Солҳои 90-уми асри гузашта, пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳод давлатҳои соҳибистиқлоли алоҳида ба вуҷуд омаданд, ки дар қатори онҳо, моҳи сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳибистиқлолии хешро эълон намуд. Дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолиаш, кишвари мо ба вазъияти хеле мудҳиши сиёсию иқтисодӣ дучор гардид, ки дар натиҷаи мухолифатҳои маҳалгароёнаи дохилию дахолатҳои беруна, моҳи майи соли 1992 дар қисми ҷануби Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ барангехта шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик ҳеҷ гоҳ ҷангҷӯ набуд, вале ихтилофҳои зери ниқоби ошкорбаёнию демократияи дар он солҳо ҷомеаи моро фарогирифта, нокифоягии таҷрибаи давлатдории мустақилонаи сиёсатмадорони вақт, мавҷудияти як қатор муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ниҳоят боло гирифтани ҳисси мансабталошию маҳалгароии гуруҳи сиёсатмадорон ва фирефтаи дасисабозиҳои аҷнабиён гардидани аксари мардуми ноогоҳ боиси он шуд, ки ба майдонҳои «Шаҳидон»-у «Озодӣ» анбуҳи зиёди мардум кашида шуда, нооромиҳою қонуншиканиҳо дар саросари кишвар, алалхусус дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи ҷануби ҷумҳурии мо боиси фалаҷшавии ҳокимияти идоракунии марказӣ ва тарҳрезии нақшаҳои ғаразноки ашхоси зиёди марказгурез гардид. Чунин вазъият ба он оварда расонд, ки санаи 5-уми майи соли 1992 аввалин хуни ноҳақ рехта шуд ва дар назди бинои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили парлумон, собиқ сардабири рӯзномаи «Садои мардум» Муродуллоҳи Шералӣ ваҳшиёна кушта шуд.

Ин ва дигар ҳодисаҳои даҳшатборе, ки пас аз он дар минтақаҳои собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омаданд, вазъи сиёсию иҷтимоии кишвари моро хеле мураккаб гардонида, ҳатто хатари аз байн бурдани давлати ҷавони соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён оварда буд. Хушбахтона, ақли солим ва хиради азалии фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик ғалаба карда, моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихию наҷотбахши XVl-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) баргузор гардида, қарорҳои вакилони ҳамонвақтаи Шӯрои Олӣ баҳри аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ додани кишвар ва ба арсаи сиёсати калон ворид намудани як шахсияти ҷонфидою нодир, инсони хирадпешаю сулҳовар, Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши хеле муҳим бозидааст.

Банда, ки он солҳо ба ҳайси муовини раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод (дар як вақт, дар вазифаи сардори Идораи молияи вилоят) фаъолият доштам, аз оғоз то анҷоми кори иҷлосияи мазкур ширкат намуда, аз суханҳои аввалини Сарвари тозаинтихоби Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дарк мекардам, ки Яздони пок баҳри мардуми тоҷик наҷотбахшеро фиристодааст, зеро дар чеҳраи ӯ нури мардумсолорию ҷасоратнокӣ ва дар вуҷудаш нексириштию вафодорӣ ба қавли додашуда ҳис карда мешуд.

Хизмати бузурги вакилони Иҷлосияи таърихии XVl-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати хостагирии номзади арзанда ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ тамоми дастовардҳое, ки дар тӯли солҳои Истиқлолият таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадаанд, бори дигар тасдиқ менамоянд.

Ҷоизи зикр аст, ки аз оғози фаъолияти хеш, Сарвари кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон бобати ба талаботҳои демократия ҷавобгӯ гардонидани низоми давлатдорӣ ва баланд бардоштани мақоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии мамлакат эътибори махсус дода меоянд. Дар хотир дорам, ки ҳанӯз солҳои 1993-1994 бо мақсади заминаи воқеӣ гузоштан дар самти фаъолияти бонизоми ҳизбҳои сиёсӣ ва мусоидат намудан ба таҳияи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо, дар шароити мавҷудияти бисёрҳизбӣ, Эмомалӣ Раҳмон тарафдори таъсис додани ҳизбҳои нави сиёсӣ буданд. Масалан, дар он солҳо баъзе фикру мулоҳизаҳо бобати номивазкунии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва дар заминаи он ташкил додани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба муҳокима гузошта шуда буд, вале Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод доштанд, ки мо бояд ҳизби нави сиёсии ба талаботҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд ҷавобгӯйро таъсис диҳем. Бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсафони содиқи он кас — Абдумаҷид Достиев, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сафар Сафаров, Раҷабалӣ Давлатзода, Сайфулло Сафаров, Сафаралӣ Раҷабов ва чанде дигарон 10-уми декабри соли 1994 Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номнавис гардид ва кумиҷроияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявии ҳизб дар саросари кишвар ба фаъолият оғоз намуданд. Дар хотир дорам, ки солҳои аввали таъсисёбии ҲХДТ масъулини кумиҷроияҳои ҳизб доир ба оинномаю барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳадафҳо ва зарурияти ба арсаи сиёсат воридшавии ҳизби мазкур бо ҳама шахсиятҳои фаъоли ҷомеа корҳои ташвиқотию тарғиботиро васеъ ба роҳ монда, баҳри ба сафи ин ҳизби сиёсӣ ҷалб намудани фардҳои пешқадаму барӯманд кӯшиш ба харҷ медоданд. Ба ҳайси аввалин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Расулович Ҷалилов интихоб шуда буданд, ки алҳол раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи вилоятии ҳизб буда, бобати ташкили бонизоми фаъолияти ҳизб дар минтақаҳои шимоли кишвар ва амалигардонии барномаҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Дар тӯли ин солҳо сарварии кумиҷроияи вилояти Суғдии ҲХДТ-ро Қосимов Қ. Р., Бибихон Азизова, Даврон Зоҳидов, Сарфароз Фаттоҳзода ба уҳда доштанд ва аз моҳи декабри соли 2018 ин ниҳоди масъулиятноки ҳизбиро Сатториён Матлубахон Амонзода роҳбарӣ карда истодаанд.

Рӯз аз рӯз зиёдшавии сафи ҳизбиён аз он шаҳодат медиҳад, ки ҲХДТ таҳти сарварии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳизби созандаю пешбарандаи ҷомеа баҳри амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат: аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани мамлакат, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар мебошад. Таъкид кардани он бамаврид аст, ки дар тӯли 25 соли фаъолияти ҲХДТ, роҳбарият ва кулли аъзои ҳизби мазкур баҳри пойдор намудани ваҳдати миллӣ, рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат, сари вақт амалигардонии барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба иҷро расонидани дастуру супоришҳои Раиси ҳизб, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешсафиро аз даст намедиҳанд.

Хусусияти фарқкунандаи фаъолияти ҲХДТ аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ дар он аст, ки барномаҳои ҲХДТ бо барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадифанд ва ин масъулияти аъзои ҳизбро баҳри иҷрои на танҳо барномаи ҳизбӣ, балки ҷиҳати иҷрои босамару саривақтии барномаҳои умумидавлатӣ боло мебардорад.

Ҳаёт борҳо исбот намудааст, ки таклифу пешниҳодҳои Раиси ҲХДТ, Сарвари муаззами кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз тарафи кулли мардуми Тоҷикистон, балки аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ пурра дастгирӣ ёфта, як қатор низому қонунҳои дар давлати мо амалкунанда мавриди омӯзишу истифодабарии дигар давлатҳои сайёра қарор дода шуда истодааст, ки ин боиси хушнудию сарфарозии ҳар яки мо мебошад.

Фаъолони ҳизб хуб дарк менамоянд, ки аз натиҷаҳои ниҳоии кори ҲХДТ дар бисёр мавридҳо қабули қонуну қарорҳои асоснок оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии давлати мо вобастагии калон дорад, чунки дар парлумони кишвар, маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои идоракунии ҳокимияти давлатӣ аксариятро аъзои ҲХДТ ташкил медиҳанд. Ин омил бешубҳа мақом ва масъулияти ҳизбро дар назди мардум баланд бардошта, ҳар як узви ҳизбро водор месозад, ки дар корҳои созандагию ободонӣ фаъолона ширкат варзанд, баҳри таъмини оромии сиёсии мамлакат, тарбияи ахлоқию хештаншиносии насли ҷавон бетарафӣ зоҳир накунанд ва аз таҷрибаи ҳаётии хеш дар ин самтҳо дуруст истифода баранд. Ҷоизи зикр аст, ки дар ин ҷода аъзои Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд якҷоя бо шӯроҳои собиқадорони кумиҷроияҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам тадбирҳои заруриро андешида истода, доир ба ҳадафҳои ҲХДТ, вазифаи аъзои ҳизб ва зарурияти пурзӯр кардани корҳои ташвиқотию тарғиботии ҳизбӣ дар маҳалҳо мулоқоту суҳбатҳои муфид гузаронида меистанд.

Ногуфта намонад, ки дар самти иҷрои барномаҳои ҲХДТ ва мусоидат намудан ба амалигардонии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаҳои ҳизбӣ мавқеи махсусро мебозанд. Ҳафтаномаи «Сухани халқ», ки нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аст, яке аз нашрияҳои беҳтарини хонданибоб ва тарғибгари фаъоли барномаҳои ҲХДТ дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, дар тӯли фаъолияти хеш баҳри ба сокинони вилояту ҷумҳурӣ дастрас намудани ахбороти муҳими ҳизбию давлатӣ мавқеи бузургро соҳиб гардидааст.

Ҷоизи зикр аст, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ниҳоят бузурги ободонию созандагӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва дар ин ҷода, ҳизбиёни вилоят саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.

Дар маҷмӯъ, ба хулоса омадан мумкин аст, ки алҳол давлати мо таҳти роҳбарии хирадмандонаю дурандешонаи Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром рушд карда истодааст ва дар ин дастовардҳо, бешубҳа, саҳми аъзои ҲХДТ низ калон аст.

Карамулло ОДИЛОВ,

муовини раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here