Давлати дунявӣ беҳтарин низоми давлатдорӣ дар замони муосир маҳсуб мешавад. Он имконият фароҳам меорад, ки ҷомеа ҳам арзишҳои миллӣ ва ҳам арзишҳои динии худро бе ягон монеа, дар доираи қонунгузории амалкунанда арҷгузорӣ намояд.

Давлати миллӣ метавонад бо назардошти арзишҳои миллии худ аз таҷрибаи беҳтарини низоми дунявии давлатҳои дигар истифода бурда, аз он ба нафъи худ истифода намояд. Барои тақвияти ин гуфтаҳо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 14-уми феврали соли 1997 ҳангоми мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе иброз намуда буданд, бояд ёдовар шуд: «Мо аз беҳтарин дастовардҳои давлатдории дунявӣ баҳра бурда, таҷриба ва роҳу равиши идоракунии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро меомӯзем ва бо дарназардошти шароити мушаххаси ҷумҳурӣ, тарзи зиндагии халқ, анъанаҳои миллӣ ва дигар омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ шакли аз ҳама мувофиқи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявиро месозем».

Истифода аз таҷрибаи пешқадами давлатдории миллии ҷаҳони муосир ҳамон вақт метавонад барои ҷомеаҳои тозаистиқлол боаҳамият бошад, ки он ба арзишҳои фарҳангии ҳамон давлат созгор ояд. Ҳар як давлат, аз ҷумла давлатҳои мустақили пасошӯравӣ арзишҳои фарҳангии хоси худро дошта, халқу миллати он бо онҳо ифтихор доранд. Яке аз чунин давлатҳои мустақили пасошӯравӣ ин давлати соҳибистиқлоли мо — Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фарҳанги муосири он аз маҷмӯи арзишҳои тоисломии ориёӣ, арзишҳои исломӣ ва арзишҳои миллие, ки дар заминаи омезиш ва синтези анъанаҳои пешқадами эрони қадимӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва ғайра, ки дар тӯли зиёда аз ҳазор сол аз ҷониби доираҳои зеҳнии тоҷикону форсҳо эҷод шудааст, иборат мебошад. Аз ҳамин назар, ин се навъи арзишҳоро, ки ҷузъҳои таркибии як фарҳанги воҳиданд, аз ҳам ҷудо карда, онҳоро муқобили якдигар гузоштан на танҳо хатои илмӣ-методологӣ, ҳамчунин кӯтоҳандешии сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо доир ба ҳамбастагии арзишҳои динию миллӣ ибрози ақида карда, бо шаклҳои ба миллати мо хос арзи ҳастӣ намудани арзишҳои диниро таъкид сохта, мегӯянд: «Манфиатҳои миллии мо тақозо мекунад, ки пайвандҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ нигоҳ дошта шавад, унсурҳои динӣ ба пешрафти унсурҳои миллӣ бо нигоҳ доштани муқаддасоти худ кумак намояд».

Омӯзиш, таҳқиқ ва истифодабарии таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои миллии ҷаҳон на танҳо дар шакли идоракунии давлат манфиатовар аст, балки бо ин роҳ метавон ваҳдати миллиро, ки зодаи муборизаҳои шадид, бозёфти айёми дигаргуниҳои куллии таърихӣ ва дар охир меваи истиқлол аст, тақвият бахшид.

Ин гуфтаҳо ишора ба таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон мебошад, ки онро то ба имрӯз дар институтҳои давлатҳои ҷаҳон пажуҳиш мекунанд ва аллакай иқрор гаштаанд, ки ба чунин воқеаҳои нодири таърихӣ танҳо халқе ва миллате қодир аст, ки дилу тинаташ аз азал барои кинаву адовати ҳамдигарӣ тангӣ мекунад, сулҳ мехоҳаду сулҳ меҷӯяд. Тоҷикон азалан чунин халқу миллати бафарҳанг ва Тоҷикистон дар таърихи олам ягона кишварест, ки халқаш волоияти гуфтугӯи тамаддунҳоро нисбати низоъҳои мазҳабию мансабӣ сари вақт дарк карда тавонистааст.

Имрӯз мардуми кишварҳои пешрафта дар ҳамбастагӣ бо эътиқодоту бовариҳои динии худ принсипҳои давлати дунявиро дар корбурди давлатдории худ расман эътироф намуда, сол аз сол аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ пеш рафта истодаанд. Ин шаҳодати он аст, ки низоми дунявии эътирофнамудаи онҳо монеи динварзиашон набуда, баръакс, он заминаи хуби ҳамзистии пайравони динҳо ва фарҳангҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст.

Агар мо имрӯз давлатҳои дунявиро бо давлатҳои исломӣ муқоиса намоем, ба хубӣ дарк менамоем, ки дар дунё ягон давлате, ки худро давлати дунявӣ эълон кардааст, комилан бедин нест ва ҳеҷ кишвари динӣ (насронӣ ё исломӣ) пурра динӣ намебошад. Ҳеҷ як аз кишварҳои исломие, ки ҳоло расман худро давлати динӣ эълон намудаанд, сад дар сад бо меъёрҳои исломӣ фаъолият намекунанд. Давлатҳои дорои низоми динӣ гарчанд, ки худро расман давлати исломӣ эълон кардаанд, вале ба таври пурра аз рӯи шариати исломӣ зиндагӣ намекунанд. Ҳоло ин ба хотири он нест, ки онҳо аз рӯи меъёрҳои исломӣ зиндагӣ кардан намехоҳанд, балки дар шароити муосир пурра (афзалият пайдо кардани миллият нисбат ба диният) аз рӯи шариати исломӣ пеш бурдани давлат номумкин гардидааст.

Баръакси он, кишварҳои дунявӣ ба мисли давлатҳои Ғарб пурра бедин набуда, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии онҳо арзишу меъёрҳои динӣ ба таври равшан таъсиргузор аст ва мардуми эътиқодманди ин ҷомеаҳо ба дин ва арзишҳои динӣ эҳтироми хоса доранд. Ҳамзамон, дар сиёсати хориҷии худ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатии худ динро ҳамчун як василаи эҳтиром маънидод менамоянд.

Ин ҳама гувоҳи он аст, ки ин давлатҳо тавонистаанд дар тӯли даврони бадастории истиқлоли давлатии худ аз таҷрибаи пешқадами якдигар истифода бурда, онҳоро бо арзишҳои миллӣ ва динии худ мувофиқ сохта, дар самти давлатдорӣ истифода баранд.

Субҳиддин ЗИЁЕВ,

ходими пешбари илмии АМИТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here