Дар шароити муосир ҳастӣ ва фаъолияти шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ ба равандҳои сиёсии ҷаҳон таъсир намуда, диққати аҳли башарро ба худ ҷалб намудааст. Раванди пахшу нашри хабару гузоришҳо ва паҳн намудани маълумотҳои бардурӯғу беасос баъзан маврид боиси вайрон гардидани муносибатҳои байниҳамдигарии кишварҳои олам мегарданд. Дар радифи чунин хабарҳо маълумотҳои аҳамияти геополитикӣ доштае вуҷуд доранд, ки ба масъалаҳои марзу сарҳад ва замини дохилии кишварҳо рабт дошта, ҳар фарди комилро ба андеша намудан водор менамояд.

Воқеан қабули чунин иттилоот аз донишу малакаи ҳар инсон вобастагии зиёд дорад. Чунки таърихи башарӣ ба ҳамаи мову шумо гувоҳӣ медиҳад, ки халқу миллатҳои дунё баҳри ба даст овардани манфиат ва васеънамоии ҳудуди хеш борҳо ба майдони ҳарбу зарб ворид шуда, баъзан комёб ва дар баъзе мавридҳо аз ҳудуди доштаи хеш бенасиб мегардидаанд. Дар натиҷа баъзе халқу давлатҳои гуногун олам дар ҳар марҳилаи геополитикӣ машҳури минтақаҳои гуногун гардида, дар як вақт қудратманд гардида, дар вақту замони дигар таназзул ёфта, бо ҳамин замину ҳудуди хешро аз даст додаанд. Воқеан чунин муборизаҳои беамон миёни кишварҳои хурду калон арзи вуҷуд дошта, то нимаи дуюми қарни 20 бештар ба мушоҳида мерасид.

Вале хотимаи моҷарои дуюми ҷаҳонӣ ба ин даъвоҳои оламгири халқу кишварҳои дунё хотима бахшида, олами башариро ба дунёи ҳуқуқӣ ворид намуда, ба фаъолияти минбаъдаи давлатҳо низоми нав бахшид. Яъне ин марҳилаи ҳуқуқии кишварҳо ба муносибатҳои геополитикии онҳо таъсир намуда, тарҳи марзу ҳудуд ва мавзеи тамоми кишварҳоро зери назорати қатъии хеш қарор дод. Бо таъсиси созмонҳои ҳуқуқи башар ва созишномаҳои байналмилалӣ самту фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишварҳо ба низом дароварда шуд. Тамоми арзу сарҳад ва мавзеи ҷойгиршавии халқу миллатҳои дунё ҳимоя мегардад. Имрӯз ҳеҷ давлати бузург даъвои гирифтан ва бозпас гардонидани замини таърихию аҷдодии хешро дар олами ҳуқуқбунёд надорад.

Аз ин рӯ, дар иртибот ба гуфтаҳои боло чанд сухан оид ба нашри мақолаҳои беасос ва вокуниши иттилоотии рӯзҳои охир дар хусуси муносибатҳои сарҳадии Чину Тоҷикистон, ки бо номи “Чин иддао дорад, ки 45% замини Тоҷикистон аз ӯст” мегӯем. Ростӣ, ҳар фарди комиле, ки заррае дониши таърихиву фаҳмиши сиёсӣ дорад, аз мазмуни норавшани чунин навиштаҳо дар тааҷҷуб монда, онро ҳамчун як иддаои иғвогароёна нисбати ин ду кишвари бародар медонад. Чунки марзу сарҳади ҳарду кишвари ба ҳам дӯстро фазои сулҳу субот ва оромиш фаро гирифтааст. Ин ду кишвари ҳамсояи бародар на танҳо даҳсолаи охир, балки садҳо сол мешавад дар доираи муносибатҳои дӯстона фаъолият менамоянд. Миёни ин ду кишвари минтақавӣ ба ҷуз аз ҳамоҳангӣ дар соҳаҳои иқтисодиву сиёсӣ ва амниятӣ даъвои дигаре ба мисли марзу ҳудуд ва замин арзи вуҷуд надорад.

Ин ҳам як иддаои беасос ва навбатии хабарнигорону шабакаҳои иттилоотиест, ки ба паҳн намудани хабарҳои беасос миёни мардуми кишварҳои минтақа тафриқа ангехта, ба ивази он манфиат ба даст меоранд. Хабари онҳо тавре навишта шудааст, ки каси нодонро водор менамояд ба ин маълумотҳои бардурӯғу беасос бовар намояд.

Биёед, ҳамватанони азиз, қазоват мекунем, киҳо метавонанд чунин дасисаҳои беасосро замина карда, ақлу ҳуши мардуми моро муқобили сиёсати хирадмандонаи ҳукумату давлатамон равона намоянд!? Албатта мухолифони ин миллату ин кишвар! Боз кӣ мешуд?

Болои он, агар кадом як рӯзноманигори чинӣ чунин иддао дошта бошад, ки чанд аср пеш мавзеи Бадахшон макони бобояшон мебошад, хатои маҳз мекунад! Магар чунин иддао мумкин аст?! Албатта не. Чунки аҷдодони тоҷикон ҳам 1100 сол пеш кишваре доштанд, ки аз Шарқи Наздик то Шарқи Миёна ва аз Қафқозу Осиёи Марказӣ то як қисмати Чин сарҳад дошт. Аммо чунин давлату чунин мавзеи мо дар гузашта монда, онро танҳо сатрҳои таърих шоҳидӣ медиҳанд. Гузашта дар гузашта боқӣ монд. Инро ҳама медонад.

Аз ин рӯ, бо як самимият ва ҳисси баланди ватандорӣ аз шумо талаб дорем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба чунин даъвоҳои беасоси душманони дохилию берунаи давлату миллатамон бовар накунед, зеро дар якҷоягӣ Тоҷикистони азизамонро бо саъю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кулли буҳронҳои муосир метавон баровард.

Ш. МУСОЗОДА,

Ш. ҲУСЕНЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here