Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ шудам, ки чанд рӯзе пеш дар вилояти Келантани кишвари Малайзия бо ибтикори Иттиҳоди Байналмилалии Уламо конфронси Исломӣ баргузор гардида, намояндагон аз кившарҳои гуногун дар он ширкат намудаанд. Мутаассифона, боз ҳамон ҲНИТ, ки қаблан боиси эҷоди ихтилофоту ба гурӯҳҳо ҷудо шудани мардуми мусулмон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳо дар кишвари азизамон гардида буданд, дар ин конфронс иштирок доштанд. 

Чизе, ки дар ин нишаст собиқ роҳбари ҲНИТ гуфтааст, ҳама дурӯғу буҳтон ва тӯҳмат бар зидди ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд намоям, ки ин иддаои онҳо ҳеҷ ҳақиқате надорад. Баръакс, мардуми шарафманди тоҷик диданд, ки Муҳиддин Кабирӣ ҳамроҳ бо пайравони хеш як гурӯҳи мусаллаҳи ҷангҷӯёни дар сар хиёнат ба ватан доштаро бо сардории генерал Назарзода А. (бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалим) созмон дода, кӯшиш карданд, ки мардуми тинҷу оромзистаи Тоҷикистонро аз ақиби худ кашанд. Оё воқеаҳои хунине, ки аз ҷониби мулло Абдулло — яке аз фармондеҳони ҲНИТ дар дараи Камаров рух дода буд, «чӯбе ба даст гирифтан» нестанд? Оё қатли қумондони дастаи амният Рустам Амакиев амали террористӣ ва экстремистӣ нест? Ду мошин яроқе, ки бо фармони Назарзода А. (бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалим) барои куштори миллати тоҷик аз Вазорати мудофиа гирифта буданд, ифротгароӣ нест? Лекин онҳо бо ин бозиҳои авомфиребонаи худ халқи ваҳдатофарини тоҷикро дигар фиреб дода наметавонанд, чунки халқи тоҷик ин амалҳои онҳоро дар солҳои навади асри гузашта чашида буданд.
Кабирӣ дар идомаи суханонаш ба аҳли конфронс иллати ақибмондагии кишварҳои мусулмониро чунин шарҳ додааст: «Пас чаро фақиртарин, заифтарин ва ноамнтарин минтақаи ҷаҳон маҳз минтақаи мусалмоннишин мебошад? Чунки мо маърифат ва озодии кофӣ барои истифодаи сарватҳои инсонӣ, иқтисодӣ ва молии худро надорем. Ин ҳама боис гаштааст, ки дар ҷаҳони Ислом савод ҳаст, вале ихтироъу кашфиёти илмӣ нест, сарвату пул ҳаст, аммо низоми иқтисодии рушдкунанда нест, артишу пулис ҳаст, вале суботу амният нест».
На, ин гуфта хато аст, ки мо маърифат ва озодии кофӣ барои истифодаи сарватҳои инсонӣ, иқтисодӣ ва молии худро надорем, балки иллати ақибмонии кишварҳои мусулмонӣ ин аст, ки мисли Муҳиддин Кабирӣ барин тафриқаангезон дар байни кишварҳои мусулмонӣ ва ҳамаи халқҳои мусулмон дида мешавад. Мардуми мусулмон ғарқи афкори ифротӣ ва идеологияҳои таҳмилӣ ба гурӯҳу фирқаҳои гуногун ҷудо мешаванд, яке дигареро ба куфр ҳукм мекунад ва дар ҳоле, ки як халқу миллат ҳастанд, муқобили ҳамдигар меҷанганд. Яке аз нишонаҳои зикргардида он аст, ки давлатҳои орому осударо ба харобазор табдил медиҳанд, монанди вабое, ки пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил аст.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар нооромиҳои давлатҳои Ховари Миёна таъсири ифротгароӣ ва терроризм ба таври намоёну ошкоро дида мешавад. Чунончи, таркишҳое, ки дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Истанбули Туркия, маркази шаҳри Бағдоди Ироқ, даромадгоҳи масҷиди Паёмбар (с) дар шаҳри Мадинаи мунаввараи Арабистони Саудӣ рух дод, ки бар асари онҳо зиёда аз 300 нафар мардуми осоиштаи маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд. Дини мубини Ислом зиёда аз 14 аср инҷониб ҳамеша қатлу ғорати инсонро маҳкум намуда, ҳаргиз ҷонибдорӣ накардааст. Дар ин маврид аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ мусулмоне ба муқобили бародараш силоҳ бардорад, фариштаҳои Худованд ӯро лаънат мехонанд…» (Ривояти Муслим, 2020, 2616).
Илова бар ин, Қуръони карим бо зикри «Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон» оғоз мешавад, ки мазмуну мӯҳтавои он раҳму шафқат ва меҳру муҳаббатро ифода мекунад. Ин калима ҳамарӯза аз забони мусулмонон садҳо маротиба такрор ёфта, ҳамчун шиоре дар зиндагии онҳо қарор гирифтааст. Дар асоси таълимоти Ислом вақте мусулмоне бо мусулмони дигаре вомехӯрад, сухани «салом», яъне сулҳро ба забон меорад. Намози мусулмон бо зикри салом, раҳмат ва баракат анҷом мепазирад, на бо зикри хавфу бим, ғараз ва бадиву зарар нисбат ба атрофиён ва эҷоди тафриқа ва қатлу куштор. Зеро мусулмон мегӯяд: «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу», яъне ба шумо сулҳу раҳмат ва баракоти Худоро мехоҳам.
Кабирӣ дар мавриди муҳоҷирати тоҷикон ба хориҷи кишвар чунин иддао кардааст: «Боиси таассуф аст, ки дар сафи ин чанд миллион муҳоҷир чандин ҳазор ҳамватанони тоҷики ман низ ҳастанд, ки тайи ду соли ахир маҷбур ба тарки ватан ва хонаву манзил карданд. Миллати тоҷик шояд ягона миллате бошад, ки ба хотири мушкилоти иқтисодӣ тарки доимии ватан намекунад. Танҳо ба хотири озодона фикр, эҷод ва ибодат кардан метавонад тарки ватан кунад».
Имрӯз ходимони ҲНИТ дар хориҷа буда, бо сардории собиқ роҳбари он мехоҳанд, ки гурӯҳҳои тундраверо аз ҷавонони мо ба миён оварда, ҳамон амалҳои террористиву экстремистии солҳои гузашта содиркардаашонро боз ба миён оваранд ва кишвару миллати орому осударо ба майдони ҷанги абарқудратҳо табдил диҳанд.
Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини куштору даҳшатафканиҳои гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави кишварҳои мусулмонӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд. Аз он ҷумла баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ оромии кишварамонро дидан намехоҳанд ва аз рӯи кинаву кудурат ва манфиатҳои шахсии худ вазъияти кишварро ноором кардан мехоҳанд.
Хушбахтона, ҳамватанони азизамон, хусусан ҷавонони имрӯзаи мо ба воқеаҳои Сурияву Ироқ ба чашми ибрат менигаранд ва ҳар як фарди оқилу хирадманд оқибати ногувори онро ба хубӣ дарк мекунад. Чунонки Расули гиромӣ (с) фармудаанд: «Мӯъмин аз як сӯрох ду бор мавриди неш қарор намегирад». Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми кишвар зиракии сиёсӣ, фарҳангу ахлоқи динӣ ва миллии худро дарк намуда, барои осудагиву оромии кишвари Тоҷикистон аз пайравӣ ба ин гуна ҷараёну ҳизбҳо худдорӣ мекунанд ва барои ватани худ содиқона хизмат менамоянд.

Раҳим КАРИМОВ,
декани факултети филологияи Шарқи
ДИТ ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here