Солҳои 80-уми қарни гузашта мувофиқи нақша, барои тарсондани меҳнаткашони Ӯзбекистон КМ КПСС бо роҳбарии муфаттишони Прокуратураи СССР Гдлян ва Иванов бригадаи тафтишотии сернуфузро ба ин ҷумҳурии ҳамсояи мо фиристод. Гуруҳ хилофи қонунҳои амалкунандаи мамлакат як қатор роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишварро боздошт ва ҳабс намуданд. Ин «Узбекское дело» ном гирифт.

Айнан чунин кирдор ибтидои солҳои 60 — ум дар Тоҷикистон низ рух дода буд. Гуруҳи КМ КПСС бо сардории инспектори ҳамин кумита Иван Ковал ба Тоҷикистон омад ва аз зери нохун чирк кофта, изофанависии роҳбарони олимақоми Тоҷикистонро «кашф» кард. Як қатор роҳбаронро барои гуноҳи нокардаашон ҷазо дод, аз сафи ҳизб хориҷ кард ва гуруҳеро ба ҳабс гирифт. 

 

Ин кор аввали соли 1961 оғоз ёфта буд. Бо сабаби ба синни нафақа расидани котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон Обносов ба ҷойи ӯ аз Москва Иван Ковалро фиристоданд, аз паси вай шикояти занаш омад, ки дар он гуфта мешуд: «Ковал ба ин вазифа арзанда нест, вай бадахлоқ мебошад. Зану фарзандонашро партофта бо пешхизмати тарабхона, зани сабукпое зиндагӣ мекунад». Мактубро дар бюрои КМ ПК Тоҷикистон муҳокима намуда қарор доданд, ки Иван Ковал ба ин вазифа арзанда нест.

Вале гургро чӯпон таъин карданд. Чанде пас дар Москва ба Ковал як даста мактубҳои туҳматомези аз Тоҷикистон рафтаро дода фармуданд, ки онҳоро санҷад ва чора андешад.

Натиҷаи санҷиши гуруҳи Ковал моҳи апрели соли 1961 дар бюрои КМ ПК Тоҷикистон муҳокима шуд…

Дертар, бо гузашти айём ба он пленуми апрелии соли 1961-уми КМ ПК Тоҷикистон баҳои ҳаққонӣ доданд. Аз рӯи гуфти раисикунандаи пленум Низорамоҳ Зарифова дар он демократияи ҳизбӣ ва адолат вайрон шуда буд. Дар ҳаққи котиби якуми ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев ҷабр карданд ва ӯро ноҳақ ҷазо доданд. Баъзе одамони чоплусу норизо мисли И.Г.Ковал, Мирзо Раҳматов минбари пленумро ба мавзеи қасдгирӣ табдил доданд. Ба ҷои он, ки ҳамаи гуноҳҳоро бо ҳам бинанд ва ё ба он туҳматҳои хушк ҷавоб диҳанд, дар ҳалли камбудиҳои содиршуда Т.Ӯлҷабоевро гунаҳкор донистанд. Ягона касе, ки мардона гап зад, Назаршо Додхудоев буд, ки дар рух додани изофанависӣ худро гунаҳкор ҳисобида, гуфт ки ҷазоро бояд бо Ӯлҷабоев бо ҳам бинад.

Аксари иштирокчиён аз қарори ноодилонаи пленуми ҳафтуми апрелии соли 1961 норизо буданд. Чӣ илоҷ, амри боло, марказ, фармони КМ КПСС он солҳо қонун буд. Иштирокчии пленум, раиси онвақтаи колхози «Москва»-и ноҳияи Конибодом, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Энаҷон Бойматова бо як руҳияи асабонӣ, вале самимона гуфтааст:

— Касе, ки ба қадри Ӯлҷабоев намерасад, кӯр мешавад. Бовар кунед, ман ҳам дар он пленуми ҳафтуми апрелии соли 1961 иштирок доштам. Баъди он як моҳ касал шуда, ба худ наомадам, ки наход ҳамин хел роҳбари кордону ҷасурро бой диҳем. Ӯлҷабоев ба тарбияю интихоби кадрҳо диққати ҷиддӣ медод, онҳоро ҳимоя мекард. Раҳмдил буду намехост, ки ба пои касе хор халад. Туҳмат чизи бад буданашро дар ҳамон вақт фаҳмида будам. Боз як чизи аламовар он буд, ки дигар роҳбарони кордон монанди Раҳим Мавлонов, Холиқҷон Иброҳимов, Каримови новӣ, худи Додхудоев, Ҳасани Ҷарқинзода, Аҳмадҷон Сулаймонов низ ба туҳмат монданд. Ба ноҳияи мо — Конибодом ҳам комиссияи Ковал омада, изофанависиро ҷустанӣ шуд, аммо чизе наёфт.

Ба ҳукмрони мутлақи давр ва пайравони ӯ дар маҳалҳо, яъне ҷумҳуриҳои он вақтаи дар ҳайати СССР буда, Т.Ӯлҷабоев барин роҳбарони хирадманду оқил ва мустақилу ҷасоратманд лозим набуданд ва Ковал барин шахсон шарафи инсонии ин гуна касонро поймол мекарданд, ҷисман нобуд месохтанд. Ба ҳокимони марказ он касоне писанд меомаданд, ки пеш аз ҳама хушомадгӯй бошанд.

То кушодашавии пленум, ҳама гумон дошт, ки раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Мирзо Раҳматов ба ҷои Турсун Ӯлҷабоев, ба курсии котиби аввал менишинад.

Соати 9-и пагоҳӣ ба пленум котиби КМ КПСС Ф.Р.Козлов ҳамроҳи Ҷаббор Расулов омад. Аъзоёни пленум тахмин карданд, ки ба ҷои Т.Ӯлҷабоев Ҷ.Расулов котиби якуми КМ ПК Точикистон мешавад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Аммо ба  иштирокчиёни пленум маълум набуд, номзадии Ҷаббор Расуловро кӣ пешбарӣ карда бошад?

Ана, акнун бармегардем ба суоли он, ки номзадии Ҷаббор Расуловро ғайричашмдошти аъзоёни КМ ПК Тоҷикистон кӣ пешбарӣ кардааст? Тамоми иштироккунандагони пленуми ҳафтуми КМ ПК Тоҷикистон гумон доштанд, ки ба ин вазифаи масъул Мирзо Раҳматовро таъин мекунанд, зеро ӯ бо тамоми ҳастиаш тавонист, ки дар пленум номи Ӯлҷабоеву Додхудоев ва Обносовро сиёҳ кунад.

Яке аз иштирокчиёни пленум он мазҳакаи сиёсиро чунин шарҳ дод: — Котиби КМ КПСС Козлов аз Мирзо Раҳматов пурсид, ки дар ҳаққи Ӯлҷабоеву Обносов ва Додхудоев чӣ чора дидан лозим?

— Онҳоро аз сафи ҳизб ронда, корашонро ба суд супоридан зарур аст!

— Бо як ваҷоҳати хурсандиовар ҷавоб дод ӯ.

Вақти танаффус котиби КМ ПК Тоҷикистон Низорамоҳ Зарифова ба Мирзо Раҳматов суханҳои пасту баланд гуфт:

— Ҳайфи ҳамкориамон, Мирзо Раҳматович, Ӯлҷабоевро ба суд супорему шуморо ба курсии вай шинонем? Ин номардист! Ҳамаи мо гунаҳкорем ва бори гуноҳро бояд баробар кашем.

Мутаассифона, бо гузашти солҳо Мирзо Раҳматов барин шахсон аз он ақидаи нодурусти хеш нагаштанд ва дар ин кор танҳо Ӯлҷабоеву Обносов ва Додхудоевро гунаҳкор дониста, худро беайб меҳисобанд.

М.Раҳматов дар мусоҳибаи худ бо мухбири рӯзномаи «Садои мардум» Қироншоҳи Шарифзода аз 30 апрели соли 1994 бо номи «Ҳамеша дар роҳи ҳақ бояд кор кард» ба саволи мухбир оиди воқеаҳои солҳои 60-ум, ки ба тақдири роҳбарони онвақтаи Тоҷикистон вобастаанд, чӣ мегӯяд?» ин тавр посух дод: «Шумо аз вазифа сабукдӯш гардидани котибони якуму дуюми КМ ПК Тоҷикистон Турсунбой Ӯлҷабоеву Пётр Степанович Обносов ва Раиси Совети Вазирони Тоҷикистон Додхудоевро дар назар дошта бошед, рӯирост мегӯям, ки сабабгор аниқтараш, яке аз ташаббускорон ва тарафдорони он воқеа ман будам».

Оре, алами Мирзо Раҳматов зиёд буд ва он рӯз ҳам бо гузашти солҳо аз дилаш нарафтааст. Зеро баъди дар маҷлиси Президиуми КМ КПСС дар Москва, Кремл, 9 апрели соли 1961 баргузор гашта, тақдири аз вазифа сабукдӯш шудани Т.Ӯлҷабоев ҳал шуда буд. М.Раҳматов пурра боварӣ дошт, ки ӯ ба мансаби баланд, ба ҷои Т.Ӯлҷабоев сарвари ҷумҳурӣ мешавад. Чӣ тавре ки қайд кардем, дар рафти пленум ба толор ғайричашмдошт ворид шудани Ҷаббор Расулови дар кишвари дурдасти Тогои Африка буда, ҳамаро ҳайрон кард. Ва ба хулоса омаданд, ки шояд ӯ котиби якум шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Номзадии Ҷаббор Расулов чӣ тавр ба миён омадааст? Гап дар сари он, ки то даъвати анҷумани XXII КПСС, моҳи октябри соли 1961 Б.Ғафуров аъзои КМ КПСС буд.  Н.С.Хрушёв рӯзи 9 апрели соли 1961 Б.Ғафуровро назди худ хонда, аз воқеаҳои «изофанависии пахтаи тоҷик» ва камбудиҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ нақл мекунад. Баъд мегӯяд, ки дар вақташ Ӯлҷабоевро ту тавсия карда будӣ, вай кордону лаёқатнок буд, чӣ шуд, ман ҳам намедонам. Аммо ҳозир ту бояд ҳамчун аъзои КМ КПСС, ҳамчун фарзанди тоҷик ягон шахси кордону ташкилотчиро ба вазифаи котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон тавсия намоӣ.

Бобоҷон Ғафуров баъди фикри тӯлонӣ ба Хрушёв мегӯяд:

— Алҳол ба ҷуз Ҷаббор Расулов дигар шахси мувофиқро намебинам. Аммо як чизи дигараш ҳам ҳаст, модоме Турсун Ӯлҷабоеву Назаршо Додхудоевро барои изофанависии пахта аз кор гирифта истодаанд, бояд гӯям, ки Ҷаббор Расулов то моҳи октябри соли 1960 котиби КМ ПК Тоҷикистон оид ба хоҷагии деҳот буд. Маҳз ӯ соҳаи пахтаро мебурд, оё ӯро ҳам гунаҳкор намекунанд?

Н.С.Хрушёв даст афшонда ба Б.Ғафуров мегӯяд:

— Ҳеҷ гап не, ин изофанависӣ дар ҳама ҷо ҳаст. Ба ҳамааш маслиҳати аҳмақонаи котиби якуми обкоми Рязан Ларионов сабаб шуд, ки ҳама ба ин кори хато даст заданд. Дар бобати афзоиши маҳсулоти хоҷагии деҳот аз Америка пеш мегузарем гуфта, ҳамаро изофанавис кард. Худкардаро даво нест гуфтагӣ барин, Ларионов имрӯз монанди девона чӣ кор карданашро намедонад. Модоме, ки ту, Бобоҷон Ғафуровичи азиз, номзадии Ҷаббор Расуловро тавсия доданӣ бошӣ, ман ҳозир ба Андрей Андреевич супориш медиҳам, то ки 11 апрели соли 1961 Ҷ.Расулов дар Сталинобод шавад.

Аз хотироти Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо Мирзо Бекматов:

— Қарибии соати яки шаби 11 апрел, яъне байни шаби 10-11 апрели соли 1961 аз Того ба аэропорти Внуково расидам. Маро намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ пешвоз гирифта, дар меҳмонхонаи «Москва» ҷой намуду гуфт:

— Ба ҳеҷ ҷо наравед, дар ҳуҷра бошед.

Пагоҳӣ, соати 8 намояндаи вазорат омад. Ҳарду берун баромада, ба мошин нишастем. То ба Маскав омадан ман хаёл карда будам, ки ба модарам ҳодисае рӯй додааст. Аммо аз ин хусус гап нарафт. Мо сӯи майдони «Смоленская», ки Вазорати корҳои хориҷии СССР он ҷо буд, рафтем.

— Худи вазир Громико қабул мекунад, — гуфт котиба.

Дилам тап-тап мезад. Ҳанӯз намедонистам, ки кадом масъала бошад. Маро Громико қабул кард. Оиди Того пурсид ва баъд гуфт, ки КМ КПСС ба шумо мароқ зоҳир кардааст. Ҳозир ба аэропорт меравед, дар он ҷо самолёти махсус интизор.

Громико ҳам нагуфт, ки маро ба кадом кор КМ КПСС тавсия кардааст. Ба аэропорт омада дидам, ки котиби КМ КПСС Фрол Романович Козлов он ҷост. Ҳарду ба самолёт савор шудем ва сӯи Сталинобод парвоз кардем. Дар дохили самолёт фаҳмидам, ки маро ба вазифаи котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон тавсия кардаанд.

Субҳи 12 апрели соли 1961 ба Сталинобод расидем. Аз фурудгоҳ рост ба маҷлисгоҳи пленуми ҳафтуми КМ ПК Тоҷикистон рафтем. Дар пленум маро котиби якум интихоб карданд.

Ҷаббор Расулов баъдтар аз худи Н.С.Хрушёв мефаҳмад, ки ӯро ба ин вазифаи масъулиятнок Бобоҷон Ғафуров тавсия кардааст.

Инак, оқибат ҳақиқат ғалаба кард. Номи неки Турсун Ӯлҷабоев барқарор шуд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни 6-солагии рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон — 9 сентябри соли 1997 саросари ҷумҳурӣ навиди тозае паҳн гардид.

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истгоҳи барқии обии Норак номи бунёдкори ин сохтмони азим — Турсун Ӯлҷабоев гузошта шуд. Иқдоми неки сарвари Тоҷикистонро тамоми мардуми ҷумҳурӣ бо руҳбаландии калон қабул намуданд. Ин қадршиносии Турсун Ӯлҷабоев нишони он аст, ки некӣ ҷовидон мемонаду ҳақиқат мағлубнашаванда аст.

Ҳамчунин яке аз хоҷагиҳои калонтарини ноҳияи Спитаменро ба номи ӯ гузоштанд.

Аз рӯи нақли Ҳамид Алиев.

— Ман он вақт дар КМ ПК Тоҷикистон дар вазифаи масъул фаъолият доштам ва он воқеаҳоро медонистам. Баъди пленуми апрелии соли 1961 чанд рӯз бюрои КМ ҲК Тоҷикистон барпо гашт. Гуруҳ-гуруҳ роҳбаронро аз вазифа сабукдӯш карданд. И.Г.Ковал, ки дар ҳамон пленум ба вазифаи котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шуда буд, таклиф кард, ки Алиев Ҳамид (маро) аз сафи ҳизб хориҷ карда шавад. Ҳангоме, ки таклиф ба овоз монда шуд, аз 11 нафар аъзои бюрои Комитети Марказӣ 8 нафар таклифро дастгирӣ накарданд. Ковал маротибаи дигар пофишорӣ кард. Аммо кӯшиши ӯ ин дафъа ҳам натиҷа надод.

Оқибат ба ман огоҳии қатъӣ бо қайд дар дафтарчаи ҳизбӣ эълон карда, аз вазифа озод намуданд. Ба Мирзочӯли тоҷик — Зафаробод омадам, ноҳия ташкил ёфт, маро ба вазифаи сардори идораи кишоварзии комитети иҷроияи ноҳия таъин намуданд. Боре дар яке аз маҷлисҳо, ки  Ковал иштирок дошт, чашмаш ба ман афтоду аз котиби якуми ҳизби ноҳия Б.Аҳмадалиев пурсид:

— Ӯ дар ин ҷо чӣ кор мекунад?

— Сардори идораи кишоварзӣ мебошад, дар ободии Мирзочӯли тоҷик саҳм гузошта истодааст,- ҷавоб дод Б.Аҳмадалиев.

Соли 1972 маро бо тавсияи раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод У.Қосимов ба калонтарин хоҷагии пахтакори ноҳияи Зафаробод «40-солагии Тоҷикистон» директор таъин карданд.

Ҳамон сол, вақти қабули вазифа хоҷагӣ ҳамагӣ 6300 тонна пахта истеҳсол мекард, соли 1986 хоҷагӣ 9160 тонна пахта супорид. Давлат хизматҳои ӯро ба назар гирифта, бо орденҳои Ленин ва «Револютсияи Октябр» сарфароз намуд.

Мардум баъди вафоти Ҳамид Алиев ному пайкори ӯро абадӣ гардонд. Ҷамоат ва шаҳраки «40-солагии Тоҷикистон»-ро ба номи шодравон Ҳамид Алиев пайвастанд.

Иван Ковал на фақат ба роҳбарони баландпоя, балки ба ходимони илму санъат ва адабиёту фарҳанг қасд мекард ва пайи ҳар каси ба ҷинаш нафоридаро «мерӯфт». Як гумоштаи ҷоҳилаш ба вай хабар дод, ки нависанда Ҷумъа Одина кулакбача аст ва солҳои 37-ум волидони ӯ ба Кавказ бадарға шуда буданд. Ин «каждум»-и зери бӯрё дар зиндагӣ мавқеи худро ёфта, аъзои Иттифоқи нависандагони СССР гашт ва романи «Гузашти айём» навишта дар он сохти советиро танқид намуд. Як қаҳрамони вай Маша-хола, пешхизмати тарабхонаи ноҳияи Заргарро, ки зани рус буд, фоҳиша хонд.

Гумошта фаҳмонд, ки нависанда бо образи Маша-хола занҳои рус, аз ҷумла пешхизматони тарабхонаҳоро таҳқир кардааст.

Ин тире буд, ки дили Иван Ковалро шикофт, охир зани вай низ ходимаи тарабхона буд, пас нависанда ӯро таъна мезанад, таҳқир мекунад…

— Нест кунед, он китобро, намонед, ки ба дасти хонандаҳо расад. Ҷоҳилон бо супориши Ковал китобро сӯхтанд. Ҳамчунин сармуҳаррирони маҷаллаи «Садои Шарқ» Убайд Раҷаб ва «Газетаи муаллимон» Бӯринисо Бердиеваро, ки дар нашрияашон аз ин роман порчаҳо чоп карда буданд, ҷазо доданд. Баъди вафоти Иван Ковал соли 1989 романи «Гузашти айём» дар нашриёти «Адиб» бо теъдоди 10 000 нусха аз нав чоп шуд ва ба хонандагон пешкаш гашт. Яке аз кӯчаҳои калонтарини шаҳри Душанбе, ки ба номи Иван Ковал буд, иваз карда шуд.

Ромиши Фирдавс

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here