди назар рабтдошта водор кард. Дар бораи шарт ва маблағи ин ҷоиза суханро ба дарозо намебарам, зеро дар ин маврид маълумоти зиёде дар шабакаи ҷаҳонии интернет қобили дарёфт аст. Манзури камина аз иншои матлаб тарғибу ҷонибдории шахси зикршуда низ нест…

Ҷоизаи Нобел, ки онро “ҷоиза барои ақлҳои воло” меноманд, аз замони таъсис – соли 1901 инҷониб қариб, ки пурра насиби мағрибиҳо   шудааст. Барои мисол, аз теъдоди умумии ин ҷоиза 375 ададро намояндагони ИМА, 129 — Британияи Кабир, 108 – Германия, 69 – Франсия, 32 — Шветсия, 27 — Япония, 26 – Канада, 26 – Шветсария, 25 – ИҶШС (Россия), 21 – Австрия, 21 – Нидерландия, 20 – Италия, 14 –Полша, 13 – Дания, 13 – Норвегия, 12 – Венгрия, 12 –Австралия ва 12 – тоашро намояндагони Исроил соҳиб шудаанд.

Омори мазкур – дасти кӯтоҳ доштани мардуми мусулмон ба чунин ҷоизаҳо  шояд барои баъзеҳо падидаи маъмул бошад, вале онро агар амиқ ва мунсифона баррасӣ намоем, сабабҳои ин ҳолат ҳувайдо мегардад.

Дар ҳоле ки тамоми ихтирооти навин бо ҳар шакле аз китоби муқаддаси мусулмонон — Қуръони Маҷид ва эҷодиёти нухбагони машриқзамин маншаъ гирифтааст, чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба   “мусулмон фоқамасту ҷандапӯш аст” майл ва бовар доранд?

Бегуфтугӯ, сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дорост. Зеро, «вақте, ки халқ тираақл бошад, идора карданаш осон аст». Вале бояд дарк намуд, ки зери ин ҳама омилҳои ҷузъӣ, ки шабеҳи «хам-хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон» аст, мақсадҳои муғризона нуҳуфтаанд. Ба маънии дигар:

Дар Шарқ дину ақл ба ҳам ҷанг мекунанд,

Дар Ғарб ҳар ду хизмати фарҳанг мекунанд.

Садҳо далели раднопазир мавҷуд аст, ки давлатҳои қитъаи Аврупо гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми бештари сокинонашонро мусалмонон ташкил медиҳанд, «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедиҳанд, ки онҳо  дар ҷодаи эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд. Зеро, ин кишварҳо агар рӯй ба дунявият биёранд, аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур мешаванд. Тамоми имконоту захираҳои дар ихтиёрбудаи ин мамлакатҳо барои амалисозиии ниятҳои нек, ки моҳияти бунёдкориву созандагӣ доранд, равона мегардад. Табиист, ки чунин ҷараён гирифтани вазъият ба манфиати абарқудратҳо набуду нест. Чунки онҳо мехоҳанд мусалмонон ҳамеша машғул ба мушкилоти дохилии хеш, ки он низ ба «шарофат»-и абарқудратҳо рӯи кор омадааст, бошанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ далели возеҳи он аст, ки дар ин  сурат дар дилхоҳ кишвар рух додани табаддулоти давлатӣ, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани  мамлакат, нобасомониҳои сиёсӣ, фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдорӣ ва дигар амалҳои номатлуб  ҳодисаи маъмулӣ хоҳад буд.

Овардани абёти Аллома Иқболи Лоҳуриро бамаврид медонам, ки гуфта буд:

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.

Қуввати Мағриб аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ ҷароғаш равшан аст.

Боқӣ қазоват аз Шумост…

Далер Мерганов,

журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here