Ватан дар забони мо иборат аз панҷ ҳарф аст, дар забони асл, яъне арабӣ иборат аз се ҳарф. Се ҳарфу як калимаи кӯтоҳ, олам-олам маъниро дар худ ғунҷоиш додааст, ки дар васфи он инсоният ба аҷз дучор мешавад. Худованду паёмбарон, солеҳону бузургон, донишмандону мутафаккирон, адибону шоирон ва тамоми навъи инсон дар васфи Ватан чизе гуфтаанду навиштаанд. Маконест, ки инсон дар он таваллуд шуда, нашъу намо меёбад. Озодона, мустақилона, сарбаландона ва бидуни фишору зулму ситами касе осоишта зиндагӣ мекунад ва фикру ақидаашробаён месозад.
Ватан мафҳумест, ки маънии он ба ҳеҷ як фарзандаш пӯшида нест, моҳияти онро хурду бузург медонанд ва ниёзе ба шарҳу тафсири доманадор нест. Танҳо меҳр, муҳаббат, амал, дифоъ ва ҷонфидоию ҷоннисорӣ баҳри Ватан унсурҳоеанд, ки дар асл онҳо ниёз ба баррасӣ доранд.
Агар хоҳем робитаи фард бо ватанро аз нигоҳи Қуръон ҷӯё шавем, дармеёбем, ки китоби муқаддас ҷудоӣ аз ватанро ба марг баробар кардааст. Агар мехоҳем ин моҳиятро аз сухани Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) дониста бошем, ӯ ҷудоӣ аз ватанро сахттарин ва душвортарин амал донистааст. Агар мехоҳем муҳаббати ватанро аз назари дигар таълимоти исломӣ бидонем, Ислом онро аз умқи имондорӣ ҳисобидааст ва агар хоҳем васфу аҳамияти ватанро аз назари мутафаккирон фаҳмем, эшон гуфтаанд, “Инсони беватан ҳувият, таърих, оянда ва аслан вуҷуд надорад”.
Худованд дар Қуръон чунин мефармояд: “Ва агар ба онҳо фармон дода будем, ки худро бикушед ё аз хонаҳоятон берун равед, ҷуз андаке азонон фармон намебурданд...”(Нисо, 66). Дар ин ояти карима Худованд неъматашро миннат мегузорад, ки Ӯ метавонист чунин амалро зарур гардонад, ки ба нафсҳои худ ҷанг эълон кунед ва ё аз ватанҳои худ хориҷ шавед. Худованд бо илми ғайбаш хабар мерасонад, ки агар ин фармонро содир мекард, нафарони башумору андак пайдо мешуд, ки худро қатл кунанд ва ё аз ватани худ хориҷ шаванд. Худкушӣ ва тарки ватанро Худованд дар радифи якдигар қарор додааст, ки он далолат мекунад, ки тарки ватан баробари мурдан аст. Робитаву пайвастагӣ бо ватанро то ин андоза Худованд ба тасвир гирифтааст.
Расули Худо (с) ҳангоме аз ватани азизи худ, Маккаи Мукаррама хориҷ мешуд, қадамҳои эшон ба самти пеш ҳаракат намекард, шиддати алам то он ҳад буд, ки гӯё фарзанди ҷигарбандро аз ӯ ҷудо кардаанд. Меҳри ватан ӯро боз медошт, монеа мешуд, ки дубора ба ҷониби он мутаваҷҷеҳ гардиду гуфт: “Ҳеҷ кишвар барои ман аз ту дида поктару маҳбубтар нест. Агар қавмам маро иҷборан аз ту хориҷ намекарданд, ҳаргиз дигар маконро маскан намегирифтам”.
Дар ривояти машҳури дигар омадааст, ки “Муҳаббати Ватан аз имон аст”. Маълум ва мусаллам аст, ки имон садҳо шохаву паҳлуҳо дорад ва ҳар яке соҳибашро аз таҷзия нигоҳ дошта, ӯро ҷамъ, дар маҷмуъ муъмини комилу солимаш месозад. Аз ҷумлаи он шохаҳои имони фард дӯстдории ватан маҳсуб мегардад. Касе ватанро дӯст намедорад, баҳри он ҷонфидоӣ намекунад, дар ҳифзу ҳимояаш камар намебандад, ғами имрӯзу ояндаи онро намехӯрад, пас як рукни имонаш аз амал боз истодааст. Ҳамин як рукни имон, ки вазифааш ба таҳрик даровардани ҳисси ватандӯстию ватанхоии фарди мусалмон аст, аз амал таваққуф кардааст. Мебояд баҳри эҳё ва барқарор сохтани он кӯшиш ба харҷ диҳад.
Оят ва ривоёти мазкур аҳамияту вижагии муҳаббат ва дӯстдории ватанро бо тамоми аъмоқу жарфҳояш бозгӯ намуда, аммо дар таълимоти исломӣ сухани аввалу охир ҳамин чанд иқтибос нест, балки даҳҳо ояту ҳадис, қиссаву ривоят ва дигар ақволи гаронарзиши донишмандону мутафаккирон мавҷуд буда, маънию мафҳум ва дигар паҳлуҳои ватану ватандориро васеъ шарҳу тавзеҳ додаанд, ки дар матлаби кӯтоҳи мо ҷой надоранд. Барои солимсозии баъзе афкори нодурусту заҳрогин, ки аз мафҳуми ватану ватандорӣ ба ҷуз шайъи андаку нодуруст чизи дигар надоранд, басандаанд. Пас инсон дар ҳар куҷое, ки набошад, зарур аст, ки аз ватан дифоъ намояд ва баҳри пешрафту тараққии он саҳми худро гузорад. Аҳамияти ин амал баҳри онҳое, ки даъвои имону ислом мекунанд, бештар мегардад. Чунки дар навбати аввал аз ҳама зиёдтар таълимоти динӣ ба ватан ва муқаддасоти он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст. Умед аст, ки гуфтаи шоири миллат ҳамеша дар забонҳо тантана намояд ва дар амал татбиқ гардад:
Ватане, ки нагузорам шикане бишканадаш,
Бадии аҷнабию аҳримане бишканадаш.
Муҳаммад ОБИДПУР